СУҲБАТУ МОЛОҚОТИ СУДМАНД БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ НУРОБОД

Санаи 30-юми октябри соли 2025 вохӯрии гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдураҳим Ғафор, сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Марказ, Абдуллоҳи Қодирӣ, мушовири директори Марказ Мирзозода Азизулло Файз ва сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ Санавбар Шарипова бо аҳли ҷамоатчигии ноҳияи Нуробод, хизматчиёни давлатӣ, масъулини танзими ҷашну маросими ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, ходимони дин ва фаъолони ноҳияи Нуробод суҳбату мулоқоти судманд баргузор гардид.
Зимни суҳбат директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Холиқзода Абдураҳим дар атрофи мавзуъҳои муҳими рӯз, аз қабили риояи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», инчунин татбиқи «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» ва «Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъадор» ибрози назар намуданд.
Ҳамчунин, масъалаҳои “пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ”, “ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикам баъд мусулмон”, “Салафия”, “умра ҳаҷ нест ва умракунанда ҳоҷи нест”, “либоси миллӣ” “тарғиби арзишҳои миллӣ”, “таҳкими ваҳдати миллӣ”, “устувор намудани суботу оромӣ ва муаррифии дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар” мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Қайд гардид, ки баргузории чунин мулоқотҳо на танҳо барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва динӣ миёни аҳли ҷомеа, балки барои ташаккули ҷаҳонбинии солими шаҳрвандон, таҳкими суботу амният, пояҳои ваҳдати миллӣ, ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ, инчунин баланд бардоштани эҳсоси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстии сокинон нақши муассир мегузорад.
Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх