ИНЪИКОСИ ТАНАЗЗУЛИ ШОҲАНШОҲИИ СОСОНИЁН ДАР “ШОҲНОМА” ВА ШИКВАҲОИ ФИРДАВСӢ АЗ ФУРУПОШИИ ДАВЛАТИ МИЛЛИИ ЭРОНИЁН (ҚИСМИ 1).

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки ниёкони мо ҳанӯз аз бомдоди таърих ба эҷоду ҷамъоварии осори гузаштагону донишҳои таърихӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, муҳимтарин ҳаводиси рӯзгорашонро дар шакли хаттию нақлӣ ба воситаи достонҳо, корномаҳо, размномаҳо ва андарзномаҳо ҳифз намуда, ба наслҳои оянда мерос мегузоштанд. Истеъдод ва қобилияти баланди таърихнигорӣ ва достонофарии ниёкони мо дар сарчашмаҳои таърихӣ ба таври возеҳу шоиста инъикос ёфта, шоҳкориҳои онҳо дар шакли достоннигорӣ ҳанӯз аз замони Таҳмураси пешдодӣ шуруъ гардида, бузургтарин дастовардҳо ва шоҳкориҳои офаридаи худро дар шакли тостонҳову корномакҳо, сина ба сина, насл ба насл интиқол дода, то замони мо онҳоро натанҳо ҳамчун ганҷи бебаҳои таърихи миллати бузург ҳифз намуданд, балки ба меросбарони худ ҳамчун армуғони бузурги худшиносию худогоҳӣ ва намунаи волои андешаи меҳанпарастию ватандустӣ ба ёдгор монданд. Мутаассифона Искандари Мақдунӣ бар асари рашку ҳасуду кинаи деринаи таърихӣ ва бартариятҷӯии қавмияш дар баробари шикасти шоҳаншоҳии овозадори Ҳахоманишиҳо осори мактуби таърихию фарҳангӣ ва адабии форсии қадими ниёкони моро ғолибан аз байн бурд ба ҷуз сангнавиштаҳо, ки ҳамакнун шоҳиди феълии бузургию ҳашамати давлатдории миллии мо ҳастанд. Дар ин бора муаррихи бузурги араб ал-Ҷоҳиз (775-868) чунин менависад: «Эрониён ба воситаи майлу рағбати фаровоне, ки ба ҳифзи осор ва ахбор доштанд, вақоеи бузург ва корҳои азими худ ва ҳамчунин андарзҳои судманд ва умуреро, ки муҷиби шараф ва сарафрозии эшон мебуд, дар дили кӯҳ менигоштанд ва ё дар биноҳои баланд ва устувор ба ёдгор мегузоштанд. Ва бад-ин сон онҳоро аз хатари завол маҳфуз дошта, барои ҳамеша пойдор месохтанд». Ин осори гаронмоя аз катибаҳои “Ариярамна”, “Аршома”, “Маншури Куруши Кабир” “Багстан”, катибаи “Доро дар мавриди кандани Суетс”, катибаҳои “Нақши Рустам”, катибаи “Тахти Ҷамшед” ва дигарон иборат аст.
Бо созмон ёфтани давлатҳои Юнонии Бохтар ва Кушониён ва хоссатан таъсис ёфтани шоҳаншоҳиҳои Ашкониёну Сосониён марҳилаи дигари давлатдорӣ ва худшиносии ниёгони мо оғоз гардид, ки ин марҳилаи таърихиро марҳилаи тақдирсоз дар таърихи аҳди бостони ниёкони тоҷикон шуморидан ба мавридан аст. Маҳз дар ин марҳила Ашкониён бо эҷод намудани хатти паҳлавӣ тавонистанд бузургтарин осори таърихии паҳлавонию қаҳрамонӣ, осори гаронбаҳои фарҳангию мазҳабӣ, бинокорию меъмории миллӣ ва осори адабию ойини рӯзгордории миллати тоҷикро бунёд гузоранд. Дар ин марҳилаи таърихӣ ҳофизаи таърихии ниёкони мо ҳифз гардида, бузургтарин осори хусусияти таърихию адабидоштаи “Бундаҳишн”, “Ривоёти паҳлавӣ”, “Ардавирознома”, “Аййоткории Ҷомосп”, “Аййоткории Зарирон”, “Дарахти Асурик”, “Достони Минуи хирад” ва осори зиёди дигар таълиф гардиданд. Сосониён ба иқдоми фарҳангии Ашкониён дар мавриди ҳифзи донишҳои таърихӣ ҳиммати бештар гумошта, асарҳои гаронбаҳои таърихӣ аз қибилӣ “Худойнома”, «Корномаи Ардашери Бобакон», «Корномаи Анӯшервон», «Тоҷнома», «Ойиннома», «Баҳори Чӯбиннома» асари ҷуғрофию омории «Шаҳристонҳои Эрон», асари тақвимию гоҳшумории «Гоҳнома» асарҳои фалсафии «Кеҳнома», «Ёдгори Зарирон», «Ихтиёрнома», «Калилак ва Димнак», «Динкард», асари ҳуқуқии «Модигони ҳазордастон», асарҳои адабию тарбиявии «Андарзи Хисрав», «Андарзи Озорбади Меҳроспандон», «Ёдгориҳои Ҷомосп», “Андарзи Хусрави Каводон”, “Андарзи пешиниён”, “Андарзи дастурон ва беҳдинон”, “Модигони Чатранҷ”, “Доруи хурсандӣ” ва осори зиёди дигареро тадвин ва таълиф намуданд, ки заминаи воқеъӣ ва сарчашмаҳои асосии таълифи асарҳои безаволу мондагори “Таърих”-и Табарӣ ва “Шоҳнома”-и Фирдвасӣ гардиданд.
Хулосаи матлаб ин аст, ки дар таҳқиқоти арзишманди Маликушуарро Баҳор «Сабкшиносӣ» 93 адад китоби маълуму машҳур ва то ба имрӯз расидаи осори паҳлавӣ нишон дода шудааст, ки ин асарҳо аз тарафи мутарҷимон ба монанди Ибни Муқаффаъ, Навбахт, Мӯсо ва Юсуф, Алӣ ибни Зайд, Ҳасан ибни Саҳл, Қосими Исфаҳонӣ, Исои Курдӣ ва дигарон бо забони арабӣ тарҷума шуданд. Номи иддае аз асарҳои паҳлавие, ки ба арабӣ тарҷума шуданд дар асари Ибни Надим «Ал-Феҳрист» ёд мешавад, ки шумораи онҳо ба 305 адад мерасад. Пас, маълум мегардад, ки вазъи пуршукуҳи донишҳои таърихии ниёгони тоҷикон ҳанӯз аз дуртарин замонҳо ҷилвагар шуда, дар ибтидои асрҳои миёна, дар замони оғози марҳилаи нави таърихӣ ва кашмакашиҳои аҷнабиён, барои таълифи таърихномаҳои бузург заминаи бунёдӣ гузошта тавонистанд.
Бо фурупошии шоҳаншоҳии Сосониён марҳилаи дигари давлатдорию ифтохороти миллии ниёгони мо аз байн рафт. Аъроби фотеҳ низ чун дигар аҷнабиён барои нобуд кардани гузаштаи пурифтихори мо камари ҳиммат баста, муҳимтарин осори таърихию фарҳангии ниёкони моро аз байн бурда, мехост барои гузаштагони мо дарси шуҷоъату ҷавонимардӣ биёмӯзад.
Маҳз дар ҳамин марҳилаи таърихӣ сабаби ба зудӣ эҳё шудани таърихнигории миллиро дар ин давраи ҳассоси таърихӣ, муаррихи шаҳири тоҷик Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ чунин шарҳ додааст: “Чун баъзе аз қабоили арабӣ ба ифтихороти мутаассибонаи худ оғоз ниҳоданд ва худро бар дигар мардумони тобеъаи худ бартар донистанд, донишмандони эронӣ бад-он шуданд, ки агар сухан аз ифтихороти гузаштаву бартарияти қавмист, пас онро дар гузаштаи эрониён бояд ҷуст ва ба ҳамин сабаб дар паи ошкор ва мунташир намудани гузаштаи пурифтихори худ шуданд”.
Чун хонадони Сомониён ба қудрат расида, давлатдории миллии моро эҳё намуданд, аввалин амали худро дар раванди давлатсозӣ аз ташаккули тафаккури таърихии мардумони бумии Хуросони Бузург оғоз намуданд. Заҳамоти зиёди донишмандон ва муаррихони аҳди Сомониён чун Абӯлқосим Абдуллоҳ ибни Аҳмади Каъбии Балхӣ муаллифи «Мафохири Хуросон» , Абӯзайд Аҳмад ибни Саҳли Балхӣ (850-934) муаллифи «Сувару-л-ақолим», Абуабдуллоҳ Аҳмад ибни Фақеҳи Ҳамадонӣ (869-942) муаллифи «Ал-булдон», Абӯисҳоқ Иброҳим ибни Муҳаммад ал-Форисӣ маъруф ба Истахрӣ (849-957) муаллифи «Ал-масолику-л-мамолик», Абӯабдуллоҳ Ҳамза ибни Ҳасани Исфаҳонӣ маъруф ба Ҳамзаи Исфаҳонӣ (883-960-70) муаллифи «Девони Абӯнувос», «Китобу-л-амсол», «Китобу-т-танбеҳ», «Китобу-л-умам», Абдуллоҳи Хоразмӣ муаллифи «Мифтоҳу-л-улум», Абулмуайяди Балхӣ муаллифи «Аҷоибу-л-булдон» Абӯабдуллои Ҷайҳонӣ муаллифи «Китоб-ул-мамолик в-алмасолик», Абӯисҳоқи Собӣ муаллифи «Таърихи Оли Бувайҳ , Абӯбакр Муҳаммад ибни Ҷаъфари Наршахӣ (899-959) муаллифи “Таърихи Бухоро”, Абӯабдуллоҳ ибни Муҳаммад маъруф ба Ибни Мискавейҳ (932- 1030) муаллифи «Таҷорибу-л-умам ва авоқибу-л-ҳимам» (дар таърих), «Таҳзибу-л-ахлоқ», «Татҳиру-л-аъроқ» (дар дину фалсафа), «Ҳикмату-л-холида», Ҳаким Абӯлқосим Фирдавсии Тӯсӣ (934-1020) муаллифи асари безаволи “Шоҳнома” тавонистанд, ин миллати бузургро дар раванди ҳаводиси фалокатбори тираву тори асримиёнагӣ аз вартаи нестшавӣ наҷот бидиҳанд ва барои муаррихони муосир намунаи ибрат бошанд.
Яке аз муаррихони бузурги замони растохези тоҷикон – Сомониён Абулқосим Фирдавсӣ мебошад, ки осори безаволаш – “Шоҳнома” дар рушди тафаккури таърихии миллати тоҷик нақши муҳимм бозидааст. Ҳаким Абӯлқосим Мансур ибни Ҳасан ибни Исҳоқ Шарафшоҳи Тӯсӣ маъруф ба Фирдавсии Тӯсӣ (934 ё 940 – 1020-25) аз зумраи достонсароёни машҳури олам аст, ки дарозтарин достонҳои назмии қаҳрамонию паҳлавонӣ ва таърихии дунёро офаридааст. Дар аксар сарчашмаҳои таърихӣ аз Фирдавсӣ ҳамчун саромадони муаррихони порсигӯ ёд кардаанд, аз ҷумла Мирхонд дар «Равзату-с-сафо»-и хеш зикр менамояд, ки Фирдавсӣ бо «Шоҳнома»-и худ ҳуввияти аз байнрафтаи эрониёнро пас аз футуҳоти араб дубора зинда кард.
Аҳаммияти таърихии “Шоҳнома” дар он аст, ки аз муҳиммтарин сарчашмаҳои таърихии ниёкони худ ба мисли сарчашмаҳои форсии қадиму катибаҳои ҳахоманишӣ ва паҳлавии форсии миёна, ки қаблан зикрашон рафт ба хубӣ истифода намуда, бузургтарин таърихи аздастрафтаи аҷдоди моро дар асоси матни сарчашмаҳои хаттӣ ва мазмуни ҳаммосаҳои мардумӣ ба риштаи назму таҳқиқ кашидааст.
Дар адабиёти замони шуравӣ мастур аст, ки мазмунан “Шоҳнома” аз се қисмат: ҳаммосӣ, паҳлавонӣ ва таърихӣ таркиб ёфтааст. Феълан, баъди ба даст омадани истиқлоли давлатӣ, рушди таърихнигории миллӣ, бедор намудани ҳофизаи таърихии мардум ва хизматҳои шабонарузии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ин андеша ботил гардида, қисматҳои “ҳаммосӣ”-и Шоҳнома низ таҳқиқи худро ёфта истодаанд.
Ҷойи тааҷҷуб аст, ки чаро Фирдавсӣ бо доштани маълумотҳои фаровон аз оғози муносибатҳои сиёсию дипломатии эрониёну арабҳо дар мавриди даъват ва ҳамкории аввалини арабҳо сухан намеронад. Дар «Таърих комил»-и Ибни Асир доир ба сафир фиристонидани Пайёмбари ислом ба назди Хусрави Парвиз дар соли 628 маълумоте ҷой дорад, ки бо маълумоти бештари сарчашмаҳо мувофиқат менамояд. Ба қавли Ибни Асир «…чун соли шашуми ҳиҷрӣ (628-уми мелодӣ) биёмад Паёмбари Худо (с) Абдуллоҳ ибни Хузофаи Саҳмиро равона ба дарбори Хусрав кард» .
Дар ин маврид дар «Таърихи Табарӣ» низ маълумоти сареҳтаре ҷой дорад, ки мутобиқи он дар соли 6-уми ҳиҷрат Пайғамбари ислом аввалин маротиба ба подшоҳон ва фармонравоёни мамлакатҳои ҳамсарҳади нимҷазираи Араб «ҳашт расул берун кард ба ҳашт малик ва эшонро ба Худой хонд. Ҳаштуми онҳо Абдуллоҳ ибни Қузофа ас-Саҳмиро фиристод ба малики Аҷам, ки номаш Парвиз буд».
Номаи Абдуллоҳ ибни Қузофа дар ин маврид чунин мазмун дошт:
«Ба номи Худои бахшандаи меҳрубон. Аз номи Муҳаммад – пайғамбари Худо ба Хусрав – бузурги порсиён.
Дуруд бар он, ки пайрави ҳидоят шавад ва ба Худо ва пайғомбари Вай имон орад ва шаҳодат диҳад, ки худое ҷуз Худои ягона нест. Ман пайғомбари Худо ба сӯйи ҳама касонам, то ҳама зиндагонро бим диҳам. Ислом биёр то солим бимонӣ ва агар дареғ кунӣ, гуноҳи маҷусиён ба гардани туст вагарна ба ҷанге аз ҷониби Худо ва пайғамбари Ӯ омода бош. Онро касе оҷиз накунад». Хусрав номаи пайғамбарро бидарид ва пайғомбар гуфт: «Мулкаш пора шавад» .
Пас аз шакл гирифтани чунин муносибат миёни пешвоёни ду қавм баъди 14 соли дигар ҳуҷумҳои аввалини арабҳо ба ҳудудҳои шоҳаншоҳии Сосонӣ шурӯъ гардиданд. Муносибатҳои сиёсӣ ва ҷангҳои иттилоотии арабу аҷамро Абулқосим Фирдавсӣ дар асари безаволаш “Шоҳнома” зиёд шарҳ дода, ки чунин тарзи нигориш дар сарчашмаҳои дигари таърихӣ мушоҳида намешавад.
Омадем сари матлаб. Фирдавсӣ дар қисмати 9-уми “Шоҳнома” дар мавриди таназзули шоҳаншоҳии Сосониён маълумоти фаровон оварда, аз фурупошии ин шоҳаншоҳии миллии эрониён шикваҳои зиёд намудааст. Фирдавсӣ баъди сурудани достони “Подшоҳии Яздгирд” ба баёни воқеъаи нодири таърихӣ “Тохтани Саъди Ваққос ба Эрон ва фиристодани Яздгирд Рустамро ба ҷанги ӯ” мепардозад, ки оғозаш чунин аст:
Умар Саъди Ваққосро бо сипоҳ,
Фиристод, то ҷанг ҷӯяд зи шоҳ.
Чу огоҳ шуд з-он сухан Яздгирд,
Зи ҳар сӯ сипоҳ андар овард гирд…
Ки Рустам будаш ному бедор буд,
Хирадманду гурду ҷаҳондор буд.
Фирдавсӣ зикр менамояд, ки Рустами Фаррухзоди Хуросонӣ дар баробари сипаҳсолори Эронзамин буданаш, марди донишманду боҳушу рой низ буда, аз илми ситорашиносӣ комилан огоҳ буд.
Ситорашумар буду бисёрҳуш,
Ба гуфтори мӯъбад ниҳода ду гӯш.
Бар ин гуна то моҳ бигзашт сӣ,
Ҳаме разм ҷустанд дар Қодисӣ.
Маълум аст, ки сипоҳи Эрониён барои ҷанг бо арабҳо тибқи фармудаи Фирдавсӣ сӣ моҳ омодагӣ гирифтанд. Дар ин муддат миёни ду сипоҳ ҷангҳои лафзию иттилоотӣ ҷараён дошт, ки сарчашмаҳои таърихӣ анвоъи гуногуни онҳоро барои мо мерос мондаанд.
Дар мавриди ҷангҳои иттилоотӣ ва ё баҳсҳову мунозираҳои лафзии Рустам ва Муғира (яке аз сарварони сипоҳи араб – Т.Ғ) низ дар “Таъриху-р-Русули ва-л-мулук”-и Табарӣ ва “Таҷорибу-л-умам”-и Мискавайҳ маълумоти ҷолибе ба мушоҳада мерасад, ки мазмунан баёнгари ҳикояти аҷиб аст. Рустам ба Муғира гуфт: “Ҳикояти шумо чун он рӯбоҳ аст, ки аз сӯрохи танг ба ангургоҳе рафт, ки дар он ҳангом бағоят лоғар ва заъиф буд. Моҳе чанд дар он бӯстон бимонд ва аз он ангурҳо тановул кард. Соҳиби боғ бидид ва заъфи ӯро маълум карда андешид, ки он миқдор ба хурдани вай эътибор надорад ва мутаъарризи вай нашуд. Рӯзе чанд бигузашту он фарбеҳу хушҳол шуда, лоҷарам ба он ангурҳо бозӣ кардан оғоз кард ва зиёда аз он чӣ мехурд, талаф мекард. Соҳиби боғ ғуломонро фармуд чубӣ шуданд ва аз паси рӯбоҳ шуданд дар сурохие ки ворид шуда буд ҳалокаш карданд. Шумо низ лоғар дар билоди мо даромадед ва ин замон фарбеҳ чандон шудаед, ки натавонед боз гардидан” .
“Шоҳнома”-и Фирдавсӣ аз фиристода шудани номаи Рустами Фаррухзод ба Саъд ибни Ваққос ва баракси он аз номаи Саъд ба Рустам низ хабар дода, аз вазъи ногувори мазҳабию парокандагии сиёсии шоҳаншоҳии Сосониён бо таассуфи зиёд хабар додааст. Фирдавсӣ ин ҳолатро дар достони “Номаи Рустм ба Саъди Ваққос” чунин баён мекунад:
Фиристодае низ чун барқу раъд,
Фиристод тозон ба наздики Саъд.
Баъд аз иҷрои русумоти ташрифотию дипломатӣ ва таърифу тавсифи шоҳаншоҳи Сосонӣ фиристода аз Саъд мепурсад?
Ба ман бозгӯй ин, ки шоҳи ту кист?
Чӣ мардиву ойину роҳи ту чист?
Ба назди кӣ ҷӯйӣ ҳаме дастгоҳ,
Бараҳна сипаҳбад, бараҳна сипоҳ?
Ба ноне ту сериву ҳам гурсна,
На пилу на тахту на бору буна.
Ва ӯро барои зиндагӣ ба Эрон даъват карда, аз бузургию ободиҳои он сухан меронад.
Ба Эрон туро зиндагонӣ бас аст,
Ки тоҷи нигин баҳри дигар кас аст?
Ки бо пилу ганҷ асту бо фарру гоҳ,
Падар бар падар номбардор шоҳ.
Бубахшад баҳое сари тозиён,
Ки бар ганҷи ӯ з-ин ниёяд зиён.
Сагу юзу бозаш даҳу ду ҳазор,
Ки бо занги зарранду бо гӯшвор.
Бад-он чеҳру он зоду он меҳру хӯй,
Чунин тоҷу тахт омадат орзӯй?
Зи шири шутур хӯрдану сусмор,
Арабро ба ҷое расидаст кор.
Ки тахти аҷамро кунад орзӯ,
Тфу бод, бар чархи гардон тфу!
Фирдавсӣ дар асари безаволаш бо баҳрагирӣ аз осори таърихии дақиқу дасти аввали ин мавзуъ “Посӯхи номаи Рустам аз Саъди Ваққос”-ро бисёр ҷолиб таҳия намудааст.
Чу бишнид Саъд он гаронмоя мард,
Пазира шудаш бо сипоҳе чу гард.
Ба тозӣ яке нома посух навишт,
Падидор кард андар ӯ хубу зишт.
Сари нома бинвишт номи Худой,
Муҳаммад расулаш ба ҳақ раҳнамой.
Дар идомаи сухан Саъди Ваққос аз мазмуну муҳтавои дини ҷадид ва имон овардану ваъдаи растагорӣ, аз сифоти дузаху биҳишт ва аз ҳама муҳимаш аз гуноҳи онҳо гузаштан ҳангоми имон овардан ва дар мансаби худ боқӣ мондани шоҳаншоҳи сосонӣ андешаронӣ мекунад ба ин мазмун.
Зи тавҳиду Қуръону ваъду ваъид,
Зи тобиду аз расмҳои ҷадид.
Зи қатрону оташ ва аз замҳарир,
Зи фирдавсу ҷӯи маю ҷӯи шир.
Ки гар шоҳ бипзирад ин дини рост,
Ду олам ба шоҳиву шодӣ варост.
Шафеъ аз гуноҳаш Муҳаммад бувад,
Танаш чун гулоби мусаад бувад.
Ва дар охири мактуб Саъди Ваққос хитоб ба эрониён иброз менамояд, ки;
Ҳар он кас, ки пеши ман ояд ба ҷанг,
Набинад ба ҷуз дӯзаху гури танг.
Биҳиштаст агар бигравӣ ҷои ту,
Нигар то чӣ бошад кунун рои ту.
Рустами Фаррухзод бо шунидани ин суханон ва дидани рафтори дағали Муғира ибни Шуъба ба ғазаб омада, баъд аз тафаккури зиёд ва дидани фоли ситорагон ба Саъди Ваққос мактуб таҳия карда ба Муғира дод ба ин мазмун:
Чунин дод посух, ки “ӯро бигӯй,
Ки на шаҳриёрӣ, на дайҳимҷӯй.
Бидиди сари тирабахти маро,
Дилат орзӯ кард тахти маро?!….
Маро гар Муҳаммад бувад пешрав,
Зи дини кӯҳан гирам ин дини нав.
Ҳамон каж бувад кори ин кӯзпушт,
Бихоҳад, ҳаме буд бо мо дурушт.
Бигӯяш, ки дар ҷанг мурдан ба ном
Беҳ аз зинда, душман бад-ӯ шодком”.
Фирдавсӣ дар идомаи достон мефармояд, ки бо шунидани ин посух Саъди Ваққос бо ваъдаю ваъиди зиёд бо лашкараш ба сари эрониён тохт ва ҷанги Қодисия оғоз шуд.
Чу Шуъба биёмад ба наздики Саъд,
Або он суханҳо чу дарранда раъд.
Сипаҳро бифармуд Саъди далер,
Биёростанд размро ҳамчу шер.
Биёмехтанд он ду лашкар ба ҳам,
Абар ҷойгаҳ – бар фишурда қадам.
Мутахассиси пешбари Шуъбаи
пажуҳиши маъхазҳои исломӣ
Ғуломов Тоҷиддин

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх