ФАРҲАНГ МУАРРИФГАРИ МИЛЛАТ АСТ

 

«Фарҳанг ҳофизаи таърихии миллатро устувор мегардонад».

Эмомалӣ Раҳмон

Яке аз падидаҳои муҳимми фарҳанги миллии тоҷикон ҳунарҳои мардумӣ ва навъҳои гуногуни он ба шумор меравад. Гарчанде мардуми тоҷик аз давраҳои қадим то ин ҷониб арҷгузорӣ ва эҳтироми хешро ба ҳунару ҳунармандӣ ва анъанаҳои миллӣ пос доранд ҳам, омилҳои ҷаҳонишавӣ хатари аз байн бурдани ҳунарҳои мардумии моро ба миён овардааст. Таърих собит намудааст, ки мардуми тоҷик аз қадим ҳунарманд буданд ва ҳастанд.

Мардуми тоҷик аз давраҳои пеш бо одату анъанаҳои хеш дар санъати тасвирӣ, ҳунарҳои халқӣ-меъморӣ, заргарӣ, кулолгарӣ, чӯбтарошӣ ва ғайраҳо машҳур гардида буданд. Дар асарҳои меъморӣ, ҳунарҳои халқӣ – ҳунармандон бо истифода аз рангу тобишҳои гуногун, арзишҳои миллӣ, табиати зебои кишвар, боигариҳои моддию маънавӣ ва дигар ҷанбаҳои ҳаёти худро тасвир намуда, дар рушди фарҳангу маданият, касбу ҳунари мардумӣ нақши муҳим бозидаанд. Мо онро дар асарҳои рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, чӯбкорӣ, кулолгарӣ, дӯзандагии чирадастони тоҷик мебинем, ки Тоҷикистонро ба ҳунару касби худ дар дунё муаррифӣ менамоянд, ба рушди тахайюлоти эҷодии кӯдакону наврасон таъсир расонида, онҳоро ба эҷодкорию созандагӣ даъват менамоянд.

Баргузории идҳо, ки аз қадим ба мо мерос мондаанд, шакли махсуси ифода намудани қаноатмандии якҷояи мардум дар қонеъ гардидани талаботи моддию маънавии хеш аст. Пайдоиш, мазмун ва арзишмандии идҳоро истифодабарии арзишҳои моддию маънавӣ, натиҷагирӣ аз фаъолияти меҳнатӣ ва маҷмӯи муносибатҳои иҷтимоию фарҳангии ҳар як давру замон муайян мекунад.

Сарвари давлатамон шахсияти фарҳангдӯстест, ки дар самти эҳё ва дастгирии анъанаҳои миллии ниёгон аҳаммияти хоса зоҳир менамояд. Зинданамоии намунаҳои беҳтарини суннатҳо ва анъанаҳои аҷдодӣ дар замони Истиқлол суръати хосро пайдо кардааст. Ҳамин аст, ки зина ба зина номгӯи анъанаҳо ва суннатҳои мардумӣ эҳё ва дар байни мардум густариш меёбанд. Махсусан солҳои охир намунаҳои беҳтарини фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии миллӣ дар кулли минтақаҳои кишвар инкишоф меёбанд, ки аз воситаҳои беҳтарин дар мусоидат кардани пешрафти маънавии ҷомеа ба шумор мераванд. Ҷои инкор нест, ки дар давоми даҳсоли охир ҳунари чакандӯзӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, кандакорӣ, кашидадӯзӣ, қолинбофӣ, атласбофӣ, алочабофӣ, намадмолӣ, бурёбофӣ, заргарӣ, кулолгарӣ, косаву қошуқтарошӣ, гаҳворасозӣ, созтарошӣ, достонсароӣ, қиссахонӣ, фалаксароӣ ва дигар намуди суннат ва анъанаҳои миллӣ дар қолаби қадимӣ ва шаклу услуби нави миллӣ зинда гаштаанду дар паи рушд қарор доранд. Пешвои миллат дар сафарҳои худ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз саҳнаҳои намоиши ин ҳунару анъанаҳо махсусан дидан менамояд. Бо аҳли ҳунар суҳбату пурсишҳо анҷом медиҳад. Аз асрори касбу ҳунарҳои мардумӣ воқиф мешавад ва дастуру маслиҳатҳои худро барои пешрафту нумӯи ин ҳунарҳо дареғ намедорад. Ҳамин аст, ки бо дастгирии моливу маънавии Сарвари давлат маҳсули дасти ҳунармандони тоҷик дар намоишгоҳҳои дохилу хориҷи кишвар ба тамошо гузошта мешаванд, ки як навъ муаррифгари фарҳанги тоҷикон дар миқёси ҷаҳон мебошад.

Аз ташаббусу бунёдкориҳои Пешвои миллат аст, ки имрӯз як қатор анъанаву суннатҳои мардумӣ ва фарҳангӣ шомили Бунёди маориф ва илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) ҳамчун мероси фарҳангӣ қабул гардиданд ва симои миллатамон дар арсаи ҷаҳонӣ баромад мекунанд.

Ҳифз кардани арзишҳои фарҳангӣ, моддию маънавӣ ва бегазанд ба наслҳои оянда мерос гузоштани дастовардҳои он, вазифаи муқаддаси ҳар як фарди худшиносу худогоҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Садуллоев Аҳмадҷон

мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх