Андешаҳо перомуни суханони Пешвои миллат: “Ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикам, баъд мусулмон!”

Таърих баёнгари ҳамагуна воқеоту ҳодисот ва дигаргуниҳои ҷомеа аст. Маҳз, бо омӯзиш ва шинохти таърих ва тамаддун метавон ба гузаштаи инсоният ошноӣ пайдо кард. Ҷаҳони имрӯз, ки ҳамагӣ дар талоши азхудкардану қудрати тавони худро нишон додан аст, миллати тоҷик чун ҳарвақта дар талоши сулҳи сартосарӣ ва инсонмеҳварии миллатҳост. Чун ҷомеаи имрӯз дар давраи бисёр ҳассос ва ташвишовар қарор дорад, бояд донист, ки чӣ касем ва ба кадом самт равонем?
Ба ҷомеаи имрӯзаи ҳам тоҷик ва ҳам ғайри тоҷик маълум аст, ки миллати тоҷик мусулмонанд ва пайравӣ ба арзишҳои дини ислом доранд. Ин албатта, ба эътиқоду бовариҳои мардуми тоҷик нисбат мегирад ва ҳаргиз миллатро аз тоҷик будан канор намемонад. Сабаби эътиқоду дилбастагии мардуми мутамаддину адолатдӯсти тоҷик ба дини мубини ислом, ба арзишҳо ва ормонҳои аслии инсонӣ ҳамоҳанг ва мувофиқ будани таълимоти худошиносӣ, инсоншиносӣ ва ҷомеашиносии исломӣ мебошад. Барои мисол, дар бисёр оятҳои Қуръон, гоҳ ба таври мустақим ва гоҳе ба таври ғайримустақим эҳтироми миллатҳо, зарурати татбиқ ва риояи эҳтироми адолати иҷтимоӣ, ки яке аз арзишҳои бунёдии фарҳанги тоисломии тоҷикон мебошанд, таъкид карда шудааст. Чунончӣ, дар ояти 118 сураи Ҳуд ёдрас шудааст: “Ва агар Парвардигори ту мехост, албатта, мардумро як миллат мегардонид. Ва (лекин) ҳамеша мухталиф бошанд”. Аз ин ояти карима метавон хулоса кард, ки интихоби дин дар дасти инсон аст, вале интихоби миллат берун аз иродаи инсон аст. Ва ё дар ояти 13 сураи Ҳуҷурот Худованд мефармояд: «Мо шуморо қавмҳо ва қабилаҳо қарор додем, то якдигарро бишносед. Ба дурустӣ, ки гиромитарини шумо назди Аллоҳ парҳезгортарини шумо аст». Аз фармудаҳои Худованд дар Қуръони карим ва таълимоти исломӣ маълум аст, ки дини мубораки ислом инсониятро ҳамеша ба ростӣ, парҳезгорӣ, адолатпарварӣ, осоиштагӣ, инсондӯстӣ, эҳсонкорӣ даъват мекунад. Дар китоби муқаддаси Қуръон, сураи Ҳуд, ояти 117 Худованд фармудааст, ки: “Ва Парвардигори ту ҳаргиз он нест, ки аҳли деҳаеро бо ситам ҳалок кунад ва ҳол он ки мардуми он некӯкор бошанд”. Тафсири ин ояти карима дар китоби “Тафсири Осонбаён” чунин омадааст: “Аллоҳ Таъоло дар ин оят ба Пайғамбари Худ (с) гуфтааст, ки Парвардигори ту ҳаргиз шаҳре ё деҳотеро, ки мардуми онҳо ислоҳкор бошанд ва таҳти фармон ва қонуни Илоҳӣ зиндагонӣ кунанд, бо ситам ва офатҳо ҳалок намекунад. Инчунин, ҳатто агар аҳли деҳаҳо дар қонуни илоҳӣ дар шак бошанд ё мушрик бошанд, лекин бо адлу инсоф бо якдигар рафтор кунанд, Худованд онҳоро на зулм мекунад ва на ба ҳодисаҳои ногаҳонӣ ҳалокашон месозад…”. Аз ин тафсир возеҳу равшан мегардад, ки Худованд инсонро на ба сабаби куфру ширк, балки ба сабаби зулму адоват ҳалок месозад.
Сухани ҳазрати Алӣ ибни Абитолиб аст, ки “Мулк бо куфр боқӣ мемонад, вале бо зулм боқӣ нахоҳад монд”. Ва ё ҷои дигар: “Худованд давлати адолатпарварро пирӯз мегардонад, агарчӣ дар он куфр бошад, вале давлати зулмпарварро боқӣ намегузорад, агарчӣ муъмин бошанд”.
Ва мазмуну маъонии адолатхоҳонаву таҳаммулмеҳваронаи ин таълимоти исломиро нахустин шуда, на арабҳо, балки маҳз фарзандони нобиғаи халқи тоҷик, мисли Имоми Аъзам Нуъмон ибни Собит (муассиси мазҳаби таҳаммулмеҳвари ҳанафӣ, ки дар ҷаҳон аз ҳама бештар пайравони худро дорад), Имом Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Исмоили Бухорӣ (ҷамъоваранда, муназзим ва шореҳи маъруфтарин маҷмӯаи аҳодиси Паёмбар (с)), Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ (нахустин муфассири Куръон), Имом Абӯисо ат-Тирмизӣ, Имом Абӯҳомид Муҳаммади Ғазолӣ ва ғ. кашф карда, дар асарҳои оламшумули худ холисона шарҳу тавзеҳ дода, бо ин тартиб дар рушди илм ва фарҳанги исломию умумибашарӣ хидматҳои шоёне кардаанд. Имрӯз мо аз он ифтихор мекунем, ки ин абармардони илму фарҳанги исломӣ тоҷиктаборанд. Ин ниёгони бузурги мо, ки дорои тафаккури таҳлилӣ ва зиракии маънавӣ буданд, ҳамоҳангии таълимоти исломиро бо суннатҳои милли фарҳангии хеш амиқ дарк намуда, бо ин равиш арзишҳои миллӣ ва диниро бо ҳам пайвастанд. Ин ҳамбастагӣ сабаб шуд, ки мазмунҳои инсондӯстонаи исломӣ дар шеъру ҳикмат, осори пурғановати адабиёти классикии тоҷику форс инъикос ёфтаанд ва дар тӯли садсолаҳо то имрӯз ҳамчун воситаи таълиму тарбия дар такмили ахлоқу маънавиёти мардум ва танзими зиндагии рӯзмарраи онҳо нақши муассиреро иҷро карда истодаанд.
Миллати тоҷик на танҳо баъд аз қабули дини ислом ба ингуна таълимоти инсонмеҳваронаю башардӯстона даст ёфтаанд, балки пеш аз ислом низ бунёдкору созанда, сулҳофару адолатпарвар буданд. Таълимоти ахлоқии дини зардуштӣ – дини ниёгони тоисломии мардуми тоҷик “Пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек” имрӯз низ арзишу аҳаммияти амалии худро на танҳо маҳфуз доштааст, балки аҳаммияти фаромиллӣ касб намудааст. Ин шиор аз сиришти неки миллати тоҷик хабар медиҳад.
Мақсад аз ин гуфтаҳо ин аст, ки миллати тоҷик аз қадим ҳамчун миллат арзи ҳастӣ доранд ва дар майдони таъриху сиёсат ҳамчун миллат ва ё қавми тоҷик онҳоро шинохтаанд, на ҳамчун зардуштӣ ва ё мусулмон. Зеро, ҳар миллате, ҳар қавме дар дарозои таърих дину ойини худро вобаста ба бардошту боварҳои худ тағйир додаанд. Дар ин радиф, тоҷикон низ истисно нестанд. Албатта, бардошт аз ин гуфта ба доираи фаҳму дарки ҳар шахс вобаста аст, вале бояд донист, ки қабул кардан ва ё накардани ҳар динеро вобаста ба эътиқод метавон тағйир дод, вале миллиятро ба ҳеч ваҷҳ наметавон тағйир дод. Имрӯзҳо мо худ шоҳидем, ки гирифтани шаҳрвандии дилхоҳ давлат бо риояи ҳатмии қонунгузории он имконпазир аст, вале ҳамчун миллати ҳамон давлати шаҳрвандидошта эътироф нахоҳем шуд. Бинобар ин, ба гуфтори “аввал тоҷикам, баъд мусулмон” набояд ба маънои бартарӣ додан ба миллият нисбат ба дину эътиқодро фаҳмид, балки бояд донист, ки ин гуфтор ба маънои будану ҳастан ва боқӣ мондани тоҷик ҳамчун миллат дар ҷомеаи башарист. Бе шак, ин масъала дар таълимоти дини ислом борҳо ёдрас гардидааст ва дар сухани ҳакимонаи «Ҳар кас, ки худро шинохт, Парвардигори худро шинохт» ба таври равшан инъикос ёфтааст.
Бояд зикр кард, ки ҳастии миллати тоҷик на танҳо дар дину ойин доштан асоснок мегардад, балки дар доштани таърих, фарҳанг, забон пояҳои худро устувор гардонидааст. Таълимот, таълифот, таъкидоти бузургону нобиғагони ниёгонамон баёнгари ин андешаҳост.
Берун аз гуфторҳои динӣ, манзумаи шоир ва нависандаи тоҷику форс Манучеҳриро метавон ёдрас кард, ки асли масъала аст:
Хурсанд ба неку бади худ бояд буд,
Андозашиноси ҳадди худ бояд буд.
Аввал сабақи ту абҷад омад, яъне,
Бар сирати аб ва ҷадди худ бояд буд.
Новобаста аз вазъу шароити таърихӣ бузургони мо аз Рӯдакӣ то Айнӣ тавонистанд нақши мондагори худро дар рушд ва ташаккули фарҳанги исломӣ гузоранд, ки албатта дар саҳфаҳои таърих на ҳамчун мусулмон, балки ҳамчун тоҷик бо ифтихор ёд мегарданд.
Инчунин, таърих дар гузашти айём исбот кардааст, ки миллати куҳанбунёди тоҷик шахсиятҳои маъруфро мисли Одамушшуаро Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино, “Устоди дуввум” Абӯнасри Форобӣ, Абӯрайҳони Берунӣ ва дигарон ба майдони илму адаб овардааст, ки онҳо дар рушди илм ва фарҳанги умумибашарӣ хидматҳои шоёне кардаанд ва ҷаҳон то имрӯз аз осори онҳо баҳра мегирад.
Нақши созгори чеҳраҳои мондагоре чун муҳаддисону муфассирон, фақеҳону мутакаллимон, шоирону адибон, олимону муҳаққиқони тоҷик дар рушд ва ташаккули фарҳанг ва тамаддуни умумибашарӣ ҳам мояи ифтихор асту ҳам мояи тафаккур. Пас, ҳар фарди соҳибватану соҳибдини тоҷикро месазад, ки аз тоҷик будани худ, аз фарҳанги бостонии миллӣ ва лабрези арзишҳои волои инсонии худ, аз он ки узви чунин як миллати куҳанбунёд, мутамаддин ва фарҳангсолор аст, ифтихор дошта бошад.
Одинаева Ш.; Наҷотзода М.; Наботов М.
– кормандони шуъбаи пажуҳиши ҳуқуқи исломӣ

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх