29-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак ҳамватанони азиз!

29-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак ҳамватанони азиз!

Паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.

Ҳанӯз бисту нуҳ сол муқаддам аз ҷониби мардуми шарафманди кишвар бо дарки масъулияти бузурги таърихӣ ва тавассути раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи давлати навини тоҷикон қабул гардид.

Ин дастоварди воқеан таърихӣ барои эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, таъмин гардидани суботи конститутсионӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ заминаи мустаҳкам гузошт.

Паёми табрикотии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳамдиёрони азиз,
Сокинони шарафманди пойтахт!
Ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.
Мардуми шарифи мо ҳар сол санаи қабул гардидани ин санади муҳими сарнавиштсозро бо ифтихору сарфарозӣ таҷлил менамоянд.
Зеро, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои ниҳоят арзишманди даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба ҳисоб меравад ва он дар роҳи бунёд ва рушди давлати навини тоҷикон нақши муҳим дорад.

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 3 ноябри соли 2023 №512
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва
ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои
Тоҷикистон озод намудани Назар М.А.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Назар Муъмин Абдуҷалол бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

СЕМИНАРИ ИЛМӢ -АМАЛӢ ТАҲТИ УНВОНИ " КОНСТИТУТСИЯИ ИНСОНМЕҲВАР "

Санаи 3 - юми ноябри соли 2023 дар Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ семинари илмӣ - амалӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар семинар муовини директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ Абдухалилзода Кароматулло ва ҳайати кормандони Марказ иштирок намуданд.

КОНСТИТУТСИЯ – ОМИЛИ ПЕШРАФТИ ҶОМЕА ВА ДАВЛАТ

     Баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 бо тариқи райъпурсии умумихалқӣ Конститутсияи аввалини Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул карда шуд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дебоча, 10 боб ва 100 модда иборат аст. Ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1994 то имрӯз се маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуд (26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016).
 

ТАЪЛИМОТИ ҲУҚУҚИИ БУРҲОНУДДИН МАРҒЕЛОНӢ ДАР БОРАИ ЧУҚУР КАНДАНИ ДАРЁҲО ВА ТОЗА КАРДАНИ ОНҲО

   Бурҳонуддин Марғелонӣ яке аз мутафаккирони барҷастаи асримиёнагии форсу тоҷик аст, ки таълимоташ саршори ақидаҳои давлатию ҳуқуқӣ мебошад. Мутафаккир дар асари безаволаш «Ҳидоя» масъалаҳои давлатӣ, ҳуқуқӣ ва ҷамъиятии оилаи ҳуқуқи мусулмониро мавриди омӯзишу тадқиқот қарор додааст [1, 2, 3, 4]. 

Конститутсия санади сарнавиштсоз дар давлати муосири тоҷикон

Санаи 6 ноябр ҳамчун рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад, ки соли равон бистунуҳумин солгарди он мебошад. Шояд саволе пайдо гардад, ки конститутсия чи санад ҳаст ва дар кори давлатдорӣ чӣ мақом дошта бошад. Истилоҳи конститутсия аслан лотинӣ буда, дар луғати забони тоҷикӣ ба маънои «сохтор ё банду баст» маънидод  гардидааст.
 

Страницы

Яндекс.Метрика