Забон унсури асосии фарҳанги ҳар миллат ба ҳисоб рафта, дар ташаккулу инкишофи он нақши муҳимро мебозад. Он василаи асосии касби маърифат буда, абзори муҳимтарини рушду нумуи худшиносии миллӣ ва бою ғанӣ гардидани олами маънавии ҳар фарди миллат шинохта мешавад.Донистани забони миллӣ одатан оғози маърифатнокии шахс ва ҳамзамон роҳи дурусттарин ва маҳсулноктарини омӯзиши забонҳои хориҷӣ арзёбӣ мегардад. Шоири маъруфи адабиёти классикии тоҷик Тошхӯҷа Асирӣ беҳуда нагуфтааст:
Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,
Донистани сад забон осон гардад.
Маҳз тавассути забон ҷаҳони маънавии шахсу сатҳи фарҳангнокии он ифшо мегардад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон нақши созанда ва муассири забони миллиро дар рушду шукуфоии миллат ба хубӣ дарк намуда, барҳақ фармудаанд: «Забон хишти аввалини кохии миллат буда, яке аз рукнҳои асосии давлати миллӣ ва нахустунсури тафаккури миллӣ мебошад». Ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат аст. Маҳз забон миллатро аз нестшавӣ нигоҳ дошта, барои бунёди давлати миллӣ заминаи ғоявиро муҳайё менамояд. Маҳз забон аст, ки дар доираи он тафаккури миллӣ шакл мегирад. Зебогию фасеҳии забон, бадеияту хушгувории он дар ҳар шакле набошад, дар тафаккур ифодаи воқеии худро меёбад. Забони зебою фарҳехта нишони тафаккури рушднамуда маҳсуб меёбад.
Вақте дар бораи нақши барҷастаи забони миллӣ ва рушду нумуи он дар даврони Истиқлол ҳарф мезанем, пеши назари мо беихтиёр симои хирадмандонаи Пешвои миллат ҷилвагар мешавад. Воқеан ҳам ҳар фарди худшинос ва фарҳангдӯсти миллат бояд Худоро шукр гӯяд, ки барои онҳо сарвареро дар шахси Эмомалӣ Раҳмон насиб гардонд, ки бо тамоми ҳастии хеш баҳри рушду такомули забони миллӣ талош меварзанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки маҳз тавассути сиёсати дурандешона ва фарҳангпешаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ дар даврони Истиқлол мақоми воқеан ҳам созанда ва муассир касб намуду баҳри рушду камоли он чун дар замони Сомониён шароити мусоид фароҳам оварда шуд.
Ҳар гоҳ аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид забони ноби тоҷикӣ аз даҳони сарвари тамоми тоҷикони дунё, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо медиҳад, тамоми вуҷуди шахсро як эҳсоси амиқи хурсандию сурур фаро мегирад. Забони тоҷикӣ чун дигар забонҳои дунё аз минбари бонуфуз садо медиҳаду бо фасоҳату зебогии худ пардаҳои фазоро аз ҳам меканад. Воқеан ҳам чунин лаҳзаҳо ҳолати хеле фараҳовару хушнудкунанда маҳсуб меёбанд.
Қобили зикр аст, ки ҳар фарди таҳлилгару забоншинос ва миллатдӯст дарҳол дарк менамояд, ки маҳз замони Истиқлол замони ҷилваи дурахшони забони тоҷикӣ гардидааст. Истиқлол ҳамчун падидаи фармомӯшнашавандаи таърихӣ ва тақдирсози миллат дар баробари музаффариятҳои азим дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ҳамчунин дар ҳаёти фарҳангии миллат, махсусан дар боло рафтани нақшу мақоми забони миллӣ низ нақши муассир ва таконбахш гузошт. Маҳз ба шарофати истиқлоли давлатӣ ва сиёсати фарҳангпешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳру муҳаббати ҳар фарди миллат ба забон ва таъриху фарҳанги хеш даҳчанд афзуд. Имрӯз, вақте суханварии хонандагони хурдсолро ба забони ноби тоҷикӣ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ мушоҳида менамоем, тамоми вуҷудамонро ғайричашмдошт як ҳолати хурсандибахш фаро мегирад. Забони тоҷикӣ чӣ қадар забони ширину гуворост! Бояд эътироф намуд, ки чунин як меҳру муҳаббати самимӣ ба забони миллӣ маҳз дар даврони Истиқлол ва маҳз тавассути сиёсати фарҳангпешаи Пешвои миллат ба мо даст дод.
Маҳз Истиқлоли давлатӣ ва меҳру муҳаббати содиқона ва самимии Пешвои миллат сабаб гардид, ки имрӯз дар тамоми донишкадаю донишгоҳҳои ҷумҳурӣ аз фанҳои дақиқу табиатшиносӣ ба забони ноби тоҷикӣ дарс гуфта мешавад. Ба таври муқоиса дар замони шуравӣ фарзанди тоҷик фанҳои мазкурро ба забони бегона аз худ мекард. Ё имрӯз мебинем, ки чӣ қадар маҷаллаҳои илмӣ дар дилхоҳ соҳаи илм ба забони тоҷикӣ нашр мешаваду онҳо мавриди мутолиаи умум мегарданд. Бешак чунин ҳолатҳои фарқкунанда ва муассир дар пешрафт ва рушди забони тоҷикӣ дар муқоиса бо замони шуравӣ хеле зиёданд ва аҳли илму фарҳангро ҳоҷат ба баёни муфассал нест.
Истиқлол ба таври воқеӣ шароите гардид, ки ба шарофати он забони миллии тоҷикӣ бори дигар имкон пайдо намуд, ки худро дар баҳри беканори ҳамкории фарҳангу тамаддунҳои мухталиф ва рақобатҳои гуногунпояи забонҳои гуногун худро санҷад. Чуноне ки воқеияти имрӯза бозгуст, забони тоҷикӣ имрӯз аз байни мавҷҳои пурталотуми баҳри рақобати забонҳои мухталиф сарбаландона қадам зида, ҳар чӣ бештар мавқеи устуворро касб карда истодаасту фазои таъсири худро тавсеа бахшида истодааст.
Боиси ифтихор аст, ки забони тоҷикӣ дар як муддати кӯтоҳ ба шарофати сиёсати хирадмандони Пешвои миллат аз озмоиши ҷиддии рӯзгори пурталотуми ҷомеаи имрӯза сарбаландона гузашт. Фарзандони баномуси миллат бори дигар собит намуданд, ки забони миллии онҳо забони илму сиёсат буд, ҳаст ва мемонад. Фарзандони баномуси миллат ба забони миллӣ асарҳои илмии худро таълиф намуда, дар инкишофи забон пайваста саҳми назарраси худро гузошта истодаанд. Фазои нави сиёсии ҷомеаи башарӣ ва рушди бемайлони улуми дақиқ аз забони миллӣ ва соҳибони он тақозо менамояд, ки ба шароити нави рушд ҳамеша ҷавобгӯ буда, баҳри мақоми сазовор дар байни забонҳои гуногуни ҷаҳонӣ саъй намоянд.
Таҳлилу омӯзишҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки барои рушди забон ба ғайр аз сиёсати миллатдӯстонаи сарвари кишвару шароити созандаи Истиқлол боз масъулиятшиносиии фарзандони баномуси миллат низ хеле муҳим ва зарур мебошад. Эҳсоси масъулиятшиносӣ дар назди тақдири миллат, дар назди фарҳанги бою ғании гузашта, дар назди руҳи бузургони илму фарҳанги миллӣ ҳар шахси забондӯстро водор менамояд, ки дар баробари омӯзиши забонҳои ғайр нисбат ба забони миллӣ бетараф набошад. Дар баробари забонҳои ғайр посу гиромӣ доштани забони миллӣ нишонаи асосии меҳру муҳаббат ба забони миллӣ маҳсуб меёбад.
Абдухалилзода К.А.
Муовини директори Маркази исломшиносӣ