МУШКИЛОТИ МУАРРИФИИ ИСЛОМ ДАР ҶАҲОНИ МУОСИР

Агарчи ислом дар сарзамини араб ба вуҷуд омада бошад ҳам, то имрӯз мардуми кишвару минтақаҳои зиёд аз Шарқ то Ғарб онро пайравӣ доранд ва аҳкоми меҳварии он: тавҳид, нубувват ва маъодро, новобаста аз мансубияти миллӣ, қабул доранд. Шояд то ҳол араб иддаои мулукият дар ислом дошта бошад, вале ин даъвоҳо ҳатто асоси динӣ надоранд. Чаро! Далели ин таъкиди Қуръон (сураи 49, ояти 13) бар ин аст, ки «Гиромитарини шумо назди Парвардигор парҳезгортарини шумост». Дар ин оят дини ислом меъёри бартариятро муайян кардааст.

Мулоқот бо Раҳбари Инқилоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманайӣ 30.07.2024

30 июл дар доираи чорабинии марбут ба маросими савгандёдкунии Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Теҳрон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раҳбари Инқилоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманайӣ мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ доир ба таҳким ва густариши бемайлони робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Эрон гуфтугӯйи судбахш сурат гирифт.

ЛИБОС МУАРРИФГАРИ ШАХСИЯТИ ИНСОН

Аз давраҳои аввали пайдоиши ҳаёт дар ҳама ҷомеаҳо инсоният вобаста ба мавқеи иҷтимоии худ, ба масъалаи пӯшидани либос таваҷҷуҳ зоҳир кардааст. Агар ба давраи аввали ташаккули инсоният дар робита ба интихобу пӯшидани либос назар кунем, огоҳ мегардем, ки инсон барои пӯшидани тан аз барги дарахтон, пӯсти ҳайвонот ва дигар ашёи дастрас истифода кардааст. Маҳз либос яке аз бартариҳои ақлонӣ ва хусусияти фарҳангии инсонро нисбат ба дигар махлуқот нишон медиҳад.

ЛИБОСИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН – ИФОДАГАРИ АРЗИШҲОИ ВОЛОИ ИНСОНӢ

Мусаллам аст, ки либос агар, аз як тараф, инсонро ҳамчун мавҷуди бошараф, бомаданият, боҳайё, соҳибақл, соҳибахлоқ муаррифӣ намояд, аз тарафи дигар, вай олами маънавии ӯ, мушаххасан орзую омол, ҳадаф, завқи эстетикӣ, муносибати ӯро ба зиндагӣ, ба олам, ба табиат, ба инсонҳои дигар ба маъраз мегузорад. Дар марҳилаҳои ибтидоии рушди ҷомеа либос аслан вазифаи аввалиндараҷаро иҷро менамуд. Яъне, ҳадафи асосии либос пӯшонидани шармгоҳи инсон, бад-ин тариқ ӯро аз ҳайвонот фарқ кунонидан, ӯро ҳамчун соҳибмаърифат ва намояндаи мавҷуди олӣ муаррифӣ намудан буд.

ЗАМИНАҲОИ ҲУҚУҚИИ ТАҲКИМ ВА ГУСТАРИШИ ТАҲАММУЛПАЗИРИИ ДИНӢ ДАР ҶОМЕАИ МУОСИРИ ТОҶИКИСТОН

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» аз ҷумлаи тадбирҳои таъхирнопазири ҳуқуқӣ мебошад, ки соли 2009 қабул шудааст. Принсипи конститутсионӣ-ҳуқуқии озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» дарҷ ва инъикос ёфтааст, шарти асосии ташаккул ва танзими соҳаи маънавии ҳаёти ҷомеа, эҳё ва рушди арзишҳо ва анъанаҳои ахлоқию фарҳангии ҷомеаи муосири Тоҷикистон, татбиқи принсипи таҳаммулпазирӣ дар муносибати байни пайравони дину мазҳабҳо ва мафкураҳои гуногун мебошад.

Ҳадафҳои ҳизбу ҳаракатҳои идеологӣ-сиёсии исломӣ дар давлатдории миллӣ.

Баҳри расидан ба ҳадафҳои нопоки хеш ташкилотҳои экстремистию террористӣ бо истифодаи муғризонаи дини мубини Ислом ва таҳрифи оёти қуръонӣ бо ҳар роҳу восита мехоҳанд ба эътиқоди динии аҳли ҷомеаи шаҳрвандӣ таъсири манфӣ расонида, ақидаҳои ифротгароёнаи динии хешро таъсиргузор созанд.

Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон 30.07.2024

30 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боздиди корӣ ба шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар карданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

САРЧАШМАҲОИ ЗОҲИРШАВИИ ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ-СИЁСӢ ВА ЭҶОДИ ҲИССИ ИСЛОМСИТЕЗӢ, ТАФРИҚАИ МАЗҲАБӢ ДАР БАЙНИ УММАТИ МУСУЛМОН

Чи тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон 9-уми марти соли 2024 дар Кохи Ваҳдат зимни баромади худ чунин қайд карданд:
«Душманони дини мубини ислом барои коштани тухми нифоқу бадбинӣ, эҷоди ҳисси исломситезӣ, тафриқаи мазҳабӣ дар байни уммати мусулмон ва расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худ, ки яке аз онҳо даст ёфтан ба боигариҳои фаровони кишварҳо мебошад, ифротгароии диниро бо ҳар роҳу восита пуштибонӣ ва маблағгузорӣ мекунанд.

Страницы

Яндекс.Метрика