ШАҲРИ ГУЛИСТОН: МУЛОҚОТИ ДИРЕКТОРИ МАРКАЗИ ИСЛОМШИНОСӢ ДАР НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ДОКТОРИ ИЛМҲОИ ҲУҚУҚШИНОСӢ, ПРОФЕССОР ХОЛИҚЗОДА АБДУРАҲИМ ҒАФОР БО ФАЪОЛОН ВА НАМОЯНДАГОНИ КАСБУ КОРҲОИ ГУНОГУН

Санаи 27-уми ноябри соли 2025 дар маҷлисгоҳи бинои ҲХДТ дар ш.Гулистон мулоқоти судманд, дар асоси нақшаи муштараки Прокуратураи генералӣ, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолон ва намояндагони касбу кори гуногун баргузор гардид.
Нахуст, муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон ташрифи меҳмононро ба шаҳри Гулистон хайра мақдам гуфта, ба ҷаласа ҳусни оғоз бахшид.
Мавсуф иброз дошт, ки вазъи печидаи ҷаҳонӣ муосир, манфиатхоҳии абарқудратҳо тақозо менамояд, ки ҳар сокини кишвар, махсусан ҷавонону аҳли зиё дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ саҳмгузор бошанд.
Дар идомаи вохӯрӣ муовини прокурори шаҳр Малика Мухадиярова ба сухан баромада қайд намуд, ки ҷаҳони пуртазод ва пур аз мухолифатҳо дар бештар маврид ба тафаккуру андешаи ҷавонон таъсиргузор аст ва ин қишри ҷомеа бояд пайваста омӯзанд то фирефтаи ақидаҳои носолими гурӯҳҳои манфиатҷӯ нагарданд ва дар пешбурди корҳо якҷоя ҷиҳати ободонии маҳалли худ, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва бахшҳои алоҳидаи ҳудуди шаҳр ҷоннок карда шавад.
Сипас, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода моҳияти шиори “Ман аввал тоҷикам, баъд мусулмон”, пешгирии ҳаҷи умраи такрорӣ, тақвияти таълимоти мазҳаби ҳанафӣ ва муқовимат ба салафияи тундгаро, пешгирии шомилшавии ҷавонон бар ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстримистӣ, бартариятҳои давлати дунявӣ ва арзишҳои милливу динӣ ба иштирокчиён маълумот дод.
Ӯ доштани андешаву тафаккури миллӣ, хиради аҷдодӣ ва донишҳои муосири диниву сиёсиро барои ҷавонон аз василаҳои муҳим арзёбӣ намуд.
Устод Холиқзода Абдураҳим дар идомаи суханронӣ илова намуд, ки ҷаҳонишавӣ имрӯзҳо ба муҳимтарин масъалаи глобалӣ табдил ёфтааст, ки дар баробари тараққиёти босуръати илму техника пайомадҳои манфиеро ба бор овардааст, ки боиси нигаронии аҳли башар мебошад.
Тероризму экстремизм, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар тамоми кишварҳои ҷаҳон реша давонда ба Тоҷикистони мо низ бе таъсир намондааст ва бояд дастаҷамъона ба ин падидаҳои номатлуб бо хирад ва ақли солим мубориза бурд то Истиқлоли кишвар ва арзишҳои милливу динӣ ҳифз гардад.
Дар фарҷоми мулоқот байни иштирокчиён саволу ҷавоб сурат гирифта, аз роҳбарият даъват ба амал оварда шуд, ки чунин мулоқоту вохӯриҳо дар шаҳру ноҳияҳо бештар ба роҳ монда шаванд.
Шуъбаи иттилоот ва ташхиси дишносӣ

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх