Андеша бар умқи маънои ояти 9 аз сураи «Зумар» дар шакли «Оё баробаранд онҳое, ки медонанду онҳое, ки намедонанд?» хаёли аҳли андешаро ба ҳар тараф парвоз медиҳад. Чун анъана дар чунин ҳолат бешак роҳи беҳтарин барои дарёфти маънои ҳақиқӣ рӯ овардан ба андешаи муфассирон аст. Зимни руҷуъ ба тафсири оят муфассирон андешаҳои гуногунро баён мекунанд. Яке аз аввалин муфассирон Ибни Аббос бар он ақидааст, ки зери ибораи «Онҳое, ки медонанд» Абубакр ва асҳоби ӯ ва «онҳое, ки намедонанд» Абуҷаҳл ва асҳоби ӯ дар назар дошта шудаасту объекти маърифат тавҳиди Худо ва амру наҳйи ӯ мебошад.
Албатта, дар чунин тафсири оят набояд тааҷҷуб намуд, зеро андеша ба нимаи аввали асри VII тааллуқ дорад. Дар замони зикршуда дар минтақаи ташаккули дин, яъне Арабистони Марказӣ на танҳо улуми дақиқ, балки илм дар маҷмуъ ба тавре, ки бояд, ҳоло аз худ дарак надода буд. Бинобар ин, Ибни Аббос ҳамчун шахсияти аз муҳити иҷтимоию маънавии маҳдуди замони худ берун назар накарда, зери ибораҳои ёдшуда ду гӯрӯҳи мушаххаси шахсиятҳоро номбар намудааст.
Дар тафсири Ибни Касир (тав. 1300) (Муфассири асрҳои миёна –А.К.) бошад, зери ибораи «Онҳое, ки медонанд» шахсоне фаҳмида мешаванд, ки бо тоату ибодат шабзиндадорӣ менамояд ва зери ибораи «Онҳое, ки намедонанд» шахсоне фаҳмида мешаванд, ки ба Худо шарик муқаррар мекунад.
Агарчанде Ибни Касир дар қарни XIV зиндагӣ намудааст, чун ӯ дар зери таъсири донишмандони мутаассиби дин қарор дошт, ояти мавриди назарро яктарафа, маҳдуд ва ғайриилмӣ шарҳ додааст. Зимни муқоисаи шарҳи ӯ бо шарҳи муфассирони зерин заъфи шарҳи ӯ равшан маълум мегардад.
Абулқосим Маҳмуди Замахшарӣ (тав.1075) чун яке аз асосгузорони забоншиносии арабӣ, ки бо дониши баланди сарфу наҳви забони арабӣ мумтоз будааст, аз лиҳози забонӣ маънои ояти зикршударо дақиқтару равшантар баён намудааст. Чунин усул ва шарҳ айнан бо маънии баёнгардида дар тафсирҳои Байзовию (тав.1286) Ҷалолайн (садаи XV) низ мушоҳида мешавад.
Муфассирони номбурда, махсусан Замахшарӣ ҳамчун файласуф ва забондон дарк намудааст, ки маънои оят бо ду фикри аз лиҳози маъно мустақил, вале яке дигареро пурракунанда баён ёфтааст. Агарчанде дар байни ҳар ду қисмати оят робитаи мантиқӣ вуҷуд дорад, лекин ҳар яке аз онҳо фикри том ва мустақилро ифода мекунанд. Замахшарӣ дар тафсири ояти мазкур чунин маъноро пешкаш намудааст, ки худотарсу кофир, итоаткору гунаҳгор баробар нестанд, чуноне ки доною нодон баробар нестанд.
Агар дар тафсирҳои Ибни Аббосу Ибни Касир ибораҳои «Онҳое, ки медонанду онҳое, ки намедонанд», аз маънои аслияшон, ки «огоҳ будан ё огоҳ набудан аз чизе»-ро ифода менамояд, дур рафта бошанд, пас, дар тафсири Замахшарӣ ва тафсири онҳое, ки дар чунин шарҳ ӯро пайравӣ кардаанд, чун Байзовию Ҷалолайн дақиқбинию нуктасанҷии хосеро мушоҳида менамоем.
Вақте ба мазмуни оят дар умум аз нигоҳи имрӯза назар меандозем, ба чунин хулосае меоем, ки қисмати дуюми оят: «Бигӯ: оё онон, ки медонанд, ва онон, ки намедонанд, баробар мешаванд?» аз қисмати аввали оят: «Оё касе, ки дар соатҳое аз шаб саҷдакунон истода ибодаткунанда аст, аз охират метарсад ва ба раҳмати парвардигораш умед дорад? (Яъне ин шахс беҳтар аст, ё он носипоси мушрик?) аслан мустақил аст. Қисмати дуюм танҳо барои тавзеҳу тақвияти қисмати якум оварда шудааст. Аз лиҳози маъно ду қисмати оят, ибодаткунандаю худотарс будану доногӣ ду ҳолати мухталифи инсон маҳсуб меёбанд. Аҳён дучор меояд, ки ҳар худотарс ҳатман доно бошаду ҳар доно ҳатман худотарс. Аз ин рӯ, комилан аён аст, ки оварда шудани доногию нодонӣ дар баробари худотарсию саркашӣ ба хотири мисол, яъне зудтару осонтар дарк намудани ҳадаф аст.
Аз ин нуқтаи назар, қисмати дуюми оят: «онҳое, ки медонанд ва онҳое, ки намедонанд» маънои комилан алоҳида дорад ва Қуръон нобаробарии доною нодонро дар баробари худотарсу саркаш тавассути ояти мазкур таъкид намудааст.
Чизи дигаре, ки дар оят таваҷҷуҳи махсусро ба худ ҷалб менамояд, хеле умумӣ будани ифодаи «Онҳое, ки медонанд ва онҳое, ки намедонанд» мебошад. Зимни тааққул ба ифодаи баёнгардида ва ҳамчунин тааммул ба ба шарҳи муфассирон дар шакли «доною нодон» аҳли андеша ба зудӣ дарк менамояд, ки ифодаҳои баёнгардида танҳо дониши диниро дар назар надорад. Маҳдуд набудан танҳо бо дониши динӣ на танҳо дар мазмуни оят, балки дар тафсирҳои муфассирон низ, чуноне ки зикр гардид, мушоҳида мегардад.
Бинобар ин, зери ибораи «доною нодон» хонанда метавонад ҳам донишҳои шаръӣ, ҳам улуми дақиқ, ҳам улуми ҷамъиятӣ ва ҳам дилхоҳ ягон навъи мушаххаси илмро дар назар дошта бошад. Комилан равшан аст, ки оят ба аҳли ҷомеа нигаронида шудааст. Вақте ҷомеа дар сатҳи рушди асримиёнагӣ қарор дошт, бешак улуми шаръӣ фаҳмида мешуд, зеро улуми шаръӣ дар он замон меъёри фарқкунандаи доною нодон маҳсуб меёфт. Аммо чун имрӯз замони тантанаи улуми дақиқ асту маҳз донистани улуми дақиқ ба сабаби аҳамияти амалияш аҳамияти тақдирсоз пайдо намудааст, бинобар ин, ибораи «доною нодон» бояд фаҳмиши асримиёнагии донистани улуми шаръиро ба гӯшаи торики осорхона бурда, донистани улуми дақиқро меъёри асосӣ ва фарқкунандаи доногию нодонӣ дар назар дошта бошад. Зеро воқеияти имрӯза чунин маъноро тақозо менамояд. Дар акси ҳол мазмуни оят робитаи худро бо воқеият гум намуда, ба зумраи оятҳои мансух наздик мешавад.
Маҳз бо назардошти мантиқи баёнгардида ва аз ин ҷо маънои фарогирии мафҳумҳои «доною нодон» мутмаинона бо назардошти таҷрибаи ҳаётии имрӯза метавон иброз намуд, ки доною нодон воқеан ҳам баробар нестанд. Далели баробар набудани доною нодон (ба таъбири қуръонӣ оне, ки медонаду оне, ки намедонад) воқеияти имрӯзаи сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангии ҷомеаи башарист. Ҳангоме дар миқёси васеъ ба вазъи сиёсию иқтисодии кишварҳои ҷаҳон назар меандозем, дармеёбем, ки сабаби тафовут маҳз бархӯрдорӣ аз илм, яъне бештар донистани асрори ҳастӣ маҳсуб меёбад. Яъне, он кишварҳое, ки бештар медонанд, баробар нестанд бо он кишварҳое, ки камтар медонанд. Ҳамчунин агар дар миқёси хурдтар ба ҳолати иҷтимоии атрофиён назар андозем, зуҳури қонунияти мазкурро дар ин ҷода низ мушоҳида мекунем. Яъне, бо чашми биологӣ мебинем, ки мояи асосии тафовути ҳолати иҷтимоии афроди ҷомеа маҳз сатҳи маълумотнокии онҳо мебошад. Илму дониш, яъне огоҳу доно будан аз асрори ҳастӣ барои дар ҷомеа мавқеи муайян ва мувофиқро касб намудан мусоидат намудааст.
Матлабро соддатар баён намуда, ба он бо мисоли зерин равшанӣ меандозем, ки агар зарурати кандани хандақи одие пеш омада бошад, – чун кандани он ба ҳама дастрас асту он донишу илми зиёдро талаб намекунад, – арзиши он хеле паст мебошад. Дар баробари ин, агар зарурати иҷрои коре пеш омада бошад, ки он маҳз илму дониши муайянро талаб мекунад, маҳз сатҳи огоҳӣ аз он илму дониш арзиши корро муайян менамояд. Бинобар ин, сатҳи ҳар чӣ бештар маълумотнокӣ дар дилхоҳ соҳаи ҳаёт мутаносибан арзиши корро баланд бардошта, дар сатҳи иҷтимоии фард инъикоси худро меёбад. Воқеияти баёнгардидаро имрӯз дар дилҳоҳ соҳаи ҳаёт, ки аз пешрафти илму техника сахт вобаста аст, мушоҳида кардан мумкин аст.
Хулоса, маънои қуръонии «доною нодон баробар нестанд», аввалан, бо пешрафти илму техникаи муосир, рушди фарқкунандаи кишварҳои ҷаҳонӣ ва сатҳи накӯаҳволии афроди он пурра собит мегардад, сониян, ифодаи он дар воқеият ба мо талқин менамояд, ки объекти маърифат маҳз улуми дақиқ аст, зеро маҳз ба шарофати ҷойгоҳи улуми дақиқ дар ҳаёти ҷомеа ё фаъолияти зеҳнии фард чунин тафриқа ҳам дар ҷомеа ва ҳам байни афрод сурат гирифтааст. Ҳолати мазкур ҳар мусалмони соҳибақлро водор менамояд, ки дар самти маърифатхоҳии худ улуми дақиқро дар ҷойи аввал бигзорад, ки маҳз улуми мазкур меъёри муайянкунандаи арзиши иҷтимоии ӯ маҳсуб меёбад. Барои интихоби чунин роҳ ҳадиси мазкури пайғамбар низ ҳидоят мекунад: «Илм зиёда аз он аст, ки баршуморӣ. Аз ҳар чиз беҳтарашро бигир».
Муовини директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалилзода К.А.