Миллат – заминаи таъсиси давлатдории миллист.

Аз рӯйи мазмун агар ба мафҳуми истилоҳи миллӣ ё давлати миллӣ, ваҳдати миллӣ ё истиқлолияти миллӣ диққат диҳем, аз ҷониби коршиносон дар чандин шакл шарҳу тавзеҳ дода шудааст.
Вале маънои мушаххаси ин «тавсифи он нисбат ба қавм ё миллати муайян тааллуқ доштани маҳсули таърихиву фарҳангии тамаддуни он миллат аст».
Баррасии таҳлили масъала аз диди ҷомеашиносон ба маврид буда, ба мақсад наздиктар аст, зеро ташаккули миллат ба раванди рушди ҷомеа пайвандӣ дошта, ҳамчун як ҷузъи ташкилдиҳандаи низоми иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар доираи илмҳои ҷомеашиносӣ таҳқиқ мегардад.
Аз нигоҳи ҷомеашиносон андешаи миллӣ – ҳамчун истилоҳи фалсафӣ моҳият ва таъйиноти зиндагӣ ва фаъолияти умумиятҳои миллӣ – этникиро дар марҳалаи муайян, пайванди таърихии гузашта бо даврони муосир, ташаккули ҷаҳонбинӣ, таҳкими устувории арзишҳо дар рушди ҷомеа, муайян намудани мақом ва нақши арзишҳои миллӣ ва диниро дар ҷомеа дар бар мегирад.
Барои ҳамин дар ҳар давру замон новобаста аз низоми сиёсӣ, мавҷудияти истиқлоли сиёсӣ андешаи миллӣ ҳамчун роҳнамо барои ҳар қавму миллат барои расидан ба ҳадафҳояш хизмат кардааст. Чандин марҳилаҳои таърихӣ миллат истиқлолияти сиёсӣ надошт, вале андешаи миллӣ ҳамчун роҳнамо дар умқи миллат боқӣ монд ва мардумро аз мансубияташ ба миллати муайян ҳифз мекард. Таърих гувоҳ аст, ки бархе аз миллатҳое, ки аҳамияти андешаи миллиро дарк карда натавонистанд ё нисбати ташаккули шуури миллӣ беэътиноӣ зоҳир карданд на фақат давлати аҷдодиро аз даст доданд, балки ҳамчун миллат аз саҳнаи таърих беному нишон рафтанд. Бинобар ин, зарурати воқеии ташаккули андешаи миллӣ ҳамчун асоси пояи давлати миллӣ ба миён омаадааст.
Андешаи миллиро дар ҷамбасти арзишҳои миллӣ ва динӣ ташаккул бояд дод, зеро фарҳанги миллати тоҷик аз арзишҳои даврони ориёӣ, давраи пазируфтани дини ислом ва марҳилаи омезиши он бо фарҳанги миллӣ ва давраи муосири миллатсозӣ иборат аст. Дар давраи таърихӣ, арзишҳои миллӣ бо арзишҳои эътиқодӣ пайванд хўрда, ҷудо кардан ё нодида гирифтани яке аз дигар дар раванди давлатдории миллӣ низ хато аст. Зеро дар ин сурат зери нишони низоми бединӣ қарор гирифтан, метавонад қуввањои нави муҳофизони динро алайҳи давлат ба ҳам орад. Чунин таҷрибаи талхро давлати Шӯравӣ аз сар гузаронд.
Падидаи нав дар заминаи чизи кӯҳна пайдо мешавад ва рушд меёбад, вале то чӣ қадар ба манфиати миллат судманд будани онро раванди ташаккули давлатдорӣ ва рушди иҷтимоӣ -сиёсии ҷомеа муайян мекунад. Зеро то чӣ андоза институтҳои иҷтимоӣ ташаккул ёфта бошанд, равиши ҷомеа ҳамон қадар судманд мегардад. Дар ин раванд, ҳар кас як ҷузъи миллат будани худро дарк мекунад ва ягонагии миллатро дар пиёда кардани сиёсати давлати миллӣ вазифаи худ мешуморад, барои тақвияти шуури миллӣ, худшиносӣ ва таҳкими истиқлолияти миллӣ кӯшиш мекунад.
Давлати миллӣ низ дар раванди рушди иқтисодӣ – иҷтимоӣ ва сиёсӣ самтҳоеро пеш мегирад, ки манфиати ин миллатро ҳифз мекунанд. Аз ҳамин рӯ, сиёсати миллӣ низ дар таҷриба мувофиқи санадҳои ҳуқуқии тасдиқнамуда ба татбиқи меъёрҳои ҳуқуқӣ, самтҳои афзалиятноки рушди иҷтимоӣ, дуруст ба роҳ мондани муносибатҳо байни гурӯҳҳои этникӣ, миллатҳо, гурӯҳҳои қавмӣ, диққати аввалиндараҷа медиҳал.
Таҷрибаи муосири ҳамзистии мусолиматомез бо кишварҳои ҳамсоя собит намуд, ки ба даст овардани ин ҳадаф, яке аз масъалаҳои меҳварии сиёсати давладорӣ мебошад. Ҳеҷ имкон надорад, ки давлат берун аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳастӣ намояд. Аз ин рӯ, ҳам аз нигоҳи назариявӣ ва ҳам амалӣ, дар сиёсати давлат бояд сиёсати ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва минтақа ба назар гирифта шавад, то ки минбаъд дар татбиқи он бо назардошти манфиатҳои худ амал намояд. Дар сурати набудани ҳамдигарфаҳмӣ, мушкилоти нав метавонад эҷод шавад, зеро мавҷуд будани амнияти минтақа барои амалӣ намудани ҳадафҳои иқтисодӣ ва сиёсии давлатҳо заминаи мусоид омода мекунад. Ба таври дигар гӯем, ягон омил набояд манбаи низоъи мантақавӣ гардад.
Мутаассифона, таъмини амният низ на ҳама вақт ба манфиати қудратҳои ҷаҳонӣ аст ва ба таври сунъӣ сохтани низоъҳо низ дар таҷрибаи ҷаҳони муосир як падидаи муқаррарӣ шудааст.
Давлати миллӣ мувозинати байни миллатҳо ва пайравони адёни гуногунро дар доираи қонун таъмин менамояд, таҷрибаи беҳтарини ҳамзистии байни онҳоро таҳким мебахшад. Дар ин маврид масоили манфиати миллат ва нуктаҳои асосии он: умумияти миллӣ; омилҳои тафриқаандозӣ; бархўрди манфиатҳо ва андешаҳоро таҳқиқ кардан зарур мегардад.
Дар таҷрибаи давлатдории муосир муайян гардидааст, ки баъзан масоилеро дар сиёсати хориҷӣ, дар мадди аввал қарор медиҳанд, ки шояд онҳо дар ҳамон шароит дар чунин сатҳ муфид ё зарурӣ набошанд.
Бинобар ин, дар сиёсати давлати миллӣ масъалаҳои стратегӣ, ки манфиати умумимиллӣ доранд, бояд дар мадди аввал қарор гиранд.
Стратегияи сиёсати миллӣ дар асоси талаботи консепсияи сиёсати миллӣ, ки сиёсати давлати миллиро баррасӣ мекунад, боназардошти хусусиятҳои кишвар, вазъи иҷтимоӣ – иқтисодӣ ба роҳ монда мешавад.
Татбиқи амалии он вақте сурат мегирад, ки агар воқеъияти илмӣ дошта, манфиатҳои умумимиллиро дарбар гирад. Ҳеҷ ягон сиёсате, ки решаи амиқ дар ташаккули фарҳанги миллӣ надошта бошад, барои рушди устувори миллат натиҷае нахоҳад дод.
Аз ин бармеояд, ки қонунгузории давлати миллӣ, пеш аз ҳама масъалаҳои нозуки ҷомеаро, ки зарурат ба танзими ҳуқуқӣ доранд, тарҳрезӣ ва амалӣ менамояд. Дар ин маврид, яъне дар доираи низоми ҳуқуқӣ, таъмини рушди институтҳои иҷтимоӣ имконпазир ва ба зиндагии воқеӣ метавонад кўмак намояд, ки намунаи он танзими баргузории анъанаву маросими миллӣ дар кишвар мебошад.
Бинобар ин, барои таҳкими давлатдории миллӣ ва татбиқи амалии сиёсати миллӣ хуб мешуд, ки ҳалли масъалаҳои зерин дар мадди аввал қарор гиранд:
– шароити хуб барои татбиқи қонун ва меёрҳои ҳуқуқӣ;
– комил намудани механизми иҷрои қонун;
– ташаккули тафаккури давлатдории миллӣ ва муттаҳид намудани ҳамаи гурӯҳҳои сиёсӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, намояндагони руҳоният ва ғайра;
– дастрас ва ҷавобгў будани низоми таълимӣ дар мактабҳои миёна, касбӣ ва олӣ ҳамчун ҳолоти нигоҳдоранда ва ташаккулдиҳандаи идеяи давлати миллӣ;
– масоили эътиқодӣ, таъмини озодии виҷдон ва таҳаммулпазирии динӣ.
Дар кишварҳои бо аксарияти аҳолиашон мусулмон нақши омили динӣ дар таъмини амният ва оромии ҷомеа калон буда, айни замон масоили эътиқодӣ аз раванди муосир дар канора набуда, дар сурати дуруст танзим намудани он метавонад омили созанда бошад ва дар сурати баръакс, агар тарғиби ғояҳои эътиқодӣ ба дасти бегонагон ё гурӯҳҳои тундгароӣ афтад, метавонад ба омили сӯзанда табдил ёбад.
Таъсири омилҳои дохилӣ ва берунӣ дар ҷомеа ҷиҳати тезу тунд кардани муносибатҳои миёни мардум аз рўйи муносибатҳояшон ба дин ба назар мерасанд. Зеро дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ имконият медиҳад, ки мардум на танҳо бо маводи хусусияти динидошта бевосита шинос мешавад, балки он андешаҳоро ҳамчун ҳақиқати динӣ қабул мекунанд ва ба дигарон низ таблиғ мекунанд.
Хусусан, ҷавонон аз пастии маърифати динӣ ва сиёсӣ чунин падидаҳои номатлуби ҷараёнҳои ифротгароро пайравӣ намуда, эътиқод доранд, ки бо ин роҳ на танҳо ба ормонҳои зиндагӣ комёб мешаванд, балки ба яқин бар он боваранд, ки динро аз ҳаргуна хатарҳо ҳифз мекунанд.
Дар ҳоле, ки ҳақиқат чизи дигар аст.
Котиби илмии Маркази исломшиносӣ Маҳрамбеков М. А.

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх