Абдурауфи Фитрат “Қиёмат”

Абдурауф Фитрат (с.т. 1886, Бухоро – с.в.1937, Тошканд), нависанда ва олими шинохта буда, фаъолияти ӯ яке аз саҳифаҳои дурахшони таърихи навинро ташкил медиҳад.
Ҳарчанд Фитрат дар замони бисёр душвори барои адибону нависандагони он замонаи Бухоро умр ба сар бурдааст, вале, боз ҳам тавонистааст масъалаҳои рӯзмарраи иҷтимоӣ-сиёсии он давраро ба риштаи танқид кашад.
АБДУРАУФ ФИТРАТ ҚИЁМАТ
Дӯсти ман лақаби «Почомир»-ро аз кӯкнорхона гирифтааст. Азбаски вай одами ҳушёр, ҳозирҷавоб ва гапзан буд, аҳли кӯкнорхона ба ӯ меҳрубон шуда, ин лақабро ба ӯ муносиб диданд. Номи худаш Рӯзиқул аст. Ин Рӯзиқул ба яке аз хасистарини бойҳои Бухоро, ки Аҳмадбой ном дошт, хизматгор буд. Бо вуҷуди зиракӣ ва ҳушёрӣ ба дин ва диндорӣ эътиқоди тамом дошт.
Хасис ва фиребгар будани хӯҷаинашро Рӯзиқул хуб медонист. Лекин бисёр намоз хондан, тиловати Қуръон кардан ва ҳар вақт аз охират ва ҷаннат сӯҳбат намудани ӯро нағз медид. Аҳмадбой гоҳо рӯй ба қибла меистод, дастҳояшро мебардошт, “дар ҳаққи ҷумла бандаи мӯъмин”, ба қатораш дар ҳаққи Рӯзиқул ҳам дуо мекард ва “давлати охират” металабид. Ин кори ӯ ба Рӯзиқул хуш меомад ва: «Хайр, ҳақ надиҳад ҳам, дуояш ғанимат аст” гуфта мемонд.
Бо ин ҳама, баъзан бо роҳи бадиҳагӯй ва ҳозирҷавобӣ хӯҷаини хасиси худро чунон хафа мекард, ки…
Чунончи, рӯзе аз куҷо як каллаи арзон ёфта, шӯрбо пухта буданд. Хӯҷаин шӯрборо хӯрда, каллаашро барои пагоҳ нигоҳ дошта буд. Ба Рӯзиқул, гӯштро он сӯ гузоред, аз шӯрбои он ҳам як қатра надоданд. Шаб, ки бой ба хоб рафт, Рӯзиқул калларо гирифт. Майнаашро кофта нӯши ҷон кард. Боз ҳамон тавре буд, печонида ба ҷояш монд.
Бой саҳар калларо аз тоқча гирифта, гӯштҳои вайро пора кард, ҳамин ки навбат ба майнаи он расид, фарёд баровард:
– Рӯзиқул, ҳой Рӯзиқул!
– Ҳа, лаббай!
– Ба ман нигоҳ кун, ба ин сар кӣ даст зад?!
– Ба кадом сар?
– Ана, ба сари ин гӯсфанд.
– Бегоҳ худатон даст зада будед-ку!
– Аҳмақ, гапро гирифта нагурез! Майнаи инро ту хӯрдӣ-мӣ?
– He!
– Кӣ хӯрдааст?
– Ман чӣ донам. Аслан, бемайна будагист…
– Ин чӣ гап! Сари бемайна ҳам ҳаст-мӣ?
– Агар ин сар майна медошт, дар ин хона ҳаргиз намеистод.
Аҳмадбой аз ин ҷавоб хиҷил шуд, хун ба сараш давид, нафасашро гирифт ва чизе нагуфт…
Рӯзиқули диндор аз хӯҷаини қуръонхони худ фақат ба воситаи ҳамин гуна суханҳои тез интиқом мегирифт ва ба ҳамин қадарҳо қаноат мекард…
Рӯзиқул бисёртарин умри худро дар хизматҳои сиёҳи ҳамин Аҳмадбой гузаронид, пир ҳам шуд. Дар як зимистони бисёр сахт барои барфтозакунӣ ба бом баромада буд. Якбора ғалтида, пояш шикаст. Як-ду нафар аз хидматгорони бойҳое, ки ҳамсоя буданд, омада нигоҳубин карда истоданд, доруҳо доданд. Рӯзиқул сиҳат ёфта аз ҷой бархост. Лекин як пояш бекор шуда буд.
Рӯзиқул, ки дар болои пирӣ пояш ҳам шикастааст, баъд аз ин ба Аҳмадбой ҳеч даркорӣ надошт. Аҳмадбой, ки ҳар вакт гирён-нолон Қуръон мехонд ва даст ба дуо бармедошт ва бо ин ҳилаҳо худашро ба мардум меҳрубон ва раҳмдил нишон дода тавониста буд, ин дафъа чеҳраи ҳақиқии худро кушод ва чашм ба чашми як хизматгори ихлосманд, муфткори биступанҷ сол хизматкардаи худ духта, бо камоли бешармӣ:
– Ту аз ин ҳавлӣ рав! гуфт.
Рӯзиқул аз оҳанги бераҳми ин ҷумлаи бешарм рӯҳи нопоки Аҳмадбойро хонда тавонист, аммо ҳеҷ чизе нагуфту ҷомаашро ба китфи худ партофта, бо камоли ғазаб ва асабият баромад. Ҷояш нест, ҳеҷ касаш нест. Куҷо равад? Чӣ кунад? Гадоӣ? – Намехоҳад. Боз ба хидмати ягон бой дарояд, намегиранд.
Рӯзиқул хеле фикр кард, фикр карду ночор ба яке аз кӯкнорхонаҳои маълуми Бухоро омад. Он вақтҳо барои касоне, ки монанди Рӯзиқул бошанд, ягона сарпаноҳ ҳамин ҷой буд. Рӯзиқул ба як вазъияти андешанок даст ба дар расонида, онро ним кушоду сарашро хам намуда, ба ҳар ҷониби ин хонаи зиндамурдагон нигоҳ кард: буғи самовор дар ҷӯш буд, дуди чилимҳои пай дар пай ва бӯи талхи кӯкнор, ки дар ҳар шикастаи сафолӣ, бо ҷунбиши танбалонаи дастҳои бехун, фишор меёфт, дар ин чордевори паст як ҳавои заҳрноке ҳосил карда буд.
Ҳамин, ки Рӯзиқул дарро нимкушо кард, як-ду овози хоболуд шунида шуд:
– Биёед, бародар, биёед. Ҳой Ҷумъатағо, ба меҳмон ҳам як чои талх дам карда биёред.
Баъд аз чунин меҳмоннавозии гарм, ғайр аз даромадан дигар чорае нест. Рӯзиқул даромад. Чой оварданд. Камтар кӯкнор такдим намуданд.
Ин муҳити хушчақчақ ва беқайд ба Рӯзиқул, ки аз дунё димоғаш сӯхта буд, хеле хуш омад ва зуд бо аҳли кӯкнорхона омӯхта шуд. Худаш хам, ки хеле хушгап ва ҳозирҷавоб аст, ҳурмат ва диққати аҳли кӯкнорхонаро ба худ кашида тавонист.
Лақаби «Почомирӣ» ҳам аз ҳамин таърих ба ӯ дода шуда буд.
Почомир тамоми рӯз дар кӯкнорхона нишаста, дар зери нашъаи заҳрноки кӯкнор, дандонхалол метарошид ва ба бозор бароварда мефурӯхт, пулашро ба нон, чой ва кӯкнори ҳаррӯза медод.
Аҳли кӯкнорхона аз мобайни худхошон қиссахон низ пайдо кардаанд. Ҳар рӯз, баъд аз нушидани кӯкнор, қиссахонӣ сар мешавад. Гоҳо аз ҷангномаҳои Рустам ва Абӯ-Муслим ва гоҳо аз афсонаҳои «Меъроҷнома» мехонанд. Баъзе ҷойҳои аҷиби ҷангномаҳо, масалан: дар майдон даромадани Рустам ва Абӯ-Муслим, бардоштани амуди гарони понсадмани ва гард-гард кардани душманон тамоми кӯкнорхонаро дар ларза меоварад. Тамоми кӯкнориён, дар қатори онҳо албатта, Почомир ҳам, яковоз шуда – «э, зан ҷонашба», гуфта фарёд мекарданд. Аммо афсонаи «Меъроҷнома» бештар ба суол ва ҷавобҳои хандаомез ва хушчақчақҳо сабаб мешуд. Почомир, агарчӣ аввалҳо ба ин суол ва ҷавобҳо тарсида гӯш медод, лекин баъдҳо нотарстар ва далеронатар иштирок кард. Зотан, баъд аз ҳамон зарбаи беинсофӣ, ки аз Аҳмадбой диндори куръонхон хурда буд, имони Почомир хеле суст шуда буд.
Як рӯз дар кӯкнорхона рӯзи палав буд. Палавро хӯрданд, кӯкнорро нушиданд, чойҳоро дам карданд. Ҳар кас руймолчаи чиркини сиёҳи худро кушод ва ба тарошидани чубпораҳо машғул шуд. Қиссахон Меъроҷномаашро кушод. Гап дар болои таърифи ҷаннат мерафт: «Ба ҳар кас аз» «Ҳур» ном духтарҳо 75 ҳазор… аз «Ғилмон» ном бачаҳо 75 ҳазор… ҷӯйҳои асал ва шароб ва шир… Дар замини ҳар ҷӯй, ба ҷои лой ва санг – тилло ва ҷавоҳир…»
Ҷумъатағо, ки онҳоро мешунид, дар пеши самовор истода гуфт:
– Ҳай баракалло… Ҳамин қадар давлат-ку будааст, то онҳоро дар таҳти ҷӯйҳо партофта исроф кардана, ба мо фиристонанд намешавад!
– Эҳтимол, ки роҳ дурӣ карда бошад.
– Хотирҷамъ, агар роҳ наздик ҳам мешуд, на ба моён, балки ба Аҳмадбойҳо мефиристоданд.
– Мо чи гуноҳ кардем?
– Худо ҳам ба ҷомаи нав нигоҳ мекардааст.
Баъд аз ин ҷавоби кинояноки Почомир боз як суоли дигар ба миёна андохта шуд:
– Дар ҷаннат фақат аз «оби ҳаёти» мо як ҷӯе набудааст – дия!
– Ба ҷои ҷӯи шир «оби ҳаёт» ҷорӣ мекарданд, нағз мешуд.
– Худо, ки барои ҳар кадоми мо 75 ҳазор духтар, 75 ҳазор бача тайёр карда мондааст, наход ки ҳамин кӯкнорро фаромӯш карда бошад!…
– Ҳой, ба ман нигоҳ кунед. Ин ҳафтоду панҷ ҳазорҳо духтар ва писар-ку барои мардон тайёр шудааст, ба занҳо чӣ? Ба онҳо ҳам ҳафтоду панҷ ҳазорӣ шавҳар медиҳанд-мӣ?
Ба ин суоли нофорам қиссахон ҷавоб дод:
– Не. Зани ҳар кас яке аз ҳамин ҳафтоду панҷ ҳазор ҳур мебошад, ки бо шавҳари худ зиндагӣ мекунад.
Почомир, ки ба ҷомааш такя карда, чашмҳояшро тоза пӯшонида буд, якбора хандида фиристод.
– Худо зад! – гуфт, – ҳафтоду панҷ ҳазор палонҷ! Кадом паҳлавон ба ҷанҷоли инҳо тоқат мекарда бошад?!..
***
Почомир зери девори хонаи танг ва торик хобидааст. Бемор. Дар пешаш баъзе аз дӯстони «донишманди» кӯкнорхонагӣ нишастаанд. Ҳамаашон ғамгин, хафа! Яке ба рӯи бемор об мепошад, дигаре ба пешонаи он ҷургот месояд, яке сарашро бо руймол мебандад, дигаре пояшро мемолад. Қиссахон ҳам пичир-пичир карда ҳар ҷумлаи арабӣ, ки ёд дорад, мехонад ва ба рӯи Почомир пуф мекунад. Лекин бефоида мондани ҳамин қадар тадбирҳо ҳамаи ёронро маъюс мекард.
Почомир вафот кард. Дӯстонаш гирёну нолон ӯро шустанд. Барои кафан кардан пул нест. Халтаҳои кӯкнорро ҷамъ ва ямоқ карда, кафан дӯхтанд. Мурдаро ба тарзи маълум ба гӯристон оварданд. Даҳани як гӯри кӯҳнаро кушода, Почомирро хобониданд. Гӯрро пӯшониданд ва дӯстҳои Почомир видои охиринро карда, баргаштанд.
Баъд аз он ки камтар вақт гузашт, як тарафи гӯр боз шуд. Ду нафар одами ҳайбатнок даромаданд: қадҳояшон дароз, шикамҳо калон, чашмҳо ҳамчун косаҳои хун оташ гирифтагӣ, ба сарҳошон ду шох, дар синаҳо панҷ қадоқӣ мӯй, дар дастҳо калтакҳо монанди «амуди гарони» Рустам.
Яке аз онҳо шишае аз бағал бароварда, ба рӯи мурда дошт. Почомир аз ҷо бархост. Назараш ба рӯи меҳмонҳо афтод. Ба ҳар тараф нигоҳ кард. Дар куҷо будани худашро фаҳмид ва ба Мункар-Накир будани ин меҳмонҳо низ шубҳааш намонд. Дар андеша афтод, ки ба суоли онҳо чӣ ҷавоб диҳад. Гапҳое, ки дар дунё ёд карда монда буд, аз тарс ба хотираш нарасид. Торафт тарс ва изтиробаш зиёд шудан гирифт. Наздик буд, ки аз ҳаракатҳои беҷои худ Мункар ва Накирро ба шубҳа андозад. Дар ҳамин вақт чашмаш ба кафан афтод. Кафани пӯсидаи дарида ба ёди Почомир расид. Ақлашро ҷамъ кард, худашро тавоно гирифт. Мункар ва Накир аз рӯи одати худашон сиёсат карда, калтакро ба сари Почомир бардоштанду:
– Худоят кист? — гуфта фарёд карданд.
Почомир вазъиятро вайрон накард, чашмашро ба чашмҳои онҳо духт ва пурсид:
– Худаш чӣ гап, ака?!
Мункар ва Накир, ки то имрӯз аз ҳеҷ мурда ин тавр муқобилатро надида буданд, ҳайрон шуданд ва ҷавоб доданд, ки:
– Мо Мункар ва Накир ҳастем. Омадем то бидонем, ки ту имон дорӣ, ё не.
– Шуморо кӣ фиристод?!
– Худо фиристод, гапро дароз макун!
Почомир, мисли ин ки ба як воқеаи аҷиб дучор шуда бошад, ҳайрон-ҳайрон ҷавоб дод:
– Мункар ва Накири Худо фиристодагӣ-ку се моҳ пеш аз ин омада рафта буданд. Боз шумо барои чӣ омадед!
– Ту, кай мурда буди?
– Се моҳ шуд!
– Се моҳ?!
– Ҳа, се моҳ!
– Дурӯғ мегӯӣ!
Почомир кафани худро ба даст гирифта ба онхо нишон дод.
– Нигоҳ кунед, куҷои ҳамин кафан аз мурдаи нав аст?!
Пӯсида, дарида, зард шуда рафтааст. Ана, бинед, ҳар тарафаш рехта истодааст!
Почомир дид, ки ин ҳуҷуми охиринаш ба Мункару Накир таъсир кард ва барои он ки онҳоро бисёртар суст кунад, дам нагирифта, ба ҳуҷуми худ давом намуд:
– Бародарон, – гуфт Почомир, – худатон фикр кунед, охир мурдани ман ва кай ба гӯр даромадани ман дар ягон дафтар қайд нашудааст. Худи шумо ҳам дар дастатон ягон хате, ки аз куҷо ва барои чӣ омаданатонро нишон диҳад, надоред. Ҳар рӯз аз шумоён кадоме, ки дилаш хост, омада одамро ташвиш додан мегирад. Ин коратон хуб нест, тақсирҳо, магар корҳои охирати шумо низ ҳамин хел бетартиб аст?
Мункар ва Накир, ки ин гуна муқобилатро диданд, ҳайрон шуданду надонистанд, ки чӣ кунанд. Гашта рафтанӣ ҳам шуданд. Баногоҳ Накир ном калонтари онҳо фарёд баровард:
– Эй писари одам! Худо ҳозир ба ман маълум кард, ки ту дурӯғгӯй будӣ. Моёнро фирефтан мехоҳӣ. Моёнро фирефтан мумкин аст, аммо худоро фирефта наметавонӣ!
– Хӯш, боз чӣ шуд? — гуфт Почомир.
– Ту дирӯз дар кӯкнорхона мурдаӣ. Чун пулат набудааст, дӯстонат аз кӯкнорхалтаҳои кӯҳна кафан духтаанд ва ҳамин рӯз туро гӯронидаанд. Зуд бош, ҷавоб деҳ худоят кист?
Накир калтакро бардошт.
Почомир тарси худро нафаҳмонда ҷавоб дод:
– Истед, Накир-ака! Худо-ку, кай мурдан, дар куҷо мурдан ва кай ба гӯр даромаданамро, ҳатто чихел будани кафанамро ҳам медонистааст. Пас чаро имон доштан ва надоштанамро намедонад?! Беҳуда, ҳам шумоёнро ташвиш медиҳад, ҳам маро. Мақсадаш чист?!
Ин суоли қувватнок буд, Мункар ва Накирро ҳайрон кард. Аз худо боз як бор хабар мешавад гуфта мунтазир истоданд, вале худо ҳеҷ хабари тоза нафиристонд. Ночор корро партофта рафтанд, ки як дастуруламали тоза гирифта биёянд ва дигар наёмаданд!
Баъд аз рафтани Мункар ва Накир Почомир ҳам хоб карда монд. Чӣ тавр хобиданашро ва чиҳо шуданашро ҳеҷ кас намедонад. Як вақт овози сахти боҳайбати карнайро шунида, бедор шуд. Боз Мункар-Накир омаданд гуфта, тарсид. Чашмонашро дуруст кушода, нигоҳ кард: Ҳайҳот… Аз гӯристон ва аз гӯр ҳеҷ асар нест.
Дунё як дашти ҳамвор, монанди як кафи даст! Мисли буттаҳои хор, ки дар биёбонҳои беоб, ҳар ҷо-ҳар ҷо сар бароварда, хушкида мемонданд, аз замин одам рӯида аст! Ҳама сар бардошта, ба ҳамдигар ҳайрон-ҳайрон нигоҳ мекунанд.
Почомир дар ҳаққи карнайчии худо, ки «Исрофил» ва дар ҳаққи карнайи ӯ, ки «Сур» мегуфтанд, аз «Меъроҷнома» маълумот гирифта буд. Онҳоро ба хотир оварда, чӣ будани воқаеро фаҳмид. Дар ҳамин вақт боз садои даҳшатноки карнай баланд шуда, ҳар тарафро ба ларза овард. Ҳамин, ки садои дуюми карнай баланд шуд, тамоми одамҳо ҳамчун сарбозҳои тозамашқ, бетартиб ва пасу дунбол аз ҷо бархостанд. Марду зан омехта, дар ҳар ҷой ҳар кас бараҳна, кафан нест, либос нест, лунги ҳам надоранд. Аз ин қадар бараҳнагӣ «кашфи авратӣ» Почомир шарм кард. Вай худ ба худ андешид, ки: «Охир дар дунёи гузашта ин навъ гаштанро худашон манъ карда буданд-ку?»
Боз дар дилаш гуфт:
«Хайр, эҳтимол, ки қонунҳои охират дигар бошад».
Миллион-миллион одамҳо ҳама бараҳна ва девонавор ба ҳар тараф медаванд. Почомир ҳам ба онҳо ҳамроҳ шуда, медавад. Ҳеҷ кас чӣ кардан ва ба куҷо рафтани худашро намедонад.
Почомир аз чанд кас пурсид, ҳеҷ кас ҷавоб надод. Ҳамин вақт дар миёни мардум кӯдакони бол ва парнок пайдо шуданд. Дар даст ва бағали ҳар кадоми ин кӯдакон дафтарчаҳои майда буд, онҳоро ба мардум медиҳанд. Ба Почомир ҳам як дафтарча доданд. Дар дафтарча баъзе чизҳо навишта бошанд ҳам, Почомир хонда натавонист. Савод надошт. Ба ҳар ҷониби дафтарча нигоҳ карда истода буд, ки як садои ошно ба гӯшаш расид:
– Салом. Почомир!
Почомир сарашро бардошта нигоҳ кард.
– Эй Ҷумъатағо, шумо-ку?!
Ин ду дӯсти кӯкнорхона ба ҳуҷуми мардум ва тангии вақт нигоҳ накарда, бағал кушоданд, мулоқот карданд. Сару рӯи якдигарро бӯсиданд. Ҷумъатағо аз шодӣ гиря мекард.
– Бечора, Ҷумъатағо, шумо ҳам мурда будед-а?!
Ин сухани тасаллиомезро Почомир аз гап наёфтан гуфта буд, лекин ба Ҷумъатағо бисёр хуш омад. Вай дарҳол ба гап даромад:
– Баъд аз се моҳи шумо ман мурдам… – гуфта мехост, ки ҳикояти мурдани худашро гӯяд. Почомир сухани ӯро бурид:
– Истед, Ҷумъатағо, – гуфт Почомир, шумо савод доштед-мӣ?
– Ҳа, доштам. Ҳӯ дар он дунё, дар кӯкнорхона, як рӯз «Машраб»-ро хонда дода будам-ку. Ба ёдатон ҳаст ё не?
– Ҳаст, ҳаст, ба ёдам ҳаст. Аз ҳамин дафтарча ба шумо ҳам доданд-мӣ, тағо?!
– Доданд, Почомир. Лекин дар ин дафтарча бисёр чизҳои ноҳақ… хед!!
– Истед, тағоҷон, аввал ҳамин дафтарчаи маро хонда диҳед!!
Ҷумъатағо дафтарчаро аз Почомир гирифт. Аввал ба ҷилди он нигоҳ кард. Дар рӯи ҷилд: «Ин номаи аъмоли Рӯзиқул бинни Отабой» – навишта буданд.
– Канӣ, яла карда хонед, чиҳо навиштаанд, – гуфт Почомир.
Ҷумъатағо дафтарчаро кушода, ба хондан сар кард: аз замони 14-солагии Почомир то мурданаш ҳар коре, ки карда бошад, ҳамаро навишта буданд: ошро бо дасти чап хӯрданаш, бо пои рост ба хало даромаданаш, дуои даромади халоро нахонда нишастанаш – ҳамаи инҳо ба қатори гуноҳҳо навишта шуда буданд.
Почомир инҳоро шунида:
– Тағо, инҳо бисёр майдагап будаанд-ку! – гуфта монд.
Тафтиш ва тадқиқи дафтарча давом кард. Замонҳое, ки Почомир ба Аҳмадбой хидмат мекард, як қисми аҷиби ин дафтарча ҳикояти ҳамон замонҳо буд. Аз Аҳмадбой чӣ қадар чӯб хӯрда бошад, чӣ қадар ҳақорат шунида бошад, хидматҳои бисёр сахти ӯро чӣ қадар ва пурра иҷро карда бошад – ҳамаи инҳоро ба қатори «савоб» навиштаанд. Хидмати бойро иҷро накарда бошад, ё ки ним иҷро карда бошад, дар вақтҳои калтак хӯрдан ва дашном шунидан ба Аҳмадбой эътироз карда бошад, ҳамаро ба қатори «гуноҳ» навиштаанд. Ҳатто ҳамон ҷавобе, ки дар воқиаи каллаи гӯсфанд ба Аҳмадбой дода буд, яке аз гуноҳҳои бузург ҳисоб шудааст.
Почомир инҳоро шунида камтар асабӣ шуд:
– Дар ин ҷо ҳам обрӯи Аҳмадбойҳо баланд-ку! – гуфт.
– Ҳа, ҳа, ба ман нигоҳ кунед, ана дар ҳаққи ман ҳам як ноҳаққии калон…
Ҷумъатағо суханашро тамом накарда, қаровулҳо бо чӯбдастаҳои оҳанин омаданду мардумро ба як тарафи номаълум пеш андохта бурданд. Почомир ва Ҷумъатағо низ хоҳ-нохоҳ ба мардум ҳамроҳ шуда рафтанд. Ҷумъатағо, аз тарс, дафтарчаашро ба замин ғалтонида буд, хам шуда гирифта:
– Почомирҷон, аз ман ҷудо нашавед!… – гуфта монд.
Рафтанд, рафтанд. Бисёр вақтҳо рафтанд. Оқибат, наздики як каппони васеъ омада истоданд. Ин каппон аз як майдони васеъ иборат буд. Ба чаҳор тарафаш хирманҳои «гуноҳ» ва «савоб» меистоданд. Дар миёна як тарозӯи калони зағомадор буд. Дар сари тарозу як тарозудоре меистод, ки башарааш заҳраи одамро мекафонад. Мардум ба атрофи каппон ҷамъ шуданд. Тарозудор овози нофорам ва ҳайбатноки худро баланд карда, ҷеғ зад:
– Ҳой, авлоди одам! Нашунидам нагӯй, нафаҳмидам нагӯй! Қиёмат қойим шуд… Ана ин тарозуи мизон… Амалҳои шумоёнро баркашида мебинам… Ҳар кас, ки савобаш зиёд барояд, ба ҷаннат меравад… Ҳар кас, ки гуноҳаш бисёр бошад, ба ҷаҳаннам меравад… Ҳама ҳозир шавед.
Ин фарёди тарозудор як кори зиёдатӣ буд. Чунки «қоим шудани қиёмат» ва «тарозуи мизон» ва «амалбаркашӣ»-ро на танҳо Почомир, балки ҳамаи мардуми ин ҷо будагӣ фаҳмида буданд. Аз ин ҷеғ задани тарозудор ҳеҷ кас натарсид. Ҳеҷ кас як ҷавоб ҳам надод, фақат Почомири мо:
– Дуруст, фаҳмидем, зуд бошед, коратонро сар кунед! – гуфта андак ғуррида монд.
Ҷумъатағо бошад эътироз карданӣ шуд. Лекин ҷасорат карда натавонист. Фикрашро ба Почомир гуфт:
– Охир дар ҳамин дафтарчаҳо-ку ҳама амалҳои моёнро навиштаанд ва аз рӯи фаҳми худашон гуноҳ ва савобро ҳам ҷудо карда мондаанд. Ҳаминҳоро шуморида ҷамъбаст кардан магар мумкин нест?! Тарозу барои чӣ?!
– Ҳисобро намедонанд! – гуфт Почомир.
Баъд аз эълон кор ҳам сар шуд. Рафти кор ҳамин тариқа буд:
Миллион-миллион марду зан ҷамъ шуда, аз ҳар тараф ба сари тарозудор ҳуҷум мекунанд ва баробар дод мегӯянд:
– «Ана дафтари ман, дафтари маро гир. Ман аввал. Маро назан. Ту чаро мезанӣ?! Ҳой, ман мондам…».
Дод, фарёд он қадар баланд аст, ки чӣ гуфтани ҳеҷ касро шунида намешавад. Тарозудор дафтарчаи як касро мегирад, масалан: дафтари «Мулло Олим» гуфта номи онро бо овози баланд мехонад. Мулло Олимро аз миёни мардум бароварда, ба ақибаш мегузаронад. Дафтари Мулло Олимро ба панҷ-даҳ нафар пиразан фариштаҳо месупорад. Он пиразан – фариштаҳо ба атрофи хирманҳои гуноҳу савоб менишастанд. Хирманро бо ангуштҳои худашон мекобанд. Гуноҳ ва савобҳои Мулло Олимро ҷудо карда мегиранд. Гуноҳҳоро ба як зан зағома, савобҳоро ба як зан зағома меандозанд.
Тарозудор бар мекашад. Баъд аз он ки вазни онҳоро донист, ба дафтарча менависад ва имзо карда ба соҳибаш медиҳад. Зағомаҳоро холӣ карда, боз дафтарчаи дигарро гирифта ба кор сар мекунад. Боз ҷанҷол, боз занозанӣ, боз садоҳои: «маро гузарон, ӯро бимон!!».
Почомир ва Ҷумъатағо дуним сол интизор кашиданд, лекин як қадам ҳам ба тарозу наздик шуда натавонистанд. Як қадам пеш ниҳанд, бист қадам ақиб мерафтанд. Агар кор ҳамин тариқа давом кунад, боз ду-се сол ҳам ба тарозу наздик шуданро гумон намекарданд. Ҳамин вақт дар тарафи пеш, дар сари тарозу ҷанҷол баромад. Ҳамоно мардум, ки аз ғояти интизорӣ баҷон омада буданд, ба тарозудор ҳуҷум карданд. Садоҳои: «Зан, гурез! Аҳмақро зан, дандонаш шиканад!» ба фалак печид. Мардум, ки дар атрофи тарозу буданд, ба ҳам омехтанд. Садоҳои ба якдигар расидани калтакҳои оҳанин бо фарёд ва фиғонҳои калтакхӯрдаҳо якҷо баланд мешуд. Зоҳиран, ҳуҷум қувватнок шуд ва қаравулон аз худо ёрӣ талабиданд. Баногоҳ аз ақиб садоҳои: «Он тараф рав, ин тараф биё» баланд шуд. Як даста аз қаровулҳои оҳанин чӯбдаст сафи мардумро даронида, тозон-тозон омаданд.
Почомир донист, ки ин ќаравулон як сара то ба пеши тарозу, яъне ба сари ҷанҷол мераванд:
– Ҳой, Ҷумъатағо, тез бош, аз ман ҷудо нашав! гуфта, Почомир худашро ба миёни ҳамин қаровулҳо андохт, Ҷумъатағо ҳам ба Почомир часпид. Ниҳоят, дар миёни қаровулҳо даромада, бо азоб ва уқубат ба тарозу наздик шуданд. Ҷанчол камтар паст шуда будааст, ки тарозудор ба кори худаш давом карда истода буд. Сардори қаровулҳои омадагӣ сабаби ҷанҷолро пурсид. Мардум боз дод гуфта ғирев бардоштанд. Ин ҷо, кӣ чӣ мегӯяд, маълум набуд. Почомир ба пеши сардори қаровулон рафт:
– Тақсир, мумкин-мӣ? – гуфт ӯ.
Сардор фарёд кард:
– Чӣ мегӯӣ? Барои чӣ ҷанҷол мебардоред? Ҳозир ҳамаатонро ба ҷаҳаннам мефиристонам!
Почомир ханда карда, ба суханаш давом кард:
– Дуруст, тақсир. Як фиристодан бошад-ку, мефиристед… Лекин, ҳамин бечораҳое, ки дар ҳамин ҷо солҳо боз мунтазири тарозу шуда истодаанд, як мақсад доранд, ҳаминро ба шумо фаҳмониданӣ ҳастам.
– Гӯй! – гуфт сардор.
– Барои амали ҳамин қадар одамро баркашидан як дона тарозу чӣ мешавад! Даҳ-понздаҳ тарозу набуд-мӣ?
– Ман тарозуро аз кучо ёбам?!
– Аҷаб ку, – гуфт Почомир, – дар даргоҳи худо фақат як дона тарозу будааст-мӣ?! Модоме ки ҳамин қадар кори калонро сар мекардед, аз аввал тайёрӣ дидан, ҳеҷ набошад, ҳамин хирманҳои гуноҳ ва савобро ҷудо карда мондан лозим набуд-мӣ?! Тарозу набошад, ҳозир фармоед, даҳ-понздаҳ тарозу сохта овезанд. Корҳои одамҳо ба зудӣ анҷом ёбад.
Сардор камтар мулоим шуд. Барои ин ки арзи бандаҳоро расонад ва аз худо боз чанд адад тарозу хоҳиш кунад, чанд нафар қаровулҳоро фиристод. Навбат ба Почомир расида буд. Тарозудор дафтарчаро гирифту ба пиразан-фариштаҳо супорида, Почомирро ба ақиб гузаронид. Пиразан-фариштаҳо ба кори ҷудо кардани гуноҳ ва савобҳо нишастанд. Кор бисёр бо сустӣ мерафт – «Холаҷон, барака ёбед, зуд бошед» – гуфтанҳои Почомир натиҷа надод. Баъд аз интизории дуру дароз кор тамом шуд.
Гуноҳ ва савобҳо баркашида шуд. Ба дафтарчаи Почомир навишта даст ҳам монданд. Баъд аз он ки Почомир дафтарчаро гирифт, мунтазири кори Ҷумъатағо шуд. Кори Ҷумъатағо ҳам тамом шуд. Ҳар ду аз миёни мардум баромаданд.
Ду тани дӯст дар саҳрои қиёмат ҳайрону саргардон гаштанд. Ба куҷо рафтан ва чӣ кор карданашонро намедонистанд. Почомир баъзан асабӣ мешуд, «ин чӣ бало буд?», – гуфта фарёд мекард. Ҳамин вақт як ҷамоаро диданд, ки ба як тараф тохта-тохта меравад.
– Куҷо меравед? – гуфта пурсид, Почомир.
– Ба лаби ҳавз меравем, – гуфта ҷавоб доданд.
Почомир донист, ки ин ҳавз ҳамон ҳавзи «инноатайно», яъне ҳавзи кавсар мебошад.
– Биёед, тағо, камтар об хурда биёем, – гуфт вай.
Ба ҳамин ҷамоат ҳамроҳ шуданд. Рафтанд, рафтанд. Аз дур як ҳавзи калон намудор шуд. Ҷамоат давида-давида ба лаби ҳавз расиданд. Ба чаҳор тарафи ҳавз чаҳор одам истодааст, дар дасти ҳар кадом як тос. Ба ҳар кас об рехта медоданд. Лекин ин ҳама одамҳои ташна ба ин гуна тартиб чӣ тариқа нигоҳ карда меистоданд? Аз чаҳор тараф ба ҳавз мерехтанд. Баъзе ба даруни об, баъзе то зону дар об даромада ва баъзе дар лаби ҳавз хам шуда дудаста об гирифта мехӯрданд. Ва баъзе ба ҳавз афтода ғарқ мешуданд. Оби ҳавзро он қадар лой ва тира кардаанд, ки дар дунёи гузашта онро ҳеҷ кас нӯшида наметавонист. Малоикаҳои чубдастнокро касе писанд ҳам намекунад!…
Почомир ва Ҷумъатағо аз як тараф ба ҳавз наздик шуданд. Аз оби лойолуд як-ду дам нушиданд, баъд аз он ба як тараф гузашта, занозанӣ ва ҷанҷоли обхӯронро тамошо карданд.
Аз тамошо ҳам ҳавсалаашон гирифт, боз бо одамҳое, ки аз ҳар тарафи биёбон давон-давон меомаданд ва мерафтанд, ҳамроҳ шуданд. Рафтанд, рафтанд. Рафта, рафта ба сари пули сирот расиданд. Почомир ба ҳар тараф бо диққат нигоҳ кард:
Як чуқур бисёр васеъ пур аз оташ. Забонаҳон оташ баланд шуда атрофро афрӯхтаанд. Дар болои ин чуқур, аз миёнаҷояш пул (кӯпрук) гузоштаанд, ки вай аз мӯй бориктар ва аз шамшер тезтар аст. Лекин худаш мӯй ҳам нест, шамшер ҳам нест! Агар мӯй мешуд, кайҳо месӯхт, агар шамшер мешуд, ин қадар одамҳоро бардошта наметавонист ва кайҳо мешикаст. Ин пул бисёр дароз, он тарафашро дидан мумкин нест. Ба ин тарафаш мардум ҷамъ шудаанд. Фариштаҳои таёқи оҳанин дар даст ба чангу арак ғӯтида, ба ҳар тараф медаванд. Дод, фиғон, фарёд, наъраҳо гӯшро кар мекунанд. Як чанд одамҳо ба гӯсфандҳо савор шуда, бар пули сирот, ки монанди мӯй борик аст, пасу дунбол равон шудаанд. Яке аз болои гусфанд ва дигаре ҳамроҳи гусфанд сарнагун шуда ба оташ ме-афтанд. Боз аз ин тараф фариштаҳо одамҳоро гирифта, ҷабран ба гӯсфандҳо савор карда, ба болои пул равон мекунанд. Ин манзара хусусан Ҷумъатағоро тарсонд. Вай аз Почомир як чиз пурсиданӣ шуд, лекин аз тарс нафасаш набаромад, чизе гуфта натавонист. Худи Почомир ҳам тарсид. Вай оҳиста дасти Ҷумъатағоро кашида:
– Тағо, биёед, ин ҷо наистем, – гуфт.
Ҳар ду мехостанд номаълум карда, оҳиста аз миёни мардум дур шаванд. Аммо дар ҳамин вақт як дасти боқувват аз китфи Почомир гирифта:
– Биё, Рӯзиқул навбати ту аст! – гуфт.
Почомир тарсид. Нигоҳ карда, яке аз қаровулҳои таёқи оҳании доштагиро диду:
– Ба ман чӣ мегӯед? – гуфта пурсид Почомир.
– Биё, аз пули сирот мегузарӣ!
– Ман нагузараму дар ҳамин ҷо монам-чӣ?
– Намешавад!
– Хуб. Набошад монед, камтар об хӯрда биёям.
– Намешавад, – гуфта пеш кашид қаровул. Почомир афтону хезон давида ба сари пули сирот расид. Ду фаришта ду гӯсфандро тез-тез пеш андохта оварданд.
– Ана ба ҳамин гӯсфанд савор шуда гузар, гуфтанд. Почомир, ни гусфанди харобро шинохт. Дар соли 1215-уми ҳиҷрӣ худаш қурбонӣ карда буд. Ба ҳамон фаришта, ки гӯсфандро медошт, нигоҳ кард:
– Ака, худаш чӣ гап? Шумо сардор доред ё не?
Як фариштаи қоматбаланд:
– Чӣ мегӯӣ? – Ана ман сардори онҳо, – гуфта ҷавоб дод.
– Инҳо маро ба ҳамин гӯсфанд савор кардан мехоҳанд, – гуфт Почомир.
– Чаро савор намешавӣ? – пурсид фаришта.
– Чаро савор шавам? – бо истеҳзо боз пурсид Почомир.
– Ба ҳамин гусфанд савор мешавӣ, аз ҳамин пул мегузарӣ. – Қаҳри Почомир омад:
– Охир ман ҳамин гӯсфандро дар соли 1215-уми ҳиҷри қурбонӣ карда будам, – гуфт ӯ овозашро баланд карда: – Мо се нафар будем, ин гӯсфандро аз бозор то ҳавлӣ се соат зӯр зада оварда будем. Ҳамаи моро аз ҷон безор карда буд. Ин сабил чарс. Дар роҳи рост ҳам дуруст гашта наметавонист. Ҳам маро ба оташ меғалтонад, ҳам худаш меравад.
– Ба ман чӣ! – гуфт фаришта. – Худат қурбонӣ кардагӣ гӯсфанд-да. Ҳар кас ба гӯсфанди худаш қурбонӣ кардагӣ савор шуда мегузарад.
– Ин гапатон дуруст, тақсир, – гуфт Почомир. – Лекин ман дар дунё боз як гӯсфанди сафед ҳам қурбонӣ карда будам. Он гӯсфанди сафед аз ин дида оромтар ва хубтар буд. Ҳамонро биёред савор шуда мегузарам.
– Не намешавад! – гуфт фаришта.
– Чаро намешавад?! – боз пурсид Почомир.
– Зеро аз ту ҳамин гӯсфандро худо қабул кардааст.
– Барои чӣ ин қабул шудааст? Вай аз ин беҳтар буд-ку?
– Худо ба нағз ва бад будани гӯсфанд кор надорад! – хитоб кард фаришта.
– Набошад, ба куҷояш кор дорад?!
– Ту ин гӯсфандро аз пули ҳалол харидаӣ, пули он гӯсфанд ҳаром будааст, андаке суст шуда гуфт фаришта.
– Ука, – гуфт Почомир, пули ҳаром-чӣ? Ман ин гапҳоро намедонам. Дар тамоми умрам ду гӯсфанд қурбонӣ карда будам. Ҳар дуяшро ҳам аз пули мардикорӣ аз пули меҳнат гирифта будам. Ба болои як пул як пул монда, ҷамъ карда будам.
– Гапро дароз макун, ба ҳамин савор шудан гир!
– Чӣ мегӯӣ ту! Гапро гӯш мекунӣ ё не! – ба ғазаб омад Почомир. – Модоме ки ҳар кас гӯсфанди худашро савор мешавад, ду гӯсфанди ман ҳаст, онҳоро биёр, як нағзашро ҷудо карда, савор шуда мегузарам. Магар гӯсфандони нағзи маро худатон нигоҳ дошта, бадашро ба ман медиҳед?
Фаришта камтар мулоим шуд, оҳиста-оҳиста гап зад.
– Рӯзиқул-ака, ту ба ҳамин гӯсфанд савор шав, агар худо афв кунад, бо ҳамин ҳам гузашта метавонӣ.
– Истед, ука! – гуфт Почомир. Худи ҳамин коратон-ку як кори бисёр бемаза!! Ҳамин қадар одамҳоро ташвиш дода, гуноҳу савобашонро ба тарозу баркашида, ба дасти ҳар кадомиамон як дона паспурт ҳам додед, нағзӣ ва бадии моёнро дар қабр боз пурсида-пурсида хуб обашро баровардед! Боз мардуми бечораро ба гӯсфанд савор карда ба болои пули мӯин бозӣ доштан чӣ маънӣ дорад?! Поспуртҳои моро бинед, имзои мудири каппон ҳам ҳаст, нағзӣ ва бадии моёнро аз ҳамин фаҳмед. Гунаҳкоронро як тараф ҷамъ кунеду аз пояшон гирифта ба дӯзах партоед. Бегуноҳонро бошад аз як роҳи дуруст ба ҷаннат дарореду монед. Шумо ҳам халос мо ҳам халос!… Агар ин тариқа накунед, ду гӯсфанди маро биёред, ман як нафарашро хуш карда савор мешавам, дигараш боз аз шумо.
Фариштаҳо диданд, ки ин касро бо гап мағлуб кардан мушкил аст. Ночор як нафари онҳо рафта як гӯсфанди сафедро овард ва ба Почомир нишон дода:
– Ана ин чӣ? – гуфт.
Почомир гӯсфандро шинохт.
– Ана ин ҳам гӯсфанди худам, бисёр нағз, – гуфта савор шуд. Ба гардани гӯсфанд дудаста часпид. Ба қаравулҳо Ҷумъатағоро нишон дода:
– Гӯсфанди ин касро ҳам биёред, гуфт.
– Ту рафтан гир, ин ҳам бо навбати худаш меравад.
– Не, не. Моён «ба ҷаннат баробар медароем» гуфта аҳд бастаем.
Яке аз қаравулон ба Ҷумъатағо ҳам як гӯсфанд оварда дод. Тағо ҳам мисли Почомир ба гӯсфанд савор шуд. Бисмилло гуфта ба болои мӯй ҳай карданд. Гӯсфанд ҳам хеле усто шуда будааст, ба болои пули мӯйин йӯрға карда рафтан гирифт. Почомир чашмҳояшро пӯшонда буд. Агар чашмашро мекушод, сараш мегашт ва аз болои гусфанд ғалтидан таъин буд…
Халтаҳои кӯкнор, Мункар ва Накир, ҷанҷолҳои каппон… – Вай ҳар кадоми ин воқеаҳоро бист дафъа ба ёдаш меоварду ба меҳнатҳояш дилаш месӯхт. Баъд аз он ки ҳамин қадар меҳнат кард аз Мункару Накар, аз каппон ва аз гӯсфанди сиёҳ халос шуд медид, ки боз ба болои пули мӯйин мондааст ва медонист, ки дар ин ҷо ҳеҷ ҳила ба кор намеравад.
«Ҳе афсус! Водареғ!.. Охир корам ба ҳамин гӯсфанд монд. Агар як пои ин ҷонвар аз мӯй лағжад, кор тамом…» мегуфт ӯ дар дилаш.
– Хайр, ҷонвар, худат як кор мекунӣ-да, – гуфта Почомир ба худаш тасаллӣ медод. Ба ин қадар тез йӯрға зада рафтани гӯсфанд ҳайрон шуд. Гӯсфанд ҳамон гӯсфанди сафеди худаш.
Вай як гӯсфанди оромнок бошад ҳам, дар болои мӯй ин қадар бозӣ карда давидани ӯро Почомир асло гумон накарда буд. Як рӯз дар он дунё барои ин ки ҳамин гӯсфандро аз як ҷӯйчаи хурд гузаронад, бисёр ташвиш кашида буд. Ҳамин ходиса якбора ба хотираш расиду:
– Тағо, ҳастед-мӣ?! – гуфта дӯсташро ҷеғ зад.
Ҷумъатағо аз тарс монанди мурда буд. Куҷо овоз, балки нафасаш ҳам намебаромад, ба зӯр: «ҳа, ҳастам» – гуфта монд.
– Бечораҳо ин гӯсфандро хуб ёд дода будаанд, – гуфта Почомир аз фариштаҳо изҳори миннатдорӣ кард.
Ҷумъатағо ҷавоб надод. Ҳуши Почомир ба ҷояш буд. Ҳар чизро бо сабабаш ва натиҷааш нағз муҳокима карда метавонист. Бо вучуди ин як масъаларо ҳеҷ фаҳмида наметавонист: барои ин ки як одамро ба ҷаннат дароранд, ин қадар ташвиш додан чаро?! Ҳар чизро медонистагӣ худо имоннок будан ва набудани ҳар касро албатта бояд донад. Баъд аз донистан боз Мункар-Накирро фиристода мардумро дилкаф кардан, дар каппонҳо саргардон намудан, ба гӯсфанд савор кардан, ба болои мӯй бозӣ доштан аз барои чӣ?! Дилаш хун буд, ки чаро маънои ин корҳоро намефаҳмад. Чӣ қадар роҳ рафтанашро ҳам намедонист. Баногоҳ гӯсфанд истод.
– Э вой – гуфт Почомир, ин ҷаноб дар миёнаҷои роҳ монда бошад, худо зад!..
Почомир бисёр-бисёр тарсид. Аз тарс чашмашро ҳам кушода натавонист. На роҳ рафтан, на гаштан ва на фаромадан мумкин набуд.
Панҷ-шаш дақиқа истоданд:
– Тағо, ҳастед-мӣ? – гуфта боз ҷеӯ зад Почомир.
– Ҳастам. Барои чӣ истода мондем?
– Чашматонро кушодед-мӣ?
– Дар ин ҷо чашм кушода мешавад-мӣ?
– Тағоҷон, чашматонро кушода нигоҳ кунед-чӣ! Омадем е не?
– Чашм кушода наметавонам. Сарам мегардад, – гуфт тағо.
Дар ҳамин вақт: «Фароед! Омадем» гуфта овози равандагон баромад. Чашми ҳарду дӯст якбора кушода шуд. Худашонро дар як сабзазори васеъ диданд. Ҳар кас аз гӯсфанд фаромада ба ҷониби пеш медавид. Аз дур қисми болоии иморатҳои олӣ ба назар назар ҷилва мекард. Ин ҷо ҷаннат буд. Почомир ҳамроҳи Ҷумъатағо аз гӯсфанд фаромаданд ва ба тарафи пеш қадам ниҳоданд. Баъд аз он ки камтар роҳ рафтанд, ба як шаҳри васеъ даромаданд.
Гулҳо, дарахтҳо, мурғҳо, қасрҳо… Танаи дарахтҳо аз тилло ва нуқра ва баргҳояш аз зумрад. Ҳар кадом ҳавлӣ аз як парча ёқут; аз зери дарахтҳо, аз таҳти деворҳо ҷӯйчаҳо мегузарад. Ба ҳар тарафи ин шаҳр кӯча ба кӯча ва дар ба дар гаштанд. Дар болои дарвозаи ҳар хона номи соҳиби хона навишта шуда, ҳар кас ҳамин хатҳоро хонда, хонаи худашро ёфта медарояд. Почомир савод надорад. Ҷумъатағо ба ӯ ёрӣ мекунад.
– Ҷумъатағо, аввал ҳамроҳи ман гашта хонаамро ёфта диҳед, даромада чой хӯрда, дам гирифта баъд аз он боз мебароем. Ҳавлии шуморо ҷӯстуҷӯй мекунем, – гуфт Почомир. Баъд аз якуним соли саргардон шуда гаштан, пеши як ҳавлича омада истоданд. Дар болои дарвоза: «Рӯзиқул бинни Отабой» навишта буданд.
– Ана ҳамин ҳавлии мо будааст, – гуфта истоданд. Аз дарун бисёр духтарҳо ва бачаҳои хубрӯй давон-давон баромаданд.
– Марҳамат, тақсир, марҳамат! – гуфта ба гардани Почомир часпиданд, сарашро бӯсиданд, ришашро бӯиданд. Почомир донист, ки инҳо ҳуру ғилмонанд. Ӯ аз миёни ҳуру ғилмонҳо бо як дабдабаи калон ба остона баромад. Вай ба Ҷумъатағо, ки ақиб монда буд, нигоҳ карда гуфт:
– Марҳамат, тағо, марҳамат.
– Духтарҳо ва бачаҳо якбора хандиданд:
– Не, тақсир, ин кас даромада наметавонанд! – гуфтанд.
– Барои чӣ даромада наметавонанд?
– Барои чи?
– Ба ин ҳавлӣ ғайр аз шумо дигар ҳеҷ кас даромада наметавонад.
– Шумо барои чӣ даромадед?
Ҳуру ғилмонҳо боз якбора хандиданд:
– Тақсир, мо аз ҳамин ҷой ҳастем.
– Нахандида ба гап ҷавоб диҳед! – гуфт Почомир хашмгин шуда: – Ин ҳавлӣ аз кист?
– Аз ҷанобатон.
– Шумоён кистед?
– Хидматчиёни шумо, занҳои шумо, бачаҳои шумо.
– Агар чунин аст, ҳаққи гап задан надоред! – гуфт Почомир ва тағоро гирифта ба ҳавлӣ даромаданӣ шуд.
Боз намонданд:
– Намешавад, тақсир. Ин фармони худо.
Худи Ҷумъатағо ҳам аз ин меҳмоннавозӣ шарм кард.
– Хайр, Почомир, худатонро бисёр наранҷонед. Шумо ба хонаатон даромада дам гиред, ман ҳавлиамро кофта ёбам. Баъд боз меоям, – гуфт.
Ҳар ду дӯст бо ҳамдигар видоъ намуда, ҷудо шуданд.
Почомир ба ҳавлӣ даромад. Ҳурҳо ӯро ба як хонаи ороста дароварданд. Дар пешгоҳи хона як тахти калон буд. Почомир ба тахт баромада нишаст. Духтарҳо, писарҳо дар пеши вай саф кашида даст пеш гирифта истоданд. Почомир аз «меҳмоннавозии» ҳурҳо ҳанӯз дар ғазаб буд, онро фаромӯш карда натавонист:
– Магар шумоён аз ман ҳастед?!
– Ҳо тақсир, аз шумо ҳастем.
– Гӯрсӯхтаҳо, ҳамаатон, ки аз ман будаед, панҷ-даҳ нафаратон то пули сирот барои ман пешвоз мебаромадед, магар мемурдед? Магар ақлатон нест! Одаме, ки ҳамин қадар хидматгор дорад, барои хонаашро ёфтан магар якуним сол овора мешавад?!
Почомир бисёр монда шуда буд. Пойҳояш дард гирифт, камтар хоб кардани шуд. Сарашро ба болишт монд. Чашмҳояшро пӯшид…
Чӣ қадар хоб рафтанаш маълум нест. Вақто ки чашм кушод бисёр гурусна монда буд. Нонҳо, ҳалвоҳо, қаймоқҳо ҳамааш ҳозир шуд. Ҳеҷ кадоми инҳоро хидматчиён наёварданд. Худи ин таомҳо парида-парида омада, ба пеши Почомир истод. Баъд аз он ки Почомир хурда сер шуд, он ҳама неъматҳо боз парида-парида рафтанд.
Почомир то шаб боз ду дафъа таом хӯрд. Вақто ки шаб шуд, хоб рафт. Пагоҳӣ боз ҳамин кор. Рӯзҳо се дафъа таом, шабҳо бо як-ду нафар духтар хоб…
Ҳафт рӯз ҳамин тариқа зиндагӣ кард. Баъд аз ин Почомир аз кор баромад. Дилаш аз ин зиндагӣ гирифт. Ба худаш як кор ёфтанӣ шуд. Аз духтар ва писароне, ки дар пешаш буданд, ду нафарро гирифта, «биёед маро тамошо диҳед» гуфта берун баромад. Ҳар тарафи боғро дид. Дар зери дарахтҳо чаҳор ҷӯйча паҳлуи якдигар ҷорӣ буданд. Почомир хам шуда нигоҳ кард: дар яке аз ҷӯйчаҳо шири сафед, дар дигаре оби зулол, дар яке аз онҳо асал ва дар дигаре шароб мавҷ мезад.
Почомир вакте ки шаробро дид, шод шуд:
– Ана аз ҳамин шароб бисёртар гирифта барем, – гуфт.
– Ҳуре ки ҳамроҳаш буд:
– Хуб, мегирем, тақсир, – гуфта ҷавоб дод.
– Ҳамин шаб камтар маст шавем, – гуфт Почомир.
– Тақсир, ин шароб маст намекунад-ку.
– Магар вайрон аст?
– Не, вайрон ҳам нест, маст ҳам намекунад.
– Шароб бошаду маст накунад, шароб намешавад, – гуфт Почомир.
Як писарбача ҷавоб дод:
– Тақсир, шароби охират, ҳамин тариқа будааст, мо низ ҳамин қадар мехӯрем, маст нашудаем.
Почомир дигар ҳеҷ нагуфт ва ба роҳаш давом кард, писарбача боз пурсид:
– Тақсир, магар аз шароб нагирем?
– Дафъ кун, чӣ кор мекунӣ! Шароби вайронро кӣ менӯшад?
Почомир ба хона баргашт. Димоғаш сӯхта буд. Боз ба ҳамон хона рафта, бекор нишастан ба ӯ сахт меомад. Барои ин ки ба худаш коре ёбад, фикр карда қадам мезад. Ба ҳеҷ тараф нигоҳ ҳам намекард. Аз чаҳор қадам дуртар ба назараш як бутаи кӯкнор намудор шуд. Почомир аз шоди наздик буд, ки бирақсад. Якбора ба ҳамон тараф давид. Чуқуреро, ки дар зери пояш буд, надид. Пояш лағжид. Почомир ба чуқур афтод:
– Вой дод, маро аз ин чуқур халос кунед, нафасам банд шуд, – гуфта ҳар чӣ қувват дошт, фарёд кард.
– Почомир, Почомир, ҳой, Почомир, чӣ шуд? Кайфҳоро парондед-ку, хезед, хезед!..
Почомир, ки дар як ҳолати мурдавор арақ карда буд, чашмашро кушод… Ҳам кӯкнориёне, ки ҳалқа шуда Меъроҷнома мешунавиданд, кайфҳояшон парида, тарсида ба Почомир нигоҳ карда, аз ҷояшон бархостанд ва ҳама пурсиданд:
– Зоҳиран, хоби бад дидед, Почомир? Бисёр ҳайбатнок дод гуфтед. Ҳамаро дилкаф кардед!
Почомир дасташро ба синааш монда: Уф, шукур, хоб будааст, набошад, худам дилкаф шуда будам – гуфта ҷавоб дод…
Қиссахон аз Меъроҷнома дар ҳаққи «ҷаннат» «маълумот» медод: – Як хона аз ёқут, як хона аз марворид… – гуфта акнун сар карда буд, ки Почомир китобхониро бурид:
– Монед, бисёр таъриф накунед. Ман дида омадам, ҳеҷ мазза надорад… – гуфта кӯкнориёнро ба ҳайрат андохт.

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх