Абумансур Муҳаммад ибн Муҳаммад ибн Маҳмуд ал-Мотуридӣ (вафот: 333 ҳ.қ. / 944 м.) яке аз бузургтарин мутакаллимон ва фақеҳони асри сегонаи ҳиҷрӣ ба шумор меравад, ки дар таърихи тафаккури исломӣ нақши барҷастае гузоштааст. Зодгоҳи ӯ Мотурид, яке аз маҳаллаҳои қадимаи Самарқанд мебошад. Дар муҳити зодааш, ки маркази муҳими илмӣ ва мазҳабии Осиёи Марказӣ ба шумор мерафт, уламои зиёде парвариш ёфта буданд ва равишҳои гуногуни фикрӣ, аз ҷумла ҳанафия, муътазила, шиъа ва ақидаҳои ғайрисуннӣ миёни донишмандон ва омма дар гардиш буданд.
Мотуридӣ дар чунин муҳити пурњаяљон ва изтиробангез ба камол расид ва дар мактаби фикрии Абуҳанифа, ки бар мантиқ ва истифодаи ақл дар шарҳу тафсири матнҳои динӣ таъкид дошт, таълим гирифт. Ӯ шогирди мустақими Абубакр ал-Ҷурҷонӣ ва Муҳаммад ибни Муқотил Аррозӣ ва дигар уламо буд, ки силсилаи илмии онҳо ба Имом Абуҳанифа мерасад. Бо такя ба ин анъанаи илмии ҳанафия, Мотуридӣ мактаби мустақили каломии худро ба вуҷуд овард, ки баъдан бо номи мактаби Мотуридия машҳур гашт.
Замони Мотуридӣ, яъне садаи сеюми ҳиҷрӣ, яке аз муҳимтарин давраҳо дар ташаккули мактабҳои каломӣ ва густариши баҳсҳои эътиқодӣ буд. Ин давра ба замони давлатдории Сомониён рост меояд, ки аз як сӯ пуштибони илму фарҳанг буданд ва аз сӯйи дигар, ба таъмини суботи мазҳабӣ ва рушди тафаккури аҳли суннат ва ҷамоат таваҷҷуҳ доштанд. Дар ҳамин давра, муътазилиён бо такя ба мансабҳои давлатӣ дар хилофати Аббосиён дар Бағдод нуфузи қавӣ доштанд ва бо услуби фалсафӣ ба тафсири ақидаи исломӣ мепардохтанд. Дар муқобили онҳо, аҳли ҳадис ва ашъариён ба таври ҷиддӣ мавқеъ гирифта, равишҳои дигареро пеш гирифтанд.
Мотуридӣ дар чунин муҳити пурбаҳси каломӣ, бо такя ба усули мазҳаби ҳанафӣ, талош кард ақидаи аҳли суннатро аз диди ақлӣ ва мантиқӣ ҳимоя намояд. Вай, дар муқоиса бо мактаби муътазила, ки ба ифроти ақлгароӣ моил буданд ва мактаби ашъария, ки нақлро бар ақл тарҷеҳ медоданд, роҳи миёнаро баргузид. Аз назари ӯ, ақл воситаи муҳим барои фаҳми дин аст, вале бояд дар чорчӯби Қуръон ва суннат истифода шавад. Ин равиши мутавозин ба Мотуридӣ имкон дод, ки мактаби мустақили каломӣ таъсис диҳад ва дар миёни равияҳои замони худ ҷойгоҳи хос пайдо кунад.
Абусансури Мотуридӣ натанҳо як мутакаллим буд, балки фақеҳ, муҳаддис, ва муфассир низ буд, ки дар тамоми илмҳои исломӣ дониши фарох дошт. Агарчи шумораи асарҳои боқимондааш маҳдуд аст, машҳуртарини онҳо «Китоб ат-Тавҳид» ва тафсири «Таъвилоту аҳли-с-суннат» мебошад, ки таъсири афкори ӯ дар тамоми таърихи баъдии мактаби ҳанафия эҳсос мешавад. Пас аз ӯ, бузургони каломии ҳанафӣ мисли Абулмуин ан-Насафӣ, Наҷмиддин ан-Насафӣ ва дигарон фикри ӯро шарҳ ва густариш додаанд.
Нақши Мотуридӣ дар таърихи ақидаи исломӣ то имрӯз маҳфуз мондааст. Ӯ бо мувозинати амиқи байни ақл ва нақл, моделеро барои фаҳми имон ва ақида пешниҳод кардааст, ки то имрӯз дар сарзаминҳои васеъ, ба вижа дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, Ҳинду Покистон, Туркия ва минтақаи Балқон мавриди қабул ва пайравӣ гардидааст.
«Китоб ат-Тавҳид» ягона асари маъруфи Абумансури Мотуридист, ки дар соҳаи калом то замони мо расидааст. Агарчи дар муқоиса бо асарҳои баъдии каломӣ матни он мухтасартар аст, аммо аз лиҳози тарзи истидлол, интихоби мавзуъҳо ва низоми фикрӣ намунаи барҷастаи ақидаи муътадили аҳли суннат ва ҷамоат маҳсуб мешавад.
Асар бо услуби далелпарварӣ ва мантиқнигорӣ таҳия шудааст. Мотуридӣ дар он бештар аз ақл ва қиёс истифода мекунад, ҳарчанд манбаъҳои нақлӣ низ аз Қуръон ва ҳадис ҷойгоҳи муҳим доранд. Хусусияти аслии услуби ӯ дар ин аст, ки ӯ масъалаҳоро бо саволу ҷавоб, ҳамроҳ бо нақли шубҳаҳо ва радди онҳо баён мекунад, як равиши илмии беназир, ки ҷанбаи диалогӣ (ҳиворӣ, муколамавӣ) дорад ва хонандаро ба андеша ва тафаккур кардан водор месозад.
Мотуридӣ дар муқаддимаи китоб таъкид мекунад, ки ба ҳимояи ақидаи дурусти исломӣ дар баробари аҳли илҳод, муътазила (инкоркунандагони сифоти Худо) ва дигар фирқaҳои ботил машғул аст. Ӯ бо низоми қавии далелҳо ақлро ба сифати василаи муҳими шинохти Худованди таборак ва таъоло ва таъйини ҳақиқат муаррифӣ мекунад.
Мавзуи меҳварии «Китобу-т-тавҳид» масъалаҳои эътиқодиро дар бар мегирад. Тавре ки аз номи китоб пайдост, ҳимоя ва тавзеҳи тавҳид (яъне ягонагии Худованд) ҳадафи аслии муаллиф аст. Мотуридӣ тавҳидро на танҳо ба маънои инкори ширк, балки ба маънои амиқтари фаҳми сифоти Худованди таъоло мефаҳмондааст. Ӯ исбот мекунад, ки Худованди таъоло дорои сифатҳои зотӣ ва феълӣ мебошад, вале ин сифот на ҷузъи зоти Ӯянд ва на хориҷ аз зоти Ӯянд, балки «ғайруҳу, ло ҳува» мебошанд.
Мотуридӣ дар масъалаи сифоти Худованд бар хилофи ақидаи муътазилиҳо меистад, ки онҳо вуҷуди сифоти мустақилро рад мекарданд. Ба гуфтаи Мотуридӣ, Худованди Таъоло, Доно, Қодир, Зинда ва Соҳибирода аст ва ин сифатҳо абадӣ ва азалӣ мебошанд. Мотуридӣ дар масъалаи сифоти илоҳӣ ба як тафсири каломӣ рӯ меоварад, ки на ба ташбеҳ (монанд донистани чизе ба Худованд) меанҷомад ва на ба таътил (инкори сифот), балки роҳи миёна ва муътадилро интихоб мекунад.
Яке аз мавзуъҳои асосии «Китоб ат-Тавҳид» баҳси ақл ва нақл аст. Ӯ дар ин асараш чунин мегуяд: «إن العلم بالله وبأمره عرض لا يدرك إلا بالاستدلال» «Маърифати Худованди таъоло ва фармонҳои Ӯ, як арзишест, ки фақат бо андеша ва истидлол ба даст меояд» саҳ: 137. Мотуридӣ ақлро ба унвони василаи аввалияи шинохти Худованди таъоло муаррифӣ мекунад ва исбот менамояд, ки инсон бо ақлаш ҳатто пеш аз ирсоли пайғамбарон метавонад ба вуҷуд ва ягонагии Худованди таъоло пай бибарад. Аммо барои фаҳми шариат ва мукаммал шудани ақидаи дуруст, фиристодани пайғамбарон зарурист.
Дар ин дидгоҳ, Абумансури Мотуридӣ мавқеи мутавозин ва миёнаро ихтиёр мекунад, ки ҳам аз равиши ашъариён фарқ дорад ва ҳам аз назари муътазилиён. Ӯ бар хилофи ашъариён, ки нақлро бар ақл тарҷеҳ медиҳанд, ва муътазилиён, ки ақлро дар тамоми масоили динӣ мустақил ва кофӣ меҳисобанд, бар он назар аст, ки ақл василаи муҳим ва зарурии дарки маорифи динӣ мебошад, аммо на ягона манбаи маърифати дин. Ба таъбири дигар, Мотуридӣ миёни нақл ва ақл тавозуни методологӣ ба вуҷуд оварда, нақш ва аҳаммияти ҳар кадомро дар доираи муносиби он таъйин мекунад.
Аз мавзуъҳои печидаи каломӣ, ки Мотуридӣ ба таври муфассал онро баррасӣ мекунад, масъалаи тақдир ва иродаи инсон аст. Ӯ кӯшиш мекунад миёни қудрати мутлақи илоҳӣ ва озодии инсон робитаи мутавозинро нишон диҳад. Ба гуфтаи ӯ, Худованди таъоло офарандаи аъмоли инсон аст, вале инсон касби ихтиёрӣ дорад, яъне инсон аъмолро ихтиёр мекунад ва бо ҳамин ҷавобгар аст. Ин назари «касб», ки баъдан аз ҷониби Абулҳасани Ашъарӣ ба шакли дигар иброз гардида буд, мавқеи миёнаест байни ҷабрия (ки ҳама чизро маҷбурӣ медонад) ва қадария (ки қудрати инсонро мустақил аз Худо мешуморад). Мотуридӣ ирода ва масъулияти инсонро, бо вуҷуди таъйини илоҳӣ, имконпазир мешуморад.
«Китоб ат-Тавҳид» дар радифи муҳимтарин матнҳои ибтидоии каломи аҳли суннат ва ҷамоат қарор дорад, ки махсусан дар ҷараёни ташаккули равиши каломии аҳноф ва мактаби Мотуридия нақши муассир бозидааст. Мақоми ин асар на танҳо дар ҳалқаи уламои ҳанафия, балки дар низоми илмии ҷаҳони ислом низ барҷаста аст. Он дар муқоиса бо дигар матнҳои каломӣ мисли «ал-Ибона» (Ашъарӣ), «ал-Фиқҳ ал-акбар» (мансуб ба Абӯҳанифа) ва «Тамҳид» (Боқилонии Ашъарӣ), бо услуби мантиқӣ ва ақлгароёна фарқ мекунад.
Абумансури Мотуридӣ бо ин асари худ ҳамчун поягузор ва муассиси як равиши мустақил ва муназзами каломӣ шинохта шудааст. Хусусиятҳои барҷастаи мактаби ӯ, аз ҷумла таъкид бар нигоҳи мутавозин миёни ақл ва нақл, радди ифротгароии фалсафӣ ва таътилгароӣ, инчунин, таъйиди аргументҳои ақлонӣ дар масоили эътиқодӣ, на танҳо дар замони худ, балки дар тамоми тӯли таърихи афкори исломӣ таъсири амиқ гузошта, ба ташаккул ва густариши як мактаби равшани каломӣ заминаи устувор фароҳам овардааст.
Пас аз вафоти Абумансури Мотуридӣ, осори илмии ӯ, бахусус «Китоб ат-Тавҳид» мавриди таваҷҷуҳ ва таҳқиқи амиқи уламо қарор гирифт. Шахсиятҳои барҷастае чун Абулуяъло ал-Баздавӣ, Абулмуин ан-Насафӣ, Наҷмуддин ан-Насафӣ, Саъдуддин ат-Тафтазонӣ ва дигарон бо такя бар усулу таълимоти Мотуридӣ асарҳое таълиф намуданд, ки дар онҳо андешаҳои каломии ӯро тавзеҳ, таҳким ва интиқол додаанд. Ба унвони намуна, китоби «Табсират ал-адилла» таълифи Абулмуин ан-Насафӣ ҳамчун як шарҳи муфассал ва бунёдӣ бар мабнои усули мактаби мотуридия шинохта шудааст.
Дар қаламравҳои Ҳинду Покистон, кишварҳои Осиёи Марказӣ, Туркия ва минтақаи Балқон, мактаби каломии Мотуридия дар паҳлуи мактаби Ашъария ба унвони яке аз ду шохаи асосии ақидаи аҳли суннат ва ҷамоат мақоми муассир пайдо кард. Бисёре аз донишмандони барҷастаи мазҳаби ҳанафӣ, аз ҷумла фақеҳон, муфассирон ва мутакаллимон бинои ақидаи худро бар асоси таълимоти Абумансури Мотуридӣ ва махсусан асари муҳимми ӯ «Китоб ат-Тавҳид» устувор намудаанд. Ин равиш дар ташаккули тафаккури аҳли суннат ва ҷамоат дар ин манотиқ нақши калидӣ бозидааст.
Яке аз муҳимтарин вижагиҳои илмии «Китоб ат-Тавҳид» ин аст, ки муаллиф ба таври равшан ба шубҳаҳо ва ақидаҳои нодуруст посух мегӯяд ва барои радди онҳо аз далелҳои қавӣ ва қобили эътимод истифода мекунад. Хусусан, равиши Мотуридӣ дар нақл, баррасӣ ва рад кардани андешаҳои мухолифон, намунаи равшани таҳлили илмӣ ва усули баҳси он давра ба шумор меравад.
Ин услуб баъдҳо дар осори фалсафии исломӣ ва бахусус каломи мадрасавӣ таъсири амиқ гузошт. Ба ибораи дигар, Мотуридӣ бо равиши худ на танҳо ба посух додан ба андешаҳои муътазила ва дигар фирқаҳо пардохтааст, балки як методологияи илмӣ ва мантиқии баҳсу мунозираро пешниҳод кардааст, ки имрӯз арзишманд ва қобили истифода мебошанд. Ин шеваи таҳлил ва посух ба масъалаҳои назарӣ дар таълифи фиқҳӣ, тафсирӣ ва каломии баъдӣ ба таври густурда истифода шудааст.
Дар замони муосир таваҷҷуҳ ба мероси каломии Имом Мотуридӣ, бахусус асари гаронбаҳои ӯ «Китоб ат-Тавҳид», рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Имрӯзҳо дар бисёре аз марказҳои бонуфузи илмии ҷаҳон, аз ҷумла дар донишгоҳҳои шарқшиносӣ ва муассисаҳои таҳқиқотӣ, осори арзишманди Имом Мотуридӣ мавриди тадрис ва таҳқиқи илмӣ қарор мегиранд. Ин раванд гувоҳи он аст, ки таълимоти ақлонӣ ва мӯътадили Мотуридӣ дар ташаккули андешаи исломии муосир, махсусан дар ҳифзи арзишҳои миёнаравӣ, таҳаммулгароӣ, андешаи мантиқӣ ва муқовимат бо падидаҳои ифроту тафрит нақши рӯзафзун пайдо мекунад.
Хулоса, ин асар дар як давраи ҳассоси таърихӣ, замоне, ки ихтилофҳои мазҳабӣ ва баҳсҳои каломӣ дар авҷи аълои худ буданд, ба миён омад. Дар «Китоб ат-Тавҳид» мо бо як низоми эътиқодӣ рӯ ба рӯ мешавем, ки на танҳо дар муқобили равишҳои ифротӣ ва ботил мавқеи устувор дорад, балки мекӯшад тавассути як равиши ақлонӣ ва илмӣ, маорифи тавҳидӣ, аҳкоми эътиқодӣ ва маънии масъулияти инсонро таҳким бахшад. Мотуридӣ ба воситаи ин асари худ роҳи миёнаро интихоб карда, мактаби ақлонӣ ва суннатии ҳанафияро дар шакли мустақил ва муназзам ба саҳнаи таърих ворид намудааст.
Дар шароити муосир, ки ҷомеаҳои мусулмон бо муборизаҳои гуногуни фалсафӣ, ақидавӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯянд, равиши Мотуридӣ метавонад ҳамчун андешаи муътадил бо ақлу шаръ хидмат кунад.
Ҳамин тариқ, шинохт ва таблиғи осори ӯ, бахусус дар замони бархурди фарҳангҳо ва тамаддунҳо ва афзоиши ихтилофоти фикрӣ, на танҳо амри илмӣ, балки як вазифаи иҷтимоӣ ва фарҳангӣ низ мебошад.
Сарчашмањо:
Ал-Имом Абумансур ал-Мотуридӣ. Китоб ат-Тавҳид. Таҳқиқ ва таълиқи Фатҳуллоҳи Хулайф. – Бейрут: Дорулмашриқ, 1970 (чопи аслӣ) / 2005 (чопи муосир).
Абумуин ан-Насафӣ. Табсират ал-адилла фӣ усули-д-дин. Таҳқиқи К.Муътамид. – Қоҳира: Дорулкутуб ал-Мисрия, 2007.
Наҷмуддин ан-Насафӣ. Ақаид ан-Насафӣ. Бо шарҳи Тафтазонӣ. – Нашрҳои гуногун: Дамашқ, Истанбул, Тошканд.
Абуҳанифа ан-Нуъмон. Ал-Фиқҳ ал-акбар. Таҳқиқи А.Саййид Карим. – Бейрут: Дорул-Фикр, 1998.
Умар Насруллоҳ. Имоми Мотуридӣ ва мактаби каломии ӯ. – Тошканд: Маркази исломии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 2021.
Муњаммад Абузаҳро. Таърихи фирқаҳои исломӣ дар сиёсат, таълимот ва фиқҳ. Қоҳира: Дорул-Фикри Арабӣ, 1984.
Аҳмад ибни Муҳаммад Ат-Таҳавӣ. Ақидаи Таҳовӣ (бо шарҳи Ибни Абӯализз). – Тадқиқоти таҳлилии эътиқоди аҳли суннат.
Наҷотзода М.А.
корманди Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон