КОНИБОДОМ: МУЛОҚОТ БО ФАЪОЛОН ВА ХОДИМОНИ ДИН

Санаи 25 ноябри соли 2025 дар асоси нақшаи муштараки Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори МИҲД- и шаҳри Конибодом мулоқоти навбатӣ баргузор гардид.
Дар ҳайати гурӯҳи корӣ Одинашоҳ Вализода ва Мирзозода Азизулло кормандони масъули Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Прокуратураи ноҳия, Сафарзода Диловар – намояндаи Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат доштанд.
Баромадкунандагон дар суханрониҳои худ атрофи қонунҳои амалкунандаи кишвар, аз ҷумла «Дар бораи танзими ҷашну маросимҳо», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва дар ҳошияи суханони Пешвои миллат, ки “Аввал ман тоҷикам, баъд мусулмон” – шарҳу тавзеҳ дода, нақши онҳоро дар таҳкими ваҳдат, ҳифзи арзишҳои миллӣ, доир ба истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, зӯроварӣ дар оила, никоҳи бармаҳал ва тақлид ба фарҳангҳои бегона ва боло бурдани маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷомеа муҳим арзёбӣ мешаванд, зикр карда шуд.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки чунин мулоқоту вохӯриҳо ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими ҳамкории мардум бо мақомоти давлатӣ ва тарғиби сиёсати давлатӣ мусоидат менамоянд.
Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх