СИТОИШИ ДОНИШУ ХИРАД ДАР “ШОҲНОМА”-И АБУЛҚОСИМИ ФИРДАВСӢ

Биёмӯзу бишнав зи ҳар донише,
Биёбӣ зи ҳар донише ромише.
**
Миёна нишинад ҳам андар миён,
Бидон, к-ат зи дониш наёяд зиён.
**
Туро донишу дин раҳонад дуруст,
Раҳи растагорӣ бибояд-т ҷуст.
**
Ба ранҷ-андар орӣ танатро, равост,
Ки худ ранҷ бурдан ба дониш сазост.
**
Зи ҳар донише чун сухан бишнавӣ,
Аз омӯхтан як замон нағнавӣ!
**

Тавсеа ёфтани ҳамзистии фарҳанги дунявӣ ва динӣ дар ислом

Имрӯзҳо дар фазои маҷозӣ консерти гурӯҳе аз санъаткорони амрикоӣ бо роҳбарии Ҷонифер Лопези 55-сола бо либоси хоси саҳнавӣ дар пойтахти  Арабистон - Ар- Риёз мавриди муҳокима қарор дорад. Консерти мазкур мувофиқи баъзе маълумотҳо тавассути тамоми шабакаҳои арабӣ ба намоиш гузошта шудааст.
 

Сарвари мо - кафили суботу амнияти ҳаёти мо!

Баъд аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ халқи тоҷик ба шинохту эътибори арзишҳои милливу динӣ рӯй оварда, ба бунёди давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд иқдом намуд.
Кишвари азизи мо баъди ба даст овардани соҳибистиқлолии хеш таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишварро аз хатари нобудӣ ва миллати азизи моро аз парокандагию сарсонӣ наҷот дод.

ПАНДУ АНДАРЗ АЗ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО

1. Даргузар, то даргузаранд!
2. Аз худ лоф мазан!
3. Он чӣ наниҳодаӣ, бармагир!
4. Дилро бозичаи дев масоз!
5. Ҳарчӣ ба худ раво надорӣ, бар дигарон маписанд!
6. Бандаи ҳирс мабош!
7. То тавонӣ нони кас махӯр ва нон аз хеҷ кас дареғ мадор!
8. Аз додаи Худой хӯр, ки ҳаргиз кам нашавад.
9. Диҳанда Худоро дону аз дарвешӣ матарс!
10. Сармоя ба судӣ бисёр мадеҳ!
11. Худро асири шаҳват масоз!
12. Офиятро ба фармони нафс аз даст мадеҳ!
13. Душман агар ҳақир буд, хораш мадор!
14. Бо ношинос ҳамсафар мабош!

Ростиро завол нест!

Ростгӯӣ ва росткорӣ аз шумори он хислатҳои ҳамидаи инсонист, ки ба иродаву шуури ҳар кас вобаста аст.

Касоне, ки умри худро дар фазои олами мунаввари ростгӯӣ ва росткорӣ масраф мекунанд, бешубҳа хушбахттарин шахсиятҳо мебошанд.

Ростонро баду бало нарасад,

Марди каҷрав ба ҳеҷ ҷо нарасад.

(Камолиддини Биноӣ)

Ва Абулқосим Фирдавсӣ низ дар ин маврид чунин гуфтааст:

Бузург он касе, к-ӯ ба гуфтори рост,

Забонро биёрост, каж-жӣ нахост.

Агар хоҳӣ аз ҳар ду сар обрӯй,

Ҳама ростӣ кун, ҳама рост гӯй!

Эъломияи Куруши Кабир ифодакунандаи моҳияти низоми демократии давлатдорист.

Нахустин Эъломияи ҳуқуқи башар ба Куруши Кабир тааллуқ дорад, ки таърихи 2500-сола дорад.

Маҳз дар ҳамин санади қадимаи ҳуқуқӣ бори нахуст арзишҳои башарие, аз қабили манъ будани ҷабру ситам, барҳам додани ғуломӣ, бе пардохти арзиши воқеӣ нагирифтани моли каси дигар, озодии интихоби дину мазҳаб, фардияти ҷиноят ва ҷазо, ҳуқуқи озодона интихоб намудани ҷойи зист, хусусияти инфиродӣ доштани амали ҷинояткорона ва сазовори ҷазо эътироф намудани танҳо шахси содирнамудаи ҷиноят ва ғайра инъикос шудаанд, ки то ҳол қимати худро гум накардаанд.

ҶОЙГОҲИ АХЛОҚ ДАР АНДЕШАҲОИ АБУМАНСУРИ МОТУРИДӢ

Абумансури Мотуридӣ дар баёни вазоиф ва фазилатҳои инсон, даст ба шеваву равише задаст, ки ба андешаи муҳаққиқ Шамолов Абдулвоҳид ба равиши баёни ҳадисҳои пайғамбари ислом шабоҳат дорад. Андешаҳои ахлоқии ӯ дар «Паднома», ки аксарияти донишмандон ба ӯ мансуб медонанд, гирдоварӣ шудаанд. Ӯ дар ин асар роҷеъ ба равишҳо ва қавонини ормонии рафтору кирдор, ҳаёти динӣ ва фаъолияти мусулмонон маълумот додааст, ки барои фаҳми аслии масъалаҳои ахлоқӣ маълумоти муфид ва мухтасар аст.

ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Парчам яке аз нишонаҳои давлат буда, дар он ҳастии миллати давлатдор ифода меёбад. Парчам таърихи қадима дошта, аввалин бор аз ҷониби Коваи оҳангар бар зидди зулму ситами Заҳҳок истифода шудааст. Парчам мутаҳидкунандаи халқу миллат аст. Парчам нишонаи ҳастии халқу миллат буда, дар он орзую омоли халқу миллат, мақсаду мароми он ва боигарии давлат тасвир ёфтааст.
 

Страницы

Яндекс.Метрика