АРЗИШИ ИҶТИМОИИ ПРИНСИПИ АДОЛАТ ДАР ҲУҚУҚИ ИСЛОМӢ

Адолат ба маънои додгар будан, инсоф доштан аст ва адолати иҷтимоӣ адолатест, ки ҳамаи аъзоёни ҷомеа аз он баҳра мебаранд.
Адолат дар муқобили зулм ба маънии расидан ба ҳақ ва ҷудо кардани ҳақ аз ботил аст.
Афлотун дар китоби «Ҷумҳурият» дар бораи адолат муфассал сухан ронда, мефармояд: “Адолат аз он иборат аст, ки ҳар кас ба ҳар коре, ки шоистагӣ ва истеъдоди онро дорад, даст бизанад ва аз дахолат ба кори дигарон худдорӣ кунад”.
Ба ақидаи Арасту адолат ду маъно; маънои умумӣ ва маънои хос дорад: дар маънои умумӣ шомили тамоми фазилатҳо мебошад ва эътидол ва миёнаравии шахс низ мизони фазилатҳо аз разоил мебошад. Ба маънои хос, ин фазилатест, ки ба ҳар кас бояд ба фазилати он чизеро, ки ҳаққи онро дорад, дода шавад. Дар ин сурат Арасту адлро ба адолати доду ситад ва тақсимкунанда ҷудо мекунад ва мегӯяд: “Адолати доду ситад баробарӣ дар муомилот ва табодул аст, ба тавре, ки яке аз ду ҷониби муомилот наметавонад аз ҳисоби дигаре сарватманд шавад. Адолати тақсимӣ бошад тақсимоти сарват ва мавқеъҳои иҷтимоӣ бар асоси адолат аст”.
Кант бошад адолатро ҳамчун “ҳифзи каромати инсонӣ” муаррифӣ мекунад.
Аввалин бор Қуръон озодӣ, баробарӣ ва бародариро на танҳо ҳамчун фазилати шахсӣ, балки ҳамчун меъёрҳои ҳатмии рафтори иҷтимоӣ барои ҳамагон тасдиқ кардааст.
Аз ин ин нуқтаи назар, тамоми башарият ҳамчун як оила ҳисоб мешавад ва ҳамаи инсонҳо, сарфи назар аз ранги пӯст, нажод, ҷинс, забон, дин, эътиқоди мазҳабӣ, вазъи иҷтимоӣ ҳуқуқҳои баробар ва шаъну шарафи инсонӣ доранд.
Чуноне, ки Саъдии Бузург фамудааст:
Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Арзиши иҷтимоии принсипи адолат, самарабахшии он дар татбиқи комплексии ҳуқуқи инсон зоҳир мегардад. Дар баробари ин, ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон – озодии виҷдон, ҳуқуқ ба ҳаёт, шаъну шараф, ҳуқуқ ба моликият, ҳуқуқ ба баробарӣ, манъи ҳама гуна табъиз, ки дар Қуръон зикр шудаанд, дар муайян кардани ҳудуди тамоми ҳуқуқу озодиҳои дигаре, ки аз ҷониби ҷомеа дар қонунгузории шаҳрвандӣ мураттаб гардидаанд, меъёри асосӣ ба ҳисоб мераванд.
Адолати иҷтимоӣ ба маънои риояи таносуб, ва шоистаҳо дар ҷамъият аст. Дар ин таъриф ҳар гурӯҳ, синф ва табақа бояд дар чойгоҳи шоистаи худ қарор бигирад ва дар ҷойгоҳи дигарон барнаояд. Адолати иҷтимоӣ асосёфта бар афъоли аъзои ҷомеа мебошад ва ҳар кас бинобар истеҳқоқ ва истеъдодаш муваззаф карда мешавад.
Аҳамияти адолат дар ислом аз он сарчашма мегирад, ки Худованд одил аст ва ҳама афъоли Худованд айни додгарӣ ва адолат мебошад, ситам, ифроту тафрит дар онҳо тамоман мушоҳида карда намешавад. Қурони карим барои биъсати Паёмбарон ва нузули китоби осмонӣ ду ҳадаферо пиёда мекунад, ки якеи он барқарор сохтани адолат байни инсонҳо ва таъмини саодати дунявӣ ва ухравии онҳо мебошад.
Ба фикри мо, таърифи арзиши иҷтимоии принсипи адолат – ин меъёрест, ки дар он муносибатҳои доду ситад, мувофиқи табиати иҷтимоию иқтисодии ҷамъият, дар асоси он муносибатҳо таъмин карда мешавад.
Таърифи пешниҳодшудаи арзиши иҷтимоии адолат ду ҷузъи асосии мазмуни онро дар шариат дар бар мегирад. Якум, муносибатҳои доду гирифт ва тақсимоти он дар ҷомеа. Вай ҷиҳати иҷтимоию иқтисодии ин категорияро тавсиф мекунад, ки арзишҳои иҷтимоии адолат талаботи мувофиқати амалии шахсро (гурӯҳи иҷтимоӣ) дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва мавқеи иҷтимоии ӯро байни пасандоз ва гирифтани он, меҳнат ва мукофот дарбар мегирад.
Дар ин ҳолат, беадолатӣ метавонад дар шакле зоҳир шавад, ки корфармоён дар корҳои ҷамъиятӣ умуман кам медиҳанд ва бисёр талаб мекунанд. Бинобар ин, тибқи қоида, меъёрҳое, ки аз рӯи онҳо мегиред ва медиҳед, бояд баробар бошанд, поймол мешавад.
Дуюм, қисмати меъёрии арзиши иҷтимоии принсипи адолат дар он аст, ки ҳангоми андозагирӣ ченак, миқёс ё қоидаро фароҳам меорад. Ин қисмати арзиши иҷтимоии адолат бевосита он далелро инъикос мекунад, ки арзиши иҷтимоии адолат на танҳо муносибатҳои иқтисодиро дарбар мегирад, балки муносибатҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва ахлоқиро низ дар бар мегирад.
Ҷанбаи арзишӣ-меъёрии адолати иҷтимоӣ ҳангоми омӯзиши он барои муайян кардани таносуби ҳуқуқу ӯҳдадориҳо, амал ва подош, ҷиноят ва ҷазо дар ҷомеа муҳим аст. Нишон додани моҳияти меъёрии ҷанбаи иҷтимоии адолат ва дарки нақши танзимкунандаи он дар ҳуқуқ барои фаҳмидани ҷойгоҳ ва аҳамияти адолати иҷтимоӣ дар низоми ҳуқуқи инсон зарур аст.
Оятҳои Қуръони карим ва ҳадисҳои Паёмбар (с) ба хусус замоне, ки имкони дахолат ба умури иҷтимоӣ доштанд, аҳамият ва мавқеи баланди адолати иҷтимоиро дар ислом равшан месозанд. Дар баъзе оятҳо амалӣ шудани адолати иҷтимоӣ аз аҳдофи фиристодани паёмбарони илоҳӣ зикр шудааст: «Ба дурустӣ ки Мо пайѓамбарони Худро бо нишонаҳои равшан фиристодем ва ҳамроҳи онҳо Китоб ва тарозуро фуруд овардем, то мардум ба инсоф амал кунанд», Сураи Ҳадид, ояти 25.
Ин ояти каломи рабони рисолати паёмбаронро барои барпо кардани адолат дар миёни мардум ба таври равшан баён мекунад ва мефармояд: Мо паёмбарони худро бо далелҳои равшан фиристодем ва бо онҳо китобҳо ва дастурот ва навиштаҷот ба андоза фиристодем; яъне қонуну муқаррароти одилонае бошад, ки тамоми инсонҳо бо адолат рафтор кунанд ва асли адолат дар миёни башарият пойдор гардад; аз ин рӯ, масъалаи истиқрори адолат ва он низ ба андозае башарият ҳадафи аслӣ ва умумии ҳамаи паёмбарон будааст. Паёмбари гиромии Худо (с) худро барои иҷрои адолат муваззаф медонад: «Маъмур шудаам байни шумо адолат кунам».
Қуръони карим мӯъминонро амр мекунад, ки адолатро риоя кунанд, агарчи ба зиёни худ ё хешовандонашон бошад. «Эй мӯъминон, дар инсоф бо устувор бошед, барои Худо гувоҳидиҳанда бошед, агарчи бар зарари хештан, ё падару модар ва хешовандон, чи тавонгару чи фақир бошад…» Сураи Нисо, ояти 135.
Қуръони карим низ ба мо аз зарурати риояи адолат дар масъалаҳои ба назар хурди иҷтимоӣ хотиррасон кардааст. Масалан, дар бораи васиятнома сухан меравад, адолати шоҳидонро дар ин маврид ба назар мегирад: «Эй мӯъминон! Чун марг ба яке аз шумо фаро расад, (нисоби) шаҳодат дар миёни шумо вақти васият ду соҳибадолат аз миёни худатон, ё ѓайри худатон мебошанд…», Сураи Моида, ояти 106.
Умдатан дар ҳар як масъалаи хурди иҷтимоӣ, ки масъалаи шоҳидон матраҳ мешавад, бо тақозои адолат ҳамроҳ аст, монанди шоҳидон дар додгоҳҳо, шоҳидон дар муомилот ва дайн ва ё вақте ки имондоронро ба оштӣ даъват мекунад, дар мавриди ихтилоф байни мардум, ӯҳдадории адолатро дар раванди оштӣ медонад. «Ва чун су хан гӯед, инсофро риоят намоед, агарчи хешованди шумо бошад…» Сураи Анъом, ояти 152.
Дар ҷомеаи башарӣ каму беш низоъ ва кашмакашҳое ба миён меояд, шояд аз он сабаб бошад, ки одамоне, ки аз ҳуқуқи худ қонеъ нашуда, бо талаби зиёдатӣ ва бартарӣ додани манфиатҳои шахсӣ ҳуқуқи дигаронро поймол мекунанд. Дар ин ҷо, масъалаи додгоҳ ва ҳукми додгоҳӣ ба миён меояд. Нуктаи бунёдӣ дар раванди мурофиаи додгоҳӣ масъалаи адолат аст, аслан фалсафаи вуҷуди додгоҳ ва додвар иҷрои адолат аст. Ислом дар масъалаи доварӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, дар ин росто ба риояи адолат ба таври аҷиб таъкид кардааст ва ҳамаи онҳоеро, ки дар масъалаи ҳакамӣ даст доранд, ба риояи адолат даъват кардааст.
Аз дидгоҳи дин, он чизе, ки ҳукм ва андешаи додвар машруият медиҳад, адолати ӯ аст ва аслан шахсе, ки адолат надорад, сазовори мақоми додварӣ нест ва ҳукми содиркардаи ӯ аз дидгоҳи шариат қобили қабул нест. Қуръони карим дар оятҳои мухталиф мардумро ба адолат даъват намуда, аз баровардани ҳукми ноодилона қатъиян манъ кардааст. Аҳамияти адолат барои додвар онқадар бузург аст, ки ислом ӯро муваззаф кардааст, ки ҳангоми омӯзиши парванда адолатро ба тарафҳои парванда риоя кунад.
Адолати иҷтимоӣ дар ислом бар асоси принсипҳои инсонӣ қарор дорад, яъне тамоми афродро инсон мешуморад. Бинобар ин, ислом нисбат ба касе, ҳатто дар ҳаққи ѓайри мусулмон низ зулму ситамро кабул намекунад. Ислом тамоми инсонҳоро дар кадом гурӯҳ ё мазҳабе набошанд, њамчун инсон муњтарам медонад, аз сӯйи дигар, хислатҳои ахлоқӣ ва эҳсосоти неки инсониро барои ҳар фард воҷиб дониста, зинат додани шахсро бо ин хислату эҳсосоте, ки ҷанбаҳои инсониро инъикос мекунанд, талаби исломи ҳақиқӣ ва яке аз таълимоти Қуръон медонад.
Адабиётҳо:
1.Қурони Карим (асл ва матни тарҷумаи тоҷикӣ Муҳаммадҷон Умаров) – Душанбе: Эр-Граф, 2010. -640 с.
2. Роѓиби Исфаҳонӣ. Муфрадот. – Димишқ, Дор-ул-қалам, 1996.
3. Ахмедов А. Социальная доктрина ислама. – М.: Издательство политическая литература.1982.
4. Луис Малуф. Ал-Мунҷид. Теҳрон, 1383 ҳ.
Наботов М.А.
сармутахассиси шуъбаи пажуҳиши ҳуқуқи исломӣ

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх