АҲАМИЯТИ ТАЪРИХИИ ҚАТЪНОМАИ СММ ОИД БА ЗЕҲНИ СУНЪӢ

(Дар ҳошияи қабули лоиҳаи қатънома зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» дар Созмони Милали Муттаҳид)
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи муҳим ва таърихӣ оид ба истифодаи зеҳни сунъӣ (AI) қабул гардид.
25-уми июли соли 2025 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид лоиҳаи қатъномаи махсусро таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида буд, бо иттифоқи оро қабул намуд.
Ин ташаббус аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун иқдоми навоварона ва дурбинона баҳогузорӣ шуда, аҳаммияти истифодаи технологияҳои муосирро дар самти таъмини рушди устувор, амнияти иттилоотӣ ва пешбурди илмӣ-техникӣ таъкид менамояд.
Маврид ба зикр аст, ки ин ташаббус аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 сентябри соли 2024 зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод гардида буд.
Қатъномаи мазкур нишонгари мавқеи устувори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва саҳми фаъолонааш дар ташаккули ояндаи рақамии башарият мебошад.
Ин иқдом боз як шаҳодати дигарест аз сиёсатҳои хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои миллат дар роҳи расидан ба ҷомеаи пешрафта ва рақамӣ.
Абдуллоҳи Қодирӣ
сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх