Президент

Президент, Хабарҳо

Таъиноти кадрӣ

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои муовини вазир дар вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, Кумитаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, меъморӣ ва сохтмон, рушди сайёҳӣ, Агентии назорати давлати энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва дигар мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба самти рақамикунонӣ таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Анвар Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ таъин гардид. Таъкид гардид, ки муовинон – сарпарастони соҳаи рақамикунонӣ дар самти ворид намудани технологияи муосир ва пайвастан ба низоми идораи электронии раванди кору истеҳсолот дар муҳлатҳои кутоҳтарин тадбирҳои мушаххас андешида мутахассисони дорои таҷрибаи кор бо технологияи иттилоотӣ ва донандагони забонҳои хориҷиро ба кор ҷалб ва тарбия намоянд. Пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қисми 1 моддаи 57-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи аз вазифаи раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Худоёрзода Бахтиёр Тавар”, “Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Қодирзода Абдуҷаббор Сафаралӣ” ва “Дар бораи аз узвияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Салимӣ Носирҷон Юсуфзода, Хидирзода Махфират Умар, Шодмонбек Юсуфбек Рустамбек, Самадзода Навруз Абдулҳамид, Азизӣ Муистон Бердизода бинобар ба охир расидани муҳлати ваколат” ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон ирсол гардид. Ҳамзамон пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Зариф Ализода”, “Дар бораи муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Саидзода Ҷамшед Ҳамро” ва “Дар бораи аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Назарализода Дилафруз Муҳаммадалӣ, Маъмурзода Адҳам Маъмур, Раҷабзода Зайнура Абунаср, Самадзода Навруз Абдулҳамид, Хидирзода Махфират Умар ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон манзур карда шуданд. Зимни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият таъиншударо ба хизмати содиқонаю софдилона ба Ватан ва мардуми кишвар, тарбияи кадрҳои ба талаботи замон ҷавобгӯ дар соҳаҳои худ ва муомилаи шоиста бо шаҳрвандон ҳидоят намуданд.

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф

19 октябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро, ки бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе қарор доранд, ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунпаҳлуи ду кишвар, аз ҷумла дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай, баррасӣ шуд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки мо иштироки Ҷумҳурии Исломии Эронро дар фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай муҳим медонем. Аз раванди густариши муносибатҳо ва муколамаи пайвастаи сиёсӣ миёни ду кишвар дар сатҳҳои олӣ ва баланд изҳори қаноат карда шуд. Ба густариши пайгиронаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, саноат, кишоварзӣ, тандурустӣ, дорусозӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок, инчунин, масъалаҳои васеъ намудани номгӯи молу маҳсулот барои тиҷорати дуҷониба ва рушди истеҳсолоти муштарак таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Тақвияти минбаъдаи ҳамкории фарҳангиву башарӣ муҳим дониста шуд. Дар ҷараёни суҳбат мавзӯъҳои алоҳидаи рӯзномаи минтақавию ҷаҳонӣ низ дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт.

Президент, Хабарҳо

Тариқи фосилавӣ ифтитоҳ намудани 20 иншоот дар ноҳияи Рӯдакӣ

19 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи бинои тозабунёди Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншооти дигарро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд. Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи фосилавӣ дар маркази ноҳия муҷассамаи Сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакиро ба истифода доданд. Бунёди муҷассамаи шоири бузург дар маркази ноҳия нишонаи арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои адабию фарҳангии миллати тоҷик ва эҳтиром ба шахсиятҳои барҷастаи таърихи адабиёти тоҷик ба шумор меравад. Иншооти мазкур барои боз ҳам зебову обод гардидани маркази ноҳия ва таҳкими ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ, бахусус дар байни насли ҷавон, аҳамияти барҷаста дорад. Ҳамчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хобгоҳи сеошёнаи Мактаб-интернати ҷумҳуриявии бачагони гунг ва деркаршуда дар ноҳияи Рӯдакиро ба истифода доданд. Иншоот дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳраки Сомониён қомат афрохта, барои 100 нафар пешбинӣ шудааст. Хобгоҳ бо ҷиҳозу лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад. Дар он ошхонаи замонавӣ бо 140 ҷойи нишаст низ мавҷуд аст. Иншооти дигаре, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд, меҳмонхонаи Сомониён мебошад. Дар ин иншоот маркази савдо, тарабхона ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ ҷойгир буда, мувофиқ ба талаботи замони муосир бунёд гардидааст. Инчунин, аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 иншооти соҳаи маориф – муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №145 барои 800 хонанда дар бу баст дар деҳаи Роҳатии деҳоти Роҳатӣ, бинои иловагии назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 барои 1200 хонанда дар ду баст, муассисаи таҳсилоти томактабии №18 барои 280 кӯдак дар деҳаи Роҳатии деҳоти Роҳатӣ ва муассисаи таҳсилоти томактабии №19 барои 100 кӯдак дар деҳаи Ганҷинаи деҳоти Роҳатӣ ба истифода дода шуд. Бо ба истифода додани ин муассисаҳои таълимӣ шароити илмомӯзӣ ва таълиму тарбия дар деҳаҳои мазкур беҳтар гардида, барои ояндаи дурахшони толибилмон заминаи мусоид фароҳам меояд. Дар ҳамин ҷо, ҳамчунин, як иншооти соҳаи тандурустӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Беморхонаи минтақавии деҳоти Роҳатӣ бо 30 кат дар деҳаи Роҳатӣ қомат афрохтааст. Бунёди ин беморхона сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолиро беҳтар намуда, ба солимгардонии аҳолии деҳоти Роҳатӣ мусоидат хоҳад кард. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ, ҳамчунин, бинои маъмурии ҷамоати деҳоти Роҳатиро ба истифода доданд. Бинои ҷамоат дар деҳаи Теппаи Самарқандӣ ҷойгир буда, дар он барои кормандон шароити хуби корӣ фароҳам оварда шудааст. Иншооти дигаре, ки ба таври фосилавӣ ба истифода дода шуд, бинои истиқоматии хизматии дуошёна барои ҷойгир намудани 8 оила дар деҳаи Роҳатӣ мебошад. Бунёди чунин иншоот ба беҳтар намудани шароити зисти оилаҳо, таъмини онҳо бо манзили истиқоматӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ мусоидат менамояд. Бинои мазкур бо дарназардошти талаботи муосири сохтмонӣ бунёд гардидааст. Инчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи фосилавӣ ду чоҳи амудиро, ки аз чуқурии 110 метр об бароварда шудааст, ба истифода доданд. Тавассути ин чоҳҳо бо дарозии 3,5 километр аз деҳаи Қарияи Камари деҳоти Чоргултеппа то маркази шаҳраки Сомониён хатти оби нӯшокӣ кашида шудааст. Се чоҳи амудии дигар низ, ки аз чуқурии 110 метр об бароварда шудааст ва об дар 2 обанбори ҳаҷмаш 1500 метри мукааб ҷамъ мешавад, дар ин рӯз ба истифода дода шуд. Оби ин обанбор бо хатти оби нӯшокии 11 километра барои таъмини деҳаҳои Косибон, Румӣ, Ҳоҷиён, Турдиев ва Коргари шаҳраки Мирзо Турсунзода истифода мешавад. Ҳамчунин, дар ҳамин ҷо хатти оби нӯшокӣ бо дарозии 5 километр аз деҳаи Кӯктош то кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳраки Сомониён, хатти обу корез бо дарозии 5 километр аз деҳаи Оби Шифо то кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳраки Сомониён ба истифода дода шуд. Дар идома Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти истгоҳи барқии тавоноиаш 16000 кв дар ноҳияи Рӯдакӣ ба таври фосилавӣ оғоз бахшиданд. Истгоҳи барқӣ дар деҳаи Мадад ҷойгир буда, барои бо барқ таъмин намудани аҳолии шаҳракҳои Сомониён, Мирзо Турсунзода ва деҳоти Зайнабобод пешбинӣ шудааст. Инчунин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ ба фаъолияти 3 корхонаи истеҳсолӣ оғоз бахшиданд. Инҳо корхонаи истеҳсоли маводи дорувории ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Таҷ фарма дар деҳаи Мавҷи шаҳраки Мирзо Турсунзода ва корхонаи истеҳсоли хишти бинокории ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ФМ Аҳмадӣ бо иқтидори истеҳсолии 150 ҳазор хишт дар як шабонарӯз дар деҳаи Болошаҳри деҳоти Гулистон мебошанд. Бо ба фаъолият оғоз кардани ин корхонаҳо барои сокинони ноҳияи Рӯдакӣ ҷойи кори мувофиқ фароҳам оварда шуд. Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи кашидани хатти оби корезӣ бо дарозии 5,3 километр шинос шуданд. Хатти мазкур барои биноҳои истиқоматии баландошёна аз кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳраки Сомониён то деҳаи Қарияи Камар хизмат хоҳад кард. Ба истифода додани 20 иншооти таъиноти гуногун дар ноҳияи Рӯдакӣ аз идомаи корҳои созандагӣ ва ободонӣ дар минтақа шаҳодат медиҳад. Иншооти нав соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеаро фаро гирифта, барои беҳтар намудани шароити таълиму тарбия, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ, таъминоти оби нӯшокӣ, рушди энергетика, саноат ва хизматрасонӣ имкониятҳои бештар фароҳам меоранд.

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи бинои нави Қасри фарҳанг дар маркази ноҳияи Рӯдакӣ

19 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ, бинои нави Қасри фарҳангро, ки ба номи Кароматулло Қурбонов гузошта шудааст, ифтитоҳ намуданд. Иншооти муосири фарҳангӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар идомаи тадбирҳои ободонӣ ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд ёфтааст. Зимни боздид ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар ин ҷо 130 ҷойи корӣ таъсис ёфта, барои кормандони соҳаи фарҳанг шароити мусоиди кору фаъолият фароҳам гардид. Дар раванди корҳои сохтмонӣ, ки давоми беш аз ду сол идома ёфт, 150 мутахассиси маҳаллӣ бо кори муваққатӣ ҷалб шуданд. Барои арҷгузорӣ ба гиромидошти хотираи Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Кароматулло Қурбонов, дар назди бино пайкараи ин овозхони маҳбуби тоҷик гузошта шудааст. Қасри фарҳанг дорои як толори барҳаво бо 700 ҷойи нишаст буда, шароити фароҳамгардида имкон медиҳад, ки аҳли фарҳангу ҳунари ноҳия фаъолияти худро боз ҳам беҳтар ба роҳ монанд. Сақфу девор ва толори барҳавои он бо истифода аз унсурҳои миллӣ ва санъати баланди меъморӣ зинат ёфтааст. Иншооти тозабунёд аз 50 ҳуҷраи корӣ ва ёрирасон, аз ҷумла, ҳуҷраҳои машқу тамрин, сабти овоз, коргардонҳову кормандони техникӣ, пардозгарӣ ва либосивазкунӣ иборат буда, барои баргузории мулоқоту чорабиниҳои гуногуни маърифатию фарҳангӣ мусоидат мекунад. Бунёди чунин иншоот орзуи деринаи аҳли фарҳанги ноҳия буд ва онҳо аз ин туҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як ҷаҳон ихлос пазироии самимӣ намуданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои суҳбат бо кормандон, таъкид намуданд, ки Ҳукумати кишвар барои саҳмгузорӣ дар рушди соҳа, тарбияи кадрҳои болаёқат, кашфи истеъдодҳои ҷавон ва ҷиҳати баланд бардоштани маҳорати касбии ҳаваскорон пайваста тадбирҳои созанда меандешад. Аҳли ҳунару санъати ноҳия вазифадор шуданд, ки бо истифода аз имконоти муосир дар рушди фарҳанги миллӣ саҳми бештар гузоранд.

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи бинои раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ

19 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иқтисодию иҷтимоӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти нав ва мулоқоту суҳбат бо сокинон ба ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварданд. Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд. Иншооти нав дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, аз 35 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ бо 182 ҷойи нишаст, китобхона, ошхона ва меҳмонхона иборат мебошад. Дар бинои нави раёсати маорифи ноҳия барои фаъолияти самараноки кормандон тамоми шароити зарурӣ ва имкониятҳои муосир фароҳам оварда шудааст. Муҳити мусоиди корӣ, дастрасӣ ба технологияҳои муосир ва фароҳам будани шароити зарурӣ барои беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти кормандони соҳа заминаи мусоид мегузорад. Бунёди чунин иншооти замонавӣ нишонаи таваҷҷуҳ ва ғамхории пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маориф ва омӯзгорон буда, ба таҳкими инфрасохтори соҳа, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти кормандон ва беҳтар гардидани сифати таълиму тарбия мусоидат менамояд. Зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои нави раёсати маориф, кӯдакистонҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро дар ноҳияи Рӯдакӣ барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи насли наврас муҳим арзёбӣ карданд.

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сян

19 октябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро, ки бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд. Дар оғози суҳбат Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки мо ба таҳкиму тавсеаи ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин пайваста таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоем. Ли Сян дар навбати худ изҳор доштанд, Чин пайваста аз рушду нумуи Тоҷикистони дӯст дастгирӣ намуда, дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки муштарак кумаки худро дареғ намедорад. Зимни суҳбат масъалаҳои густариши ҳамкории иқтисодӣ, аз ҷумла гардиши савдо, ки дар моҳҳои январ-августи соли равон ҳаҷми он ба зиёда аз 2,5 миллиард доллар расидааст, баррасӣ шуд. Татбиқи лоиҳаҳои нави муштараки барои ҳарду ҷониб судбахш  дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт, инфрасохтор ва кишоварзӣ мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифт. Баҳрабардорӣ аз технологияҳои муосир, бо шумули зеҳни сунъӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва омодасозии кадрҳо ҳам аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд. Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин, атрофи доираи васеи мавзӯъҳои рӯзномаи  шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистону Чин сурат гирифт. Дар рафти суҳбат Пешвои миллат ва Сарвазири Шурои давлатии Чин масъалаҳои алоҳидаи рузномаи байналмилалӣ ва минтақавиро муҳокима карданд.

Президент, Хабарҳо

Паёми шодбошӣ ба муносибати ҷашни Меҳргон

Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии ҷашни пурарзиши бостониамон – Меҳргон самимона шодбош мегӯям. Ҷашни Меҳргон бар асоси қонунҳои табиат ва фаслҳои сол ташаккул ёфтааст, вобаста ба соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла зироаткорӣ ба вуҷуд омадааст ва дар фасли тирамоҳи заррин ва мавсими ҷамъоварии ҳосил таҷлил карда мешавад. Яъне ниёгони мо ҳанӯз ҳазорсолаҳо қабл Меҳргонро ҳамчун ойини фаровонии ҳосил ва осоиши рӯзгор ҷашн мегирифтанд. Меҳргон дар тӯли таърихи деринаи худ дар ҳаёти мардуми мо ҳамчун рамзи бедорӣ, фарҳангсолорӣ, арҷгузорӣ ба заҳмати кишоварзон, истифодаи оқилонаи неъматҳои табиат, шукронаи файзу баракати фасли тирамоҳ ва ойини дӯстиву муҳаббат дар байни одамон устувору побарҷо буд. Боиси ифтихор аст, ки ба шарофати истиқлолу озодӣ Меҳргон дар кишвари мо ҳамчун ҷашни қадимаи миллати тамаддунсози тоҷик ва мероси гаронбаҳои ниёгонамон ҳамасола дар айёми ҷамъоварии маҳсули заҳмати кишоварзон таҷлил мегардад. Ба ибораи дигар, дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо таҷлили Меҳргон ҳамчун ёдгори пурқимат аз фарҳанги ғаниву бостонии ниёгон ба рукни худшиносии фарҳангӣ ва эҳёи анъанаҳои таърихии мардуми мо табдил ёфтааст. Мехоҳам ёдовар шавам, ки ба шарофати ҷашнҳои миллии бостониамон – Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада мо тавонистем тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллати соҳибфарҳанг, дорои тамаддуни қадима ва анъанаҳои нодири мардумӣ муаррифӣ кунем. Маҳз бо омӯхтан ва аз худ кардани мероси гаронмояи гузаштагонамон мо тавонистем симои фарҳангии миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳифз намоем, истифодаи расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои миллиамонро дар тарбияи худшиносиву худогоҳии миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии мардумамон, аз ҷумла ҷавонону наврасон ба таври бесобиқа вусъат бахшем. Дар баробари ин, моро зарур аст, ки ойинҳои бостонии миллӣ, аз ҷумла ҷашни Меҳргонро ба ҳаёти имрӯза пайванди бештар дода, ба омили пешрафти фарҳанг, илму маориф, сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва рушди иқтисоди миллӣ табдил диҳем. Аз ин лиҳоз, дар арафаи баргузории ин ҷашн анъанаҳои арзишманди деҳқонону кишоварзон, фарҳанги кишоварзӣ, маҳсулоти тозаи экологӣ, ғизои солим ҳамчун шарти асосии нигоҳдошти саломатии инсон, нақши кишоварзон дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастовардҳои илми кишоварзии ватанӣ бояд бо тарзу услуби хоси замонавӣ рӯнамоӣ карда шаванд. Дар марҳилаи имрӯзаи давлатдории тоҷикон ҷашни Меҳргон бояд ба рамзи қадршиносии неъматҳои табиат, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, рушди истеҳсолоти босифати ватанӣ, ҷорӣ намудани усулҳои нави кишоварзӣ ва технологияҳои ҳозиразамон табдил дода шавад. Ҳамзамон бо ин, зарур аст, ки ҷараёни баргузории ҷашну ойинҳои миллӣ, аз ҷумла ҷашни Меҳргон минбаъд бояд тавассути расонаҳои хабарии электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар шаклҳои ҷолибу таъсирбахш инъикос гардад. Дар ин замина, Меҳргон ва дигар ҷашнҳои мо метавонанд ба майдони муколамаи байнифарҳангӣ, таҳкими сулҳу субот, ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани фарҳанги қадимаи тоҷикон ва тақвияти робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистон бо кишварҳои дигар табдил ёбанд. Эътимоди комил дорам, ки мардуми заҳматқарину соҳибфарҳанги тоҷик минбаъд низ анъанаҳои арзишманди ниёгонро бо мазмуну муҳтавои созанда ғанӣ гардонида, аз имкониятҳои мавҷуда барои муаррифии бештари таъриху фарҳанги миллӣ самаранок истифода мекунанд. Зеро ҷашни Меҳргон сарчашмаи ифтихори миллӣ ва ватандорӣ мебошад. Аз ин рӯ, мову шумо ин ҷашни миллиро тавре бояд ташкил ва баргузор намоем, ки дар тарбияи худшиносии миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонону наврасон нақши назаррас гузорад. Бори дигар ба мардуми шарифу заҳматқарини Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзӣ фарорасии ҷашни таърихиву фарҳангиамон – Меҳргонро муборакбод мегӯям. Ба ҳар як хонадони кишвар оромиву осудаҳолӣ, иқболи нек ва баракати рӯзгор орзумандам. Ҷашни бостонии ориёӣ – Меҳргон муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Президент, Хабарҳо

Суханронӣ дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ

Муҳтарам ҷаноби Сарвазир Никол Воваевич Пашинян, Муҳтарам Дабири кули Созмони Милал ҷаноби Антониу Гутерриш, Муҳтарам сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, Муҳтарам роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ, Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш аз ҳама, мехоҳам ба Ҳукумати Ҷумҳурии Арманистон ва Котиботи Конвенсияи Созмони Милал оид ба гуногунии биологӣ барои ташкили ин Саммит ва фароҳам овардани имконияти баррасии яке аз масъалаҳои муҳимми рӯзномаи ҷаҳонӣ изҳори сипос намоям. Ҳифзи гуногунии биологӣ ва табиат аз самтҳои авлавиятноки сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба рушди устувор ва таъмини некӯаҳволии аҳолӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин раванд мо ҷиҳати ҳамоҳанг сохтани афзалиятҳои миллӣ бо ҳадафҳои глобалии рушди устувор, ташаккули заминаҳои зарурии меъёрии ҳуқуқӣ ва стратегӣ дар кишвар тадбирҳои зарурӣ меандешем. То имрӯз дар Тоҷикистон 25 қонун ва як қатор санадҳои муҳимми стратегӣ, аз ҷумла Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифз ва истифодаи оқилонаи гуногунии биологӣ то соли 2040 қабул гардидаанд. Стратегияи мазкур дар асоси ҳадафҳои Барномаи қолабии ҷаҳонии Кунмин-Монреал оид ба гуногунии биологӣ таҷдид  гардидааст. Он вазифаҳо ва самтҳои афзалиятноки минбаъдаро бо дарназардошти ниёзҳо ва имкониятҳои кишвар муайян менамояд. Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст, ки дар миёни онҳо Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба гуногунии биологӣ ҷойгоҳи хос дорад. Ҳозирини муҳтарам, Мавқеи нодири ҷуғрофӣ ва гуногунии табиию иқлимии Тоҷикистон, ки  93 фоизи қаламравашро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, бо мурури замон ба ташаккули экосистемаҳои гуногун ва беназир мусоидат намудааст. Тоҷикистон барои ҳифзи намудҳои нодири флора ва фауна, ки зери хатари нобудшавӣ қарор гирифтаанд таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамояд. Барои мисол, дар давоми даҳ соли охир саршумори бузи пармашох (морхур) чор баробар, гӯсфанди кӯҳии Марко Поло (архар) ва бабри барфӣ якуним баробар  афзоиш ёфтааст. Дар баробари тадбирҳои миллӣ, Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳифзи намудҳои нодир аҳаммияти махсус медиҳад. Бо ташаббуси кишвари мо  Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 24 майро Рӯзи байналмилалии морхур эълон намуд, ки ба нигоҳдорӣ ва афзоиши намудҳои нодири ҳайвонот ва беҳбуди муҳити зисти онҳо нигаронида шудааст. Дар ин раванд, ҷалби ҷомеаҳои маҳаллӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодие, ки ба ҳифзи табиат мусоидат мекунанд, аҳаммияти хос дорад. Аз ин рӯ, мо рушди сайёҳии экологиро яке аз самтҳои муассири ҳамгироии ҳифзи табиат бо рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо медонем. Муҳтарам ҷаноби Раис, Ҳифзи гуногунии биологӣ раванди доимӣ  буда, ҳанӯз ҳам дар ин масир мушкилоти  муайян вуҷуд доранд. Ин амр аз ҳамаи мо андешидани тадбирҳои муштаракро тақозо менамояд. Дар ин росто, такмили мониторинг ва баҳисобгирии саршумори намудҳои нодир аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим боқӣ мемонанд. Идомаи корҳои кабудизоркунӣ ва беҳтар намудани низоми мудирияти партовҳо, бахусус дар шароити афзоиши аҳолӣ, рушди саноати  “сабз” ва шаҳрсозӣ низ ҳамчун вазифаи муҳим боқӣ мемонанд. Қобили зикр аст, ки фишор ба экосистемаҳо танҳо аз омилҳои дохилӣ сарчашма намегирад. Тағйирёбии иқлим, таназзули муҳити табиӣ, истифодаи ғайриоқилонаи замин ва дигар омилҳои фаъолияти инсон ба экосистемаҳо ва гуногунии биологӣ таъсири манфӣ мерасонанд. Мо ҳамасола шоҳиди пайомадҳои тағйирёбии иқлим, аз ҷумла обшавии босуръати пиряхҳо, хушксолиҳо, хокборишот, обхезиҳо ва селу ярч мегардем. Аз ин лиҳоз, Тоҷикистон мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва коҳиши хатарҳои онро ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати дарозмуддати рушди устувор арзёбӣ менамояд. Барои мо ҳифзи гуногунии биологӣ бо ҳифзи захираҳои об, бахусус пиряхҳо ва экосистемаҳои кӯҳӣ робитаи ногусастанӣ дорад. Дар ин замина, зарурати ҳамоҳангии  талошҳои байналмилалӣ дар соҳаҳои об, иқлим ва гуногунии биологӣ аҳаммияти беш аз пеш касб менамояд. Маҳз ба ҳамин хотир, дар тӯли беш аз 25 соли охир Тоҷикистон бо ташаббусҳои глобалии худ дар пешбурди масъалаҳои об ва иқлим, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Созмони Милал дастгирӣ ёфтаанд, саҳм  гузоштааст. Ин ташаббусҳо барои расидан ба ҳадафҳои ҷаҳонии марбут ба об, аз ҷумла дар доираи Рӯзномаи-2030 оид ба рушди устувор, мусоидат кардаанд. Конфронсҳои байналмилалии сатҳи баланд дар доираи “Раванди оби Душанбе” ба платформаи муҳимми муколамаи сиёсӣ, рушди шарикӣ, таҳия ва татбиқи иқдомҳои муштарак ва омодагӣ ба конфронсҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба об  табдил ёфтаанд. Дар соли 2028 дар Душанбе Конфронси оби Созмони Милал доир мегардад. Дар ин Конфронс арзёбии ниҳоии фарогири татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” анҷом ёфта, марҳалаи нави ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи об муайян хоҳад  шуд. Яке аз мавзӯъҳои муколамаҳои интерактивии ин ҳамоиш баррасии масъалаҳои муҳитизистӣ, аз ҷумла гуногунии биологӣ хоҳад буд. Итминон дорем, ки санади ниҳоии Конфронс таҳти унвони “Чорчӯби оби Душанбе” дар ҳалли масъалаҳои марбут ба гуногунии биологӣ низ саҳми арзанда хоҳад гузошт. Муҳтарам иштирокдорони Ҳамоиш, Дар сарзамини мо пиряхҳо, қабати барф ва дигар унсурҳои криосфера ҷузъи ҷудонашавандаи низоми табиии ташаккули захираҳои об ва нигоҳдории тавозуни экосистемаҳо мебошанд. Имрӯз обшавии босуръати пиряхҳо ба яке аз нишонаҳои возеҳи тағйирёбии иқлим табдил ёфтааст. Барои Тоҷикистон, ки тайи даҳсолаҳои охир беш аз ҳазору сесад пиряхро аз даст додааст, ҳифзи пиряхҳо ва омӯзиши криосфера на танҳо масъалаи миллӣ, балки глобалӣ арзёбӣ мегардад. Дар ин радиф, бо ташаббуси Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 мартро Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон кард. Қадами муҳимми дигари ин раванд эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои криосфера барои солҳои 2025–2034 гардид, ки бо ташаббуси муштараки Тоҷикистон ва Фаронса роҳандозӣ шуд. Ҳозирини гиромӣ, Дар фарҷом мехоҳам таъкид намоям, ки имрӯз мо бояд аз марҳалаи эътирофи мушкилот ба марҳалаи амалҳои муштарак ва натиҷаҳои мушаххас гузарем. Таҷриба нишон медиҳад, ки ҳифзи гуногунии биологӣ танҳо дар сурати таъмини пайванд миёни иродаи сиёсӣ, донишҳои илмӣ, имкониятҳои молиявию технологӣ, мониторинги муассир ва ҳамкории байналмилалӣ натиҷа хоҳад дод. Умед дорем, ки Саммити имрӯза ба таҳкими ҳамкориҳои  байналмилалӣ барои ҳифзи гуногунии биологӣ ва дигар масоили муҳитизистӣ такони нав хоҳад бахшид. Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.

Президент, Хабарҳо

Оғози бунёди терминали нави байналмилалӣ дар фурудгоҳи Душанбе

Бегоҳии 9 октябр пас аз бозгашт аз Туркманистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар фурудгоҳи Душанбе ба сохтмони бинои терминали нави байналмилалӣ санги асос гузоштанд. Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи терминали нави байналмилалӣ, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки иншоот бо риояи тамоми меъёрҳои муосири ҷаҳонӣ сохта хоҳад шуд. Иқтидори терминали муосир баробар ба хизматрасонии 8,5 миллион мусофир дар як сол мебошад. Муҳлати сохтмони бино якуним сол муайян гардида, он бо истифода аз масолеҳи хушсифати сохтмонӣ ва ҷалби садҳо мутахассиси ботаҷриба бунёд мегардад. Ҳадаф аз бунёди иншооти нав таъмини сатҳи баланди қабул ва гусели мусофирон тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ва анъанаҳои накуи меҳмоннавозии тоҷикона мебошад. Аснои шиносоӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти фурудгоҳ ва дигар шахсони масъул супориш доданд, ки корҳо бо сифати баланд ба роҳ монда шуда, терминали нав дар муҳлати муайяншуда бунёду ба истифода дода шавад.

Президент, Хабарҳо

Иштирок ва суханронӣ дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ дар Туркманистон

9 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ, ки дар минтақаи Авазаи Туркманистон баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуданд. Сарвари давлати мо дар оғози сухан ба ҷониби Туркманистон барои сатҳи баланди ташкили ин нишаст ва меҳмоннавозии анъанавӣ арзи сипос намуда, дӯстони туркманро бо анҷоми бомуваффақияти раёсат дар ИДМ табрик гуфтанд ва ба  талошҳои онҳо дар ин мақом баҳои баланд доданд. Сипас, Раҳбари давлати мо ҷаласаи кунунии Шурои сарони давлатҳоро, ки дар партави 35-умин солгарди таъсисёбии ИДМ баргузор мегардад, басо рамзӣ номида, таъкид доштанд, ки роҳи тайшуда дар ин солҳо аҳаммияти Иттиҳодро ҳамчун майдони муколамаи сиёсӣ, рушди робитаҳои иқтисодиву гуманитарӣ ва вокуниши муштарак ба хатарҳо ва таҳдидҳои амниятӣ таъкид намуд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз заминаи боэътимоди ҳуқуқие, ки барои густариши рӯзномаи ҳамкории бисёрҷониба гузошта шудааст, ёдрас шуда, бо қаноатмандӣ таъкид доштанд, ки ИДМ ба шароити тағйирёбанда мутобиқ мешавад ва ҳамкорӣ дар доираи он бо назардошти воқеиятҳои нав таҳким меёбад. Дар ин робита, аҳамияти рушди ҳамкории технологӣ, навовариҳо, рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ, иқтисоди “сабз” ва татбиқи лоиҳаҳои мушаххас дар соҳаи неруи барқароршаванда таъкид гардид. Рушди пайвастаи робитаҳои нақлиётӣ, таваҷҷуҳи доимӣ ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, саноатӣ ва ҳамчунин, тақвияти ҳамёрии амниятӣ муҳим дониста шуд. Сарвари давлат бо ёдоварӣ аз ташаббуси Тоҷикистон дар бораи эълон намудани солҳои 2027-2036 Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтааст, изҳор доштанд, ки мо якҷоя бо СММ ва дигар шарикони байналмилалӣ нақша дорем моҳи июни соли 2027 дар Душанбе конфронси байналмилалии сатҳи баландро барои оғози расмии Даҳсола баргузор намоем. Дар ин робита Пешвои миллат таъкид доштанд, ки иштироки фаъоли кишварҳои ИДМ дар ин чорабинӣ ва дар татбиқи ҳадафҳои Даҳсола, бешубҳа, боз як нишонаи ҳамбастагии муштараки кишварҳои иштирокдори Иттиҳод хоҳад буд. Дар фароварди сухан Сарвари давлати мо бо пуштибонӣ аз қарорҳои дар ин ҷаласа қабулшаванда, таъкид намуданд, ки Тоҷикистон пайваста аз идомаи ҳамкории созандаи бисёрҷониба дар доираи ИДМ пуштибонӣ мекунад.

Прокрутить вверх