Президент

Президент

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

30 апрел таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Нахуст, дар бораи лоиҳаи созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консортсиуми сармоягузорон дар ҳайати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Маркази рушди саноатӣ” оид ба амалисозии лоиҳаи “Таъсиси кластери нассоҷии гурӯҳи ширкатҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода гузориш дод. Гуфта шуд, ки мақсади таҳия ва қабули лоиҳаи мазкур саҳмгузорӣ дар амалисозии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар буда, ҷалби сармоя, бунёди кластерҳои агросаноатӣ ва коркарди нахи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ дар дохили кишвар пешбинӣ мегардад. Таъкид гардид, ки масъалаи бунёди иқтидорҳои истеҳсолӣ, коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ ва рушди соҳаи саноат, аз ҷумла саноати сабук, инчунин таъмини шуғли пурмаҳсул, ки яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар ба ҳисоб меравад, дар барномаҳои давлатӣ ва стратегияҳои миллӣ, аз ҷумла дар “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, дарҷ шудааст. Иттилоъ дода шуд, ки бо амалӣ намудани лоиҳаи мазкур зиёда аз 5500 шаҳрванди кишвар бо кор таъмин хоҳанд шуд. Баъди муҳокима лоиҳаи созишномаи сармоягузорӣ оид ба амалисозии лоиҳаи “Таъсиси кластери нассоҷии гурӯҳи ширкатҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маъқул дониста шуд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур доданд, ки созишнома дар асоси тавофуқоти ҷонибҳо ба имзо расонда шуда, барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад. Доир ба лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузориши роҳбарони як қатор сохторҳо шунида шуд. Таъкид гардид, ки лоиҳаи қарор барои дарёфти манбаъҳои иловагии даромади буҷети давлатӣ пешниҳод шудааст. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид. Дар идомаи маҷлис, ҳамчунин оид ба як қатор масъалаҳои муҳим, аз ҷумла идора ва назорати самараноки истифодаи замин қарорҳои дахлдор қабул карда шуд. Дар фароварди маҷлис Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулини вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиро ба иҷрои дастурҳои маҷлиси навбатӣ, супоришҳои қаблии Ҳукумати кишвар, инчунин вусъати ободонию созандагӣ, корҳои саҳроӣ, аз ҷумла кишту кори баҳорӣ ва омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи сазовори ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҷалб намуданд. 30.04.2025 шаҳри Душанбе

Президент

Мулоқот бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO) Тсю Донгюй

https://www.president.tj/event/news/50651 29 апрел дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Тсю Донгюйро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, аз ҷумла бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ, баррасӣ гардид. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастгирии доимии Созмон аз талошҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар роҳи татбиқи афзалиятҳои миллии рушди устувор изҳори қаноатмандӣ намуданд. Таваҷҷуҳи зиёд ба тақвияти иқтидори комплекси агросаноатӣ, таъмини низоми босуботи озуқаворӣ, мутобиқшавӣ ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист зоҳир гардид. Татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои идораи самараноки замину захираҳои об, беҳбуди бахши чорводорӣ, хоҷагиҳои моҳипарварӣ, ҷангал, ҳифзи растаниҳо, дастрасӣ ба тухмиҳои хушсифат, идораи мубориза бо ҳашароти зараррасон, ҷорӣ намудани навовариҳо ва технологияҳои муосири кишоварзӣ зарур шумурда шуд. Доир ба амалисозии барномаҳои муносиб дар самтҳои рақамикунонӣ, роҳандозии тадқиқоти бунёдии илмӣ, рушди соҳаи тухмипарварӣ, ҳалли масъалаҳои экологӣ, аз ҷумла “Барномаи рушди низоми агроозуқаворӣ ва кишоварзии устувор барои давраи то соли 2030” ва “Даҳсолаи хоҷагидории оилавии Созмони Милал” то соли 2028 гуфтугӯйи судманд ҷараён гирифт. Пешвои миллат ҳамзамон ба Мудири кулли Созмон барои дастгирӣ аз номинатсияҳои Тоҷикистон – “Гӯсфанди зоти “ҳисорӣ” ва “Ангури навъи “тоифӣ – гулобӣ” ва  ворид намудани онҳо ба Мероси низоми кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ (GIAHS) миннатдорӣ  изҳори сипос карданд. Ба мавзӯи ташкили гӯшаи Тоҷикистон дар қароргоҳи Созмон низ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Инчунин, алоқамандии Тоҷикистон аз идомаи ҳамкории стратегӣ бо Созмон дар ҳама самтҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак таъкид гардид. 29.04.2025 шаҳри Душанбе

Президент

Мулоқот бо Раиси Ассамблеяи парлумонии САҲА хонум Пиа Лииса Каума

https://www.president.tj/event/news/50647 29 апрел дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ассамблеяи парлумонии Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, узви Парлумони Финляндия хонум Пиа Лииса Каумаро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои маҷмӯи ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ гардид. Президенти кишвар таъкид намуданд, ки Тоҷикистон Созмонро ҳамчун ниҳоди муҳим барои муколамаи созанда дар доираи ҳар се ченак – низомиву сиёсӣ, иқтисодиву муҳитизистӣ ва инсонӣ медонад. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон авлавиятҳои раёсати Финляндияро дар самти пешгирӣ аз низоъҳо дар паҳнои САҲА, эҷоди эътимод, мубориза бо ҷиноятҳои дорои хусусияти фаромиллӣ ва дигар мавзуъҳо дастгирӣ менамояд. Зимни баррасии масоили амниятӣ таҳкими шарикӣ дар муқовимат ба хавфу таҳдидҳои глобалӣ, аз ҷумла дар доираи “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он”, муҳим дониста шуд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки ҳалли мушкилоти амниятӣ ҳамоно андешидани тадбирҳои минбаъдаи ҳамоҳангро тақозо менамояд. Вобаста ба ченаки иқтисодӣ-муҳитизистӣ таҳкими ҳамкорӣ барои роҳандозии лоиҳаҳои муассир мутобиқ ба Ҳадафҳои рушди устувор, бахусус ҷиҳати тақвияти бахшҳои воқеии иқтисод, беҳбуди зерсохтор ва рушди минтақаҳо мувофиқи мақсад дониста шуд. Масъалаҳои вобаста ба мудирияти захираҳои обиву энергетикӣ, тағйирёбии иқлим ва пешгирии офатҳои табиӣ низ аз ҷумлаи авлавиятҳои ҳамкорӣ номида шуд. Таъмини баробарии гендерӣ, тавсеаи ширкати занон дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон аз мавзуъҳои мубрами мулоқот буд. Таъкид гардид, ки дар ченаки инсонӣ ҷониби Тоҷикистон омода аст, ҳамкориро бо Созмон дар доираи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038  идома диҳад. Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин, доир ба мавзуъҳои алоҳидаи байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла бартараф намудани буҳронҳои мавҷуда ва эҷоди фазои боварию эътимод дар паҳнои масъулияти САҲА, сурат гирифт. 29.04.2025 шаҳри Душанбе

Президент

Барқияи изҳори тасаллӣ ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён

27 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст: “Ҷаноби Олӣ, Хабари ҳодисаи инфиҷори шадид дар Бандари Шаҳид Раҷоӣ дар шаҳри Бандар Аббоси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва бар асари он ба ҳалокат расидан ва маҷрӯҳ шудани теъдоди зиёди мардум боиси андӯҳи амиқи мо гардид. Бо эълони ҳамбастагӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин ҳодисаи фоҷеабор ба Шумо, давлат ва мардуми дӯсти Эрон маротиби ҳамдардӣ ва таслияти самимии инҷонибро иброз намуда, аз даргоҳи Худованд барои фавтидагон раҳмату мағфират ва барои ҳамаи маҷрӯҳон шифои комил масъалат дорам”.

Президент

Суханронӣ дар нишасти матбуотӣ пас аз музокирот бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён

Муҳтарам намояндагони васоити ахбори омма, Дар оғоз бори дигар ташрифи меҳмони гиромӣ, Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён ва ҳайати ҳамроҳашонро ба Тоҷикистон самимона хайрамақдам мегӯям. Мо таваҷҷуҳи хоссаи Ҷумҳурии Исломии Эронро нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр мекунем. Музокироту вохӯриҳои имрӯза мисли ҳамеша дар фазои дӯстона, ҳусни тафоҳум, эътимод ва эҳтироми ҳамдигарӣ сурат гирифтанд. Дар ҷараёни мулоқоти хосса ва васеъ бо иштироки ҳайатҳо маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар фарҷоми музокирот як силсила санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд, ки заминаи ҳуқуқии муносибатҳои ду ҷонибро такмил медиҳанд. Ҷониби Тоҷикистон натиҷаҳои муколамаи имрӯзаи сатҳи олиро баланд арзёбӣ мекунад. Итминон дорам, ки мувофиқаҳои ҳосилшуда барои идомаи густариши  робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои гуногун заминаи мусоид фароҳам меоваранд. Мо ҷонибдории худро аз идомаи муколамаи созандаи сиёсии байни ду давлат дар сатҳҳои мухталиф иброз доштем. Кишвари мо аз густариши равобити байнипарлумонӣ, табодули сафарҳои расмии роҳбарони парлумонҳои ду кишвари дӯст ва фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ изҳори ризоият намуд. Ҳамзамон бо ин, таъкид гардид, ки соҳаҳои тиҷорату иқтисод аз ҷумлаи самтҳои дорои авлавият дар муносибатҳои дуҷонибаи мо маҳсуб меёбанд. Қобили зикр аст, ки тайи солҳои охир муомилоти тиҷоратии дуҷониба суръати тоза пайдо карда, соли гузашта ба зиёда аз панҷоҳ фоиз афзоиш ёфт. Зимнан, тақвияти фаъолияти абзорҳои дуҷониба, аз ҷумла Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ, ҳамчунин, Шӯро ва Кумитаи муштараки соҳибкориву сармоягузорӣ муҳим арзёбӣ гардид. Ҷониби Тоҷикистон зарурати саъю талоши бештари ниҳодҳои дахлдори ду кишварро дар татбиқи ҳамаҷонибаи Барномаи дарозмуддати ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ то соли 2030-и мелодӣ ва Нақшаи роҳи он зикр кард. Мо алоқамандии худро ба рушди ҳамкориҳо дар самти сармоягузорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон иброз доштем. Дар ин замина истифодаи васеъ аз имконоти минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон   ба манфиати ҷонибҳо дониста шуд. Ҷониби мо, инчунин, аз зарфиятҳои фаровони бахшҳои  саноати маъдан, сохтмон, хӯрока, дорусозӣ, соҳаҳои энергетика, нақлиёт, фанноварӣ, кишоварзӣ ва соҳаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳ ёдовар шуд. Дирӯз дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи сафари давлатии Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон Муколамаи намояндагони бахши хусусии ду кишвар баргузор гардид. Дар чорчӯби он чонибҳо 13 санади ҳамкориро ба маблағи беш аз 450 миллион доллар ба имзо расониданд, ки худ боз як нишонаи мавҷуд будани имкониятҳои фарох барои ҳамкории соҳибкорон ва сармоягузорони мо дар самтҳои мазкур мебошад. Кишвари мо ба рушди бештари ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши энергетика ва зарурати роҳандозии иқдомҳои муассир дар ин ҷода таъкид кард. Дар рафти музокирот   ба тамоюли афзоиши интиқоли молу коло миёни ду кишвар дар солҳои ахир ишора гардид. Вобаста ба ин, зарурати истифодаи самарабахш аз зарфиятҳои бузурги нақлиётиву транзитии ҷонибҳо мавриди таъкид  қарор гирифт. Ҳамчунин, роҷеъ ба истифодаи зарфиятҳои бандарҳои Чобаҳор ва Бандар-Аббос ба унвони заминаи мусоиди ҳамлу нақли молу маҳсулот табодули назар анҷом ёфт. Ҷониби мо тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ, бахусус, дар  бахшҳои   боғпарварӣ, таъсиси ниҳолхонаҳо ва истифодаи технологияҳои муосири обёриро ба нафъи кор донист. Зимни истиқбол аз лағви низоми раводид байни ду кишвар, нақши таъсиргузори ин иқдом ба рушди соҳаи гардишгарӣ зикр гардид. Мо зарурати ҳамкории боз ҳам бештарро дар соҳаи тиб, бахусус, рушди бахши дорусозии муштарак ва бозомӯзии мутахассисони соҳа муҳим арзёбӣ кардем. Бо таваҷҷуҳ ба муштаракоти зиёди таърихиву фарҳангӣ ва забонӣ, тавсеаи беш аз пеши равобит дар соҳаҳои илму фарҳанг ва омӯзишу пажӯҳиш зарур дониста шуд. Бо дарназардошти вазъи ҳассоси имрӯза дар ҷаҳон ва минтақа, аҳаммияти ҳамкориҳо дар соҳаи амният мавриди таъкид қарор гирифт. Дар ин замина зарурати тақвияти ҳамкориҳо дар роҳи мубориза бо зуҳуроти  терроризму ифротгароӣ, инчунин, қочоқи маводи мухаддир  ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои сойберӣ  ба манфиати ду кишвар ва минтақа маънидод гардид. Мо аҳаммияти ҳамоҳангиҳои муштаракро барои расонидани кумакҳои мавриди ниёз ба мардуми Афғонистон ва мусоидат дар истиқрори сулҳу субот дар ин кишвари ҳамсоя таъкид кардем. Ҷониби Тоҷикистон аз идомаи вазъи фоҷеабор дар Навори Ғазза изҳори нигаронӣ кард. Вобаста ба ин, зарурати андешидани чораҳои фаврии ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати хотимаи нооромиҳо дар Ховари Миёна таъкид карда шуд. Дар робита ба ин, Тоҷикистон ҷонибдории худро аз татбиқи қатъномаҳои марбутаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба қазияи Фаластин ва риояи ҳуқуқи байналмилалӣ бори дигар изҳор намуд. Ҳозирини гиромӣ, Дар ҷараёни музокирот мо аз ҳолат ва раванди шарикӣ бо Эрон дар доираи ниҳодҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ изҳори ризоият кардем. Омодагии ҷониби худро ҷиҳати идомаи ин раванд иброз доштем. Тоҷикистон ба кишвари дӯст барои дастгирии доимӣ аз ташаббусҳои байналмилалии худ, аз ҷумла дар мавзӯи обу иқлим  сипосгузорӣ намуд. Дар маҷмӯъ, мо натиҷаҳои сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби Масъуди Пизишкиёнро ҳамчун оғози марҳалаи ҷадид дар рушду тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанба бо ин кишвари дӯсту бародар арзёбӣ менамоем. Дар фарҷоми сухани худ ба Шумо, Ҷаноби Олӣ сиҳатмандиву комёбиҳо ва ба мардуми дӯсту бародари Эрон сулҳу осоиш ва пешрафти рӯзафзун орзу менамоям.

МАҚОЛАҲО, Президент

БА ИМЗО РАСИДАНИ САНАДҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ БАЙНИ ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН ДАР СОҲАИ ТАҲҚИҚОТИ ИЛМИИ МАҶМААИ ҶАҲОНИИ ТАҚРИБИ МАЗОҲИБИ ИСЛОМӢ

Имрӯз, 16-уми январи соли равон аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон бо иштирок ва дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён 23 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Зери Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон сарони ду давлат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Масъуд Пизишкиён имзо гузоштанд. Ҳамин тавр, дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон, байни Муассисаи давлатии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази таҳқиқоти илмии Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ёддошти тафоҳум оид ба таҳқиқоти илмӣ ба имзо расид. АБДУЛЛОҲИ ҚОДИРӢ – САРДОРИ ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА ТАШХИСИ ДИНШИНОСӢ

Президент

Суханронӣ дар ҳамоиши тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистону Эрон

Раиси муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷаноби Олӣ Масъуди Пизишкиён, бародари азиз, Хонумҳо ва ҷанобон, Ҳузури Шуморо дар Ҳамоиши тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистону Эрон хайрамақдам мегӯям. Мусаллам аст, ки бахшҳои тиҷорату иқтисод дар таҳкими дӯстию шарикии мардумони кишварҳои мо нақши хеле муҳим доранд. Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни ду кишвар тақрибан то 50 дарсад дар соли гузаштаи мелодӣ дар муқоиса бо соли 2023 аз мавҷудияти зарфиятҳои кофӣ барои тавсеаи минбаъдаи робитаҳои иқтисодии ду ҷониб гувоҳӣ медиҳад. Музокироту сӯҳбатҳои имрӯзаи мо бо Раиси муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷаноби Олӣ Масъуди Пизишкиён бори дигар нишон доданд, ки ҷонибҳо хостори пешбурди воқеии робитаҳои худ дар соҳаҳои гуногуни иқтисоду тиҷорат мебошанд. Ҷониби Тоҷикистон аз раванди идомадори муколамаи созандаи сиёсӣ миёни ду кишвар изҳори ризоият менамояд. Дар баробари ин, мо алоқамандии худро ба густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ ва гардишгарӣ иброз медорем. Татбиқи тарҳҳои Неругоҳи “Сангтуда-2”, нақби “Истиқлол” ва чанде аз лоиҳаҳои дигари хурду миёна аз дастовардҳои муҳимми ҳамкориҳои иқтисодиву сармоягузории Тоҷикистону Эрон ҳастанд. Ин дастовардҳо, бешубҳа, ба таҳкими дӯстӣ ва рафоқат миёни ду кишвар ва ду миллат мусоидат мекунанд. Итминон дорем, ки татбиқи амалии “Барномаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ байни ду кишвар то соли 2030” натиҷаҳои назаррас ба бор хоҳад овард. Дар пешбурди ҳамкориҳои дуҷонибаи мо Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ, ҳамчунин, дигар абзорҳои муштараки ҳамкорӣ, бахусус Шӯрои соҳибкорон ва Кумитаи муштараки сармоягузорӣ метавонанд нақши муҳим дошта бошанд. Рӯзи гузашта дар ҳошияи сафари давлатии Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Душанбе Муколамаи намояндагони бахши хусусии ду кишвар доир гардид. Дар чорчӯби ин ҳамоиш ду ҷониб 13 санади ҳамкориро ба маблағи беш аз 450 миллион доллар ба имзо расониданд, ки худ боз як гувоҳи мавҷудияти имкониятҳои фарох барои ҳамкориҳои доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузории кишварҳои мо мебошад. Дӯстони гиромӣ! Тоҷикистон бо сарватҳои табиии фаровон, аз ҷумла захираҳои об бо имконоти бузурги гидроэнергетикӣ, маъданҳо, фулузоти нодир ва зарфиятҳои зиёди гардишгарӣ дорои шароити муносиби сармоягузорӣ мебошад. Ҳукумати Тоҷикистон дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ба ҷалби сармоягузории хориҷӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, онро яке аз ҳадафҳои сиёсати иқтисодии худ эътироф намудааст. Ҳамзамон, дар ин санад ба масъалаи ширкати фаъоли бахши хусусӣ дар раванди ҷалби сармояи хориҷӣ аҳаммияти хосса дода шудааст. Ба андешаи мо, яке аз ангезаҳои муҳими сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ин имкони пешбурди тиҷорат ва сармоягузорӣ мутобиқ ба тамоюлҳои муосири ҷаҳонӣ ҷиҳати гузаштан ба иқтисоди “сабз” мебошад. Вобаста ба ин зарфиятҳои гидроэнергетикии кишвари мо, ки яке аз манбаъҳои асосии истеҳсоли энергияи “сабз” ба шумор мераванд, имконоти фаровонро пешниҳод мекунад. Тоҷикистон аз рӯи захираҳои умумии гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон ҷойи ҳаштум ва аз ҷиҳати ҳиссаи хоси онҳо ба ҳар сари аҳолӣ ҷои дуюмро ишғол менамояд. Имрӯз ҳамагӣ панҷ дарсади ин зарфият мавриди истифода қарор гирифтааст ва 98 дарсади неруи барқи Тоҷикистон аз манбаъҳои барқароршаванда истеҳсол мегардад. Аз рӯи ин нишондиҳанда Тоҷикистон дар ҷаҳон дар ҷойи шашум қарор дорад. Тоҷикистон нақша дорад, ки дар ояндаи наздик истеҳсоли энергияро, тибқи талаботи меъёрҳои ҳифзи муҳитзистӣ, то ду баробар афзоиш диҳад. Итминон дорем, ки иқтидори бузурги энергияи “сабз”-и Тоҷикистон дар оянда метавонад на танҳо ба нафъи мо, балки дигар кишварҳои минтақа, аз ҷумла Эрон истифода шавад. Муҳтарам иштирокдорони ҳамоиш, Мо саноатикунонии босуръати кишварро ҳамчун ҳадафи роҳбурдӣ (стратегӣ) интихоб намудем. Кишварҳои ҳавасманд метавонанд дар бахшҳои гуногуни саноат ҳамкории судмандро бо Тоҷикистон ба роҳ монанд. Дар ин радиф, саноати кӯҳӣ, металлургӣ, мошинсозӣ, ғизоӣ ва бофандагӣ, кимиё ва дорусозӣ, инчунин, истеҳсоли масолеҳи сохтмон аз ҷумлаи самтҳои мавриди таваҷҷуҳ ба ҳисоб мераванд. Бинобар ин, бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда дар ин соҳаҳо ба нафъи ҳарду ҷониб хоҳад буд. Дар баробари ин, бахши кишоварзии Тоҷикистон, бо назардошти иқлими мусоид ва захираҳои фаровони об, яке аз самтҳои ояндадор ба шумор меравад. Ҳамкорӣ дар самтҳои парвариш, коркард ва содироти меваю сабзавот, панба (пахта) ва пиллаи абрешим, соҳаҳои боғдорӣ, асалпарварӣ ва чорводорӣ аз лиҳози иқтисодӣ судовар хоҳад буд. Дар ин замина таъсиси корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ барои содирот ва марказҳои логистикӣ ба мақсад мувофиқ дониста мешавад. Мо, инчунин, барои ҳамкории судманд бо сармоягузорони эронӣ дар рушди бахшҳои молиявӣ ва бонкдорӣ манфиатдор ҳастем. Соҳаи гардишгарӣ низ яке аз бахшҳои муҳими ҳамкориҳои ду кишвар арзёбӣ мегардад. Мо барои рушди инфрасохтори гардишгарӣ ва истифодаи иқтидори бузурги он, бахусус гардишгарии кӯҳнавардӣ, экологӣ ва солимгардонӣ ҳавасмандем. Ҷорӣ намудани низоми лағви раводид барои шаҳрвандони ду кишвар дар муддати 30 рӯз заминаи мусоидро барои рушди ҳамкориҳои ҷонибҳо дар ин соҳа фароҳам овардааст. Дӯстони гиромӣ, Дар баробари имконоту зарфиятҳои мавҷуда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сармоягузорон 110 имтиёз ва сабукиҳои молиётиву гумрукӣ, дар маҷмӯъ беш аз 240 номгӯи замонатҳои ҳуқуқиро муқаррар намудааст. Ҳамчунин, дар панҷ минтақаи озоди иқтисодии Тоҷикистон барои фаъолияти сармоягузориву соҳибкорӣ шароити мусоид пешбинӣ гардидааст. Ширкатҳои эронӣ метавонанд аз имконоти ин минтақаҳо бо ҳадафи рушди фаъолияташон дар Тоҷикистон истифода намоянд. Дар Тоҷикистон имрӯз фазои муносиби иқтисодӣ барои сармоягузорон фароҳам оварда шудааст ва бо истифода аз фурсат ҳамаи Шуморо барои ҳамкориҳои созанда ва роҳандозии тарҳу барномаҳои нав даъват менамоям. Ҳадафи умумии мо бояд таҳкими шарикии боэътимод ба хотири таъмини рифоҳу фардои шоистаи кишварҳо ва мардумонамон бошад, ки аз муштаракоти забонӣ ва таърихиву фарҳангӣ бархурдоранд. Итминон дорам, ки натиҷаҳои нишасти имрӯза ба таҳкиму густариши минбаъдаи ҷанбаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии ҳамкориҳои ду кишвари дӯсту бародар мусоидати муассир хоҳад кард. Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи Шумо, меҳмонони арҷманд, муколамаи созанда ва иқомати бофароғатро дар Тоҷикистон орзу дорам.

Президент

Иштирок дар Ҳамоиши тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистону Эрон

Нимаи дуюми рӯз дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бинои Маркази Оши шаҳри Душанбе Ҳамоиши тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии ду кишвар баргузор гардид, ки дар кори он сарони ҳарду давлат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Масъуд Пизишкиён иштирок ва суханронӣ намуданд. Иштироки бевоситаи сарони ду давлат дар ин ҳамоиш худ бозгӯй аз аҳамияти бориз ва авлавият доштани робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарӣ дар маҷмуи муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг аст. Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён, ҳайати ҳамроҳи ӯ ва ҷамъи тоҷирону соҳибкорон ва сармоягузорони эрониро ба Тоҷикистон ва ба ин ҳамоиши басо муҳим хайрамақдам гуфта, муҳимтарин имкону афзалиятҳои гардишгарӣ, сармоягузорӣ ва тиҷорат бо кишвари моро шахсан муаррифӣ намуданд. Тавре зикр гардид, дар соли 2024 ҳаҷми тиҷорат миёни ду кишвар тақрибан то 50 дарсад нисбат ба соли 2023 афзоиш ёфт, ки “аз мавҷудияти зарфиятҳои кофӣ барои тавсеаи минбаъдаи робитаҳои иқтисодии ду ҷониб гувоҳӣ медиҳад”. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вуҷуди сарватҳои фаровони табиӣ ба мисли об, маъданҳо, фулузоти нодир, имконоти беандозаи истеҳсоли энергияи “сабз” ва рушди иқтисоди “сабз”, роҳандозии ҳамкории судовар дар бахшҳои саноати кӯҳӣ, ғизоӣ, нассоҷӣ, кимиё, дорусозӣ, истеҳсоли маводи сохтмон, соҳаҳои энергетика, металлургӣ, мошинсозӣ, кишоварзӣ ва истифода аз зарфиятҳои зиёди гардишгарӣ ёдовар шуда, ҳозиринро ба ҳамкории самарабахш даъват намуданд. Таъкид гардид, ки “Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сармоягузорон 110 имтиёз ва сабукиҳои молиётиву гумрукӣ, дар маҷмӯъ беш аз 240 номгӯи замонатҳои ҳуқуқӣ муқаррар намудааст”. Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён низ дар навбати худ омодагӣ ва алоқамандии Ҳукумат ва доираҳои соҳибкорию сармоягузории Эронро ба таҳким ва густариши робитаҳо бо Тоҷикистон таъкид намуда, ҳарду ҷонибро ба дарёфти роҳҳои наву судовари ҳамкорӣ даъват намуданд. Қобили зикр аст, ки Ҳамоиши тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистону Эрон рӯзи 15 январ бо Муколамаи намояндагони бахши хусусии ҷонибҳо оғоз ёфта, 16 январ бо ҳузури сарони давлатҳо идома ва ҳусни анҷом ёфт. Аз рӯйи натиҷаҳои чорабиниҳои мазкур 13 санади ҳамкорӣ байни соҳибкорону сармоягузорони Тоҷикистон ва Эрон ба маблағи зиёда аз 450 миллион доллари ИМА ба имзо расонида шуд.

Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Роҳбари давлат дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олӣ баргузор мегардад. Ба ин муносибат ҳамаи шумо – вакилони муҳтарамро табрик мегӯям. Соли ҷорӣ мардуми шарафманди Тоҷикистон 30-юмин солгарди қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ таҷлил намуданд. Конститутсия ҳамчун санади тақдирсози давлати тоҷикон заминаи ҳуқуқии давлатдории мустақил, соҳибихтиёрии миллӣ ва рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишварро фароҳам овардааст. Ҳоло кишвари мо дар марҳалаи нави тараққиёти худ қарор дошта, бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст. Дар баробари ин, нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин, канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ моро водор месозанд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешем. Дар ин ҷода моро зарур аст, ки дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем. Зеро мардуми мо мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд. Ин аст ҳадафи олии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон. Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардум нақшаҳои бузурги созандагиро роҳандозӣ карда истодааст. Соли 2024-ум ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуд. Қобили зикр аст, ки дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил дод. Ҷиҳати рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории давлатӣ, инчунин, татбиқи нақшаву барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ дар панҷ соли охир аз ҳисоби буҷети давлат ва сармояи дохиливу хориҷӣ зиёда аз 197 миллиард сомонӣ равона карда шуд. Барои иҷрои нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва сокинони бонангу номуси кишвар дар се соли охир беш аз 20 миллиард сомонӣ хароҷот карда шуд. Корҳое, ки дар ин самт анҷом дода шуданд, ба таъмин гардидани нишондиҳандаҳои пешбинигардидаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва пешрафту ободии шаҳру деҳоти мамлакат мусоидат намуданд. Дар доираи нақшаи зикргардида дар се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзиш, 175 иншооти фарҳангу фароғат ва ҳазорҳо иншооти дигари истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд. Дар ҳамаи ин корҳои хайри ободонӣ саҳми соҳибкорон ва сокинони мамлакат бисёр бузург мебошад. Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва кулли мардуми Тоҷикистон барои дастгирии ташаббусҳои Ҳукумат ва саҳмгузорӣ дар ободиву пешрафти мамлакат сипосу миннатдории самимӣ баён мекунам. Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои мушаххас даромади пулии аҳолӣ аз 48 миллиард сомонии соли 2019-ум ба 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024-ум расид. Яъне нишондиҳандаи мазкур 3 баробар зиёд гардида, музди миёнаи меҳнат беш аз 1,8 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 1,5 баробар афзоиш ёфт. Танҳо дар асоси пешниҳоди паёми соли гузашта аз аввали соли 2024-ум маоши хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати шахсии қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 40 фоиз баланд бардошта шуд. Аз моҳи июл маоши хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, стипендияҳо 40 фоиз ва андозаи нафақа 30 фоиз зиёд карда шуд. Тавассути амалисозии тадбирҳои зарурӣ дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани таваррум таъмин гардида, соли 2024-ум 3,6 фоизро ташкил дод. Хотирнишон менамоям, ки дар панҷ соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ чор маротиба (солҳои 2020, 2022, 2023, 2024) ва дар маҷмуъ, ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шуд. Дар ин муддат, яъне дар панҷ соли охир сатҳи таваррум ё баландшавии нархҳои истеъмолӣ ҳамагӣ 29 фоизро ташкил кард. Яъне дар ин давра маош, нафақа ва стипендияҳо нисбат ба сатҳи таваррум бамаротиб зиёд гардиданд, ки бевосита ба коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар гардидани шароити зиндагии мардуми кишвар мусоидат намуданд. Бо вуҷуди пешравиҳои зикргардида, Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда мешаванд, ки иҷрои саривақтиву босифати барномаву нақшаҳои қабулгардида ва дар ин замина рушди иқтисоди кишварро дар соли 2025-ум дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намоянд. Илова бар ин, дар соли 2025-ум доир ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, ташаккули «иқтисоди сабз», рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тадбирҳои мушаххас андешида шаванд. Ҳамчунин, идоракунии самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ ва таъсис додани ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ ва тақвияти иқтидори содиротии мамлакат таъмин карда шавад. Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, бо дарназардошти амалисозии ҳадафҳои пешбинигардида, то охири соли 2025-ум лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026 – 2030»-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд. Дар ҳуҷҷати зикршуда ба масъалаҳои рушди сармояи инсонӣ, тақвияти иқтидорҳои истеҳсолӣ ва истифодаи технологияҳои муосир, ташкили истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатнок бо арзиши баланди иловашуда, пайванди илм бо истеҳсолот ва ташаккул додани иқтисоди ба дониш ва ихтироъкориву навоварӣ асосёфта таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад. Вакилони муҳтарам! Ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии татбиқи самараноки сиёсати андозу буҷет, аз ҷумла дар масъалаи гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ барои ноил гардидан ба устувории молиявии давлат ва рушди иқтисодӣ нақши муҳим дорад. Дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат ва вазорату идораҳои дахлдор супориш дода мешавад, ки доир ба баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявӣ ва фарҳанги андозсупории шаҳрвандон чораҳои судмандро амалӣ созанд. Ҳамчунин, Вазорати молия, Бонки миллӣ, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ якҷо бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки ҳалли масъалаҳои вусъат додани истифодаи технологияҳои муосири рақамиро ҳарчи зудтар таъмин намоянд. Дар ин раванд, то охири соли 2025 пардохтҳои ғайринақдӣ дар соҳаҳои буҷетӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ пурра таъмин карда шаванд. Дар бисёр кишварҳо нишондиҳандаи пардохтҳои ғайринақдӣ 80 – 90 фоизро ташкил медиҳад. Ин яке аз роҳҳои асосии таъмин намудани шаффофияти амалиёти хизматрасонӣ,

Прокрутить вверх