Мегӯянд рӯзе Мавлоно Шамси Табрезиро ба меҳмонӣ даъват кард...

Мегӯянд рӯзе Мавлоно Шамси Табрезиро ба меҳмонӣ даъват кард.
Шамс ба хонаи Ҷалолиддин омад ва пас аз онки мизи оростаи ӯро мушоҳида кард, пурсид: Оё барои ман шароб фароҳам намудаӣ?
Мавлоно ҳайратзада шуд ва пурсид:
— Магар шумо шароб мехӯред?
— Бале.
— Аммо ман аз ин мавзӯъ иттилое надоштам.
— Ҳоло, ки фаҳмидӣ, зуд барои ман шароб фароҳам кун.
— Дар ин мавқеъи шаб шаробро аз куҷо ёбам?
— Ба яке аз хидматгоронат бигӯ, ки таҳия кунад.
— Охир бо ин кор обрӯ ва ҳайсиятам аз байн меравад.
— Пас худат бирав ва шароб харидорӣ кун.

РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ ТОҶИКИСТОН“ МУБОРАК ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ !

“24 - ОКТЯБР - РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ ТОҶИКИСТОН“ АСТ.

БА ИН МУНОСИБАТ ҲАМАИ ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗРО ТАБРИКУ МУБОРАКБОД МЕГӮЕМ!

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА ТАШХИСИ ДИНШИНОСӢ

ТАФАККУРИ ДИНӢ

Тафаккури динӣ асосан фарогири ду ҷанбае, ки аз якдигар фарқ мекунанд, иборат аст. Яке идеологияи динӣ ва дигаре бошад, психологияи динӣ мебошад.
Дар ҷанбаи равоншиносии динӣ, сухан дар бораи як силсила фикрҳо, эҳсосот, одатҳо, муносибатҳо ва расму оинҳое меравад, ки ба як низоми махсуси ақидаҳои динӣ алоқаманд буда, ҷомеа ба он эътиқод дорад.
Идеологияи динӣ бошад, ба системаи ғояҳое дахл дорад, ки шаклҳои гуногуни диниро ташаккул ва тарғиб менамояд.

Об неъмати бебаҳост !

Об дар қатори нури офтоб, ҳаво ва хок асоси зиндагонист. Мардум беҳуда онро сарвати Худодод, обу ободонӣ намегӯянд ва обро муъҷизаи табиат ҳисоб мекунанд. Аз чор се ҳиссаи сатҳи кураи Заминро табақоти об ташкил медиҳад.

Об аз неъматҳои бузурги Худовандист, ки ягон мавҷудоти рӯи Замин бе вай зиста наметавонад. Бе об ҳаёт вуҷуд надорад.

Маърифат. Истеъдод чист?

Истеъдод завқ қудрат, лаёқат, маҳорат, мувофиқати дараҷаи баланди қобилиятҳое, ки барои анҷоми бомуваффақияти ин ё он фаъолият имкон медиҳанд. Унсурҳои таркибии истеъдоди инсон; тафаккур, ҳис, ирода, тахайюл, диққат, тамаркуз, таваҷҷуҳ, ҳофиза, таҳлил, ҳадс, тавоноии ҷисмонӣ, неруи зеҳнӣ ва ғайра мебошанд.

Истеъдод дар ҳама арсаҳои фаъолияти инсон: илмӣ-таҳқиқотӣ, корҳои роҳбариву ташкилӣ, омўзгорӣ, ҳарбӣ, варзиш ва ғайра зоҳир мегардад. Моҳиятан истеъдод дар натиҷаи рушди қобилиятҳои фард ба вуҷуд меояд.

ТАҲАММУЛПАЗИРИИ ДИНИЮ МАЗҲАБӢ ВА ҲАМДИГАРФАҲМӢ ДАР ҶОМЕА ХЕЛЕ МУҲИМ АСТ

19 - уми октябри соли 2023, вохӯрии мудири Бахши назорати таблиғоти динии Раёсати иттиҳодияҳои динии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҲҶТ - Муллоалӣ Алиев дар шаҳри Бохтар бо намояндагони ақалиятҳои милӣ ва динӣ вобаста ба нақши Консепсияи сиёсати давлатии ҶТ дар соҳаи дин баргузор гардид.

БОЗТОБИ ИДИ МЕҲРГОН ДАР АДАБИЁТИ АРАБИИ ДАВРАИ ИСЛОМӢ

Манбаъҳои маънавӣ ва амалии муқовимат бо ифрот ва террор дар ислом

Страницы

Яндекс.Метрика