Гулчине аз андешаҳои коршиносони соҳаи танзими ҷашну маросим

Роҳнамо барои мутахассисону муҳаққиқони соҳа
Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати таҳқиқу омӯзиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» корҳои зиёди илмиро тавассути мақолаҳои таҳлилӣ ба анҷом мерасонад.
Аз ҷумла, Маркази исломшиносӣ санаи 18-уми июни соли 2025 бахшида ба солгарди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Қонуни танзим – воситаи ислоҳи тафаккури ҷомеа» дар толори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит баргузор кард.
Дар кори конференсия намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коршиносон аз вазорату идораҳои дахлдор ва воситаҳои ахбори омма иштирок ва баромад карданд.
Маркази исломшиносӣ маводҳои конференсияро дар шакли китобча зери унвони «Қонуни танзим – воситаи ислоҳи тафаккури ҷомеа» рӯйи чоп оварда, мақолаҳои илмию тадқиқотии баромадкунандагонро пешкаши хонандагон гардонидааст, ки барои мутахассисону муҳаққиқони соҳа аҳамияти илмию назариявӣ дорад.
Зарур мешуморем, ки гулчини таҳлилҳои илмӣ, фикру андеша ва пешниҳодҳои дар маҷмӯа ҷамъовардашударо вобаста ба татбиқи Қонуни миллӣ пешниҳоди хонанда гардонем.
Директори Маркази исломшиносӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдураҳим Холиқзода дар мақолаи хеш зери унвони «Назари такрорӣ ва далелҳои тоза роҷеъ ба табиати ҳуқуқии Қонуни миллӣ» бо назардошти гуногунии назарҳо нисбат ба истифодаи истилоҳи «Қонуни миллӣ» назари худ ва олимони дигарро дар 15 зербоб бо далелҳо пешкаш гардонида, бардоштани хулосаи ниҳоиро, албатта, ба иродаи хонанда вогузор намудааст.
Ӯ таъкид менамояд, ки «Муайян намудани табиати миллии як санади қонунгузорӣ ҳамчун феномени дохилии низоми ҳуқуқӣ барои дарки падидаи ҳуқуқи миллӣ на ҳамчун истилоҳи шаклӣ, балки бештар аз он ҳамчун сохтори ботинӣ ва табиии ҳуқуқӣ имкони фарохтарро доро аст. Фаҳми табиати миллияти як санади қонунгузорӣ ҳамчун усули вижаи дарки падидаи умумии ҳуқуқ хизмат менамояд. Таҷрибаи қабул ва амали Қонуни танзими ҷашну маросим гувоҳи он аст, ки ин қонун дар низоми ҳуқуқии Тоҷикистон воқеан қонуни табиати миллӣ доштааст. Қонуни мазкур ҳамчун низоми меъёрҳои вижа барои ислоҳи вазъи ҳуқуқии хоси кишвар, ки аз табиати зиндагии миллат ба миён омадааст, қабул шудааст».
Муаллиф дар муайян кардани истилоҳи «қонуни миллӣ» даъват ба он дорад, ки аввал паҳнои дарки вожаи миллатро барои худ аниқ созем ва сипас иддао намоем, ки қонуни миллии мо ба кадоме аз ин вожаҳо часпон аст. Агар қонуни миллӣ ба халқи кишвар тааллуқ дорад, пас вай ҳамчун қонуни миллӣ ба маънои васеъ ҳамчун қонуни давлати муайян, ифодагари қонунҳои ватанист. Агар ба халқ ва миллати таҳҷоии дорои забон ва ё дини муайян вобастагӣ дошта бошад, пас қонуни миллӣ ба маънои маҳдуд фаҳмида мешавад.
Муовини директори Маркази исломшиносӣ Абдураҳмон Ваҳобзода таъкид бар он доранд, ки дар нахустин солҳои соҳибихтиёрии давлатӣ дар баробари дигар самтҳои марбут ба рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи ҳифзи анъанаҳои неки гузаштагон, тамйизи маросимҳои асил аз хурофот ва дар доираи манфиати умум ба танзим даровардани расму оинҳо кӯшишҳои судмандеро ба харҷ дод.
Дарки ин нукта муҳим аст, ки ба танзим даровардани шеваи баргузории ид ва дастархонороӣ ҳаргиз маънои маҳдудияти баргузории идро надорад. Зеро давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар иду ҷашнҳои миллӣ ба идҳои марбут ба фарҳанги исломӣ арҷ ва эҳтироми хосса мегузорад ва идҳои Рамазон ва Қурбон низ дар радифи ҷашнҳои муҳими милливу давлатӣ ҳамчун рӯзи истироҳатӣ пазируфта шудааст.
Муовини директори Маркази исломшиносӣ, доктори илмҳои фалсафа Кароматулло Абдухалилзода омили муҳим ва натиҷабахш дар таъмини Қонуни танзимро дар ташаккули тафаккури сармоядорӣ нишон додааст. Ӯ менависад, ки имрӯз дар кишвар фардеро наметавон ёфт, ки аз қабули Қонуни мазкур норозӣ бошад. Аммо бояд эътироф намуд, ки мутаассифона, имрӯз талаботҳои Қонуни мазкур на ҳама вақт ва на аз тарафи ҳама пурра риоя мегардад. Дар мақолаи хеш, мушкилиҳои асосиро дар самти мазкур бо далелҳои амиқ таҳлил намудааст.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Шаҳбоз Шосаидзода бар он назар аст, ки дар таърихи ҳар як миллат анъана ва воқеаҳое ҳастанд, ки дар роҳи ҳаёт ва инкишофи минбаъдаи ин ё он миллат омили ҳалкунандаю тақдирсоз дошта, бо гузашти солҳо аҳаммият ва мақомашон бештар аён мегардад. Бинобар ин, меросбари онро зарур аст, ки онро ҳамчун манбаи худшиносӣ ва бедор намудани ҳувияти миллӣ барои насли имрӯза ва ояндааш истифода барад.
Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Ҷамшед Ҷамшедзода вобаста ба қабули Қонуни танзим ёдовар мешавад, ки «Тибқи муқаррароти Конститутсия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат маҳсуб ёфта, дорои ҳуқуқи конститутсионии ташаббуси қонунгузорӣ мебошад.
Бо истифода аз ин ҳуқуқи конститутсионии ташаббуси қонунгузории худ, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони истиқлол ба парлумони кишвар қонунҳои зиёде, хусусан қонунҳои хусусияти миллидошта пешниҳод гардида, қабул шудаанд. Онҳо дар марҳалаи навини таърихӣ, бо дарназардошти хусусиятҳои геосиёсию идеологии таҳаввулоти ҷаҳони имрӯза ва ниёзҳои ҳаётан муҳимми миллӣ қабул гардида, барои таҳкими самтҳои ҷараёни инкишофи ҷомеа, рушди бемайлони давлат, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд заминаи устувори ҳуқуқӣ гузоштаанд».
Судяи Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоил Давлатзода таъкид дорад, ки Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар партави Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озодии эътиқод ва виҷдонро ҳамчун арзишҳои волои мардуми мусулмон ҳифз намуда, риояи онҳоро кафолат додааст.
Дар шароити озоди давлати демократӣ мардуми мусулмони Тоҷикистон имконият пайдо карданд, ки ҷанбаҳои нодиру созандаи таълимот ва анъанаву маросими динӣ, махсусан, тарғиби дӯстиву муҳаббати байниҳамдигарӣ, бахшидани якдигару хабар гирифтан аз аҳволи беморон, дастгирии ятимону маъюбон ва мӯҳтоҷону камбизоатон ва дигар суннатҳои некро густариш дода, анъанаву маросими эътиқодии худро бо дигар анвоъи арзишҳои миллӣ, аз ҷумла, таъмини сулҳу субот дар ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ, рушду ободии Ватан ва осудагии ҳар хонаводаи тоҷик, тавъам созанд.
Устоди Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Мурод Ҳайдарзода андешаҳои худро ҷиҳати дар таҳрири нав қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва муҳиммияти онро бо 10 омил пешниҳод кардааст.
Сардори шуъбаи пажуҳиши маъхазҳои исломии Маркази исломшиносӣ, номзади илмҳои фалсафа Зиёвуддин Шоев нақши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ низ хеле бузург ва назаррас ҳисобидааст. Ӯ таъкид дорад, ки Қонуни мазкур ба таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ тавассути пешгирии низоъҳо ва ташаннуҷҳое, ки дар рафти ҷашнҳо ба вуҷуд меоянд, инчунин, тавассути ба низом даровардани анъанаҳо ва кам кардани хароҷот дар рӯзҳои ид, ба баланд шудани сатҳи зиндагии шаҳрвандон, махсусан гурӯҳҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазир, мусоидат мекунад.
Ба андешаи сардори шуъбаи пажуҳиши ҳуқуқи исломии Маркази исломшиносӣ, номзади илмҳои филологӣ Шарифамо Одинаева агар Пешвои муаззами миллат ба зан-модари тоҷик ҳамчун неруи қудратманд ва боирода боварӣ доранд, пас месазад ҳар як зан ва бонуи тоҷик дар ҳифзу посдории арзишҳои милливу таърихӣ саҳмгузор бошад ва барои пойдории анъанаву суннатҳои созандаи миллатамон саъю талош варзад.
Чун сухан аз саҳм ва нақши занону бонувон дар риоя ва пешгирии ҳаргуна бегонапарастӣ меравад, сараввал бояд донист, ки бештари аз анъанаҳо ва одатҳои мардумиро занону бонувон пайравӣ мекунанд ва дар баъзе ҳолатҳо ба зиёдаравиҳо низ маҳз занҳо даст медиҳанд. Аз аввалин вазифаҳои иҷтимоии зан ин тарбияи неки фарзандон аст, ки чигуна ба камол расидани фарзанд ва ба кадом қуллаҳо расидани ӯ маҳз аз зан-модар вобаста мегардад, зеро маҳз зан-модар эҳёкунандаву нигоҳдоранда ва тарғибкунандаву посдорандаи беҳтарин суннату анъанаҳои миллӣ ва расму оинҳои асилу бостонӣ мебошанд. Масъалаи дигаре, ки зан-модар дар анҷоми он пешгом аст, омӯзонидани фарҳанги сарфаҷӯйӣ ва пешгирӣ аз исрофкорию зиёдаравӣ ба фарзандон мебошад.
Чун харҷу сарфи рӯзгордорӣ ва тарбияи фарзандон бештар бар дӯши занон аст, бояд гуфт, ки дар риоя ва татбиқи қонуни танзим занон бояд бештар саҳмгузор бошанд.
Бо таъкиди муовини сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид ба меҳнат, муҳоҷират ва иҷтимоии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмуддин Ғафуров Қонуни танзим аз як ҷиҳат меъёрҳои ҳатмиро барои ба танзим даровардани ҷашну маросим пешбинӣ карда, аз ҷиҳати дигар, чун василае барои аз байн бурдани хурофот ва исрофкорӣ хизмат мекунад. Дар доираи амали меъёрҳои Қонуни мазкур қисми зиёди ҷашну маросим ихтисор гардида, имрӯз танҳо чанд номгӯйи онҳо боқӣ мондааст, ки дар ниҳояти камхарҷию бонизомӣ барпо мешаванд.
Коршиноси соҳаи танзими ҷашну маросим Азизулло Мирзозода қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» – ро намунаи равшани реформаи иҷтимоӣ меҳисобад, ки барои таъмини адолати иҷтимоӣ, таҳкими муҳити баробар, паст кардани хароҷоти зиёдатӣ ва солимгардонии фазои иҷтимоии ҷомеа мусоидат карда истодааст.
Дар мақолааш зери унвони «Қонуни танзими ҷашну маросим – замонати адолати иҷтимоӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон» таъкид менамояд, ки «Татбиқи пайгиронаи он кафолати он аст, ки арзишҳои фарҳангии миллӣ бо ниёзҳои воқеии ҷомеа мутобиқ гардида ва ҳамагон имкони зиндагии шоиста дошта бошанд.
Қонуни мазкур як абзори муҳими сиёсати иҷтимоӣ буда, метавонад дар паст кардани сатҳи муҳоҷирати меҳнатӣ нақши мусбат бозад. Бо танзими сарфу хароҷоти нолозим, имкониятҳои беҳтари зиндагӣ дар дохили кишвар ба вуҷуд омада, муҳити иқтисодӣ устувортар мегардад. Он на танҳо як санади ҳуқуқӣ, балки воситаи тарбияи фарҳангӣ, маънавӣ ва иқтисодии ҷомеа мебошад. Қонун ба коҳиши фишорҳои иҷтимоӣ, рушди фарҳанги сарфакорӣ ва таҳкими ҳамбастагии миллӣ мусоидат кард».
Дар китоби мазкур мақолаҳои зиёда аз 25 нафар олимону коршиносон аз вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва устодони мактабҳои олии мамлакат бо далелу таҳлилҳои амиқи касбӣ рӯи чоп омадааст, ки натиҷаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро барои ҳар фарди ҷомеа мисли оина равшан намудааст.
Вализода Одинашоҳ,
сардори шуъбаи пажуҳиши анъанаву маросим ва
диншиносии муқоисавии Муассисаи давлатии
«Маркази исломшиносӣ дар назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх