Бахшида ба Рӯзи омӯзгор: “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди соҳаи маориф”

Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ аҳли илму маорифи мамлакат бо вуҷуди меҳнату заҳмати вазнин ва масъулияти азиме, ки ба дӯш доштанд, аз душвории рӯзгор, нобасомониҳои маишӣ ва камбудиҳои иҷтимоӣ азият мекашиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28 августи соли 1995 дар маҷлиси фаъолони маорифи ҷумҳурӣ таъкид доштанд, ки «То замоне, ки мо барои аҳли илму маориф, зиёиён, онҳое, ки офаранда, парваришдиҳанда ва муҳофизи маънавиёт, ахлоқ ва маърифати ҷомеа ҳастанд, зиндагии сазовору шоистаеро муҳайё накунем, мақому мартабаи онҳоро ба дараҷае, ки мебояд, баланд набардорем, ба пешрафт умед бастанамон душвор аст» [1].

Аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ масъалаҳои мактабу маориф ва омӯзгору хонанда таҳти таваҷҷуҳу ғамхории Сарвари давлат қарор дошта, Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф диққати аввалиндараҷа медиҳад.

Давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар сиёсати иҷтимоии худ рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок медонад ва барои рушди ин соҳаи муҳимми низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро меандешад.

То имрӯз бо мақсади ба танзим даровардани фаъолияти соҳа садҳо санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, амалӣ шуда истодаанд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ маблағгузории соҳаи маориф сол ба сол зиёд карда шуда, вазъи соҳа ва кормандони муассисаҳои таълимӣ мунтазам беҳтар гардида истодааст.

Ҳаҷми маблағгузорӣ аз буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф сол ба сол афзуда, аз 260 миллион сомонии соли 2005 то 10,9 миллиард сомонӣ дар соли 2025 расонида шуд. Яъне дар 20 соли охир маблағгузории соҳа 42 баробар зиёд гардидааст.

Илова бар ин, дар даврони соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи маориф 29 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 3,8 миллиард сомонӣ татбиқ шудааст [2].

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми соли гузашта (28-уми декабри соли 2024) маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маорифро 30 фоиз ва музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчу­нин, стипендияҳоро аз 1-уми сентябри соли 2025 то 20 фоиз зиёд карданд [3].

Ҳамин тариқ, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ музди меҳнати кормандони соҳаи маориф 21 маротиба баланд бардошта шудааст.

Мо имрӯз шукрона мекунем, ки аз баракати истиқлоли давлатӣ шароити мусоид барои илмомӯзӣ фароҳам гаш­та, баргузории озмуну олимпиадаҳо озодона ба роҳ мон­да мешаванд.

Сарвари давлат дар Паёми худ 26-уми декабри соли 2019 ба хоти­ри боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040- ро Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон карда, баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман»-ро ҳар сол мувофиқи мақсад шумурданд [4].

Президенти мамлакат пайваста таъкид менамоянд, ки ҳадафи мо аз баргузории озмунҳои «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва олимпиадаву озмунҳои гуногун тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ, ҳисси ифти­хор аз таъриху тамаддуни бостонии халқамон, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии мардум, қабл аз ҳама наврасону ҷавонон, тақвияти завқи зебоипарастии онҳо ва пайдо кардани истеъдодҳои но­дир аз байни наслҳои ояндасоз мебошад.

Мақсаду мароми Пешвои муаззами миллат аз амалӣ сохтану иқдомат дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад.

Шоҳиди онем, ки давоми солҳои истиқлолияти давлатӣ шумораи муассисаҳои таълимӣ афзуда, онҳо бо таҷҳизоту технологияҳои замонавӣ таъмин карда шуданд, ки барои омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ ва муҳандисӣ: риёзиёт, физика ва химия ҷавобгӯ мебошанд.

Дар чунин шароити муҳайёнамудаи Ҳукумат ҳар фар­ди ҷомеа, бахусус омӯзгорон зарур шумурданд, ки ба сифати таълим ва тарбия диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, мавқеъ ва рушди тафаккури хонандаро фароҳам намуда, роҳҳои андешидан ва омӯхтанро ба дигарон аз худ карданд. Омӯзгорон, ҳамчунин, хуб дарёфтанд, ки вазифаи онҳо интиқоли дониш, эҷоди тафаккури мантиқӣ ва парвариши шахсияти солим аст.

Аҳли илм дарк карданд, ки муносибаташон ба кор ҷиддиву босифат бошад ва ба хонандагону донишҷӯён фикр кардан­ро дар заминаи ҳалли ҳар як масъала биёомӯзонанд.

Дар ҳолати муҳайё кардани низоми аз ҷиҳати илмӣ асосноки ташкили фаъолияти фикрӣ, инсон ногузир одитарин ва тадриҷан мушкилтарин асрори фикр кардан ва таҳлили фикриро барои худ кашф мекунад.

Адабиётҳо:

  1. Эмомалӣ Раҳмонов. Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат, ҷилди1, Душанбе, «Ирфон», 2002, саҳ. 378.
  2. Рӯзномаи «Ҷумҳурият», 19 майи соли 2025, №98. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар семинар–машварати ҷумҳуриявӣ бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар дар ноҳияи Данғара, 17 майи соли 2025.
  3. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ». Душанбе, «Шарқи озод», 2025, саҳ. 19.
  4. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ». Душанбе, «Шарқи озод», 2019, саҳ. 24.

 

Вализода Одинашоҳ, номзади илмҳои педагогӣ

сардори шуъбаи пажуҳиши анъанаву маросим

ва диншиносии муқоисавӣ

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх