Миллати куҳанбунёди тоҷик дорои фарҳанги ғанӣ ва таърихи қадима мебошад. Дар тӯли асрҳо анъанаҳо, ҷашнҳо ва маросимҳои мардумӣ ҳамчун ҷузъи таркибии ҳаёти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва динӣ ташаккул ёфтаанд. Ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон дар шароити рушду таҳкими дастовардҳои Истиқлоли миллӣ ба ислоҳоти иҷтимоӣ ва танзими ҷашну маросим рӯ овард. Бо дарназардошти вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва гуногунии сатҳи зиндагии қишрҳои ҷомеа, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» (соли 2007) як иқдоми муҳими ислоҳотӣ гардид. Қонун мазкур бо ибтикори падарона ва инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади паст кардани хароҷоти аз ҳад зиёди маъракаҳои ҷашну маросимҳо, таъмини баробарии иҷтимоӣ ва ҳамгироии аҳолӣ дар зери арзишҳои воқеии миллӣ қабул гардид.
Дар ҷомеаҳои суннатӣ, ба мисли Тоҷикистон, ҷашну маросимҳо аз қадимулайём ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти иҷтимоӣ ба шумор мераванд. Аммо, бо гузашти вақт, хароҷоти аз ҳад зиёди ҷашну маросимҳо (туйҳои арӯсӣ, маъракаҳои азодорӣ, ҷашнҳои зодрӯз, хатнасур ва ғ.) ба як фишори сахти молиявӣ ба души шаҳрвандон табдил ёфт.
Ҳолатҳое буд, ки:
• Оилаҳо бар асари баргузории маъракаҳо қарздор мешуданд;
• Оилаҳои ҷавон ба мушкилоти иқтисодӣ рӯ ба рӯ мешуданд;
• Дар ҷомеа фазои нобаробарӣ ва намоишкорӣ ташаккул меёфт.
Ҳамин ҳолатҳо асоси иҷтимоии қабули қонуни танзим гардид.
Қонун, пеш аз ҳама, заминаи ҳуқуқиро барои танзими одилонаи ҷашну маросим фароҳам овард. Қонуни мазкур на мақсади барҳамдиҳии анъанаҳои миллӣ, балки танзимкунандаи онҳо дар заминаи шароити муосир мебошад. Дар партави амали қонуни мазкур арзишҳои фарҳангии мардум бо риояи меъёрҳои фарҳангӣ, ахлоқӣ ва адолати иҷтимоӣ ҳифз ва таҳким ёфта истодаанд.
Бо ин роҳ:
• Ҳама қишрҳои ҷомеа дар доираи қоидаҳои якхела амал мекунанд;
• Фишори иқтисодӣ коҳиш ёфта, имкониятҳои баробар барои баргузории маъракаҳо ба вуҷуд омад;
• Меъёрҳои ягона барои истифодаи вақти ҷудошуда, шумораи даъватшудагон ва рӯзҳои муайяни баргузории маъракаҳо пешбинӣ гардид.
• Қонун ба коҳиш додани хароҷоти барзиёди маъракаороӣ мусоидат намуд;
• Барои ҳифз ва рушди арзишҳои фарҳанги миллӣ шароити фарох пайдо гардид;
• Ба амалҳои зоҳирпарастӣ ва фишори иқтисодӣ ба аҳолӣ сад гузошта шуд;
• Ба таъмини баробарии иҷтимоӣ дар ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба баргузории ҷашну маросимҳо қонун заминаи мусоид фароҳам овард.
Маҳз ҳамин танзимкунӣ имконият дод, ки адолати иҷтимоӣ, яъне баробарии имкониятҳои якхелаи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар миёни мардум таъмин гардад.
Яке аз омилҳои муҳимми адолати иҷтимоӣ ин коҳиш додани фарқ байни табақаҳои доро ва камбизоат мебошад. Пештар маросимҳои бошукуҳ як воситаи намоишкорӣ ва афзоиши фарқияти синфӣ шуда буд.
Қонуни танзим:
• Амалҳои намоишкорӣ ва тақлидкориро маҳдуд кард;
• Меъёрҳои умумиро ҷорӣ намуд, ки ба ҳама табақаҳо таъсири якхела дорад;
• Рақобати бемавқеи иҷтимоиро дар ҷомеа коҳиш дод.
Ин ҳама ба эҷоди муҳити баробар ва мутавозин дар ҷомеа мусоидат намуд.
Таҳлилҳои солҳои баъд аз қабули қонун нишон медиҳанд, ки:
• Хароҷоти миёнаи ҷашну маросимҳо аз 40 то 60% коҳиш ёфтааст;
• Оилаҳои тоҷикистонӣ метавонанд захираҳои моливу пулии худро ба таҳсил, беҳсозии зиндагии оилавӣ ва манзил равона кунанд;
• Муносибатҳои иҷтимоӣ дар ҷомеа содатар ва самимитар гардиданд.
Яъне, қонун на танҳо адолати иҷтимоиро таҳким бахшид, балки фарҳанги нави муносибатҳои иҷтимоиро низ ташаккул дод.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим» намунаи равшани реформаи иҷтимоӣ мебошад, ки барои таъмини адолати иҷтимоӣ, таҳкими муҳити баробар, паст кардани хароҷоти зиёдатӣ ва солимсгардонии фазои иҷтимоии ҷомеа мусоидат карда истодааст. Татбиқи пайгиронаи он кафолати он аст, ки арзишҳои фарҳангии миллӣ бо ниёзҳои воқеии ҷомеа мутобиқ гардида ва ҳамагон имкони зиндагии шоиста дошта бошанд. Қонуни мазкур як абзори муҳими сиёсати иҷтимоӣ буда, метавонад дар паст кардани сатҳи муҳоҷирати меҳнатӣ нақши мусбат бозад. Бо танзими сарфу хароҷоти нолозим, имкониятҳои беҳтари зиндагӣ дар дохили кишвар ба вуҷуд омада, муҳити иқтисодӣ устувортар мегардад. Он на танҳо як санади ҳуқуқӣ, балки воситаи тарбияи фарҳангӣ, маънавӣ ва иқтисодии ҷомеа мебошад. Қонун ба коҳиши фишорҳои иҷтимоӣ, рушди фарҳанги сарфакорӣ ва таҳкими ҳамбастагии миллӣ мусоидат кард. Бо нигоҳдории арзишҳои фарҳангӣ ва мутобиқ намудани онҳо ба шароити имрӯза, ҷомеаи мо метавонад ба рушди устувор ва зиндагии шоиста ноил гардад.
Мирзозода Азизуло Файз
Мушовири директори Маркази исломшиносӣ дар
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон