«САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ҶАНОБИ ОЛӢ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ ГЛОБАЛӢ ВОБАСТА БА ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ВА ОБ»

Таҳти чунин унвон ва бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 31 – солагии Иҷлосияи таърихию тақдирсози 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси нақша-чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ Ҳамоиши илмию амалии вилоятӣ баргузор гардид.

Дар 9 моҳ 501 ҳолати қонуншиканӣ вобаста ба вайрон намудани қонуни танзим сабт шудааст

Дар нуҳ моҳи соли равон тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ 501 (дар ҳамин давраи соли гузашта 480) ҳолати қонуншиканӣ вобаста ба вайрон намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сабт шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21 ҳолат зиёд мебошад.

Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Суханронӣ дар Саммити муштараки изтирории арабию исломӣ

Бисмиллоҳи раҳмони раҳим,

Муҳтарам Раис, Волоҳазрат Муҳаммад ибни Салмон Оли Сауд, Валиаҳд ва Раиси Шӯрои вазирони Подшоҳии Арабистони Саудӣ,

Муҳтарам сарони давлатҳо ва роҳбарони ҳайатҳо!

Мо ташаббуси Ходими Ҳарамайни Шарифайн Подшоҳи Арабистони Саудӣ – Аълоҳазрат Шоҳ Салмон ибни Абдулазиз Оли Саудро ба ҳайси Раиси кунунии Саммити исломӣ оид ба даъвати ҳамоиши изтирории имрӯза ҷиҳати баррасии вазъ дар навори Ғазза саривақтӣ ва муҳим медонем.

Вазъи буҳронӣ дар ин бахши Фаластин кишварҳои мо ва ҷомеаи ҷаҳониро сахт нигарон сохтааст.

ЛУТФИ РӮЗИ ШАНБЕ

Хари Афандиро дуздиданд. Одами бисёре ҷамъ шуд.
Якеаш гуфт:
Маълум аст, ки харро дуруст набастаӣ!
Дигарӣ илова кард:
Хайр кардан даркор, хайрат кам шудааст, ҷӯра!
Ҳамсояи тарафи росташ масъаларо сӯи дигар бурд:
Агар ба дари оғилат қулф мезадӣ, чунин намешуд..
Чорумӣ гуфт:
Афандӣ, бояд шабзиндадорӣ мекардӣ, дар он сурат дуздро медоштӣ!
Афандӣ ба дод омаду гуфт:
- Ҳаматон рост мегӯед, дузд ягон гуноҳ надорад. Айб айби худам)

Сафари корӣ ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ

10 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар нишасти изтирории сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ сафар карданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

ПЕШВОИ МИЛЛАТ: "ИҶРОИ ИН ВАЗИФАИ МУҚАДДАС АЗ ҲИССИ БАЛАНДИ МИЛЛӢ, МАСЪУЛИЯТШИНОСӢ, ҚОБИЛИЯТУ МАҲОРАТИ КАСБИИ ҲАР ЯКИ ШУМО ВА МУҲИМТАР АЗ ҲАМА, АЗ САДОҚАТИ ШУМО БА ХАЛҚ, ВАТАН ВА ДАВЛАТИ ХУД ВОБАСТАГӢ ДОРАД".

Суханронӣ ба муносибати Рӯзи милитсия дар қисми ҳарбии 3502-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ

Муҳтарам кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва афсарону сарбозони Қӯшунҳои дохилӣ!

Дар ибтидо ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ, собиқадорон ва ҳар яки шумо – ҳозирини гиромиро, ки дар роҳи эъмори ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда гузошта истодаед, ба ифтихори ҷашни касбиатон – Рӯзи кормандони милитсия самимона табрик мегӯям.

Хоразм дар сарчашмаҳои исломӣ

Паёми табрикотии директори Маркази исломшиносӣ ба муносибати Рӯзи Милитсияи тоҷик

Роҳбарияти Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи Милитсияи тоҷик, ки ҳамасола он 10 ноябр дар кишвар таҷлил мегардад, табрик менамояд.

Воқеан саҳми мақомоти милитсия дар пойдории оромиву суботи кишвар, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, таҳкими волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон муассир арзёбӣ гардида, хизматҳои фарзандони барӯманди меҳан ҳамеша зери таваҷҷуҳи роҳбарияти Давлат ва Ҳукумат қарор дорад.

Страницы

Яндекс.Метрика