Нимаи дуюми рӯзи 26 ноябри соли равон вохӯрии намояндагони Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи ноҳия ва Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт бо кормандони бахши идеологии ноҳия, баргузор гардида, дар он роҳбарони корхонаю ташкилотҳои ҳудуди ҷамоат, имомхатибон, раисони кумитаи маҳаллаҳо, фаъолзанон, собиқадорони меҳнат, ҷавонони фаъол, ходимони тиббу маориф ва дигар шахсони дахлдор баргузор гардид.
Қабл аз вохӯрӣ намояндагон доир ба рафти корҳои ободониву созандагии ноҳия шинос гардида, барои ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат ва иқдомҳои неки Раиси ноҳия ободонии як гушаи диёрамонро бо сарҷамъии тамоми сокинон ва фаъолон муттаҳид гашта, дар бунёди синфхонаҳои иловагӣ, бунёди корхонаҳои хурду бузург, ободу зебо намудани кӯчаву қабристонҳо ва дигар корҳои хайр саҳмгузор буданд дидан карданд.
Дар вохӯрии мазкур муовини Раиси ноҳияи Ҷалилӣ низ ширкат варзида, иброз дошт, ки вазъи имрӯзаи ҷаҳон ҳар яки моро водор месозад, ки баҳри амнияту пойдории сулҳу субот, пешгирӣ аз ҳодисаҳои ҷиноӣ, бахусус шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро тадбирҳои мушаххас андешем.
Намояндаи Прокуратураи ноҳия, ҷиҳати пешигирии шомилшавии ҷавонон аз оқибатҳои терроризму экстремизм, мазмуну муҳтавои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)», ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кудак»-ро ба иштирокдорон маънидод намуд.
Намояндагони Маркази исломшиносӣ ба сухан баромада ба саҳми мардум расонидани моҳияти асосии шиори “Ман аввал тоҷикам, баъд мусулмон”, «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгирии ҳаҷи умраи такрорӣ, тақвияти таълимоти мазҳаби ҳанафӣ ва муқовимат ба салафияи тундгаро, пешгирии шомилшавии ҷавонон бар ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстримистӣ суҳбат карданд.
Дар рафти вохӯрӣ раисони ҷамоатҳо, имомхатибон, омӯзгорон суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки ҳамкории аҳли ҷомеа бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомотҳои дахлдорро дар пешгирии ҷинояткорӣ, зиёдаравӣ хурофот ва дигар масъалаҳои ҷойдошта ба роҳ монда, барои нигоҳ доштани оромиву осоиштагӣ ва рушди суботи кишвар саъйю талош хоҳанд кард.
Вохӯрии мазкур бо мақсади пешгирӣ аз омилҳои номатлуб дар ҷомеа, баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва хештаншиносӣ, ташкил намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ, баҳри пешгирии зуҳуротҳои номатлуб мусоидаткунанда мебошад ва нақши марказӣ доштани саҳми ҳар як шаҳрвандро дар пешравӣ ва ободии диёри азизамон мебошад.
Чорабинӣ дар фазои ҳусни тафоҳум баргузор гардид.
Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ