МАВЛУД МУБОРАК БОШАД!

Имрӯз доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, профессор, узви вобастаи АМИТ Раиси КДАМ ҶТ Саймумин Ятимов зодрӯз дорад.

Аҳли эҷоди сомонаи Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Сатторовичро ба муносибати ҷашни зодрӯзашон сидқан шодбош мегӯяд.

Барояшон сиҳатию саломатӣ, сарбаландӣ, барори кор ва дар фаъолияти меҳнатиашон комёбиҳоро таманно дорад.

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ.

ХУДКУШӢ – ИН РОҲИ ҲАЛ НЕСТ!

Худкушӣ як амали манфӣ ва муқобили табиати поки инсонӣ мебошад. Он дар ҳамаи динҳои осмонӣ ҷурми азим ва аз ҷумлаи гуноҳони кабира буда, манъ карда шудааст.
Худкушӣ аз ҷумлаи амалҳои номатлубе ба ҳисоб меравад, ки имрӯз дар ҷомеа ба чашм мерасад. Ҷомеа бояд бо ҳар роҳ монеи зиёдашавии ин падида гардад.

ТАРБИЯИ АҚЛҲО ВА ШИНОХТИ МАНФИАТҲО ҚУДРАТ АСТ

Ҷойи шубҳа нест, ки имрӯз мафкураи насли муосири иддае аз мардуми Ховари миёна таҳти таъсири омилҳои мухталиф ва тарғиби нодурусти арзишҳои сохта бисёр осебпазир ва тундрав гаштааст. Омили аслии ин агар аз як ҷониб манфиатдорони хориҷӣ бошанд, аз ҷониби дигар бесаводӣ ва низоми нодурусти ташаккули мафкураи илмӣ ва миллии худи онҳост. Мафкураи онҳо дар тамизи муносибати неку бади иттилооти рақамӣ, шинохти манфиатҳо ва муносибати баробарвазн намудан бо онҳо мушкилӣ дорад. Пас, ақлҳо бояд тарбия ёбанд, манфиатҳо бояд шинохта шаванд ва бадиҳо бояд тамиз гарданд.

МУНОЗАРАИ ИМОМ АБУҲАНИФА БО ХАВОРИҶ

Аз имом Абуюсуф ривоят аст, ки гуфт: Ҳангоме ба хавориҷ хабар расид, ки Имом Абуҳанифа маърифати Парвардигорро, яъне тасдиқу иқрорро бидуни рукн будани амал аз асли имон эътибор мекунад ва ҳеҷ касеро ба содир кардани гуноҳ ҳукм ба куфр намекунад, барои мунозараи бо вай 40 нафар хавориҷи шорра, яъне фидоиёни онҳо ба Куфа омаданд ва шамшерҳояшонро аз ғилоф кашида ба Имом Абуҳанифа гуфтанд: Эй Абуҳанифа имрӯз охирин рӯзи ту аз дунё ва аввалин рӯзат аз охират мебошад. Мо ба назди ту бо ду масъала омадем, ки назди мо аз душвортарин масоил мебошанд.

ХАВОРИҶ КИСТ?

Хавориҷ خوارج ҷамоате аз баддинони Кӯфа, ки бар зидди ҳазрати Алӣ (р) қиём карданд ва эшонро бад-ин ҷиҳат хавориҷ гуфтанд.

Таъиноти кадрӣ

18 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои мақомоти судӣ, Прокуратура, Вазорати мудофиа, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Вазорати маориф ва илм, Маркази тадқиқоти стратегӣ ва якчанд мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд.

Номзадии Мирзозода Неъмат Мирзо ба баррасии Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъин намудан ба вазифаи судяи Суди олии иқтисодӣ пешниҳод карда шуд.

ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ ВА ВАЗИФАҲОИ НАВБАТИИ ҲХДТ

Муҳтарам Раис ва иштирокчиёни гиромии ҷаласаи КИМ ҲХДТ.
Масъалае, ки имрӯз ба сифати мавзуи марказии Пленуми ҲХДТ баррасӣ мегардад, аз зумраи масоили тақдирсозӣ сиёсӣ ва давлатист, ки пояи устувории ваҳдати миллӣ, ҳифзи истиқлоли сиёсӣ ва амнияти иттилоотии кишвар аз он сахт вобастагӣ дорад.

БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ МАРКАЗИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 17 июли соли 2024 дар шаҳри Душанбе, таҳти раёсати муовини якуми Раиси ҳизб, Абдуҷаббор Азизӣ маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори маҷлис аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, аъзои Фраксияи ҳизб дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, фаъолони ҳизбӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.

Страницы

Яндекс.Метрика