Ноҳияи Ашт: вохӯрии гурӯҳи корӣ бо имомхатибон, раисони маҳаллаҳо, фаъолон ва зиёиёни шаҳраки Шайдон

Санаи 26 ноябри соли 2025 мувофиқи ҷадвали Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақша чорабиниҳои муштарак бо Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи ноҳияи Ашт бо шаҳрвандон, имомхатибон, раисони маҳаллаҳо, фаъолон ва зиёиёни шаҳраки Шайдон зери шиори “Ман аввал тоҷикам, баъд мусулмон”, фаҳмонидани мақсаду ҳадафи ҚҶТ «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҚҶТ «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», инчунин дар мавзуҳои пешгирии ҳаҷи умраи такрорӣ, тақвияти таълимоти мазҳаби ҳанафӣ ва муқовимат ба салафияи тундгаро, пешгирии шомилшавии ҷавонон бар ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстримистӣ вохурии судманд баргузор гардид.
Нахуст, муовини раиси ноҳия Ҷалилӣ Аниса меҳмононро ба ноҳияи Ашт хайра мақда гуфата, онҳоро муаррифӣ намуд.
Одинашоҳ Вализода ва Мирзозода Азизулло кормандони масъули Марказ баромад намуда, ҷиҳати ба саҳми мардум расонидани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ва фаҳмонида додани муҳтавои шиори “Ман аввал тоҷикам, баъд мусулмон”-ро ба самъи ҳозирин расониданд.
Дар идома, намояндаи Прокуратураи ноҳия Усмонзода Исмоил дар бораи пешгирии ҷавонон аз шомилшавии гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ ҳамзамон “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” суҳбат карданд.
Ҳамзамон, Сафарзода Диловар намояндаи Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи зиёдаравии баъзе шаҳрвандон ҷиҳати ташкили тӯю маъракаҳо, ҳаҷҷи такрорӣ ва дигар масъалаҳо ҷиҳати ислоҳи ҳалли камбудиҳои ҷойдошта дар ин самт баромад намуданд.
Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх