Имя автора: pressa

МАҚОЛАҲО

Ифротгароии динӣ -хатар ба давлатдории миллӣ

Таҳлили вазъи имрузаи Ховари Миёна ва Наздик, Сурия ва Ироқ, ки то Афғонистон тул мекашад бори дигар собит месозад, ки кулли зуҳуротҳои динӣ дар кадом шакле набошанд, агар аз доираи танзими қонунии давлат канорагирӣ кунанд ё дар бархурд қарор гиранд, на фақат моҳияти аслии худро гум мекунанд, балки хусусияти тахрибомезонаи хурофотӣ ё ифротӣ-экстримистиро мегиранд. Чунин амали нодуруст ба амнияти давлат таҳдид намуда, дар ҷомеа хушунату бадбинӣ нисбати якдигарро тавсиа медиҳад. Аз ин хотир Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама суҳбату вохуриҳо аз зиёдаравӣ дар дин ва хатари он ба давлатдории миллӣ ҳарф зада,таъкид менамояд, ки “Ман аввал тоҷикам баъд мусулмон”. Ифротгароии динӣ ё ба истилоҳ “экстремизми динӣ” яке аз намудҳои ниҳоят хатарноки ифротгароӣ мебошад, ки дар натиҷа шахс ба хурофоти динӣ аз ҳад зиёд дода шуда, таълимоти диниро сатҳӣ ва бо фаҳмиши рӯякӣ аз худ менамояд. Дар як муддати муайян шахс ин гуна фаҳмишу ақидаи динии худро дар амал татбиқ кардан хоста, ба фазои радикализми динӣ (тундравии динӣ) шомил мегардад. Минбаъд агар амалҳои ифротгароёнаи шахс пешгирӣ карда нашаванд, баҳри паҳн намудани ақидаҳои хурофотии хеш даст ба таҳдиду куштори одамон мезанад. Ба ҳизбу ҳаракатҳои экстримистӣ – ифротӣ ру овардани ҷавонон албатта имруз мушкилоти глобалӣ шуда мондаст. Вале барои Тоҷикистон ин мушкилии ҷиддӣ мебошад, чунки: Аввалан зиёда аз 90 фоизи аҳолӣ мусулмон ҳастанд. Сониян зиёда аз 70 фоизи аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Тоҷикистон давлати миллӣ буда, ояндаи неку пешрафтаи он аз насли ҷавону бомаърифат ва огоҳ аз илми муосир, вобастагии ҷиддӣ дорад. Ифротгароёни динӣ барои расидан ба мақсадҳои худ асосан ба ҷавонони фанатики дин, дорои саводи пасти динию дунявӣ ва зудбовару мушкилидор таваҷҷуҳ менамоянд. Тавассути сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷавонони гумроҳ ваъдаҳои пучу дурӯғ дода, нисбати дин, давлат ва шахсиятҳои бонуфуз ҳар хел овозаҳои беасосоро паҳн мекунанд, бадбинӣ ва низоъҳои мазҳабиро бармеангезанд. Вобаста ба ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иброз доштанд: “Ман чандин маротиба аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид карда будам, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини ислом иртиботе надорад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд”. Мушоҳидаҳо ва натиҷаҳои таҳқиқоти сотсиологӣ нишон медиҳанд, ки бештари шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба гурӯҳҳои ифротии динӣ шомил шудаанд, саводи ками илмӣ дошта бештар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд. Пас худи муҳити бегона сабаби ба гурӯҳҳои ифротгарои динӣ гаравидан ва ифротӣ шудани як қисми ҷавонон мегардад. Муддати зиёд дар муҳоҷират қарор доштани ҷавонони тоҷик ба давлатдории миллӣ хатари ҷиддӣ дорад, ки омилҳои муҳимтаринаш инҳоянд: 1. Дар ҳаёти иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ мутаасифона, дин нақши калон дорад, зеро аксарияти онҳо ба арзишҳои динӣ афзалият медиҳанд, дин ба сифати дастгирии маънавӣ ва танзими муҳити иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ баромад менамояд. Бо сабаби дар хориҷӣ кишвар рӯ ба рӯ шудан ба мушкилоти гуногун, беадолатиҳо ва нобаробариҳои зиёди иҷтимоӣ таваҷҷуҳи баъзе аз муҳоҷирони меҳнатӣ ба дин бамаротиб меафзояд. Аз ин вазъият гурӯҳҳои ифротгаро ва шахсони алоҳидаи манфиатҷӯ моҳирона истифода мебаранд. 2. Дар хориҷи кишвар баъзе аз руҳониёни ифротгарои динӣ нисбатан озодона фаъолият намуда, мақоми баланди иҷтимоиро соҳиб шудаанд ва ба рафтори иҷтимоии муҳоҷирони меҳнати таъсири назаррас расонида метавонанд. Онҳо ба Россия рафта, ҷонибдорони худро ҷамъ меоранд ва ба воситаҳои гуногун, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ ақидаҳои динии ифротии худро паҳн менамоянд. 3. Аксарияти муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ дар масҷидҳои исломии Россия намоз мехонанд, ба ҷавонони мусулмони мазҳабҳои гуногуни исломӣ шинос шуда, ба рафтору амали онҳо пайравӣ менамоянд (масалан, гузоштани риши баланд) ва дигар анъанаҳои диниро ба ҳадди ифрот мерасонанд. Ба ақидаи коршиносон дар баъзе аз масҷидҳои исломии Россия мазҳабу равияҳои гуногуни дини ислом тарғиб карда мешаванд. 4. Бештари муҳоҷирони меҳнатии хориҷии Тоҷикистон, махсусан, ҷавонон аз муҳити тарбиявии оила, назорати мақомоти давлатии Тоҷикистон ва волидайну хешовандони худ берун мондаанд. Аксарияти кулли ифротгароёни динӣ саводи кофии динӣ надоранд, таҳсилоти дурустӣ динӣ ва исломӣ нагирифтаанд, ахбори динии онҳо баъзе маълумотҳои одитарини фиқҳӣ, таърихӣ ва ривоятиву қиссавӣ мебошад, ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ, гурӯҳҳо ва шахсони алоҳидаи манфиатҷӯйи динӣ дастрас намудаанд. Асоси динро ба таври соддалавҳона, зоҳирӣ ва яктарафа мефаҳманд, бе ҳеҷ гуна таҳлил ва андеша фатвоҳо ва суханони роҳбарони худро қабул ва пайравӣ мекунанд. Нисбат ба ҳокимияти сиёсии қонунӣ, қонунҳои амалкунанда, ҳувияти миллӣ ва фарҳангу тамаддуни форсию тоҷикӣ ҳисси нафат ва бадбинӣ доранд, нафарони муқобили худро танқид ва таҳқир менамоянд. Фикр мекунам, ки барои пешгирӣ ва бартараф намудани ифротгароии динӣ дар амал татбиқ намудани чунин тадбирҳо мусоидат менамоянд: баланд бардоштани сатҳи тафаккури илмӣ ва арзишҳои дунявии ҷавонон; дар ВАО, сомонаҳои интернетӣ, блогҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намудани маводи таълимию тарбиявӣ ва тарғиботу фаҳмондадиҳӣ; ба Россия ба сафари корӣ равон намудани мутахассисони соҳаи дин ва руҳониёни бонуфузи Тоҷикистон ва пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ; тақсими маводи тарғиботӣ ба ҷавононе, ки ба муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ мераванд; ба таври қатъӣ пешгирӣ кардани раванди таҳсили динии “ҳуҷрагӣ”-и наврасону ҷавонон ва ғайраҳо. Ҳукумати Тоҷикистон хатарҳои ифротгароёни диниро дарк кардааст ва барои ҳамин ҳам ба муқобили онҳо муборизаи оштинопазирро пеш гирифтааст. Гурӯҳҳои ифротию террористӣ на танҳо ба ҳокимияти сиёсӣ, балки ба ҳар як қишри ҷомеа, ҳар як оила ва ҳар як шаҳрванд хатар доранд. Аз ин рӯ, муқовимат ва мубориза ба ифротгароии динӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст ва озодихоҳ мебошад. Баҳромбеков Д.А.- сардори шуъбаи пажуҳиши исломи муосири Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Президент, Хабарҳо

Таъиноти кадрӣ

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои муовини вазир дар вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, Кумитаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, меъморӣ ва сохтмон, рушди сайёҳӣ, Агентии назорати давлати энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва дигар мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба самти рақамикунонӣ таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Анвар Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ таъин гардид. Таъкид гардид, ки муовинон – сарпарастони соҳаи рақамикунонӣ дар самти ворид намудани технологияи муосир ва пайвастан ба низоми идораи электронии раванди кору истеҳсолот дар муҳлатҳои кутоҳтарин тадбирҳои мушаххас андешида мутахассисони дорои таҷрибаи кор бо технологияи иттилоотӣ ва донандагони забонҳои хориҷиро ба кор ҷалб ва тарбия намоянд. Пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қисми 1 моддаи 57-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи аз вазифаи раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Худоёрзода Бахтиёр Тавар”, “Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Қодирзода Абдуҷаббор Сафаралӣ” ва “Дар бораи аз узвияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Салимӣ Носирҷон Юсуфзода, Хидирзода Махфират Умар, Шодмонбек Юсуфбек Рустамбек, Самадзода Навруз Абдулҳамид, Азизӣ Муистон Бердизода бинобар ба охир расидани муҳлати ваколат” ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон ирсол гардид. Ҳамзамон пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Зариф Ализода”, “Дар бораи муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Саидзода Ҷамшед Ҳамро” ва “Дар бораи аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Назарализода Дилафруз Муҳаммадалӣ, Маъмурзода Адҳам Маъмур, Раҷабзода Зайнура Абунаср, Самадзода Навруз Абдулҳамид, Хидирзода Махфират Умар ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон манзур карда шуданд. Зимни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият таъиншударо ба хизмати содиқонаю софдилона ба Ватан ва мардуми кишвар, тарбияи кадрҳои ба талаботи замон ҷавобгӯ дар соҳаҳои худ ва муомилаи шоиста бо шаҳрвандон ҳидоят намуданд.

МАҚОЛАҲО

КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҲАМЧУН ОМИЛИ ТАШАККУЛ ВА ТАҲКИМИ ҲАМБАСТАГИИ ИҶТИМОӢ

Таърих гувоҳ аст, ки яке аз аслитарин ҳадафи низомҳои сиёсӣ саъю кӯшиш барои муттаҳид гардонидани мардум ва гурӯҳҳо будааст. Имрӯз низ мо шоҳид ҳастем, ки давлатҳо, хусусан давлатҳои миллӣ, роҳи устуворӣ ва пешрафти ҷомеаро дар иттиҳоду ҳамбастагӣ мебинанд ва ба ин хотир, мекӯшанд, то дар байни қавмҳо, табақаҳо ва қишрҳои гуногун риштаҳои иртиботии муайянеро падид оварда, ҷомеаро ҳамчун низоми тому яклухт ҳифз кунанд. Ин торҳои равобитро дар давраҳои гуногун, дар сохтаҳои мухталифи зеҳнӣ ва иҷтимоӣ, ҳар хел номгузорӣ мекунанд. Яке аз номгузориҳои падидаи мазкур дар байни ҷомеашиносон ин «ҳамбастагии иҷтимоӣ» (social solidarity) аст. Ҳамбастагии иҷтимоӣ падидаест анъанавӣ, фарогир ва дорои маънои мусбати ахлоқӣ, ки бар пояи он аъзои гурӯҳ ё ҷомеа бо ҳам робитаи мутақобила дошта, ба якдигар вобаста ва ниёзманди ҳамдигар мебошанд. Зиндагии ҷамъии онҳо бар асоси арзишҳо ва манфиатҳои муштарак, ҳамдигарфаҳмӣ ва пайвандҳои иҷтимоӣ шакл мегирад. [1, с. 646–649] Масъалаи ҳамбастагии иҷтимоӣ ба таври куллӣ дар саросари ҷаҳон ва ба таври хос дар илми сотсиология, ҷузъи масоили муҳим ва асосӣ маҳсуб мешавад. Зеро ангезаи гирдиҳам омадан ё овардани афрод, гурӯҳҳо ва ҷомеаҳо ва сарҷамъу муттаҳид намудани онҳо бисёр муҳимтар аз ҳар чизи дигар аст ва «ягонагиву иттиҳод аз шартҳои асосии бақои умри ҳар миллат, аз ҷумла миллати тоҷик аст» [10, с. 132]. Дар ин бора Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд, ки: «Мову шуморо зарур аст, ки тамоми азму талоши худро ба таҳкими ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии миллат равона кунем» [6, с. 78]. Имрӯз дар ҷомеаи Тоҷикистон, дар давраи соҳибистиқлолӣ, мафҳуму мазмуни ҳамбастагии иҷтимоиро «ваҳдати миллӣ» ифода менамояд. «Ваҳдати миллӣ» ҳамчун андеша ё худ консепсия, яке аз асоситарин қисми таркибиву тавонбахши андешаи миллӣ ва маркази тамоми дигар консепсияҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар масъалаи ташхиси самти асосии инкишофи давлатдории навини кишвар ҳамчун роҳнамо хизмат мекунад. Зеро «ҳама гуна ҷомеа ба ҳадафу қутбнамое ниёз дорад, ки роҳи рушди устувори худро мутобиқи он муайян созад. Чунин андеша ва ҳадафи муттаҳидкунанда барои мо, бешубҳа, ғояи ваҳдати миллӣ ба шумор меравад» [8, с. 410]. Ташаккул ва инкишофи ҳамбастагии иҷтимоӣ ва тақвият ёфтани он дар навбати худ вобаста ба омилҳои гуногуни таърихӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ вобаста аст. Яъне ҳамбастагии иҷтимоӣ ва низ «ваҳдати миллӣ дар заминаи омилҳои гуногун ташаккул меёбад» [3, с. 139] ва «сабабҳои гуногуни ногузирии ваҳдати миллӣ ҷой доранд» [5, с. 14]. Омилҳои гуногуни макросотсиологӣ ва микросотсиологӣ сабаб шудаанд, ки кишвари Тоҷикистон дар роҳи расидан ба истиқлолият, табдил шудан ба як давлати миллӣ ва ҳифзу тақвияти ҳамбастагии иҷтимоӣ масири басо тӯлонӣ ва пурфарозу нишеберо тай намояд. Шинохт ва татбиқи ин омилҳо, махсусан барои кишваре, ки марҳилаҳои мураккаби гузаришро аз сар гузаронида, дар ибтидои раванди демократикунонӣ қарор дорад, бисёр муҳим аст. Аз ин рӯ, таҳқиқи ҳамбастагии иҷтимоӣ ва омилҳои он дар Тоҷикистон як зарурати таърихӣ ва ҳаётӣ ба шумор меравад. Дар байни омилҳои гуногуни ташаккул ва таҳкими ҳамбастагии иҷтимоӣ «Конститутсия» ҷойгоҳи махсус дорад. Агар арзишҳои фарҳангӣ, анъанаҳои миллӣ, забон, таърихи муштарак ва муносибатҳои байнишахсӣ барои наздик намудани одамон заминаи маънавию иҷтимоӣ фароҳам оваранд, пас Конститутсия ин равобитро дар доираи принсипҳо ва меъёрҳои умумии ҳуқуқӣ ба низом медарорад. Он барои шаҳрвандони дорои ҷаҳонбинӣ, эътиқод, манфиат ва мавқеи иҷтимоии гуногун заминаи ягонаи ҳуқуқии ҳамзистиро муайян мекунад [1, с. 646–649]. Дар ҳар ҷомеае бистари нахустин ва заминаҳои тазминкунандаи ҳамбастагии иҷтимоиро бояд дар партави қонуни асосии давлат, яъне конститутсия ҷустуҷӯ кард. Зеро конститутсия ин ифодагари манфиатҳои олии миллату ватан, муайянсозандаи низоми устувори давлатдорӣ ва сохтори идораи ҷомеа, кафолатдиҳандаи истиқлоли сиёсиву иҷтисодӣ, тамомияти арзӣ, волоияти қонун, фаъолияти муназзами мақомоти ҳокимияти давлатӣ, …унсури марказии низоми ҳуқуқии кишвар, заминаи эҷоду такмили қонунгузорӣ, муайян созандаи дурнамои пешрафти ҷомеа ва давлат мебошад [7, с. 150]. Конститутсия, ин риштаи пайванди ҳуқуқии муносибатҳо буда, ҳамчун санади тааҳҳудоти миллии мардум ҳамаи қавмҳо, гуруӯҳҳо ва ҳизбҳоро дар ҳифзи маслиҳату манофеъи миллӣ ба ҳам пайванд зада, ҳамбастагии иҷтимоиро таҳким ва давом мебахшад. Ҳамчунин, конститутсия ҳамчун «шартномаи ҷамъиятӣ» хидмат карда, қоидаҳо ва меъёрҳоро муқаррар менамояд, рафтори шахсони алоҳида, гурӯҳҳо ва муассисаҳоро танзим мекунад ва ба бaртapaф кaрдaни ихтилoфoт дaр ҷoмea кафолат медиҳад. Конститутсия на танҳо санади олии ҳуқуқӣ, балки заминаи умумии ҳуқуқии ҳамзистии осоишта ва ҳамкории шаҳрвандон низ мебошад. Албатта, ҳамбастагии иҷтимоӣ танҳо тавассути қабули санади ҳуқуқӣ ба вуҷуд намеояд. Барои ташаккул ва пойдории он омилҳои зиёде, аз ҷумла адолати иҷтимоӣ, эътимоди байни шаҳрвандон, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳо, масъулияти мутақобила ва иштироки фаъол дар ҳаёти ҷамъиятӣ заруранд. Аммо Конститутсия барои рушди ин арзишҳо заминаи ҳуқуқӣ фароҳам оварда, муносибатҳои байни шахс, ҷомеа ва давлатро ба принсипҳои муайян асоснок мекунад [1, с. 646–649]. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, дар солҳои 1999, 2003 ва 2016 ба он бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд [4, с. 2]. Ин санад дар давраи соҳибистиқлолӣ асосҳои сохтори конститутсионӣ, принсипҳои ташкили давлат, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин муносибатҳои асосии байни давлат ва ҷомеаро муайян мекунад. Баррасии Конститутсия аз дидгоҳи ҳамбастагии иҷтимоӣ имкон медиҳад, ки на танҳо аҳаммияти ҳуқуқии он, балки нақши иҷтимоии меъёрҳои конститутсионӣ низ ошкор карда шавад. Дар ин замина чанд ҷанбаи муҳимро метавон ҷудо намуд: Якум: Конститутсия барои муттаҳид сохтани шаҳрвандон дар атрофи арзишҳо ва ҳадафҳои умумӣ замина мегузорад. Дар муқаддимаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан аз номи «Мо, халқи Тоҷикистон» [4, с. 3] оғоз мешавад. Ин ибора аз ҷиҳати маъноӣ муҳим аст, зеро субъекти қабули Конститутсияро на як гурӯҳи алоҳида, на табақаи муайяни иҷтимоӣ ва на қишри мушаххаси аҳолӣ, балки халқи Тоҷикистон муаррифӣ мекунад. Дар идомаи муқаддима, масъулият дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда, таъмини соҳибихтиёрии давлат, эҳтиром ба озодӣ ва ҳуқуқи шахс, эътирофи баробарҳуқуқӣ ва дӯстии миллату халқиятҳо ва бунёди ҷомеаи адолатпарвар таъкид мегардад [4, с. 3]. Аз нуқтаи назари сотсиологӣ, чунин муаррифӣ ба ташаккули тасаввуроти умумӣ дар бораи мансубият ба ҷомеаи сиёсӣ мусоидат мекунад. Шаҳрвандон, новобаста аз фарқиятҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва эътиқодӣ, дар доираи як фазои умумии шаҳрвандӣ зиндагӣ мекунанд ва нисбат ба ояндаи давлату ҷомеа масъулияти муштарак доранд. Маҳз чунин дарки мансубияти умумӣ яке аз заминаҳои муҳимми ҳамбастагии иҷтимоӣ ба шумор меравад. Аҳаммияти иҷтимоии зикри ин арзишҳо дар муқаддима дар он зоҳир мегардад, ки онҳо барои фаъолияти мақомоти давлатӣ, институтҳои ҷамъиятӣ ва рафтори

Хабарҳо

Мусоҳибаи Одиназода Шарифамо дар Радиои “Фарҳанг”

24 октябри соли ҷорӣ сардори шуъбаи пажуҳиши ҳуқуқи исломии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Шарифамо дар барномаи “Маросими мардумӣ”-и Радиои “Фарҳанг” дар мавзуи “Роҳҳои пешгирии зиёдаравӣ, исрофкорӣ ва хурофотпарастӣ” баромад намуд. Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

МАҚОЛАҲО

МАСЪАЛАҲОИ ТАШАККУЛИ ТАФАККУРИ МУОСИРИ МИЛЛӢ ДАР ҶОМЕА ВА ТАЪМИНИ ҲАМЗИСТИИ АРЗИШҲО: ЗАМИНАҲОИ ТАЪРИХӢ, ҲУҚУҚӢ, ЭЪТИҚОДӢ, СИЁСӢ, АХЛОҚӢ ВА ФАРҲАНГӢ

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ҳаёти ҷомеа низ тағйир меёбад. Ин тағйирот ба фарҳанг, ҷаҳонбинӣ ва муносибатҳои байни одамон таъсир мерасонад. Аз ин рӯ, ташаккули тафаккури муосири миллӣ яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеаи имрӯза мебошад. Ҷомеа бояд аз дастовардҳои илму техника ва технологияҳои нав истифода барад ва дар баробари ин, забон, фарҳанг, таърих ва анъанаҳои миллии худро ҳифз намояд. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои таърихи куҳан ва фарҳанги бой аст, ин масъала аҳаммияти махсус дорад. Ташаккули тафаккури муосири миллӣ танҳо донистани таърих ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ нест. Он ҳамчунин фаҳмидани воқеаҳои замони муосир, эҳтиром ба қонун, баланд бардоштани худшиносии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандиро дар бар мегирад. Дар баробари ин, ҳамзистии арзишҳои миллӣ, динӣ ва умумибашарӣ барои рушди устувори ҷомеа муҳим аст. Ҳамзистии арзишҳо маънои онро надорад, ки ҳамаи одамон бояд як хел фикр кунанд ё эътиқоди яксон дошта бошанд. Муҳим он аст, ки ҳар як шахс дар доираи қонун зиндагӣ кунад, ҳуқуқи дигаронро эҳтиром намояд ва бо одамони дорои ақидаву эътиқоди гуногун муносибати хуб дошта бошад. Аз нигоҳи Маркази исломшиносӣ, муносибати арзишҳои миллӣ ва динӣ бояд дар асоси омӯзиши таърих, қонунгузорӣ, дин ва ахлоқи инсонӣ баррасӣ гардад. Ин роҳ имкон медиҳад, ки мероси маънавии миллат дуруст омӯхта шуда, масъалаҳои ҷомеаи имрӯза дар асоси дониш ва далелҳои илмӣ таҳлил карда шаванд. Тафаккури миллӣ дар давоми таърих ташаккул ёфтааст. Забон, фарҳанг, анъанаҳо, хотираи таърихӣ ва таҷрибаи давлатдорӣ дар пайдоиш ва рушди он нақши муҳим доранд. Тафаккури миллӣ ба инсон ёрӣ медиҳад, ки таърихи миллати худро бишиносад ва ҷойгоҳи худро дар ҷомеа дарк намояд. Таърихи халқи тоҷик аз намунаҳои рушди давлатдорӣ, илму адаб ва фарҳанг бой аст. Забони тоҷикӣ, мероси тамаддунҳои гузашта ва фаъолияти донишмандону адибони бузург дар ташаккули ҳувияти миллии тоҷикон саҳми муҳим гузоштаанд. Дар ин раванд осори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абӯрайҳони Берунӣ, Носири Хусрав ва дигар намояндагони илму адабиёти классикӣ аҳаммияти калон доранд. Дар осори онҳо масъалаҳои хирад, донишомӯзӣ, адолат, ахлоқи нек ва масъулияти инсон баррасӣ шудаанд. Ин андешаҳо имрӯз низ барои тарбияи маънавии ҷомеа муҳим мебошанд. Масалан, дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ муҳаббат ба Ватан, адолат ва хирад мавқеи муҳим доранд. Осори Ибни Сино ва Берунӣ бошад, аҳаммияти дониш, таҳқиқ ва андешаи мустақилро нишон медиҳад. Ин мерос собит месозад, ки фарҳанги миллӣ барои рушди маърифат ва ташаккули ҷаҳонбинии муосир имкониятҳои зиёд дорад. Паҳншавии ислом дар минтақа низ ба ҳаёти фарҳангӣ ва маънавии мардум таъсири назаррас расонидааст. Дар тӯли асрҳо Мовароуннаҳру Хуросон ба яке аз марказҳои муҳими илму фарҳанг табдил ёфта буд. Дар ин сарзамин илми исломӣ, фалсафа, тиб, нуҷум, забоншиносӣ ва адабиёт рушд карданд. Ин таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки омӯзиши робитаи фарҳанги миллӣ ва мероси исломӣ аҳаммияти калон дорад. Дар баробари ин, таърихро бояд бо назари илмӣ омӯхт. Гузаштаро танҳо ситоиш кардан ё арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои муосирро ба ҳам муқобил гузоштан дуруст нест. Муҳим он аст, ки аз таҷрибаи гузашта сабақ гирифта, арзишҳои хуби онро ба талаботи замони имрӯза мутобиқ созем. Ҳамин тавр, барои ташаккули тафаккури муосири миллӣ се масъала муҳим аст: ҳифзи хотираи таърихӣ, омӯзиши дурусти гузашта ва истифодаи таҷрибаи таърихӣ барои ҳалли масъалаҳои имрӯза. Ташаккули тафаккури муосири миллӣ ба эҳтироми қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон вобаста аст. Қонун муносибатҳои ҷамъиятиро танзим намуда, барои баробарии шаҳрвандон ва пешгирии табъиз замина фароҳам меорад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баробарии шаҳрвандон дар назди қонун ва асосҳои сохтори давлатро муайян мекунад. Ин меъёрҳо дар танзими муносибатҳои байни давлат, ҷомеа, шаҳрвандон ва ниҳодҳои динӣ аҳаммияти муҳим доранд. Моҳияти дунявият дар он аст, ки давлат фаъолияти худро дар асоси Конститутсия ва қонунҳо ба роҳ мемонад. Ҳар як шаҳрванд, новобаста аз эътиқод ва ҷаҳонбинии худ, аз ҳуқуқҳои баробар бархӯрдор мебошад. Озодии виҷдон ва эътиқод низ яке аз ҳуқуқҳои муҳими инсон аст. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад ба эътиқоди худ пайравӣ кунад, аммо ҳангоми истифодаи ҳуқуқҳои худ бояд қонун ва ҳуқуқу озодиҳои дигаронро эҳтиром намояд. Барои таъмини ҳамзистии арзишҳо донистани қонунҳо зарур аст. Шахсе, ки ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худро медонад, метавонад ҳуқуқи дигаронро низ эҳтиром кунад. Ҳамчунин, чунин шахс ба паҳн кардани маълумоти бардурӯғ ва даъватҳои ғайриқонунӣ бо назари танқидӣ муносибат менамояд. Аз ин рӯ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, махсусан ҷавонон, яке аз шартҳои муҳими ташаккули тафаккури муосири миллӣ мебошад. Тафаккури муосири миллӣ ба муносибати шаҳрвандон ба давлат ва ҷомеа низ вобаста аст. Донистани манфиатҳои умумимиллӣ, эҳтиром ба қонун ва иштироки фаъол дар ҳаёти ҷамъиятӣ аз ҷузъҳои муҳими ин тафаккур мебошанд. Тафаккури муосири миллӣ бояд ба шаҳрвандон ёрӣ диҳад, ки робитаи байни ҳуқуқҳои шахсӣ ва манфиатҳои ҷомеаро дарк кунанд. Муҳаббат ба Ватан на танҳо бо сухан, балки бо амал низ ифода меёбад. Риояи қонун, саҳмгузорӣ дар рушди кишвар, ҳифзи муҳити зист ва эҳтиром ба забону фарҳанги миллӣ аз ҷумлаи чунин амалҳо мебошанд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ҷомеа бо таъсири гуногуни иттилоотӣ ва фарҳангӣ рӯ ба рӯ мешавад. Технологияҳои рақамӣ дастрасӣ ба донишро осон кардаанд, аммо ҳамзамон барои паҳн шудани маълумоти бардурӯғ ва таҳрифи воқеаҳои таърихӣ низ шароит фароҳам овардаанд. Аз ин рӯ, рушди тафаккури интиқодӣ ва саводи расонаӣ аҳаммияти калон дорад. Шахси дорои тафаккури интиқодӣ ҳар маълумотро бе санҷиш қабул намекунад. Ӯ манбаи иттилоотро месанҷад, далелҳоро аз андешаҳои шахсӣ фарқ мекунад ва пеш аз хулоса баровардан масъалаҳоро меомӯзад. Ин малакаҳо махсусан ҳангоми баррасии масъалаҳои миллӣ, динӣ ва сиёсӣ муҳиманд. Аз нигоҳи исломшиносӣ, масъалаҳои муносибати дин ва сиёсат бояд дар асоси донишҳои илмӣ ва меъёрҳои ҳуқуқӣ омӯхта шаванд. Таҳқиқи таърихи муносибатҳои байни дин ва давлат ва омӯзиши таҷрибаи кишварҳои гуногун барои фаҳмиши дурусти ин масъалаҳо мусоидат мекунад. Дар маҷмуъ, таҳкими ваҳдати миллӣ ба эҳтироми гуногунандешӣ, баланд бардоштани маърифати шаҳрвандӣ ва рушди фарҳанги муколама вобаста мебошад. Ахлоқ дар танзими муносибатҳои байни одамон нақши муҳим дорад. Қонун ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандонро муайян мекунад, ахлоқ бошад, ба ташаккули виҷдон, инсондӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва эҳтироми дигарон мусоидат менамояд. Дар фарҳанги тоҷикон эҳтироми калонсолон, ғамхорӣ нисбат ба кӯдакон, меҳмоннавозӣ, дастгирии ниёзмандон, ростқавлӣ ва эҳтиром ба аҳли илму маърифат ҷойгоҳи муҳим доранд. Ин арзишҳо дар таҳкими оила ва муносибатҳои солими ҷамъиятӣ саҳм гузоштаанд. Арзишҳои ахлоқии миллӣ ва таълимоти ахлоқии исломӣ дар бисёр масъалаҳо ба ҳам наздиканд. Ҳар ду ба адолат, ростгӯӣ, некукорӣ ва эҳтироми инсон аҳаммият медиҳанд. Омӯзиши ин арзишҳо метавонад дар тарбияи

Хабарҳо

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ҶОЙГОҲИ МЕРОСИ ИЛМӢ ВА МАЪНАВИИ ИМОМИ АЪЗАМ ДАР СИЁСАТИ ФАРҲАНГӢ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ»

Субҳи 20 октябри соли 2026 бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Ҷойгоҳи мероси илмӣ ва маънавии Имоми Аъзам дар сиёсати фарҳангӣ ва худшиносии миллӣ» баргузор гардид. Конференсияи мазкур ба омӯзишу баррасии амиқи мероси гаронбаҳои илмӣ, маънавӣ ва ҳуқуқии Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит, нақши мазҳаби ҳанафӣ дар ташаккули худшиносии миллӣ, таҳкими ваҳдати динӣ, ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва муаррифии арзандаи тамаддуни тоҷикон бахшида шуда, дар он масъалаҳои муҳими илмию маърифатӣ ва сиёсати фарҳангии давлат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар кори конференсия олимону донишмандон, намояндагони муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ, роҳбарони сохторҳои ҳизбӣ, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ, раисони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, миёнаи касбӣ ва умумии ноҳия иштирок намуданд. Аз ҷумла, дар чорабинӣ Холиқзода Абдураҳим Ғафор — директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор иштирок ва суханронӣ намуданд.

Хабарҳо

Тағйироти бунёдӣ дар ҳаёти маънавӣ (Андешаҳои коршиносони соҳаи танзими ҷашну маросим)

Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати таҳқиқу омӯзиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» корҳои зиёди илмӣ-амалиро тавассути мақолаҳои таҳлилӣ, баргузор кардани конфронсу ҳамоишҳо, суҳбату вохӯриҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва суҳбат дар телевизиону радио ба анҷом мерасонад. Аз ҷумла, Маркази исломшиносӣ дар якҷоягӣ бо Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми июни соли 2026 бахшида ба 19-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Истиқлоли давлатӣ, озодиҳои эътиқодӣ ва ойинҳои миллӣ» дар толори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит баргузор кард. Дар кори конференсия намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратури генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, коршиносон аз вазорату идораҳои дахлдор, мудирони шуъбаю бахшҳои дину танзими мамлакат, ходимони дини шаҳру ноҳияҳо ва воситаҳои ахбори омма иштирок ва баромад карданд. Маркази исломшиносӣ маводҳои конференсияро дар шакли маҷмуаи мақолаҳо зери унвони «Қонуни танзим – тарбиятгари насли наврас» рӯйи чоп оварда, мақолаҳои илмию таҳқиқотии баромадкунандагонро пешкаши хонандагон гардонидааст, ки барои мутахассисону муҳаққиқони соҳа аҳаммияти илмию назариявӣ дорад. Зарур мешуморем, ки гулчини таҳлилҳои илмӣ, фикру андеша ва пешниҳодҳои дар маҷмӯа ҷамъовардаро пешниҳоди хонанда гардонем. Директори Маркази исломшиносӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдураҳим Холиқзода дар мақолаи хеш зери унвони «Соҳибихтиёрии давлатӣ ва истиқлоли миллӣ дар шароити ҷаҳонишавии манфиатҳо: ҷустуҷӯйи кафолатҳои маънавӣ ва ҳуқуқӣ» назари худ ва олимони сатҳи ҷаҳониро вобаста ба истиқлоли миллӣ ва мушкилиҳои сиёсати ҷаҳонӣ, воситаҳои ҳуқуқӣ ва маънавии ҳимояи истиқлоли сиёсӣ, соҳибихтиёрии миллӣ ва ғояи давлатдории миллии демократӣ ва кашфи рисолатҳои нави давлатдории миллӣ бо далелҳо пешкаш гардонидааст. Ӯ таъкид менамояд, ки яке аз рукнҳои муҳимми бунёди давлат истиқлоли давлатист. Истиқлол танҳо бо эълон намудану қабули санади соҳибихтиёрӣ ва Эъломия анҷом наёфта, ҳуқуқи халқу миллатро ба таъсиси ҳокимияти давлатии мустақил дар дохили кишвар амалӣ намудану онро чун субъекти соҳибихтиёр ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ва майдони муборизаи ҳастӣ ворид сохтан аст. Аз дидгоҳи ҳуқуқи конститутсионии муосир истиқлоли давлатӣ сарчашмаи худро аз соҳибихтиёрии давлатӣ мегирад. Соҳибихтиёрӣ усулан ба се навъ тақсим мешавад: халқӣ, миллӣ ва давлатӣ. Соҳибихтиёрии халқӣ дар ифодаи иродаи халқ ҳамчун манбаи ҳокимияти давлатӣ зоҳир меёбад, яъне халқ сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатист. Соҳибихтиёрии миллӣ ҳуқуқи миллат ба худмуайянкунии миллист. Соҳибихтиёрии давлатӣ, ки ба истиқлолияти давлатӣ анҷом мепазирад, зинаи охирини соҳибихтиёрист, ки мустақилияти давлатро дар дохил ва хориҷ муаррифӣ менамояд. Профессор Абдураҳим Холиқзода яке аз омилҳои муҳимми истиқлолро дар кишварҳои тозаистиқлол ташаккули амалии андешаи давлати миллӣ, ҳуқуқи миллӣ ва ҷорӣ намудани реҷаи шоистасолориро дар онҳо ҳисобида, мақоми худшиносӣ ва худогоҳиро дар давлатдории миллӣ аз усулу воситаҳои ибтидоӣ ва калидии некӯкирдорӣ, адлпарастӣ, ҳақиқатшиносӣ, инсонмеҳварӣ, таҳаммулгароӣ ва мақомкасбкунии онҳо дар тарбияи шахс меҳисобад. Ӯ таъкид ба он дорад, ки илми ҳуқуқшиносӣ ва раванди ҳуқуқэҷодкунӣ бо таҳлилҳои устувори мантиқӣ, аналитикӣ, дастрасии дастовардҳои ҷаҳонӣ ва таърихӣ ҳама гуна арзиш, манфиат, принсип ва усулҳои ҳуқуқиро дар мизони адл тарзе ҷо ба ҷо гузорад, ки ҳақиқат, озодӣ, адолат ва баробарии инсонҳо зарар наёбанд. Раиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода таъмин гардидани озодии виҷдон ва эътиқодро яке аз арзишҳои муҳимми даврони соҳибихтиёрӣ арзёбӣ карда, ёдовар гардидаанд, ки истиқлол барои эҳёи фарҳанг, анъанаҳо ва арзишҳои миллии тоҷикон имкониятҳои бесобиқа фароҳам овард. Дар давраи соҳибистиқлолӣ бисёре аз ҷашнҳо, ойинҳо ва суннатҳои миллӣ эҳё гардида, мақоми воқеии худро дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа пайдо намуданд ва ҷашну маросим ҳамчун ҷузъи муҳимми мероси фарҳангии миллат дар ташаккули худшиносӣ, тарбияи маънавӣ ва таҳкими ҳисси ватандӯстӣ нақши бузург доранд. Вазъи душвори ҷамъиятӣ ва сиёсӣ дар Тоҷикистон, ки дар солҳои 90-уми асри гузашта ба вуҷуд омада буд, ба илму фарҳанги мамлакат, ба рушду инкишофи арзишҳои фарҳанги миллӣ бетаъсир намонд, навиштааст академик Кароматулло Олимов. Вале ба туфайли иҷрои қарорҳои Иҷлосияи тақдирсози XVI-и Шурои Олӣ дар мамлакат дар натиҷаи устувор шудани сулҳу ваҳдати миллӣ илму фарҳанг рӯ ба рушд ниҳодаанд. Ба таъкиди ӯ, дар раванди ҳаёти фарҳангии мамлакат ду масъала мавқеи марказӣ пайдо кард. Якум, ваҳдати миллӣ ва сулҳу осоиш, ки тамоми мардуми Тоҷикистон ниёзмандии зиёд ба он доштанд ва адабиёту фарҳанг инъикоскунандаи орзую омоли халқ дар ин самт гардиданд. Дуввум, руҷуъ ба мавзуҳои таърихӣ ба хотири худшиносии миллӣ дар асарҳою суханрониҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун самти асосии сиёсати фарҳангии давлат мақоми баландро ишғол намуд. Ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон Абдуалим Аҳтамзода дар атрофи Консепсияи танзими сарфакории Пешвои миллат ва аҳаммияти глобалии он андешаронӣ намуда, изҳори назар карданд, ки замоне, ки хурофот ҷойи дину эътиқод ва эҳсосот ҷойи ақлу хирадро мегирад, монеи ҷиддие дар роҳи рушди инсон ва ҷомеа эҷод мекунад, ки боиси исрофкорӣ ва ба миён омадани нобасомониҳои иҷтимоӣ мегардад. Ягона роҳи несту нобуд кардани хурофот дар самти танзими анъана ва ҷашну маросим, эътиқоду боварҳои солим, илму дониши созанда, истифодаи хиради азалӣ ва фаҳми дурусти қонуни миллии танзим мебошад. Муовини директори Маркази исломшиносӣ Абдураҳмон Ваҳобзода вобаста ба таъмини озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкиди онро доранд, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат бо таваҷҷуҳ ба бунёди давлати ҳуқуқбунёд масъалаи риояи ҳуқуқу озодиҳои инсонро дар мадди аввал гузоштааст. Истиқлоли давлатӣ барои дарк ва решадор гардидани худшиносии милливу динӣ ва озодиву ифтихори миллӣ шароит ба вуҷуд овард. Натиҷаи ҳамин аст, ки имрӯз ҷомеаи мо ба таъриху фарҳанг ва ойину суннатҳои миллии худ таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунад. Муовини раиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррухулло Олимзода нақши ҳувиятсози Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳлил намуда, қабули онро дар марҳалаи муайяни рушди ҷомеаи тоҷик саривақтӣ ҳисобидааст. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, густариши равандҳои ҳамгироӣ ва таъсири босуръати фарҳангҳои гуногун ба ҳаёти ҷомеаҳо масъалаи ҳифзи ҳувияти миллӣ ва арзишҳои фарҳангӣ аҳаммияти махсус касб менамояд. Барои ҳар як миллат нигоҳ доштани хусусиятҳои фарҳангӣ, урфу одатҳо, анъанаҳо ва тарзи зиндагии миллӣ яке аз омилҳои муҳимми бақои иҷтимоӣ ва рушди устувор ба ҳисоб меравад. Таъкиди муовини директори Маркази исломшиносӣ, доктори илмҳои фалсафа Кароматулло Абдухалилзода бар он аст, ки агарчанде ҷомеаи башарӣ дар тамоми тули таърихи рушди худ дар шакли аҳкоми динию қавонини дунявӣ ба танзими зиндагӣ ниёз

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф

19 октябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро, ки бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе қарор доранд, ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунпаҳлуи ду кишвар, аз ҷумла дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай, баррасӣ шуд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки мо иштироки Ҷумҳурии Исломии Эронро дар фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай муҳим медонем. Аз раванди густариши муносибатҳо ва муколамаи пайвастаи сиёсӣ миёни ду кишвар дар сатҳҳои олӣ ва баланд изҳори қаноат карда шуд. Ба густариши пайгиронаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, саноат, кишоварзӣ, тандурустӣ, дорусозӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок, инчунин, масъалаҳои васеъ намудани номгӯи молу маҳсулот барои тиҷорати дуҷониба ва рушди истеҳсолоти муштарак таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Тақвияти минбаъдаи ҳамкории фарҳангиву башарӣ муҳим дониста шуд. Дар ҷараёни суҳбат мавзӯъҳои алоҳидаи рӯзномаи минтақавию ҷаҳонӣ низ дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт.

Президент, Хабарҳо

Тариқи фосилавӣ ифтитоҳ намудани 20 иншоот дар ноҳияи Рӯдакӣ

19 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи бинои тозабунёди Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншооти дигарро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд. Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи фосилавӣ дар маркази ноҳия муҷассамаи Сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакиро ба истифода доданд. Бунёди муҷассамаи шоири бузург дар маркази ноҳия нишонаи арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои адабию фарҳангии миллати тоҷик ва эҳтиром ба шахсиятҳои барҷастаи таърихи адабиёти тоҷик ба шумор меравад. Иншооти мазкур барои боз ҳам зебову обод гардидани маркази ноҳия ва таҳкими ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ, бахусус дар байни насли ҷавон, аҳамияти барҷаста дорад. Ҳамчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хобгоҳи сеошёнаи Мактаб-интернати ҷумҳуриявии бачагони гунг ва деркаршуда дар ноҳияи Рӯдакиро ба истифода доданд. Иншоот дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳраки Сомониён қомат афрохта, барои 100 нафар пешбинӣ шудааст. Хобгоҳ бо ҷиҳозу лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад. Дар он ошхонаи замонавӣ бо 140 ҷойи нишаст низ мавҷуд аст. Иншооти дигаре, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд, меҳмонхонаи Сомониён мебошад. Дар ин иншоот маркази савдо, тарабхона ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ ҷойгир буда, мувофиқ ба талаботи замони муосир бунёд гардидааст. Инчунин, аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 иншооти соҳаи маориф – муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №145 барои 800 хонанда дар бу баст дар деҳаи Роҳатии деҳоти Роҳатӣ, бинои иловагии назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 барои 1200 хонанда дар ду баст, муассисаи таҳсилоти томактабии №18 барои 280 кӯдак дар деҳаи Роҳатии деҳоти Роҳатӣ ва муассисаи таҳсилоти томактабии №19 барои 100 кӯдак дар деҳаи Ганҷинаи деҳоти Роҳатӣ ба истифода дода шуд. Бо ба истифода додани ин муассисаҳои таълимӣ шароити илмомӯзӣ ва таълиму тарбия дар деҳаҳои мазкур беҳтар гардида, барои ояндаи дурахшони толибилмон заминаи мусоид фароҳам меояд. Дар ҳамин ҷо, ҳамчунин, як иншооти соҳаи тандурустӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Беморхонаи минтақавии деҳоти Роҳатӣ бо 30 кат дар деҳаи Роҳатӣ қомат афрохтааст. Бунёди ин беморхона сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолиро беҳтар намуда, ба солимгардонии аҳолии деҳоти Роҳатӣ мусоидат хоҳад кард. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ, ҳамчунин, бинои маъмурии ҷамоати деҳоти Роҳатиро ба истифода доданд. Бинои ҷамоат дар деҳаи Теппаи Самарқандӣ ҷойгир буда, дар он барои кормандон шароити хуби корӣ фароҳам оварда шудааст. Иншооти дигаре, ки ба таври фосилавӣ ба истифода дода шуд, бинои истиқоматии хизматии дуошёна барои ҷойгир намудани 8 оила дар деҳаи Роҳатӣ мебошад. Бунёди чунин иншоот ба беҳтар намудани шароити зисти оилаҳо, таъмини онҳо бо манзили истиқоматӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ мусоидат менамояд. Бинои мазкур бо дарназардошти талаботи муосири сохтмонӣ бунёд гардидааст. Инчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи фосилавӣ ду чоҳи амудиро, ки аз чуқурии 110 метр об бароварда шудааст, ба истифода доданд. Тавассути ин чоҳҳо бо дарозии 3,5 километр аз деҳаи Қарияи Камари деҳоти Чоргултеппа то маркази шаҳраки Сомониён хатти оби нӯшокӣ кашида шудааст. Се чоҳи амудии дигар низ, ки аз чуқурии 110 метр об бароварда шудааст ва об дар 2 обанбори ҳаҷмаш 1500 метри мукааб ҷамъ мешавад, дар ин рӯз ба истифода дода шуд. Оби ин обанбор бо хатти оби нӯшокии 11 километра барои таъмини деҳаҳои Косибон, Румӣ, Ҳоҷиён, Турдиев ва Коргари шаҳраки Мирзо Турсунзода истифода мешавад. Ҳамчунин, дар ҳамин ҷо хатти оби нӯшокӣ бо дарозии 5 километр аз деҳаи Кӯктош то кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳраки Сомониён, хатти обу корез бо дарозии 5 километр аз деҳаи Оби Шифо то кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳраки Сомониён ба истифода дода шуд. Дар идома Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти истгоҳи барқии тавоноиаш 16000 кв дар ноҳияи Рӯдакӣ ба таври фосилавӣ оғоз бахшиданд. Истгоҳи барқӣ дар деҳаи Мадад ҷойгир буда, барои бо барқ таъмин намудани аҳолии шаҳракҳои Сомониён, Мирзо Турсунзода ва деҳоти Зайнабобод пешбинӣ шудааст. Инчунин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ ба фаъолияти 3 корхонаи истеҳсолӣ оғоз бахшиданд. Инҳо корхонаи истеҳсоли маводи дорувории ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Таҷ фарма дар деҳаи Мавҷи шаҳраки Мирзо Турсунзода ва корхонаи истеҳсоли хишти бинокории ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ФМ Аҳмадӣ бо иқтидори истеҳсолии 150 ҳазор хишт дар як шабонарӯз дар деҳаи Болошаҳри деҳоти Гулистон мебошанд. Бо ба фаъолият оғоз кардани ин корхонаҳо барои сокинони ноҳияи Рӯдакӣ ҷойи кори мувофиқ фароҳам оварда шуд. Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи кашидани хатти оби корезӣ бо дарозии 5,3 километр шинос шуданд. Хатти мазкур барои биноҳои истиқоматии баландошёна аз кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳраки Сомониён то деҳаи Қарияи Камар хизмат хоҳад кард. Ба истифода додани 20 иншооти таъиноти гуногун дар ноҳияи Рӯдакӣ аз идомаи корҳои созандагӣ ва ободонӣ дар минтақа шаҳодат медиҳад. Иншооти нав соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеаро фаро гирифта, барои беҳтар намудани шароити таълиму тарбия, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ, таъминоти оби нӯшокӣ, рушди энергетика, саноат ва хизматрасонӣ имкониятҳои бештар фароҳам меоранд.

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи бинои нави Қасри фарҳанг дар маркази ноҳияи Рӯдакӣ

19 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ, бинои нави Қасри фарҳангро, ки ба номи Кароматулло Қурбонов гузошта шудааст, ифтитоҳ намуданд. Иншооти муосири фарҳангӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар идомаи тадбирҳои ободонӣ ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд ёфтааст. Зимни боздид ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар ин ҷо 130 ҷойи корӣ таъсис ёфта, барои кормандони соҳаи фарҳанг шароити мусоиди кору фаъолият фароҳам гардид. Дар раванди корҳои сохтмонӣ, ки давоми беш аз ду сол идома ёфт, 150 мутахассиси маҳаллӣ бо кори муваққатӣ ҷалб шуданд. Барои арҷгузорӣ ба гиромидошти хотираи Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Кароматулло Қурбонов, дар назди бино пайкараи ин овозхони маҳбуби тоҷик гузошта шудааст. Қасри фарҳанг дорои як толори барҳаво бо 700 ҷойи нишаст буда, шароити фароҳамгардида имкон медиҳад, ки аҳли фарҳангу ҳунари ноҳия фаъолияти худро боз ҳам беҳтар ба роҳ монанд. Сақфу девор ва толори барҳавои он бо истифода аз унсурҳои миллӣ ва санъати баланди меъморӣ зинат ёфтааст. Иншооти тозабунёд аз 50 ҳуҷраи корӣ ва ёрирасон, аз ҷумла, ҳуҷраҳои машқу тамрин, сабти овоз, коргардонҳову кормандони техникӣ, пардозгарӣ ва либосивазкунӣ иборат буда, барои баргузории мулоқоту чорабиниҳои гуногуни маърифатию фарҳангӣ мусоидат мекунад. Бунёди чунин иншоот орзуи деринаи аҳли фарҳанги ноҳия буд ва онҳо аз ин туҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як ҷаҳон ихлос пазироии самимӣ намуданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои суҳбат бо кормандон, таъкид намуданд, ки Ҳукумати кишвар барои саҳмгузорӣ дар рушди соҳа, тарбияи кадрҳои болаёқат, кашфи истеъдодҳои ҷавон ва ҷиҳати баланд бардоштани маҳорати касбии ҳаваскорон пайваста тадбирҳои созанда меандешад. Аҳли ҳунару санъати ноҳия вазифадор шуданд, ки бо истифода аз имконоти муосир дар рушди фарҳанги миллӣ саҳми бештар гузоранд.

Прокрутить вверх