Ин мақола ба шарҳи мухтасари таърихи зуҳури нашъамандӣ ва майхорагӣ – ду навъи маъмултарин ва дар тамоми кишварҳои ҷаҳон густаришёфтаи каҷрафторӣ ва хусусиятҳои хоси зуҳури онҳо дар таърихи гузаштаи халқи тоҷик бахшида шудааст.
Нашъамандӣ. Нашъамандӣ аз нуқтаи назари илми тиб вобастагии равонии инсон аз маводи мухаддир ва сахттаъсири мадҳушкунанда, яъне, як навъ беморӣ мебошад, ки инсон ба он дар натиҷаи ба истеъмоли маводи нашъаовар одат кардан мубтало мешавад, то ҳадде ки бе истеъмоли маводи нашъаовар сару калобаашро аз даст дода, асабаш хароб ва ҳолаш табоҳ мешавад. Азбаски нашъамандӣ на танҳо барои ҳаёти шахси мубталои ин дард хатарнок аст, балки барои ҷомеа низ оқибатҳои зиёди манфӣ дорад, бинобар ҳамин дар фалсафаи иҷтимоӣ сотсиология, криминология ва девиантология он яке аз намудҳои каҷрафторӣ маҳсуб мешавад.
Тибқи маълумоти сарчашмаҳои хаттӣ ва адабиёти илмӣ, истеъмоли банг, афюн, тарёк, маъҷун ва маводи дигари нашъаовар дар ҳудуди Осиёи Марказӣ собиқаи хеле тўлонии таърихӣ дорад. Бангдона (каннабис[1], ба форсӣ – шоҳдона) растаниест, ки аз давраҳои қадим дар манотиқи марказии Осиё парвариш карда мешуд. Мардуми таҳҷоии ин минтақа дар тӯли таърихи худ қариб ҳар як қисми ин растаниро барои эҳтиёҷоти худ истифода мебурд – нахҳояш барои бофтани матоъ, равғанаш барои ғизо, барг, гул ва қатронаш – ҳамчун дору ва албатта ҳамчун воситаи психотропӣ истифода мешуд. Ҳашиш, ки аз қатрони бангдона таёр карда шудааст, маводи мухаддири пурқувват маҳсуб мешавад. Истеҳсоли он дар Афғонистон танҳо дар нимаи дуюми асри XX аз доираи бозорҳои анъанавии кишвар берун баромад. Дар бораи таърихи парвариши бангдона ва тавлиди ҳашиш дар Афғонистон дар адабиёти таърихӣ ва муосир, ба таври пароканда ҳам бошад, маълумоти муфассал вуҷуд дорад.
Набототшиноси рус Н. И. Вавилов дар асари худ «Пайдоиш ва ҷуғрофиёи растаниҳои парваришшаванда» қайд мекунад: «Гуфтан хело душвор аст, ки кишти бангдона кай оғоз шудааст ва дар он киҳо саҳм гузоштаанд, фақат дар асоси маълумоти мавҷуда тахмин кардан мумкин аст, ки ватани ин растанӣ (яъне бангдона) Осиё аст»[2]. Олимони набототшинос, дар асоси таҳлилу муқоисаи натиҷаи таҳқиқотҳои марбут ба таърихи пайдоиши наботот, муайян кардаанд, ки минтақаи пайдоиши бангдонаи парваришшаванда, эҳтимолан, қисмати шимолу ғарбии Ҳиндустон (Кашмир), Покистон (музофоти Панҷоб ва шимолу ғарб), тамоми Афғонистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва қисми ғарбии Тиёншон дар Чини имрӯза мебошад. Дар замони муосир ҳам канаби ваҳшӣ ва ҳам парваришшаванда тақрибан дар ҳама қитъаҳо ва минтақаҳои ҷаҳон мавҷуд аст: ҳадди ақал 172 кишвари ҷаҳон канабиси худро асосан барои қонеъ кардани талаботи маҳаллӣ парвариш ва истеҳсол мекунанд.
Дар Атҳарваведа – яке аз қисматҳои Ведаҳо – китоби муқаддаси дини ҳиндуия, бҳанга (банг) ҳамчун як растании фоиданоке, ки тарсу ҳарос ва ташвишу изтиробро аз истеъмолкунанда дур мекунад, тавсиф шудааст. Ҳиндуҳо ин растаниро бо ду маъбуди асосии худ – Кришна ва Шива алоқаманд мекунанд. Яке аз номҳои Шива «Молики бҳанга» мебошад, зеро, ба эътиқоди ҳиндуҳо, маҳз Шива хосиятҳои фавқуттабии ин гиёҳро кашф кардааст. Тибқи устураҳои ҳиндуӣ, Шива бҳангро аз Ҳимолой барои хурсанду қаноатманд кардани одамон фуруд овардааст. Дар баъзе ноҳияҳо ва деҳоти Ҳиндустон одамон бангдонаро ба мақсади дармони бемориҳои гуногун фаровон истифода мебаранд. Чунин шуморида мешавад, ки истеъмоли меъёрноки бангдона офтобзарба, табларза, исҳоли хунин (дизентерия) ва баъзе бемориҳои дигарро аз байн мебарад, барои ҳазми хӯрок кӯмак мекунад, иштиҳоро мекушояд, нуқсонҳои нутқиро рафъ месозад, кори узвҳои ҳаракати баданро фаъол месозад.[3]
Парвариш ва истифодаи бангдона ва хосиятҳои шифобахши он дар ёддоштҳо ва гузоришҳои муаррихону сайёҳони асримиёнаги Ховари Наздик ва аврупоӣ низ инъикос ёфтааст. Дар асоси маълумоти мавҷуда тасдиқ кардан мумкин аст, ки халқу қабилаҳои Осиёи Шарқӣ ва Миёна аз қадимулайём дар бораи таъсири сахти психоактивии бангдона медонистанд ва дар тӯли асрҳо аз он истифода мебурданд. Вавилов менависад, ки «ба ҳайси ҳашиш истифода бурдани бангдона аз одам ҷидду ҷахди зиёдеро талаб намекард. Ҳангоми сӯзондани пояҳо ва баргҳои бангдона одамон таъсири бузурги масткунандаи онро ҳис накарда наметавонистанд». Маълумоти сарчашмаҳо дар бораи истифодаи банг (ҳашиш) дар доираҳои сӯфиёну дарвешони узви тариқатқои ифротӣ ба эҳтимоли зиёд, мӯътамад мебошад. Бархе сӯфиёни ифротгаро, ки тамоюли дунёбезорӣ доштанд, аксаран нисбат ба шариат ва меъёрҳои ҳаёти иҷтимоӣ чандон ҳам эҳтиром нишон намедоданд ва аксаран рафторҳояшон хилофи меъёрҳои шаръӣ ва ахлоқӣ буд.
Ал-Мақризӣ зикр мекунад, ки ҳадафи аслии бархе аз сӯфиён ҳангоми истифода аз банг кам кардани ё коҳиш додани хоҳишҳои шаҳвонӣ ва ба ин васила диққати худро ҳар чӣ бештар ба маърифати Ҳудо равона кардан аст. Чӣ тавре ин муаррих иттилоъ медиҳад, хусусияти мадҳушкунандагии ҳашишро аввалин бор суфии хуросонӣ Қутбиддини Ҳайдар (соли ваф. 1221) кашф кардааст ва истеъмоли онро ба аҳли ҷамоати худ иҷозат додааст. Минбаъд даровеш ва фуқарои дигар низ ин маводи мухаддирро истеъмол мекарданд[4]. Асосгузори сулолаи Муғулҳои Бузург дар Ҳиндустон – Бобур (1483–1530), зиёфатбози маъруф ва ҷамъкунандаи навъҳои гуногуни шароб, дар асари ёддоштии худ «Бобурнома» истифодаи маъҷун, як навъ маҳсулоти қаннодӣ аз омехтаи асал, хурмо, равған, ҳанут ва афюн (ҳашиш)-ро тавсиф кардааст[5]. Сайёҳони ғарбие, ки дар асрҳои XIX ва XX ба Афғонистон сафар кардаанд, аксар вақт ба истифодаи банг ишора кардаанд. Дар «Гузориши Элфинстоун дар бораи Салтанати Кобул», ки соли 1809 нашр шудааст[6], маълумот дода мешавад, ки дар Кобул мардум бангро дар таркиби нӯшокию таомҳо зиёд истифода мебаранд.Ҳашиши Бухоро аз ҷониби истеъмолкунандагони ҳиндӣ дар ибтидои солҳои 1800 ҳамчун ҳашиши дорои сифати олӣ эътироф шуда буд. Бештари ҳашиши Бухоро ба Кобул ва Пешовар содир карда мешуд. Дар забони гуфтугӯӣ ва адабии тоҷикӣ вожаҳои «банг» ва «бангӣ» (нашъаманд) истеъмол мешаванд. Вожаҳои мазкур ва муродифҳои дигари тоҷикию арабии онҳо, инчунин, вожаҳои «кӯкнор», «тарёк», ки ҳамаи онҳо ифодакунандаи номи гиёҳҳо ва маводҳои махмуру мадҳушкунандаи аз кӯкнору бангдона тайёршударо ифода мекунанд, дар ашъори сӯфиёна ва умуман адабиёти классикии тоҷику форс хеле зиёд истифода шудаанд ва ин далели дар он замонҳо дар байни табақаҳо ва қишрҳои муайяни аҳолии кишварҳои мусулмоннишин, аз ҷумла дар байни мардуми тоҷик, то як дараҷа вуҷуд доштани падидаи нашъамандӣ мебошад. Абдулқодири Гелонӣ, муассиси тариқати қодирия, ки дар Тоҷикистон шумораи зиёди пайравони худро дорад ва бо тахаллуси «Имоми Ғавсул-Аъзам» низ машҳур аст, дар як ғазали худ ба ин масъала (нашъамандию шаробхорагӣ) ишора карда, муридонашро чунин насиҳат мекунад: Гар шаробу банг хӯрдӣ, тавба кун, «Аллоҳ» гӯй,
Ёди Ӯ кун, чун даҳонат, пуршаробу банг нест.
Чуноне, ки устод Садриддин Айнӣ, дар «Ёддоштҳо» зимни тасвири ҳодисаҳои дар айёми кӯдакӣ ва толибилмӣ мушоҳидакардааш зикр мекунад, дар воқеъ, нашъамандӣ дар Бухоро ва умуман дар бисёре аз шаҳру рустоҳои Осиёи Миёна дар байни аъёну ашроф, олуфтаҳо, дарвешон ва баъзе табақаҳои дигари аҳолӣ ба андозаи назаррас вуҷуд дошт[7]. Дар собиқ Иттиҳоди Шўравӣ то нимаҳои солҳои 1980-ум, тибқи маълумоти расмии оморӣ, умуман, на маводҳои мухаддир вуҷуд доштанд, на нашъамандон. Таблиғоти расмии шўравӣ даъво мекард, ки дар ИҶШС ягон муҳити иҷтимоӣ вуҷуд надорад, ки нашъамандӣ дар он инкишоф ёбад. Таъкид карда мешуд, ки ин намуди нашъамандӣ танҳо ба ҷамъияти буржуазӣ хос аст ва дар тўли таърих аксаран намояндагони табақаи ашрофону сарватмандон ба он мубтало мешудаанд. Баъдтар, дар давраи «бозсозӣ» аз соли 1984 то соли 1990, шумораи нашъамандоне, ки Вазорати нигаҳдории тандурустии СССР ба қайд гирифтааст, аз 35254 нафар ба 67622 нафар расид. Тибқи баъзе маълумоти дигари махфӣ, ки баъдан расонаӣ карда шудаанд, дар Иттиҳоди Шўравӣ баъзе маводи мухаддир, масалан героинро то соли 1956 дар дилхоҳ аптекаи маъмулӣ харидан мумкин буд. Танҳо дар соли 1956 бо фармони Вазорати нигаҳдории тандурустии СССР №152 аз 6/IV-1956 героини нашъадор аз руйхати «А» моддаҳои заҳрдор, ҳамчун маводи истифодааш дар амалияи тиббӣ мамнўъ, хориҷ карда шуд[8].
Умуман, аз таҳлили маълумоти адабиёти гуногуни ба вазъи нашъамандӣ дар Иттиҳоди Шўравӣ бахшидашуда чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки ин намуди каҷрафторӣ, бо вуҷуди дар сатҳи боло инкор шуданаш, дар ҷомеаи шўравӣ хеле паҳн шуда буд. Шароити мусоиди ҳуқуқӣ ва сиёсӣ ҷиҳати ошкор ва пешгирӣ кардани густариши падидаи нашъамандӣ дар ҷомеа танҳо дар замони пасошўравӣ ва истиқлолияти давлатӣ фароҳам оварда шуд. Давлати соҳибистиқлолу ҳуқуқбунёди дунявӣ ва демократии Тоҷикистон бо дарки амиқи масъулияти ҳифзи амнияти миллӣ ва солимии аҳли ҷомеа барои пешгирии нашъамандӣ санадҳои зарурии меъёриву ҳуқуқиро ба тасвиб расонид ва мақомоти махсуси мубориза бар зиддии гардиши қочоқи маводи мухаддирро таъсис дод ва дар ҳалли ин мушкилоти глобалӣ бо давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои минтақваию байналмилалӣ ҳамкории судмандро ба роҳ монд.Хотирнишон кардан ба маврид аст, ки нашъамандӣ, ба кадом маъное ки набошад, хоҳ ба маънои каҷрафторӣ, хоҳ ба маънои беморӣ, ҳанўз аз замони қадим дар Осиёи Марказӣ зуҳур кардааст. Аз ин рў, барои решакан кардани ин одати бад омўзиши муфассали таърихи пайдоиши он ва усулҳо ва таҷрибаҳои суннатии аз ҷониби ҳакимону табибони бостониву асримиёнагии тоҷик коркардшудаи пешгирӣ ва дармони он аз фоидаи назариявию амалӣ холӣ нахоҳад буд.
Майхорагӣ (алкоголизм). Ин навъи каҷрафторӣ низ дар таърихи фарҳанги халқи тоҷик решаи қадима дорад. Соли 1980 корманди илмии Осорхонаи давлатии Пенсилвания Патрик Макгаверн Лоиҳаи бостоншиносии биомолекуляриро матраҳ сохт ва барои татбиқи он гурӯҳи мутахассисонро ҷалб намуд. Мақсади лоиҳаи мазкур ташхиси нӯшокиҳои давраҳои қадим аз тариқи таҳлили ҳиссачаҳои молекулярии ин нӯшокиҳо буд, ки дар дохили зарфҳои гилин зимни ҳафриётҳои археологӣ ошкор шуда буданд. Муҳақкиқони лоиҳа қадимтарин майро дар Ховари Наздик, дар ҳудуди Эрони имрӯза, дар 6 кӯзаи гилини 9-литра, дар фарши «ошпазхона»-и як бинои қадима, ки умраш беш аз 7400 сол буд ва ба давраи неолит тааллуқ дошт, пайдо карданд[9].Мисоли фавқуззикр як далелест, ки барои тасдиқи собиқаи қадимтарини таърихӣ доштани анъанаи майнӯшӣ дар сарзаминҳои сукунати мардуми ориёитабор оварда шуд. Дар бораи вазъи майхорагӣ дар қаламрави империяи Ҳахоманишиён – нахустаин давлати мутамарказу абарқудрати қадими ҷаҳон, баъдан дар империяи Сосониён, ки минтақаи Осиёи Миёна, аз ҷумла ҳудуди Тоҷикистони имрӯза, қариб пурра дар зери тасарруфи онҳо қарор дошт, дар сарчашмаҳои таърихӣ, азҷумла, дар «Таърих»-и Геродот, дар қисми таърихии «Шоҳнома»-и безаволи ҳаким Фирдавсӣ ва ғ., маълумоти зиёде вуҷуд дорад. Илова бар ин, баъди аз ҷониби лашкари Александри Македонӣ () Искандари Мақдунӣ) забт шудани Эрону Осиёи Миёна, синтези фарҳанги ғарбию шарқӣ ба амал омад, ки он, бешубҳа барои дар Эрону Осиёи Миёна густариш ёфтани унсурҳои фарҳанги бостонии ғарбӣ, азҷумла одати майхорагӣ таъсир расонидааст.
Аз маълумоти сарчашмаҳо чунин хулосаи мантиқӣ ҳосил мешавад, ки май, илова бар он, ки чун як воситаи ғамзудоӣ ва дилхушӣ истеъмол мешуд, инчунин, ҳанӯз дар ҳамон давраи қадим ба ҳадафҳои гуногуни сиёсӣ, масалан, ба мақсади маст кардану дар ғафлат гузоштан ва безарар гардонидани душман истифода бурда мешудааст. Чуноне ки Геродот нақл мекунад, ба Камбуҷиё, писари Куруш, дар забти Миср Фанес ном собиқ ҷанговари зархариди Амасис, шоҳи Миср, кумаки бузург расонида буд. Чӣ тавре муаррих менависад, пас аз он ки муносибати Амасис бо Фанес сард шуд, охирӣ аз тарси ғазаби шоҳ бо киштӣ фирор карда, озими қаламрави Ҳахоманишиён шуд, то ба хизмати Камбис ҳозир шавад. Амасис аз фирори Фанес огоҳ шуд ва чун, медонист, ки Фанес аз тамоми асрори ӯ хабар дорад, барои таъқиб ва дастгир карда оварданаш чанд тан вафодортарин сарбозони худро дастур дод. Онҳо Фанесро дар Ликия дастгир карданд, вале ба Миср оварда натавонистанд. Сабаб он буд, ки Фанеси доно посбонони худро май нӯшонид ва пас аз масти лояъқил шуда аз по афтодани онҳо аз завлона худро озод карда, фирор намуд[10]. Юстиниан, таърихнигори дигари давраи қадим, тафсилоти охирин ҳуҷуми Курушро ба Осиёи Миёна нақл намуда, аз ҷумла менависад: «Куруш лашкари худро аз дарё (Амударё. – С.Ҳ.), гузаронид ва чанд фарсах ба дарунтари мамлакати скифҳо даромада, дар ҷое таваққуф намуд. Рӯзи дигар, мисли ин ки аз тарс фирор мекарда бошад, дафъатан урдӯгоҳро тарк кард ва гӯё аз саросемагӣ ба қадри фаровон май ва тамоми асбоби зиёфтро партофта рафт. Вақте ки инро ба малика Томирис гуфтанд, вай писари ҳанӯз ҷавони худро бо сеяки ҳиссаи лашкари скифҳо барои таъқиби душман фиристод. Ҷавони кори ҳарбро наозмуда, ҳамин ки қадам ба урдӯгоҳи душман ниҳод, худро на дар майдони разм, балки дар саҳни базм дарёфт, душманро фаромӯш кард ва гузошт, ки сарбозони барбарии шаробнадида аз майхӯрӣ масти лояъқил шаванд ва май онҳоро пештар аз силоҳи адӯ ба мағлубият дучор гардонид …)»[11]. Анъанаи майнӯшӣ пас аз зуҳури ислом ва густариши он дар Ховари Наздику Миёна низ, бо вуҷуди мамнӯиятҳои шаръӣ, аз байн нарафт. Дар байни мутафаккирон, орифон, шоирону нависандагон классикии тоҷику форс шояд нафаре ёфт нашавад, ки дар бораи май байте нагуфта бошад. Одамушшуаро дар васфи май ва хусусияти фараҳбахшии он ашъори дилнишине гуфтааст, мисли:
Биёр он май, ки пиндорӣ равон ёқути ноб астӣ,
Ва ё чун баркашида теғ пеши офтоб астӣ.
Дар «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ ба таври пайваста манзараи майнӯшию дилхушии шоҳону паҳлавонони бостонии эронию тӯронӣ тасвир ёфтааст. Ибни Сино рӯирост ба шогирдаш Ҷузҷонӣ дар бораи одати майнӯшии шабонааш нақл кардааст ва шогирдаш низ ин нақли устодашро дар шарҳи ҳолаш айнан овардааст. Дар бораи чигунагии муносибати Умари Хайём, Ҳофиз, ё дигар орифони бузург ба май аз мазмуни ашъори безаволи онҳо метавонем маълумот ва тасаввуроти равшан ҳосил кунем. Ҳатто, дар баъзе вожаномаҳои классикӣ як навъ табақабандӣ ё дараҷабандии мастӣ ё майхорагӣ вуҷуд дорад: масти ширакайф, сармаст, бадмаст, хармаст, масти лояъқил, масти аласт ва ғ. Устод С.Айнӣ низ дар бораи мавҷудияти одати майнӯшӣ дар Бухорои айёми наврасию ҷавониаш (охири асри XIX оғози асри XX) дар «Ёддоштҳо», «Марги судхӯр» ва дигар асарҳояш борҳо шаҳодат додааст. Барои намуна, порчаеро аз ҳикояи «Паҳлавони фавқулодда», ки дар он устод Айнӣ дар бораи шиносоияш бо Пирак ва бародари паҳлавони ў Махдуми Гав ва корҳои фавқулоддаи ин ҷавони қавипайкар нақл кардааст, зикр мекунем: «Хонандагон боз якчанд пайт ѓазалхонӣ карданд ва уфар навохтанд. Пирак ҳам хуб рақсид. Вақт аз нимаи шаб як соат гузашт. Аммо ҳанўз ҳам аз Махдуми Гав дарак набуд. Мулло Ҳомид соаташро дида ба Пирак гуф: “Шикамҳо ҳам танбўр навохтанд. Ошатро тайёр кун, зудтар хурда рафта хобидан даркор аст!”. Пирак палавро тайёр карда кашид. Баъд аз хўрда шудани ош ва ѓундоштани дастархон Махдуми Гав омад. Чашмони ў монанди машъали даргирифтаистода алангапошӣ мекарданд. Ўдар ин вақт ба ҷои табассуми доимиаш хандаи баланд мекард. Ман гумон кардам, ки ў девона шудааст ва дар дили худ ба ҳолаш афсўс мехўрдам. Аммо ў бо хандаи девонаворона ҳушёрона ба гап даромада, аз меҳмонон барои дер омаданаш узр талабид ва гуноҳи дер омаданашро ба гардани соҳибхона ва меҳмонони ў монда гуфт: “Ин махдумон маро чандин бор бо шароб имтиҳон карда дида буданд. Имшаб боз ҳамон имтиҳон сар шуд. Аммо ҳарчанд нўшонданд, ман наѓалтидам ва аз ақл бегона нашудам, баъд аз он ба умеди афтондан ба ман банг кашонданд. Ман аз ин пеш банг накашида будам. Бо вуҷуди ин «мардӣ аз даст наравад» гуфта ду сархона бангро пай дар ҳам тамоман худам кашидам. Дигарон бо вуҷуди ин ки аз ман камтар нўшида буданд ва бангро ҳам як қуллоб-як қуллоб кашиданд, ҳама масту лояъқил (аз ақл бегона) шуда ѓалтиданд. Асадҷон Махдум бошад пеш аз ман банг кашидан ѓалтид. Ман маст нашуда бошам ҳам, сахт дарди сар шудам. Аз хизматгори соҳиби хона ягон даво пурсидам. Вай «давояш қурут» гуфт.Аммо ў қурут ёфта дода натавонист. Ман «укаҷонам қурут ёфта медиҳад» гуфта ба тарафи ҳуҷра давидам»[12]. Нақли овардашуда далели возеҳ ва раднопазири мавҷудияти густурдаи одати майнўшӣ дар Бухорои тоинқилобӣ мебошад.Аммо, агар ин одати кӯҳнаи умумибашарӣ дар гузашта, бо сабаби гуноҳи шаръӣ буданаш, пинҳонӣ содир мешуда бошад, дар замони шӯравӣ ранги ошкоро гирифт ва хусусияти оммавӣ пайдо кард. Барои тасдиқи ин андеша фақат кофист, ки «тӯйҳои комсомолӣ», шабнишиниҳои солинавӣ, ҳар гуна банкетҳои дар он замон маъмулро ба хотир орем, ки ҳеҷ кадомашон бе тостгӯйӣ ва арақнӯшӣ намегузашт.Дар солҳои мавҷудияти ИҶШС дар қаламрави он як қатор маъракаҳои зидди майзадагӣ гузаронда шуда буданд[13], ки дар онҳо тадбирҳои ҳукумат оид ба кам кардани истеъмоли машрубот дар байни аҳолӣ пешбинӣ шудаанд.
Маъракаи солҳои 1918-1925. Аввалин маъракаи зидди майзадагӣ аз тарафи болшевикон ҳамчун «мерос»-и ҳукумати подшоҳӣ қабул карда шуд. Ғайр аз ин, дарҳол баъди ба сари ҳокимият омадан Шӯрои ҳарбии инқилобии Петроград аз 8 ноябри соли 1917 фармон баровард, ки дар он чунин гуфта мешуд: «То эълони минбаъда истеҳсоли спирт ва ҳар гуна «нӯшокиҳои спиртӣ» манъ карда мешавад». Аммо ин маърака чандон тӯл накашид. 26 августи соли 1925 Комитети Иҷроияи Марказии ИҶШС ва Шӯрои Комиссарони Халқии ИҶШС Қарор «Дар бораи аз нав барқарор намудани истеҳсол ва савдои нӯшокиҳои спиртӣ дар ИҶШС»-ро қабул карданд ва бо ҳамин расман роҳро барои густариши майхорагӣ дар қаламрави шӯравӣ ҳамвор карданд.
Маъракаи соли 1929, ки бо ташаббуси Ҳукумати Шӯравӣ ва мақомоти маҳаллӣ соли 1929 ҷиҳати коҳиш додани сатҳи майзадагӣ оғоз намуд, боиси ба таври оммавӣ баста шудани майхонаҳо, мағозаву дуконҳои савдои пиво ва намудҳои дигари машрубот гардид, ҷойи онҳоро ошхонаю чойхонаҳои бемашрубот ишғол карданд. Нашри маҷаллаи «Хушьёрӣ ва фарҳанг» ташкил карда шуд, ки он майзадагиро зери тозиёнаи танқид кашида, тарзи ҳаёти солимро тарғиб мекард.
Маъракаи соли 1958. Дар соли 1958 Қарори ШМ ҲКИШ ва Шӯрои Вазирони ИҶШС «Дар бораи пурзӯр намудани мубориза ба муқобили майзадагӣ ва дар савдои нӯшокиҳои сахти спиртдор ҷорӣ намудани тартибот» қабул карда шуд. Дар ҳамаи муассисаҳои хӯроки умумӣ (ғайр аз тарабхонаҳо), ки дар вокзалҳо, аэропортҳо ва наздикии онҳо, инчунин дар наздикии корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои бачагона, беморхонаҳо, санаторияҳо, дар ҷойҳои ҷашни оммавӣ ва фароғат ҷойгир буданд, фурӯхтани машрубот манъ карда шуд, зидди истеҳсоли арақи худпаз (самогон) муборизаи қатъӣ бурда мешуд[14]. Дар фарҳанги он солҳо мавзӯи мубориза бо майзадагӣ воқеан ба як қолаб оварда шуда буд: персонажҳои мусбат умуман май намехӯранд, персонажҳои манфӣ бошанд, маҳз бо сабаби майзада буданашон ноком мешаванд ва мавриди масхараю хандахариш қарор мегиранд. Нахустин филмҳои сермухлиси Леонид Гайдай «Саг Барбос ва давиши ғайриоддӣ» ва «Самогонпазӣ» дар илҳом аз ҳамин маъраки зиддимайзадагии соли1958 офарида шудаанд[15].
Маъракаи соли 1972. Маъракаи навбатии зидди майзадагӣ соли 1972 cap шуд. 16 майи соли 1972 Фармони Шӯрои Вазирони ИҶШС № 361 «Дар бораи чораҳои пурзӯр намудани мубориза бар зидди мастӣ ва майзадагӣ» нашр шуд[16]. Тибқи қарори мазкур, мебоист истеҳсоли нӯшокиҳои спиртии сахт кам карда, ба ивази он истеҳсоли шароби ангур ангур, пиво (оби ҷав) васеъ ва нархи машрубот баланд карда мешуд. Дар асоси санади мазкур истеҳсоли арақи дорои дараҷаи 50 ва 56 қатъ карда шуд, вақти савдои нӯшокиҳои спиртии дорои дараҷаи 30 ва болотар аз 11 то 19 муқаррар карда шуд. Инчунин, дар асоси қарори мазкур Фармони Вазорати тандурустии ИҶШС аз 24.08.1972, № 694 «Дар бораи чорабиниҳо ҷиҳати минбаъд пурқувват кардани мубориза бар зидди мастӣ ва майзадагӣ» ба нашр расид[17], ки тибқи диспансерҳои тиббию меҳнатӣ (ДТМ) ташкил карда шуда, ашхоси майзада иҷборан табобат карда мешуданд. Шиори ин маърака: «Мубориза бо мастӣ» буд. Кам шудани истеъмоли пиво боиси кам шудани истеҳсоли он ва баста шудани як қатор корхонаҳои калони пивопазии Москва, Ленинград ва дигар шаҳрҳои ИҶШС гардид.Ин маъракаи зидди майзадагӣ низ дар фарҳанг ва маданияти шӯравӣ таҷассум ёфт. Зиёда аз он, бар хилофи маъракаҳои пештара, ки қаҳрамонони манфӣ ҳамчун майзадаҳои ислоҳнопазир нишон дода мешуданд, лейтмотиви маъракаи нав ислоҳшавии қаҳрамонони майзада буд. Мисоли равшани ин филми «Афоня» мебошад, ки соли 1975 ба навор гирифта шуда буд. Дар он каҳрамони асосӣ челонгари майзада Афанасий Боршов дар рафти филм дар зери таъсири маънавии андовачӣ Коля зарарнокии майнӯширо дарк мекунад ва кӯшиш мекунад, ки ин одатро тарк карда, тарзи ҳаёти солими бидуни май ва мастигариро оғоз кунад. Мубориза ба муқобили бадмастӣ яке аз мавзӯҳои асосии филми тасвирии машҳури «Ҳоло ист!» мебошад, ки қисмҳои асосии он дар рафти маърака ба навор гирифта шуда буданд.
Маъракаи солҳои 1985-1990. 16 майи соли 1985 Қарори Раёсати Шӯрои Олии ИҶШС «Дар бораи пурзур намудани мубориза ба муқобили бадмастӣ ва майзадагӣ, решакан кардани майпарастй» баровард. Дар ҳуҷҷат ҷазои маъмурӣ ва ҷиноӣ дар сурати риоя накардани қоидаҳои нав пешбинӣ шуда буд. Қарори мазкури мақомоти олии давлати шӯравиро да санади дигар – Қарори Раёсати Марказии ҲКИШ «Дар бораи чорахои бартараф намудани бадмастӣ ва майзадагӣ» ва Қарори Шӯрои Вазирони ИҶШС, № 410 аз 07.05.1985 «Дар бораи чораҳои бартараф кардани бадмастию майзадагӣ ва решакан кардани истеҳсоли самогон» пурра карданд. Вазирони СССР оид ба тартиботи хукукй пурра карда шуд. Санадҳои зикршудаи меъёрӣ-ҳуқуқӣ ҳамаи мақомоти ҳизбӣ, идоракунӣ ва ҳифзи ҳуқуқро вазифадор карданд, ки мубориза бар зидди бадмастӣ ва майзадагиро дар ҳама ҷо пурзӯр кунанд. Дар ин санадҳо хеле кам кардани истехсоли нӯшокиҳои спиртӣ, фурӯшгоҳҳо ва вақти фурӯши машрубот пешбинӣ шуда буд. Дар раванди татбиқи ин қарорҳо дар саросари кишвар маъракаи зидди майзадагӣ оғоз шуд, ки дар доираи он дӯконҳои фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ баста шуданд, нӯшидани машрубот дар зиёфатҳо ва дигар ҷашнҳо манъ карда шуд. Барои вайрон кардани қоидаҳои нав бо ҷарима ва чораҳои интизомӣ ҷазо дода мешуд. Мубориза ба муқобили бадмастӣ боиси кам шудани фавт ва зиёд шудани таваллуд гардид, вале умуман мавриди танқид карор гирифт ва аз тарафи ҷамъият бебарор эътироф гардид[18]. Ҳамаи ин маъракаҳои пайдарпайи мубориза бар зидди бадмастӣ ва майзадагӣ, ҳар чанде, ки каму беш натиҷаҳои мусбӣ додаанд, вале дар маҷмӯъ натавонистаанд зуҳуроти майхорагӣ ва майзадагиро дар Иттиҳоди Шӯравӣ маҳдуд кунанд. Баръакс, чи тавре маълумоти омории давраи шӯравӣ нишон медиҳад, ин истеъмоли машрубот дар ИҶШС сол то сол вусъати бештар пайдо карда, дар охири солхои 70-ум ба дарачаи рекордӣ расидааст. Ҳаҷми машруботи истеъмолшуда, ки дар империяи Русия ва чи дар замони роҳбарии И.В.Сталин дар як сол аз 5 литр зиёд набуд, то соли 1984 ба 10,5 литр расид ва бо назардошти самогони истеъмолшуда аз 14 литр зиёд буд. Яъне, дар соли 1984 ҳар як шаҳрванди калонсоли шӯравӣ дар як сол тақрибан 90-110 шиша арақ истеъмол кардааст.
Аҷиб он аст, ки дар густариши зуҳуроти бадмастию майзадагӣ дар қаламрави ИҶШС, Тоҷикистон нақши муҳим бозидааст, ба он маъно, ки дар солҳои 1970-ум дар Тоҷикистон бо дарназардошти иқлими мусоид, соҳаи ангурпарварӣ ва истеҳсоли шаробу нӯшокиҳои спиртӣ ба таври муваффақона ташкил карда шуда буд. Гап дар сари он аст, ки мувофиқи тадқиқоти Ташкилоти Байналхалкии токпарварӣ ва шаробпазӣ мамлакатҳое, ки дар минтақаи арзи шимолии 40—50° воқеъ гардидаанд, барои парвариши ангур бештар мусоид мебошанд. Зиёда аз 16 совхоз бо парвариш ва коркарди саноатии ангур машғул буд. Хоҷагиҳои мазкур соле аз ҳар як гектар то 20 тонна ангур мегирифтанд. Ба туфайли обу ҳавои мусоид ва рӯзҳои зиёди офтобӣ қанд дар таркиби ангури тоҷик 26—28 фоизро ташкил медод. Мавҷуд будани маҳсулоти хушсифат ба пешравии саноати истеҳсоли шароб ва арақ мусоидат кард. Майи хушсифати тоҷикӣ дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ харидорони худро пайдо кард. Тибқи омори замони шӯравӣ, дар Тоҷикистон то соли 1985 дар як сол то 6 миллион декалитр (60 ҳазор тонна) май тавлид мешуд, ки аз се ду ҳиссаи он ба хориҷа содир мешуд. Виноҳои сафеди «Душанбе» ва «Помир», портвейнҳои «Тоҷикистон» ва «Қӯрғонтеппа», «Тойфӣ», майҳои ширини сурхи «Вахш», «Ҳисор», «Ҷавз», «Арал», «Тагобӣ», «Ширинӣ» ва «Орзу» дар тамоми қаламрави ИҶШС серхаридор буданд. Ҳар сол Корхонаи истеҳсоли шароби Шаҳртуз бештар аз 3 миллион шиша шампони шӯравӣ истеҳсол мекард[19]. Фаразан, агар сеяки ин миқдор машруботи истеҳсоли ватанӣ дар дохили кишвар истеъмол шуда бошад, пас маълум мешавад, ки сатҳи майнӯшӣ ва майзадагӣ дар Тоҷикистон мисли дигар ҷумҳуриҳои шӯравӣ хеле баланд ва нигароникунанда буд. Дар замони Истиқлолият, чуноне ки мушоҳида кардан мумкин аст, сатҳи майхорагӣ ва майпарастӣ, аниқтараш шумораи бадмастону хармастон ва мастҳои лояъқил дар ҷумҳурӣ назар ба давраи шӯравӣ хеле коҳиш ёфтааст. Вале шаклҳои «мӯътадил»-и майнӯшӣ дар байни қисми назарраси ҷомеа, аз ҷумла аҳли зиё, мавҷудияти худро идома дода истодааст.
Рӯйхати маъхазҳо ва адабиёти истифодашуда
- Айнӣ С. Ёддоштҳо (чаҳор қисм). Иборат аз як китоб. Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2009.
- Ал–Мақризӣ, Тақӣ ад-Дин. Китаб ал-мава’изва-л-и’тибар фи зикр ал-хитат. –Ҷ. 3. Бейрут: Дорул-кутуб ал-илмийа, –С. 205-209 (-439 с.).
- Археология виноделия: что пили апостолы, фараоны и древние китайцы: https://russian.rt.com/science/article/380719-vino-sostav-drevnost.
- Бирин Михаил. Наркотики в СССР– беда под грифом «секретно»: https://www.business-gazeta.ru/article/375048.
- Бобур Заҳириддин Муҳаммад. Бобурнома. Тошканд: Юлдузча, 1989. -368 с.; Бабур З.М. Бабур-наме: Записки Бабура / [пер. М. Салье]; [отв. ред. и авт. предисл. канд. ист. наук С.А. Азимджанова]. Ташкент: Изд-во Акад. наук УзССР, 1958. -529 с. 6. Вавилов Н.И. Происхождение и география культурных растений. М., 1987. -440 с.
- Ғафуров Б. Тоҷикон: таърихи қадимтарин, қадим, асрҳои миёна ва давраи нав. Душанбе: Нашриёти муосир, 2020. 8. Геродот. История в девяти книгах. Книга III. Перевод и примечания Г. А. Стратановского, под общей редакцией С. Л. Утченко. Редактор перевода Н. А. Мещерский. -Л.: Исдательство «Наука», 1872. 9. 9. Заиграев Г.Г.. Государственная политика как фактор алкоголизации населения. Нусхаи бойгонӣ аз 29 феврали 2008 дар Wayback Machine
- Mountstuart Elphinstone. An account of the kingdom of Caubul: https://digitalcommons.unl.edu/cgi/viewcontent.cgi?article=1157&context=afghanenglish.
- Николаев А. В. Антиалкогольныекампании XX века в России // Вопросы истории. — 2008. — № 11. — С. 67—78.
- Постановление Совмина СССР от 16.05.1972 N 361 “О мерах по усилению борьбы против пьянства и алкоголизма” (нусхаи электронӣ): http://www.consultant.ru/cons/cgi/online.
- Приказ Минздрава СССР ОТ 24.08.1972 № 694 о мерах по дальнейшему усилению борьбы против пьянства и алкоголизма (нусхаи электронӣ)
14.Самогонщики (Мавод аз Википедиа, энсиклопедияи озод): https:/ ru.wikipedia.org/wiki/Самогонщики.
- https://star-wiki.ru/wiki/Bhang
- https://mfa.tj/ru/berlin/view/7011/razvitie-selskogo-khozyaistva-v-tadzhikistane
[1] Дар забони тоҷикӣ вожаи «канаб» ресмонеро ифода мекунад, ки аз зағир ва намудҳои дигари растаниҳо тайёр карда мешавад. Вожаи мазкур дар як қатор фарҳангҳои асримиёнагии тафсирии забони тоҷикӣ-форсӣ низ зикр шудааст.
[2] Ниг.: Вавилов Н.И. Происхождение и география культурных растений. М., 1987. -440 с.
[3] https://star-wiki.ru/wiki/Bhang
[4] Муфассалтар, ниг.: Ал–Маќризї, Таќї ад-Дин. Китаб ал-мава’из ва-л-и’тибар фи зикр ал-хитат. –Љ. 3. Бейрут: Дорул-кутуб ал-илмийа, –С. 205-209 (-439 с.).
[5] Ниг.: Бобур Заҳириддин Муҳаммад. Бобурнома. Тошканд: Юлдузча, 1989. -368 с.; Бабур З.М. Бабур-наме: Записки Бабура / [пер. М. Салье]; [отв. ред. и авт. предисл. канд. ист. наук С.А. Азимджанова]. Ташкент: Изд-во Акад. наук УзССР, 1958. -529 с.
[6] Ниг.: Mountstuart Elphinstone. An account of the kingdom of Caubul: https://digitalcommons.unl.edu/cgi/viewcontent.cgi?article=1157&context=afghanenglish.
[7] Ниг.: Айнӣ С. Ёддоштҳо. Қ.1.
[8] Бирин Михаил. Наркотики в СССР– беда под грифом «секретно»: https://www.business-gazeta.ru/article/375048.
[9]Археология виноделия: что пили апостолы, фараоны и древние китайцы: https://russian.rt.com/science/article/380719-vino-sostav-drevnost.
[10]Мас., ниг.: Геродот. История в девяти книгах. Книга III. Перевод и примечания Г. А. Стратановского, под общей редакцией С. Л. Утченко. Редактор перевода Н. А. Мещерский. -Л.: Исдательство «Наука», 1872. –С. 4.
[11]Ғафуров Б. Тоҷикон: таърихи қадимтарин, қадим, асрҳои миёна ва давраи нав. Душанбе: Нашриёти муосир, 2020. –С. 94.
[12] Айнї С. Ёддоштњо (чањор ќисм). Иборат аз як китоб. Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тољик, 2009. – С. 155.
[13] Ниг.: Николаев А. В. Антиалкогольные кампании XX века в России // «Вопросы истории»: журнал. — 2008. — № 11: Ноябрь. — С. 67—78.
[14] Заиграев Г.Г.. Государственная политика как фактор алкоголизации населения. Нусхаи бойгонӣ аз 29 феврали 2008 дар Wayback Machine
[15] Ниг.: Самогонщики (Мавод аз Википедиа, энсиклопедияи озод): https:/ ru.wikipedia.org/wiki/Самогонщики.
[16] Ниг.: Постановление Совмина СССР от 16.05.1972 N 361 “О мерах по усилению борьбы против пьянства и алкоголизма” (нусхаи электронӣ): http://www.consultant.ru/cons/cgi/online.
[17] Приказ Минздрава СССР ОТ 24.08.1972 № 694 о мерах по дальнейшему усилению борьбы против пьянства и алкоголизма (нусхаи электронӣ)
[18] Николаев А. В. Антиалкогольные кампании XX века в России // Вопросы истории. — 2008. — № 11. — С. 67—78.
[19] https://mfa.tj/ru/berlin/view/7011/razvitie-selskogo-khozyaistva-v-tadzhikistane
Шоев З.Ҷ., н. и. фал., сардори шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ