Роҳбарият

ВОХӮРӢ БО ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ ВА ФАЪОЛОНИ НОҲИЯИ ДАНҒАРА ДАР МАВЗӮИ "НАҚШИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ ДАР ПЕШГИРИИ ШОМИЛШАВИИ ШАҲРВАНДОН БА ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ЭКСТРЕМИСТИЮ ТЕРРОРИСТӢ"

Санаи 8 июни соли 2023 дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Данғара вохўрӣ бо хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои Ёвон, Леваканд, Темурмалик, Норак ва Данғара дар мавзуи «Нақши хизматчиёни давлатӣ дар пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ» баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ Холиқзода Абдураҳим - директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи : "Ифротгарои динӣ ва роҳҳои пешгирии он" маърӯза намуд.

СУБЪЕКТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ

Саймӯмин Ятимов 23 июли соли 1955 дар ноҳияи Фархор ба дунё омада,соли 1976 риштаи забону адабиёти тоҷики Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлоб ва соли 2001 риштаи ҳууқуқи Донишгоҳи миллиро хатм кардааст. Дар соли 2001 дар мавзӯи "Асосҳои идеологии сиёсати берунаи Ҷумҳурии исломии Эрон” рисолаи номзадӣ ва дар соли 2002 дар мавзӯи "Хумайнигароӣ ва идеологияи сиёсати хориҷии Эрон” рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст. Ятимов солҳои 2000-2005 муовини вазири амният, солҳои 2005-2007 муовини аввали вазири хориҷа ва солҳои 2007-2010 сафири Тоҷикистон дар Белгия. ИА ва НАТО буд.

ИҚТИБОС АЗ СУХАНРОНИИ ПРОФЕССОР - Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов

“Дар мамлакат шароити воқеӣ барои рушди маорифи миллӣ, асосан, омода шудааст. Аммо омили инсонӣ, масъулияти мудирият дар соҳаи мафкурасозӣ ҷавобгӯи талаботи замон нест. Натиҷаҳои фоҷеабори адами тафаккури миллӣ дар ҷаҳонбинии теъдоди ҳангуфти ҷавонон, пайвастани онҳо ба созмонҳои ифротиву зиддимиллӣ камбуди ниҳоят ҷиддӣ дар муносибатҳои ҷамъиятии ҷомеаи тоҷик – оила, мактаб, донишгоҳ, корхонаҳо ва муҳит зуҳур меёбад.

Нашри монографияи "Назаре ба асрори ҳуқуқ ва ҳуқуқи инсон"-и Холиқзода А.Ғ., Шоев З.Ҷ., Шосаидзода Ш.Ш.

       Нашри монографияи "Назаре ба асрори ҳуқуқ ва ҳуқуқи инсон"-и Холиқзода А.Ғ., Шоев З.Ҷ., Шосаидзода Ш.Ш. яке аз дастовардҳои бузурги илмӣ-таълимӣ ба ҳисоб меравад. Ин монография ба яке аз масъалаҳои муҳими ҳуқуқшиносӣ – асрори ҳуқуқ ва ҳуқуқи инсон бахшида шудааст. Дар он масъалаҳои пайдоиш, инкишоф ва ташаккулёбии ҳуқуқ, ҳуқуқи инсон, механизмҳои эътироф, кафолат ва ҳимояи ҳуқуқи инсон дар таърихи тамаддунҳои шарқӣ ва ғарбӣ мавриди омӯзишу тадқиқ қарор гирифтааст.

Тақвияти корҳои идеологӣ дар доираи сафари корӣ

Санаи 10 майи соли 2023 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо иштироки Сафир, Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор, директори Муассисаи давлатии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдураҳим ва Роҳбари Қабулгоҳи ҷамъиятии ҲХДТ дар Федератсияи Россия Мирзомуддинов Саидбек ҷаласа баргузор гардид.

Ҳамкориҳои судманд тақвият меёбанд

Дар доираи сафари корӣ ба Федератсия Россия ва нақшаи таҳиягардида миёни ҲХДТ ва Ҳизби умумироссиягии «Единая Россия» санаи 11 майи соли ҷорӣ муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор бо аъзои Шўрои олии ҳизби «Единая Россия», раиси комиссия оид ба корҳои байналмилалии ҳизб Климов Андрей Аркадевич вохӯрӣ доир намуд.

Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзи 12 майи соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзодаро, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар шаҳри Тошканд қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.
Дар оғози суҳбат Сарвазир Қоҳир Расулзода саломи самимӣ ва орзуҳои неки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев расонид.

Мулоқоти муовини якуми Раиси ҲХДТ дар Федератсияи Россия

Дар асоси дархости аъзои Бюрои Шурои олии Ҳизби умумироссиягии "Единая Россия", барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар доираи татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ, вохӯрии гурӯҳи кории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия баргузор гардид.
Дар мулоқот гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор, Директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдураҳим ва роҳбари Қабулгоҳи ҷамъиятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, Мирзомуддинов Саидбек ширкат намуданд.

Страницы

Яндекс.Метрика