Ҷашни Меҳргон яке аз идҳои қадимтарини мардумони форсу тоҷик мебошад, ки ҳамчун иди меҳру муҳҳабат, дӯстию рафоқати одамон ба якдигар, накӯкорӣ, тантанаи ранҷи кашидаи деҳқонон аст, ки ниёкони мо баъди ҷамъоварии ҳосил таҷлил мекардаанд. Ин ҷашн рӯзи 16- и меҳр, ки онро рӯзи Меҳр меноманд, баргузор мегардад. Дар сарчашмаҳои таърихӣ бо номи Митракона ё Митра зикр шудааст ва таърихи чаҳорҳазорсола дорад.
Ин ҷашн баробари инкишоф ёфтани корҳои деҳқонӣ ва ҷорӣ шудани тақвими деҳқонӣ пайдо шудааст. Меҳргон асосан иди ҳосилот аст ва дар оғози фасли тирамоҳ ҷашн гирифта мешавад, ки бо ҳисоби милодӣ аз 23 сентябр то 22 октябр давом меёбад.
Деҳқонон дар ҳамин рӯзҳо ба ҷамъоварии ғалла сар мекарданд. Мувофиқи достонҳои қадима гӯё Фаридун дар ин рӯз ба Заҳҳок ғолиб меояд ва ӯро дар кӯҳи Дамованд ҳабс мекунад. Дар ин рӯз мардум ба якдигар номаҳо менавиштанд, табрик мекарданд, тӯҳфаҳо тақдим менамуданд. Панҷ рӯзи аввал ҷашни ҳамагон буда, онро Меҳргони омма ё кӯчак меномиданд, рӯзи шашум ҷашни расмӣ буда, онро шоҳ бо аҳли дарбор ҷашн мекарданд, ки Меҳргони бузург меномиданд.
Дар давраи Сосониён ҷашни Меҳргон бисёр бошукӯҳ ва ботантана мегузашт. Ҷашнгирии Меҳргон ба иди Наврӯз хеле монандӣ дорад. Мардум хонаю дарашонро тоза мекарданд, беҳтарин либосашонро мепӯшиданд, худро зебо намуда, ба идгоҳҳо мерафтанд. Умуман, дар ин рӯз ҳама ба якдигар меҳрубониҳои зиёд мекарданд.
Баъди Инқилоби Октябр дар байни деҳқонони Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикон, анъанаҳои нав, ба мисли иди ҳосилот пайдо шуда буданд. Ба ҷашни Меҳргон истиқлолият умри дубора бахшид.
Таҷлили иди Меҳргон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 таҳти №538, дар тамоми гӯшаю канори кишварамон бо шукӯҳу шаҳомат ба роҳ монда шудааст. Ба истиқболи ин рӯзи муборак пахтакорон, ғаллакорон, боғу токпарварон, чорводорон ва механизаторони меҳнатқарин бо ғайрати дучанд заҳмат кашида, баҳри пешрафти иқтисодиёти давлати тоҷикон саҳми арзанда мегузоранд.
Бо таваҷҷуҳ ба ин, ки Меҳргон яке аз ҷашнҳои сегонаи машҳуру маъруфи мардуми тоҷику форс мебошад ва пайдоишу такомул ва таҳаввули минбаъдааш асосан бо шуғли кишоварзӣ ва рӯзгори аҳли фарҳангу гоҳшуморӣ марбут аст, бо дастури Асосугзори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин иди бостонӣ ҳар сол рӯзи 8 октябр чун иди миллии давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад.
Ҷашни Меҳргон ҳамчун ойини бисёр бостонӣ мероси арзишманди аҷдоди шарафмандамон буда, дар тӯли таърих ва имрӯз ба сифати яке аз рукнҳои муҳимми худшиносиву худогоҳии мардуми мо ба ҳисоб меравад.
Меҳргон дар фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик ҷойгоҳи хосса дорад. Гузаштагони мо анъанаву суннатҳои онро дар хотираи таърихии хеш чун дурри гаронбаҳои маънавӣ ҳифз карда, то ба наслҳои имрӯза расонидаанд.
Ин ҷашни миллӣ саршор аз ҳикматҳои созандаву инсондӯстона буда, дар баробари ин, исботи ҳанӯз дар замонҳои қадим кишоварз, яъне истеҳсолкунандагони неъматҳои моддӣ будани аҷдоди мо мебошад.
Ҳангоми таҷлили Меҳргон ҳамчун ойини анҷоми бобарори корҳои саҳроӣ ниёгони мо маҳсули дастранҷи худро ба намоиш гузошта, фарорасии онро бо шукӯҳу шаҳомат истиқбол мегирифтанд, аз натиҷаи заҳматашон хушҳолӣ менамуданд ва нияту орзу мекарданд, ки солҳои баъдӣ низ ҳосил фаровон шавад, то ки хони мардум пур аз файзу баракат бошад.
Пирӯзии некӣ бар бадӣ, некандешиву накӯкорӣ, аз қалбҳо дур кардани кинаву кудурат ва муҳаббату эҳтиром ба ҳамдигар ҷанбаҳои маънавию ахлоқии ҷашни Меҳргон низ мебошанд.
Ин арзишҳои баланди маънавии Меҳргон аз қадимулайём то ба имрӯз бо илм, адабиёт, фарҳанг ва рӯзгори мардуми мо пайванди ногусастанӣ доранд.
Абӯрайҳони Берунӣ дар асори худ доир ба ҷашни Меҳргон маълумоти пурқимат дода, аз ҷумла бо овардани ривояти пирӯзии Фаридун бар Заҳҳок ғалабаи хайрро бар шарр таъкид намудааст.
Шоирони бузурги тоҷик, аз қабили устод Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Унсурӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрӣ, Низомӣ ва дигарон дар ашъори худ ҷанбаҳои пурҳикмату пурарзиши Меҳргонро тавсифу ситоиш намуда, бо самимияту қалби пок истиқбол гирифтани онро тарғиб кардаанд.
Дар замони истиқлоли давлатӣ ин ойини бостонии мо дигарбора эҳё гардид ва тибқи қонунгузории амалкунанда ба ҷашни миллии мардуми кишварамон табдил ёфт.
Ҷашни Меҳргон дар саросари кишвар таҷлил карда мешавад ва кишоварзони шарафманди мо якҷо бо мардуми мамлакат ин суннати фархундаи аҷдодиро бо хушҳолӣ истиқбол мегиранд ва бо шукрона аз фазои сулҳу суботи Ватан ҳамдигарро бо ин ҷашни бостонӣ табрик менамоянд.
Қобили таъкид аст, ки кишоварзӣ барои мо соҳаи ҳаётан муҳим буда, ба туфайли заҳмати софдилонаи марди деҳқон имрӯз дар бозорҳои кишвар маҳсулоти хушсифату аз ҷиҳати экологӣ тоза фаровон мебошад.
Ҳамзамон бо ин, бояд гуфт, ки соҳаи кишоварзӣ барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ – ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва рушди саноат, махсусан, саноати сабуку хӯрокворӣ нақши басо арзишманд дорад.
Маҳз бо заҳмати деҳқонони асилу соҳибтаҷрибаи кишвар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ сол аз сол афзоиш ёфта, маҳсулоти хушсифати Тоҷикистон, аз ҷумла меваю сабзавот ба кишварҳои гуногун содирот мегардад.
Донишмандони моро зарур аст, ки расму ойинҳои вобаста ба Меҳргонро мавриди омӯзиши амиқ қарор дода, арзишҳои маънавию иҷтимоии онро бо дарназардошти воқеъиятҳои замони нав ва шароити соҳибихтёрии давлати тоҷикон васеъ тарғиб намоянд.
Ҷашни Меҳргон дар роҳи боз ҳам тавсеа пайдо кардани худогоҳиву худшиносии халқамон мусоидат карда, боиси вусъати корҳои созандагиву ободонӣ, истеҳсоли ҳарчи бештари маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳифзи табиати зебои диёрамон мегардад.
Меҳргон тибқи андеша ва эътиқоди ниёгони мо дар рӯзи аввали моҳи Меҳр ва оғози фасли тирамоҳ таҷлил карда мешудааст. Он дорои эътидоли кайҳонӣ буда, дар ин айём рӯзу шаб баробар мешавад ва ба ин сабаб номи ин моҳро Меҳр гузоштаанд. Мувофиқи ойини гузаштагонамон, дар рӯзҳои ҷашни Меҳргон маросимҳои зиёде сурат мегирифтанд, зеро дар давраҳои бостон шуғли аксарияти одамон кишоварзӣ буд. Аз ин рӯ, пас аз ғунучини ҳосил барои баргузор кардани ҷашну шодӣ ва истироҳати кишоварзон замони муносиб будааст, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар мавриди ҷашни Меҳргон гуфтааст:
Малико, ҷашни Меҳргон омад,
Ҷашни шоҳону хусравон омад.
Аз ин рӯ, ҳоло айёми тирамоҳ, ҷашни Меҳргон ва вақти ғунучини ҳосил аст. Деҳқонон бо заҳматҳои шабонарӯзӣ ҳосили фаровон ба даст овардаанд.
Дар ҳақиқат деҳқонон заҳмат мекашанд, то шароити зиндагии мардум беҳтар гардад, маҳз тавассути арақи ҷабини деҳқон одамон ризқу рӯзии худро пайдо намуда, аз анвои маҳсулот баҳраманд мешаванд.
Тамоми ҳамватанонро ба ифтихори ҷашни бостонии Меҳргон самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар сулҳу оромӣ, иқболу саодат ва дастурхони пурнозу неъмат орзу менамоям.
Абдураҳмон Ваҳобзода
Муовини директори Маркази исломшиносӣ