Сафари кории Президенти кишвар ба Ҷумҳурии Қазоқистон 17.09.2024

17 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Вохӯрии сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Федеративии Олмон” ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар карданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

ОЗОДАНДЕШӢ ВА ДУНЁМАДОРӢ ДАР РУБОИЁТИ АБУСАИДИ АБУЛХАЙР

То мадрасаву манора вайрон нашавад,
Ин кори қаландарӣ ба сомон нашавад.
То имон куфру куфр имон нашавад,
Як банда ҳақиқатан мусулмон нашавад.

Суратгузориш аз ҷараёни Конфронси байналмилалӣ оид ба " Нақши олимон ва донишмандони тоҷик дар рушди фарҳанг ва тамаддуни исломӣ", ки 12 - 13 сентябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе дар меҳмонхонаи " Кангурт" баргузор гардида истодааст

Суратгузориш аз ҷараёни Конфронси байналмилалӣ оид ба " Нақши олимон ва донишмандони тоҷик дар рушди фарҳанг ва тамаддуни исломӣ", ки 12 - 13 сентябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе дар меҳмонхонаи "Кангурт" баргузор гардида истодааст.

Дар кори Конфронс директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдураҳим Ғафор ва дигар кормандони Марказ иштирок намуда истодаанд.

Идома дорад...

ВАТАНДОРӢ МАСЪУЛИЯТ АСТ!

Вожаи муқаддаси Ватан солҳои охир дар Тоҷикистони азиз беш аз ҳарвақта вирди забони мардуми мо ва, хусусан аҳли илму адабу қаламкашон аст.

Чаро? Зеро масъулияти ватандорӣ дар даврони навини соҳибистиқлолӣ халқу миллати моро бештар фаро гирифтааст.

Барои халқе, ки пас аз асрҳои вобастагиву гирифторӣ ба озодии сиёсӣ расидаву соҳиби давлату Ҳукумати худ, соҳиби обу замини худ гардидааст, боло гирифтани қадрдонӣ аз Ватан ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ як зуҳуроти табиист.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи даврони Истиқлол аст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар даврони соҳибихтиёрӣ ва истиқлолият исбот намуд, ки тамоми афкору маънавиёташ аз қаъри дили мардум реша гирифта, фаъолияташ ба манфиати халқ равона шудааст.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд:

Баромади Наботов Маҳмадӣ дар Радиои Тоҷикистон дар мавзӯи “Истиқлолият муқадастарин арзиши давлату давлатдорист”.

ТОҶИКИСТОН СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА ШУД

6 - уми сентябри соли равон дар шаҳри Москва шоҳкитоби Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино "Қонуни тиб" дар Озмуни XXI байналмилалии "Санъати китоб"-и кишварҳои узви ИДМ барандаи Шоҳҷоиза шуд.

Дар маросими тантанавии эътои ҷоизаҳо, ки дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии "Китоби Москва" баргузор шуд, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафарзода иштирок ва дипломи Озмунро қабул намуд.

ҶАЛАСАИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ “РӮЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН”

6 - уми сентябри соли 2024 дар Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки директори Марказ ва ҳайати кормандон бахшида ба таҷлили ҷашни 33 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Нахуст чорабиниро директори Марказ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо ин ҷашни фархунда шодбош гуфта, ба онҳо саломатӣ, хушбахтиву сарбаландӣ ва дар фаъолияташон барору комёбиҳоро таманно намуданд.

Страницы

Яндекс.Метрика