ТАБИАТИ ДУНЯВИИ ДИНИ ИСЛОМ

Дин дар моҳияти худ авлавияти неруи фавқуттабиа ва мақоми тобеъ ва дуюмдараҷа доштани олами моддиро бо тамоми арзишҳояш нуҳуфтааст. Аммо нигоҳу назари уқобӣ ба таъиноти дин ба он далолат менамояд, ки ҳадафи охирини дин боз ҳам олами моддию арзишҳои он маҳсуб меёбад. Дуруст аст, ки худи дин таъиноти мазкурро ошкоро эълом намедорад, лекин ин таъинот аз тааммулу тааққул, аввалан, дар болои сабабҳои пайдоиши дин, сониян, дар болои дастуроти динӣ бармеояд. Ба қавли дигар, агар дар ҷомеа дар зинаҳои муайяни рушди он мушкилоти ҳалталаб дар ҳаёти моддию маънавии инсон вуҷуд намедошт, на дин пайдо мегардид, на зарурат ба он. Яъне, зарурат ба дину ҳалли мушкилоти инсон тавассути дин усули қадима ва асримиёнагии мушкилоти инсон маҳсуб меёбад. Аз ин нуқтаи назар, ҳеҷ яке аз диният орӣ аз ҳалли мушкилоти дунявии инсон нест. Инсон, аз як тараф, ба хотири посух додан ба ҳисси кунҷковию, аз тарафи дигар, қонеъ гардонидани талаботи моддию маънавияш динро офарид. Ҳамин тариқ, асли таъиноти дин аз бароварда сохтани талаботи дунявии инсон бо усули ба дин хос иборат мебошад.
Дар заминаи мантиқи баёнгардида дунявият ҳамчун зуҳури ҳадафу манофеи дунявии инсон унсури муҳим, асосӣ, вале ниҳонии ҳар гуна диният маҳсуб меёбад. Вай вобаста ба шароитҳою заминаҳои моддию маънавии пайдоиши дин дар сатҳҳои гуногун аз худ дарак медиҳад. Агар вобаста ба матлаби баёнгардида шароити пайдоиши динҳои сомӣ – динҳои яҳудӣ, масеҳӣ ва исломро муқоиса намоем, мебинем, ки вобаста ба шароити пайдоишашон таъиноти дунявии онҳо низ гуногун будааст.
Дини яҳудӣ дар замоне ташаккул ёфт, ки халқи яҳуд дар зери тазйиқу фишори сахти халқҳои бегона қарор доштанд. Аз ин рӯ, мундариҷаи асосии китобҳои пайёмбарони ин динро мубориза бо бегонаҳо ва ҳифзи ҳувияти сиёсию миллию динии халқ ташкил менамояд. Ба қавли дигар, муҳтавои асосии таълимоти дини яҳудӣ аз касб намудани мақоми сазовор дар байни халқиятҳои сершумор иборат мебошад.
Дини масеҳӣ бошад, дар муҳите дар байни халқи яҳуд пайдо шуд, ки халқ боз ҳам дар зери фишори сахти римиҳо қарор дошт. Масеҳиёни аввал баръакси дигар фирқаҳои бар зидди зулми римиҳо муборизабаранда хостаанд, ки мушкилоти дунявии худ – зулму беадолатиҳои замона, татбиқи баъзе орзую хоҳишҳои моддӣ, дастрасӣ ба арзишҳои муайяни дунявӣ ва ғайраро тавассути гӯшанишинию парҳезгорӣ ҳал намоянд. Яъне, иҷтиноб аз ҳаёти фаъолонаи моддӣ, қаноатмандӣ ва умед ба лаззатҳои моддии ухравӣ роҳе маҳсуб ёфт, ки тавассути онҳо ҳама гуна арзишҳои моддии заминӣ аҳамияти воқеии худро гум кард. Ҳамин тариқ, муҳити сиёсӣ-иҷтимоӣ таъиноти дунявии дини масеҳиро муайян намуд. Мардуми аз ҳаёти моддии хушбахтона ноумедгардида кӯшиш намуданд, ки ба ин хушбахтӣ тавассути дин ноил шаванд. Ин хушбахтӣ дар ворид шудан ба малакути Худо ифода ёфт ва ба таври маҷозӣ мушкилоти мухталифи иҷтимоию сиёсии мардумро ба осонӣ паси сар намуд.
Дар заминаи мантиқи баёнгардида, агар шароити пайдоиши дини исломро воқеъбинона мавриди таҳқиқ қарор диҳем, мебинем, ки шароити пайдоиши он аз шароити пайдоиши ду дини ёдшуда комилан фарқ менамояд. Тафовути мазкур, пеш аз ҳама, дар шароитҳои зерин ифода меёбад:
Аввалан, мардуми Ҳиҷоз чун мардуми яҳуд дар зери истисмори сахти бегонаҳо қарор надошт, ки аз мубориза дилхунук шуда, гӯшанишиниро ихтиёр намояд, агарчанде чанде пеш таҳдиди ғасби минтақа ва вайрон кардану кӯчондани Каъба ҳамчун сарчашмаи муфти даромад ба Яман аз тарафи Абраҳа сурат гирифта буд.
Сониян, дар нимҷазира афзоиши муттасили нақшҳои динҳои ғайр, чун яҳудияю масеҳияю зардуштия ва тадриҷан танг гардидани фазои бутпарастии аҷдодӣ тавассути динҳои номбурда таҳаввулоти диниро ногузир гардонида буд, ки бевосита аз заминаи дунявии ташаккули дини ислом дарак медиҳад.
Сеюм, агар таълимоти дини яҳудӣ дар заминаи таълимоти худои қавми Яҳуд – Яҳве, ки худои ҷанговар буд, ва Худои Изроил Элоҳим ташаккул ёфта бошад, таълимоти дини масеҳӣ дар заминаи эътирофи танҳо лафзии таълимоти пайғамбарони яҳудӣ ва вобаста ба шароит руҳи гӯшанишиниро ихтиёр намудани Исо-пайғамбари масеҳия ташаккул ёфта бошад, пас дини ислом дар заминаи синкретизми анъанаҳои халқии мардуми Ҳиҷоз ва динҳои масеҳияю зардуштия пайдо шуд. Яъне, Муҳаммад таълимоти теологии динҳои баёнгардидаро ба муҳити динии Ҳиҷоз мутобиқ гардонд. Ҳамчунин ӯ иддае аз анъанаю тасаввуротҳои тоисломиро, ки воқеан ҳам дар муқоиса бо фарҳангҳои муҳитҳои пешқадам хеле қафомонда буданд, бекор гардонд.
Ҳамин тариқ, дини ислом низ дар заминаи омилҳои муҳими дунявӣ, чун ногузирии ислоҳоти динӣ, зарурати муттаҳид намудани қавм, ниёзмандӣ ба ташкили умумияти сиёсӣ, эҳтиёҷ ба ислоҳи ахлоқӣ, мутамарказ намудани даромади динӣ ба вуҷуд омада, дар қатори ҳалли мушкилоти динӣ ҳалли як идда масоили дунявиро низ мундариҷаи таълимоти худ қарор дод. Чун таҳқиқи ҳалли тамоми масоили дунявӣ дар ислом аз доираи имконоти як мақолаи хурд берун аст, ин ҷо мо бо овардани чанд далели муҳим ва муътамад кӯшиш менамоем, ки табиати воқеан ҳам дунявии дини исломро то ҳадди имкон барҷаста ба маъраз гузорем.
Аз имконияти мусоид истифода намуда, таъкид намудан мехоҳем, ки дар навиштаи мазкур мафҳуми «дунявӣ» ба маънои фаҳмиши муосири он, ки онро нависандаи англис Ҷорҷ Ҳолук асос гузоштаасту он дар луғатномаҳои сершумори англисӣ таъкид мегардад ва ҳамчунин фаҳмише, ки аз афкори доишманди маъруфи олами ислом Муҳаммад Ғазолӣ бармеояд, истифода мегардад. (Ниг. Ниг. علمانية / http:// ar.wikipedia,org /w/index.phr; Аҳмад Идрис ат-Таъон. Ал-алмонийюна в-ал Қуръон-ул-карим. Ар-Риёз, 1428. Саҳ. 127; Имом Муҳаммад Ғазолӣ. Китоб-ул-арбаин. (Ба хати форсӣ). Тарҷумаи Бурҳониддин Ҳамдамӣ. Интишороти иттилоот. Теҳрон-1381. Саҳ. 147. Oxford Advanced Leaner’s Dictionary of Current English.Seventh Edition. A S Hornby Oxford University Press. – С.1371; Oxford Encyclopedic English dictionary. Clarend press. Oxford.1991. – С.1311; Collins Cobuild Advanced Learner’s English Dictionary. New Edition. Canada.2006. – С. 1301).
Дар заминаи фаҳмиши баёншуда аввалин ва муътамадтарин далел доир ба табиати дунявии дини ислом боз ҳам ҳамон ояти дар байни аҳли ҷомеаи мо маъруфи «Эй Парвардигори мо, ба мо дар дунё неъмат ва дар охират неъмат бидеҳ» (Бақ, 2: 201) ифода меёбад. Вожаи «неъмат», ки дар шакли арабии оят вожаи «ҳасана» истифода шудааст, дар тафсири Ибни Касир маъноҳои зеринро ифода менамояд: «Саломатӣ, меҳмонхона, зани хуб, мулки васеъ, донишҳои хуб, аъмоли нек, нақлиёти хуб, номи нек» ва амсоли инҳо (Ниг. http://play.google.com>store>apps>details. Коран.Перевод Э.Кулиева (Т. ас-Саади и Ибн Касира).
Маънои баёншуда ҳамчунин дар «Сура» – и «Қасас», ояти 77 «Насибатро аз дунё фаромӯш макун» низ таъкид мегардад. Ибни Касир дар тафсири худ дар робитьа ба амри мазкур таъкид месозад, ки сухан дар бораи «Хӯрок, нӯшокӣ, либос, истиқоматгоҳ, занҳо ва он чӣ Худо ҷоиз шуморидааст, меравад» (Ҳамон ҷо).
Агар шарҳи муфассири маъруфи эътирофшударо зимни фаҳмиши ду ояти баёншуда ба асос бигирем, мебинем, ки матлаб ҳамагӣ арзишҳои дунявиянд. Аз ин чунин бармеояд, ки таълимоти дини ислом на танҳо ба арзишҳои дунявӣ муқобил нест, балки талабу баҳрамандӣ аз онҳоро зарур ва муҳим шуморида, ҷузъи фармудаи Худо ба қалам медиҳад.
Дар робита ба матлаби баҳраварӣ аз арзишҳои дунявӣ мехоҳем таъкид намоем, ки агарчанде дар умум дини ислом таваккул ба Худо ва талаб аз Вайро роҳи маъмулии дастёбӣ ба қалам медиҳад, бо вуҷуди ин, дар Қуръон боз оятҳое низ мавҷуданд, ки маҳз василаи дунявии дастрасӣ ба арзишҳои дунявиро таъкид менамоянд. Аз ҷумла, ояти «Ва бигӯ: «Амал кунед, пас Худову расули ӯ ва муъминон амали шуморо хоҳанд дид;» (Тавба, 9:105) ё «Ва аз он ки одамиро ҷуз он чи амал кардааст, [чизе] нарасад; ва аз он ки саъйи ӯ дида хоҳад шуд» (Наҷм, 53:39-40). Оятҳои зикршуда маънои «Дар ҳаёти заминӣ ба умеди худову расул нашуда, саъю кӯшиш намудан» – ро ифода менамоянд. Дар Қуръон оятҳо бо чунин маъно кам нестанд, лекин ду ояти овардашуда барҷаста гувоҳи медиҳанд, ки инсон дар дунё бояд бо амали созанда машғул бошад.
Ҳамчунин аз оятҳои ба ҷаннат бахшидашуда низ мо метавонем табиати дунявии дини исломро истинбот намоем. Ояти 133 аз сураи «Оли Имрон» мефармояд: Бишитобед ба сӯйи омурзиш аз парвардигори хеш ва ба сӯйи биҳиште, ки паҳноии он монанди осмонҳо ва замин аст ва барои парҳезгорон омода карда шудааст»; Оятҳои 15-24 аз сураи «Воқеа» биҳиштро ба таври зер васф менамояд: ҷамъе аз пешиниён ва пасиниён бар тахтҳои зарбофта рӯбарӯйи якдигар нишастаанд. Писарони навҷавон гирди онҳо гардиш мекунанд. Онҳорост пиёлаҳо ва ибриқҳо ва ҷомҳои пур аз шароби ҷорӣ ва ҳамчунин аз ҳар ҷинс мева ва гушти мурғ. Онҳорост ҳамчунин ҳурони кушодачашмчун марворид чун подош ба ҳасби он чӣ мекарданд. Ояти 74 аз сураи «Раҳмон» бошад, дар васфи ҳурон боз ҳам амиқтар рафта, таъкид менамояд, ки онҳоро (ҳуронро – А.К.) ҳеҷ одамие ва ҷине пеш аз биҳиштиён ҷимоъ накардааст».
Тааммул ба таъиноти биҳишт ва неъматҳои он, аз як нигоҳ, боз ҳам ба табиати дунявии дини ислом ишорат менамояд. Бардошти аввалин аз оятҳои зикршуда ҳамин аст, ки дини ислом зид нест, ки инсон аз чунин неъматҳои дунявии фараҳбахш баҳраманд гардад. Агар шароб ва ҳурони каснорасида ҳаром ва нописандида мебуданд, бояд онҳо дар ҷаннат мавриди истифода қарор намегирифтанд, зеро дар ҷаннат, ки маъвои пок аст, чизи нопок набояд бошад. Бардошти дуюм дар он ифода меёбад, ки тамоми он неъматҳо барои парҳезгоронанд., яъне онҳое, ки дар дунёи заминӣ аз онҳо баҳраманд гардида натавонистанд. Пас, он неъматҳо барои онҳое, ки дар ин дунё ба онҳо дастрасӣ доранд, мамнуъ нест. Аз ин ҷо бармеояд, ки Қуръон барои онҳое, ки ба он неъматҳо бо сабабҳои мухталиф дастрасӣ надоранд, барои нишон додани адолати илоҳӣ ва ноумед нагардидан аз зиндагӣ ҷаннатро бо неъматҳои фаровон ваъда додааст.
Бардошти сеюм дар он ифода меёбад, ки неъматҳои зикршуда мутобиқ ба завқи эстетикӣ ва лаззатфаҳмии инсони қарни VII аст. Агар барои инсони мазкур доштани картеҷҳои боҳашамат ва яхтаҳои бузург маълум мебуд, эҳтимол дар қатори неъматҳои биҳишт онҳо низ зикр мегаштанд. Қобили зикр аст, ки ваъдаи ҳурони ҷимоъ карданашуда низ инъикоси завқи эстетикии қарни VII буда, барои инсонҳои ҷомеаҳои пешрафтаи имрӯза ҳатто ҳамчун арзиш пазируфта намешаванд. Ҳама далоили зикршуда боз ҳам ба таъиноти ниҳонии дунявии ҷаннат – баҳри қонеъ гардонидани талаботи қишри ба он неъматҳо дар ин дунё дастнорас – гурӯҳи парҳезгорон далолат менамояд. Пас, офариниши ҷаннат низ дар худ ҳадафи дунявиро нуҳуфтааст.
Суханро ба дарозо накашида, мехоҳем қайд намоем, ки табиати дунявии дини ислом аз ҳадисҳои сершумор низ бармеоянд. Ин ҷо мо бо шарҳи як ҳадис иктифо намуда, изҳори умед менамоем, ки ниёз ба дигар ҳадис аллакай вуҷуд нахоҳад дошт. Ҳадиси мазкур мефармояд: «Ман ло маоша лаҳу ло маода лаҳу». Тарҷумаи таҳтулллафзии он чунин садо медиҳад: «Ҳар касе ӯро зиндагӣ нест, ӯро ҷойи бозгашт (мурод ондунёст) низ нест». Шореҳон зимни шарҳи ҳадиси мазкур афзалияти воситаҳои зиндагии индунёиро аз ондунёӣ, мавҷудияти моддиро аз мавҷудияти маънавӣ таъкид менамоянд. Барои тақвияташон онҳо аз ҳадиси мазкур низ ёд мекунанд: Худоё, моро дар нонамон баракат деҳ, агар нон намешуд, мо на меҳрубон мебудем, на намоз мехондем.(Аллоҳума, борик лано фи-л-хубзи, лав ло-л-хубза, мо тасаддақно ва ло саллайно). (Ниг: https://www.shiavault.com/…/10-islam-and-historical…/). Алии Шариатӣ низ дар шарҳи хадиси мазкур мефармояд: «Касе, ки зиндагии моддӣ надорад, зиндагии маънавӣ ҳам нахоҳад дошт». (Ниг. https://www.talab.org/art/remarks/%D8%B3%D8%AE).
Бояд гуфт, ки агарчанде шореҳони зикршуда «маод»-ро ҳаёти маънавӣ тарҷума кардаанд, лек дар асл вай на ҳаёти маънавӣ, балки ҳаёти ондунёист. Аз ин ҷо маънои воқеии ҳадис чунин аст, ки ҳар касеро зиндагии индунияш обод набошад, ҳаёти ондунёияш низ обод нест». Ба қавли дигар, ҳаёти ондунёӣ аз ҳаёти индунёӣ вобаста мебошад. Пас, агар хоҳем, ки ондунёямонро обод гардонем, бояд, пеш аз ҳама, дунёи заминиямонро обод гардонем.
Хулоса, дар атрофи ин мавзуъ гарчанде сухан бисёр аст, лекин он чӣ баён гардид, гумон мекунам, комилан кофист, ки табиати дунявии дини исломро дар сатҳи зарурӣ равшан намояд. Аз ин рӯ, ба андешаи инҷониб дар партави чунин ҷанбаҳои ақлонӣ ва дурбинонаи таълимоти дини ислом муносибати аҳли ҷомеа, ба хусус пешвоёни динро ба дини ислом ба роҳ мондан ба манфиати ҷомеа хоҳад буд.
АБДУХАЛИЛЗОДА КАРОМАТУЛЛО
– муовини директори Маркази исломшиносӣ
дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх