Риояи меъёрҳои Конститутсия – ҷавҳари маърифати ҳуқуқӣ

 

Конститутсия санади воқеан таърихиву муқаддаси ҳар давлату миллат ва танзимкунандаи тамоми муносибатҳои муҳимми ҷомеа мебошад.

Ин ҳуҷҷати тақдирсоз, ки бори нахуст ба таври раъйпурсии умумӣ қабул гардид, дар худ самтҳо ва бахшҳои асосиву стратегии рушди давлатдории миллӣ ва масъулияти муштараки халқ ва ҳокимиятро дар бунёди ҷомеаи иҷтимоӣ ва шаҳрвандӣ инъикос менамояд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба ҳадаф расидан дар рушду пешрафти давлату давлатдорӣ воситаи асосӣ гардида, дар дигаргунсозии бунёдии тамоми муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа нақши муайянкунанда дорад ва муносибатҳои ҷамъиятиеро танзим менамояд, ки ба манфиатҳои олии давлат, ҷомеа ва фард вобаста мебошанд.

Доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдураҳим Холиқзода дар асари худ «Мафкураи миллӣ ва ҳуқуқ» ҳадаф аз қабули Конститутсияро муайян намудани хамирмояи мафкураи миллии давлати ҷавони тоҷикон дониста, таъкид медорад, ки ин санади таърихӣ дар паҳнои сиёсат ва ҳуқуқ бояд равшан, возеҳ, фаҳмо, бебаҳс ва мантиқӣ барои халқи худ ва мардуми ҷаҳон дар ояндаи наздику дур ҳамчун шоҳроҳи зиндагии халқ муаррифӣ гардад. Конститутсия дар қатори ҳама дастовардҳои дигари давлатсозиаш халогии қутбҳои мафкураи миллатро пурра ва паҳнои ваҳдати миллиро созгор намуда, таҳияи мафкураи солими давлатро дар паҳнои арзишҳои меҳварӣ ва усулӣ муайян намуд.

Конститутсияи Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро ба сифати арзиши олӣ эътироф намуда, дахлнопазирии ҳуқуқҳои фитрӣ, аз ҷумла ҳаёт, қадр ва номуси инсонро эълон менамояд ва давлатро масъул месозад, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф, риоя ва ҳифз намояд.

Моддаи 14 – и Конститутсияи Тоҷикистон бо тамоми ин ақидаю андеша ва меъёрҳо мутобиқат дорад, ки дар сархатҳои дуюм ва сеюми он гуфта мешавад: «Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд.

Маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад».

Дар асоси талаботи моддаи мазкур бо ташаббус ва пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 8 июни соли 2007 қабул гардид.

Ҷашну маросим омили муайянкунанда ва инкишофдиҳандаи сатҳи маърифати инсонӣ, шуури милливу мазҳабӣ, ваҳдату ягонагӣ ва солимии ахлоқиву ҷисмонии мардум мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки омӯзишу риояи Қонуни мазкур тамоми қишрҳои ҷомеаро фаро гирифтааст ва тавассути барномаҳои таълимиву истифодаи усулҳои гуногуни тарбиявӣ хонандагон низ аз урфу одатҳо огоҳ ҳастанд ва расму ойинҳоро риоя мекунанд.

Конститутсия Тоҷикистонро ба сифати давлати иҷтимоӣ муайян намуда, онро барои фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи иҷтимоии ҳар фард масъул сохтааст.

Пешвои муаззами миллат таъкид доштанд, ки Конститутсия ҳамчун санади тақдирсози давлати тоҷикон заминаи ҳуқуқии давлатдории мустақил, соҳибихтиёрии миллӣ ва рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишварро фароҳам овардааст.

Бо назардошти ин ҳама гуфтаҳо ва дар асоси талаботи моддаи 10 Конститутсия давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд.

 

Вализода Одинашоҳ,
сардори шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва
диншиносии муқоисавии Муассисаи давлатии 
«Маркази исломшиносӣ дар назди

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх