Ман ифтихор дорам, ки аввал тоҷикам, баъд мусулмон!(Дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат)

 

Авлавият додан ба тоҷик будан қабл аз диндорӣ, ин муқобили ҳам гузоштани ин ду арзиши муқаддас нест! Мутаассифона, баъзеҳо ифтихор аз тоҷик буданро чунин мефаҳманд, ки гӯё дар ин маврид мақоми дин паст зада мешавад. Чунин нест!
Якум, халқи тоҷик аз қадим соҳиби тамаддун ва фарҳанг буда, диндор ва яктопараст буд. Замоне, ки дигар халқиятҳо шакли зиндагонии қабилавӣ доштанд, Куруши кабир давлати мутамаддин бунёд сохта буд. Тоҷикон ҳамеша пайравӣ ба дин доштанд ва ба шаклҳои ба худ хос Худоро мепарастиданд. Вақте дини ислом ба сарзамини Мовароуннаҳр ворид шуд, дар пасманзари воқеаҳои гуногуни таърихӣ аз қабили истилои араб, дини исломро қабул карданд.
Дуюм, ҳар шахс метавонад дини худро иваз кунад. Масалан, аз дини ислом рӯй тобад (риддат кунад) ва дини дигареро пайравӣ кунад ё ба ягон дин бовар надошта бошад. Аммо оё инсон метавонад миллати худро иваз кунад? Ҳаргиз не, зеро ин кор ғайриимкон аст. Агар масалан дар шиноснома миллаташро тағйир диҳад ҳам, ҳамонон тоҷик боқӣ мемонад.
Сеюм, ифтихор аз миллати худ дар дини ислом манъ нагардидааст. Баръакс, Қуръони карим ба миллатҳо арҷ гузошта, мефармояд Худованд одамонро ба қабилаву миллатҳо қисмат кардааст. Дар ин замина, ҳамаи халқиятҳое, ки ифтихори миллӣ доранд ва масъаларо дуруст дарк кардаанд, арзишҳои миллиро бо арзишҳои динӣ тавъам намуда, ба ин васила ҳам мардумро муттаҳид месозанд ва ҳам роҳи низоъро пеш мегиранд ва барои пешрафту тараққии давлат замина мегузоранд.
Аз ин рӯ, ифтихор доштан ба миллати худ ва ҳамзамон арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги миллӣ ин муқобилгузории миллат ва дин нест.
Масалан, Имоми Аъзам ҷиҳати арҷ гузоштан ба урфу одат ва анъанаҳои миллии халқиятҳои ҷаҳон фатвои таърихии худро содир намуданд, ки барои мусулмониро қабул кардани миллионҳо роҳ кушод. Фатво чунин аст, ки ҳар урфу одат ва анъанаҳои миллатҳо, ки ба таълимоти дини ислом мухолифат надошта бошад, қобили қабул аст. То он замон, баъзе мутаассибон арзишҳои миллиро бидъат унвон намуда, мехостанд танҳо миллати араб ҳукмрон бошад. Бубинед, дар ин ҷо маҳз бартарияти миллати араб арзёбӣ шудааст. Яъне, ҳанӯз аз ибтидои ислом миллат дар ҷои аввал қарор мегирифт. Дар замони муосир ҳам аксари мутаассибон миллатро нодида гирифта, урфу одат, анъанаҳо ва идҳои миллӣ аз қабили Иди Наврӯз, ҷашнҳои Меҳргон, Тиргон, Сада ва амсоли инҳоро бидъат пиндошта, машруъияти онҳоро қабул надоранд. Ҳол он, ки Имом Абӯҳанифа ва баъдан дигар имомони аҳли суннат ҷоиз будани онҳоро эътироф намудаанд.
Масъалаи дигаре, ки дар ин маврид бояд зикр шавад, паст будани ҳисси ифтихори миллии баъзе шаҳрвандон аст. Мисолҳо: аз ибтидои ислом то имрӯз баъзе миллатҳо тавассути дин арзишҳои миллии худро паҳн мекарданд ва мекунанд. Ҳатто ташкилотҳои муосири экстремистӣ ва террористӣ ба як миллат авлавият медиҳанд ва ба ҳамон забон муколама мекунанд. Агар фарз кунем, ки яке аз ташкилотҳои террористӣ муваффақ шавад, ҳатман дар ҳамон минтақа забони арабӣ ҷорӣ карда мешавад (манзури муаллиф паст задани ягон миллате набуда, дар мақола намунаҳо барои мисол оварда шудаанд А.В.). Яъне, дар маҷмуъ ҳадафи ниҳоӣ ва пардапӯшонаи дилхоҳ ташкилотҳои экстремистӣ ё террористӣ кӯшишҳо барои интишор ва паҳн намудани арзишҳои миллӣ аст.
Дар муқобили ин, ҷавонони гумроҳшудаи тоҷик агар ба созмонҳои террористӣ пайванданд, ҳатман муқобили миллати худ таҳдид мекунанд. Масалан, ҳамагон шоҳид буданд, ки Абӯдовудҳо ва Абӯиброҳимҳои террористи тоҷиктабор аз Сурияву Ироқ истода, ба Ватани худ таҳдид мекарданд. Ҳол он, ки дигар террористон миллату ватани худро дар мадди аввал мегузоштанд.
Бинобар ин, баланд бардоштани ифтихори миллӣ барои мо ҳатмист! Ифтихор бо тоҷик будан ба мо чӣ медиҳад (1) ва оё танҳо ба забон овардани ин сухан кофӣ аст ё не (2)? Ифтихор бо тоҷик будан моро муттаҳид месозад (1), меҳри мардумро ба Ватан меафзояд (2), ҳисси миллиро баланд мебарад (3), монеъи ифротгароиву терроризм мешавад (4), ба пешрафту тараққиёти кишвар мусоидат менамояд (5) ва аз ҳама муҳим, ифтихор ба тоҷик будан кафолати бақои давлат ва миллат аст (6)!
Агар таълимоти гузаштагони худро таҳлил кунем, ҳама аз тоҷик будани худ фахр доштанд. Ифтихор аз тоҷикият дар осори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абӯалӣ ибни Сино ва садҳо нобиғаҳои миллати тоҷик баръало баён гардидааст.
Имрӯз барои таҳкими танинандози «Ман тоҷикам ва бо он ифтихор мекунам» моро лозим аст ҳидоятҳои Пешврои муаззами миллатро ба ҷону дил қабул намуда, баҳри амалисозии онҳо кӯшиш кунем, заҳмат кашем, Ватанро обод кунем, фарзандонро дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ба воя расонем.
Танҳо иттиҳоду ҳамбастагӣ кафили пешрафту тараққии Тоҷикистон ва таҳкими амнияти диёрамон аст!
Аз ин рӯ, ман бо ифтихор такрор мекунам: Ман тоҷикам, баъд мусулмон!
Абдураҳмон Ваҳобзода,
Муовини директори Маркази исломшиносӣ

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх