ОМИЛҲОИ ХАТАРАФЗОИ ТЕРРОРИЗМ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР

Маълум аст, ки экстремизми динӣ ва терроризми марбут ба он таҳдиди бештар ба суботи сиёсӣ, амнияти ҷамъиятӣ ва сулҳи байни миллатҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мегардад. Мавқеи геополитикии минтақа, мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ ва гуногунии мазҳабӣ ва этникӣ-конфессиявӣ ин минтақаро дар баробари идеологияҳои радикалӣ осебпазир мегардонад. Аз ин ру таҳлили илмӣ ва назари коршиносон нисбати ин мушкилоти ҷомеа ва вабои аср хеле муҳим мебошад.
Таҳлилҳои илмӣ – фалсафӣ ва ташхисии коршиносон оид ба терроризм ва экстремизм як қатор махусусиятҳои онро муайян намуданд, ки аз ин раванди хатарфзо дар марҳилаҳои таърихӣ ҳам бо шаклгирӣ ва ҳам бо ҷараёни амалишавӣ фарқ мекунад.
Вале омили муҳим он аст, ки дар ҳамаи давраҳои таърихӣ ба як мақсад равона шудааст. Ин ҳам бошад ноором намудани ҷомеа, даҳшатафканӣ, ҳисси нобоварӣ паҳн намудан нисбати ҳукумату давлат ва дар бархурд қарор додани қишрҳои гуногуни як ҷомеа мебошад. Махсусияти хатарзои амалҳои террористии ҷаҳони муосир дар он аст, ки онҳо аҳолии осоиштаро ҳамчун объекти таҳдид қарор дода, ба ҳамин васила ҳукумату мақомоти давлатиро зери фишор қарор медиҳанд.
Омили хатарноки дигар, ин аз тарафи баъзе давлатҳои манфиатхоҳ гурӯҳҳои террористӣ, ифротӣ ва экстремистӣ ҳамчун воситаи амалӣ намудани мақсадҳои геополитикӣ ва геостратегӣ истифода бурда мешавад.
Ҳамчунин раванди ҷаҳонишавӣ ва афзудани нобаробарии иқтисодии давлатҳо барои амалҳои террористӣ имкониятҳои густурдаеро созмон додааст. Хусусан қишри муҳоҷирони меҳнатӣ ва маҷбурӣ аз ҳадафҳои асосии гурӯҳҳои террористӣ мебошанд.
Олимони ҷомеашинос ва коршиносон бар он ақидаанд, ки маҳз чунин шароит кӯшиши ба воситаи неруҳои ҳарбию қудратӣ несту нобуд намудани терроризм боиси он мегардад, ки террористон аз ҷинояткорон ба муборизони адолати иҷтимоӣ табдил меёбанд.
Вале омили аз ҳама хатарафзои терроризми замони муосир дар он аст, ки даҳсолаҳои охир онҳо зери ниқоби дини ислом ҳадафҳои муғризонаи худро амалӣ месозанд. Имруз ташкилотҳои террористӣ бидуни ягон истисно аз номи дини ислом баромад мекунанд.
Барои ҳамин ҳам давлатҳое, ки аксарияти аҳолиашро мусулмонон ташкил медиҳанд, ё роҳи дунявияти давлатдориро интихоб намудаанд мубориза бо терроризм хеле мушкил гардадидааст.
Омили дигари хатарафзо ин босуръат рушд ёфтани шабакаи интернет ва технологияҳои иттилоотии замони муосир, ки ба паҳн намудани ақидаҳои ифротиашон хеле мувофиқанд.
Барои ҳамин ҳам мавриди таҳқиқу омӯзиши мунтазам қарор доданищама гуна зущуротщои ифротгароёна ва терроризм, муҳим ва зарур мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали ба даст овардани истиқлолият бо падидаи терроризм рӯ ба рӯ гардида буд. Амалҳои террористии содирнамуда дар даврони истиқлолият Ҳукумати Ҷумҳуриро таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон водор намуд, ки як қатор қонуҳои муҳимро қабул намоянд.
Ҳамин тавр соли 1999 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ва соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм» қабул гардидаанд.
Дар моҳи январи соли 2020 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо экстремизм» қабул гардид. Ҳамчунин ҷиҳати пурзӯр намудани мубориза бо экстремизм ва терроризм бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 12 ноябри соли 2016, №776 «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» қабул гардид. Баъдан фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 1 июни соли 2021, №187 оид ба «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021- 2025» қабул мегардад.
Ҳамчунин, бо қарори Додгоҳи Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2006 то инҷониб фаъолияти зиёда аз 29 ташкилоти террористию экстремистӣ дар қаламрави кишвар мамнуъ эълон гардидааст.
Сардори шуъбаи пажуҳиши
исломи муосир,
н.и.с., дотсент Баҳромбеков Д.А.

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх