Дониш ва илму маърифат – сарчашмаи ҳама пешравиҳо

Дар Тоҷикистони азизамон 1 сентябр ҳамчун яке аз рӯзҳои муборак ва пуршараф ба шумор рафта, дар сатҳи баланд таҷлил мегардад. Дар замони муосир пешрафти ҳар як давлат ба сатҳи илму маърифат ва донишу касбомӯзии шаҳрвандонаш вобастагии қавӣ дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илму маърифатро яке аз асосҳои муҳими давлатдорӣ ва ояндаи миллат меҳисобад. Ин рӯз ҳамчун Рӯзи дониш ҷашн гирифта шуда, он на танҳо оғози соли нави таҳсил, балки рамзи шукуфоӣ, пешрафт ва меҳру муҳаббат ба илму дониш аст. Рӯзи дониш ҳамеша бо садо додани занги аввал, бо гулчанбарҳо ва чеҳраҳои пур аз табассуму як ҷаҳон умед оғоз меёбад.
Илму дониш аз замонҳои қадим ҳамчун ганҷинаи беинтиҳо барои инсоният шинохта шудааст. Аз нигоҳи бузургон, дониш чароғи ҳаёт ва калиди бахту саодат аст. Бе илм ва дониш дар ҷомеа на пешрафти иқтисодӣ ва на тараққиёти иҷтимоӣ имкон надорад. Маҳз дониш инсонро аз ҷаҳолату нодонӣ раҳо месозад, ба ӯ роҳи ҳақиқатро нишон медиҳад ва нерӯи эҷодкорӣ мебахшад. Дар кишвари мо ин рӯз хусусияти ҷашни воқеан миллӣ дорад. Дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ аз мактабҳои ибтидоӣ то донишгоҳу донишкада ва муассисаҳои дигари таълимии кишвар чорабиниҳои тантанавӣ баргузор мегардад. Чанд сол боз дарси аввалро Пешвои миллат дар яке аз муаасисаҳои таълимӣ мегузаронад ва он ба шакли мустақим аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ ва интернетӣ дар саросари кишвар пахш мегардад. Ин рӯз на танҳо барои хонандагон ва донишҷӯён, балки барои падару модарон, омӯзгорон ва тамоми ҷомеа рўзи азиз аст. Зеро маҳз илму дониш ба ояндаи дурахшони миллат замина мегузорад, насли ҷавонро ба роҳи дуруст ҳидоят менамояд ва пояҳои давлатдориро устувор мегардонад.
Рӯзи дониш ҳамчунин рамзи эҳтиром ба заҳматҳои омӯзгорон низ аст. Омӯзгор мисли чароғе дар нима шаб роҳнамои шогирдон буда, онҳоро ба қуллаҳои илму маърифат мебарад. Ҳар як муваффақият ва пешрафти ҷомеа ба заҳмати устодон сахт вобаста аст. Бинобар ин, эҳтиром ва қадршиносӣ ба устодон қисми таркибӣ ва ҷудонашавандаи ҷашни Рӯзи дониш мебошад.
Дар ҷаҳони муосир, ки илму техника рӯз ба рӯз рушд мекунад, танҳо миллате пешрафт мекунад, ки ҷавононаш соҳиби дониш, касбу ҳунар ва маърифат бошанд. Бо ин сабаб, ҷашни Рӯзи дониш ҳамеша бо орзӯҳои нек барои оянда ва ташвиқи ҷавонон ба омӯзишу таҳсил ҳамроҳ аст. Ҷашни Рӯзи дониш – рамзи зиндагии босаодат, ояндаи дурахшони ҷавонон ва ватани обод мебошад.
Ҷашни Рӯзи дониш моро водор месозад, ки ба илму дониш арҷ гузорем ва онро ҳамчун муқаддасот ҳифз намоем. Ҳар як узви ҷомеа бояд дарк кунад, ки роҳи пешрафти шахсӣ ва тараққиёти Ватан маҳз аз дари оила, боғча, мактаб, донишгоҳу донишкада оғоз меёбад. Бигзор ин рӯз барои ҳар хонандаву донишҷӯ, омӯзгор ва волидон рӯзи фараҳмандӣ бошад ва ҳамеша ҷомеаи моро ба сӯи саодату шукуфоӣ роҳнамоӣ кунад.
Мирзозода А.
Мушовири директори Марказ

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх