Мусоҳибаи котиби илмии Марказ Марамбек Марамбеков дар радиои “Имрӯз”

Санаи 2 – юми декбари соли равон котиби илмии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Марамбек Марамбеков дар радиои “Имрӯз” дар мавзӯи “Бознигарии тафаккур: аз миллат то дин ё аз аз тоҷик то мусулмон (Дар ҳошияи суханони Пешвои миллат “Ман аввал тоҷикам баъд мусулмон” баромад намуд.
Ӯ зимни суҳбат чунин иброз дошт: “Сухани Пешвои миллат “Ман аввал тоҷикам, баъд мусулмон” дар айни замон як стратегияи идеологии бисёр муҳим барои нигоҳдории давлати миллӣ аст. Зеро решаи таърихи миллат ба таъсиси аввалин давлатдории тоҷикон Пешдодиён ва Каёниён пайваст гардида, силсилаи тамаддуни миллат новобаста аз душвортарин лаҳзаҳо аз насл ба насл ба мерос гузошта шуда, дар шакли мукаммал аз фарҳангу маънавиёт, арзишҳои умумибашарӣ то ба имрўз расидааст. Дар ин давраи таърихӣ бо қабул кардани дини ислом инчунин арзишҳои динӣ низ дар низоми таркибии фарҳанги миллӣ ҷойгузин шуданд ва дар тўли ин давра бо ҳам омехта шуда, фарҳанги миллиро боз ҳам қавитар гардондаанд. Аммо бартарият додани арзишҳои динӣ нисбат ба арзишҳои миллӣ як падидаи нав набуда, барои амалӣ намудани ин ғоя чандин кўшишҳо дар таърих шуда гузаштанд ва он иддаое, ки теъдоди муайяни одамон имрўз ҳам доранд, ба ғайр аз низоъҳои навбатӣ чизе дигаре ба бор нахоҳад овард ва ин як таҷрибаи талх аст, ки миллати тоҷик ҳам аз сар гузаронид ва барои ҳамаи мо ин бояд дарси ибрат бошад.
Таҷдиди тафаккур ё таҳкими андешаи миллӣ барои бунёди низоми сиёсии миллӣ, як раванди мураккаб ва давомдори таърихӣ аст, ки дар сурати дуруст тарҳрезӣ нагардидани заминаи иҷтимоии он ё дар шакли иҷборӣ амалӣ намуданашон метавонад натиҷаи низоъҳо байни идеологияҳои гуногуни сиёсӣ, динӣ, миллӣ ва этникӣ гардад, чун бартариятиҷуӣ дар шарқи мусулмонӣ бештар зери ниқоби дин ва идеяи таъсиси низоми динӣ асос меёбад.
Зӯроварии мусаллаҳона, таъқибу таҳқири миллатҳои дигар, мардумро водор кард, ки роҳи наҷоти худро пайдо кунанд, ки ин раванд давраи ташаккули тафаккури таъсиси давлатҳои миллиро оғоз бахшид. Дар ин росто масъалаи меҳварӣ таъсиси давлати миллӣ бо кам кардани таъсири низоми сиёсии арабиасос буд, зеро мафҳуми низоми теократӣ барои мардуми форсу тоҷик куллан бегона буд, вале онро бо дин айният медоданд ва итоат аз онро дар кишварҳои нав истилогардида итоат аз дин ҳукм мекарданд. Ҳар як мардуми ғайриараб дар ин ё он шакл бо ин мушкилот рў ба рў шуда буд.
Дар таърихи мардуми форсу тоҷик низ чунин равандҳои сиёсӣ рўи кор омаданд ва масъалаи таъсиси низоми сиёсӣ ҳадафи ниҳоӣ қарор гирифт. Дар ин давра, пас аз фатҳи қаламрави Хуросону Мовароуннаҳр ва Эрон бар асари табъизи иҷтимоӣ нисбат ба ғайриарабҳо (хусусан форсу тоҷик) ҳаркати Шуубия ҳамчун як ҷунбиши зеҳнӣ, фарҳангӣ, миллӣ ва сиёсӣ пайдо шуд. Ба андешаи аксарияти муҳаққиқони гузашта ва муосир ҳаракати шуубия дар аввалҳои асри VIII-и мелодӣ пайдо шуда, то аввалҳои асри XII-и мелодӣ давом кардааст. Баъди асри XII ин ҳаракат ба ҷараёнҳои дигари иҷтимоӣ, сиёсӣ, динӣ ва фарҳангӣ омехта гардид. Ин ҳаракат бо инкори бартарии нажоди араб бар дигар мусулмонон ва таъкид бар баробарии ҳамаи инсонҳо, хост фарҳанг ва таърихи мардуми форсизабонро ҳифз ва эҳё кунад ва дар муқобили сиёсатҳои арабгароӣ истодагарӣ кунад. Зеро заминаҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ барои таъсис ва ташаккули он дар ҷомеа ҷой доштанд. Хусусан, бадбинии нажодӣ, бартарии нажоди араб ва таҳқири маволиҳо (ғайриарабҳо) аз давраи сиёсати уммавиён ҷойгузини баробарӣ ва адолати динӣ шуданд. Албатта, нобаробариҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ, таҳдиду фишор ба фарҳангӣ миллӣ, зарурияти ҳифзи ҳувияти миллиро пеш овард ва мардум барои аз даст надодани ҳувияти фарҳангӣ ва таърихии худ муқовимат карданд. На ҳамаи муқовиматҳо ва низоъҳо натиҷаи дилхоҳ доданд, вале мазмуну моҳияти ин муборизаҳо шуури миллиро ташаккул дода, роҳро барои эҷоди асарҳои бузурги сиёсӣ, илмӣ ва адабӣ кушод. Аз ҷумла, дар ин давра теъдоди зиёди китобҳо дар мавзўи озодандешӣ, эҳёи қаҳрамонони таърихӣ, зинда кардани мероси фарҳангӣ навишта шуданд. Хусусан барои эҳёи фарҳанг, ҳифзи марзу бум ва ватан ва ҳифзи забони форсӣ нақши “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, беҳамтост:
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Беҳ аз он ки кишвар ба душман диҳем
Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” ба эҳёи чанд масъалаҳои меҳварии даврони худаш таъкид дошт, ки минбаъд барои ҳазорсолаҳо шиори озодихоҳии миллати форсу тоҷик гардид:
– зинда кардани низоми сиёсии таърихии миллат, яъне низоми шоҳаншоҳӣ ва шоҳигарӣ бар ивази рад кардани низоми ҳукмронии арабҳо дар зери низоми хилофат;
– эҳёи забон ва фарҳанг ҳамчун меҳвари ҳаракатҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ дар баробари муқобилият бо идеологяи арабгароӣ ва мазмуни эътирозӣ гирифтани адабиёт;
– даъватҳо ҷиҳати ташкили бардавоми муборизаҳои муташаккили илмӣ, фалсафӣ ва сиёсӣ ба муқобили таассубгароии араб ва дар ин замина ташкил ёфтани мактабҳои фалсафӣ ба мисли муътазилия ва бародарони Сафо;
– ташаккул додани тафаккури миллӣ ва соҳибихтиёрӣ дар баробари аз байн бурдани тафаккури ғуломӣ ба араб ва таҳкими арзишҳои фарҳангӣ ва ҷамъиятӣ;
– миллатгароӣ ва ҳувияти миллӣ, соҳибихтиёрии миллӣ ва ҳукумати миллӣ дар муқобили низоми теократӣ.
Яке аз муҳаққиқони бузург, таърихшинос ва бостоншиноси фаронсавӣ Роман Гиршман мегӯяд: “Миллати форс, дар муқобили ҳамлаҳои мақдуния, арабҳо, муғулҳо ва туркҳо, тавонист истодагарӣ кунад, марзу буми давлат ва фарҳангу забонашро ҳифз кард, бақои миллати худро нигоҳ дошт, инчунин унсурҳои бегонаро дар дохили фарҳанги миллӣ ҳазм кард”. Албатта дар сафи пеши ин мубризаҳо дар шакли умумӣ ҳаракати Шуубия буд, ки барои таъсиси чандин ҷунбишу ҳаракатҳои дигар намунаи ибрат дар самти мухолифати форсҳо бар зидди халифаҳои араб аст. Профессор Голдзиер, шарқшиноси олмонӣ, Шуубияро ба гурӯҳҳо ё ҳизбҳои мухолиф муаррифӣ кард ва мегӯяд: “Бояд донист, ки ин ҳизб аз ҷониби як тудаи мухолифон ва авбошон ташкил нашудааст, балки гурӯҳе аз нависандагон, адибон, шоирон ва элитаи зиёиён аз ҷумлаи эҷодкорони он буданд. Давраи шукуфоии ин ҳаракатро метавон асрҳои дуюм ва сеюми ҳиҷрӣ номид”.
Бояд изҳор намуд, тасарруф кардани як мулки дигар ва ба зўрӣ тобеъ кардани он маънои мустамликаро дорад. Фарқ нест дар кадом шакл ва ба кадом маъно онро асос мекунанд. Дар ибтидо араб ҳам ба ғайр аз идеяи паҳн кардани дин стратегияи мустамликадории арабиро дошт. Зеро нест кардани мероси фарҳангии қавмҳо, забони онҳо, ба ғорат бурдани молу дории онҳо ва дар ниҳият ғулом кардани мардуми кишварҳои ғайриараб мустамликадорӣ аст.
Дар зери шиори дини ислом, ки хусусияти космополитикӣ ё фаромиллӣ дошт, араб мекӯшид, ки ҳувияти миллатҳоро инкор кунад. Араб дар зери шиори паҳн кардани ислом ба кишварҳои гирду атроф ҳуҷум карда онҳоро тасарруф ва тобеъ кард. Вале аҷиб ин буд, ки аксарияти мардуми ин кишварҳо барои истиқлолияту озодии худ мубориза набурданд, балки баъдан дар зери ин туфон ҳамчун миллатҳои алоҳида куллан аз байн рафтанд ва аз арзишҳои миллию фарҳангии онҳо чизе боқӣ намонд. Дар тафаккури араб чунин андеша ҷой гирифта буд, ки ҳар ҷое, ки расиданд, мардум бояд аз таъриху фарҳанг, забону мероси худашон даст кашанд ва он чизе, ки араб овардааст, қабул кунанд. Уммавиҳо аз талоши бартарии арабҳо ва нафрат ба “ғайриарабҳо”, ба нуқтае расиданд, ки ғайриарабҳоро, ба монанди форсҳо, қибтиҳо ва туркҳоро “тобеъ” номиданд. Ҳокимони араб бар ин ақида буданд, новобаста аз мусулмон шудан ғайриараб ҳақ надорад бо араб издивоҷ кунад, араб метавонист бо зани ғайриараб, ки дар ҷанг ба даст овардааст ҳамчун ғанимати ҷанг,( чурӣ, асир, каниз) муносибат кунад. Вокуниши мардуми форсу тоҷик аз ҷумла мухолифати мардуми Бухоро, Балх, Кулоб, Ҳирот дар муқобили араб собит намуда буд, ки ин мардум барои ҳифзи мероси фарҳангияш мубориза мебарад, зеро ин ба масъалаи имондории мардум ягон робита надошт. Зеро гап на дар сари масъалаи диндорӣ мерафт, балки масъалаи баҳс шикастани ғурури ҳокимияти мутлақи араб дар минтақа буд. Таърихнигорон, мубаллиғони дингаро, ки аз мардуми муқим низ буданд, ҳамеша воқеиятҳои таърихиро пинҳон мекарданд, аммо ҳаёти мардум саҳифаи беҳтарини таърих аст. Ин мухолифатҳо ва эътирозҳо ба се тамоюли асосӣ; яке тамоюл шӯришҳои низомӣ ва сиёсӣ алайҳи ҳокимон; дуввум тамоюл бо шӯришҳои динӣ ва муқовимати шадид алайҳи хилофат ва тамоюли сеюм муборизаи фарҳангии Шуубия буд, ки хеле гуногунранг ва бузург буд ва чанд аср идома ёфт.
Зулми ҳокимони араб мардуми тоҷику форсро водор кард, ки фикр кунанд, ки то чӣ андоза рафтори ҳокимони араб бо таълимоти Қуръон мувофиқ аст. Дар асл ягон рабте надошт ва далели он ояти 13 сураи 49-уми Қуръон шуда метавонад. Тибқи мазмуни ояти мазкур, меъёри бартарӣ дар байни қавмҳои мусулмоншуда аз мансубияти қавмӣ ва қабилавӣ вобаста нест, балки тақводорӣ ва парҳезкорӣ, яъне худдори аз гуфтор, пиндор ва рафтори бад мебошад. Қуръон мегӯяд: Эй мардум, мо шуморо аз мард ва зан офаридем ва шуморо қавмҳо ва қабилаҳо кардем, то якдигарро бишиносед. Албатта, гиромитарини Шумо назди Худо парҳезгортарини шумост. Худо донову кордон аст (49-13). Албатта, мардуми ғайриараб, аз ҷумла тоҷикон медонистанд, ки дин ҳамчун шиор аст ва мардуми араб ва ҳокимияти онҳо дар фикри ба даст овардани ғанимати зиёд ҳастанд. Ба қавли Фирдавсӣ: Зи баҳри зиёни касу суди хеш, бисӯзанду дин андароранд пеш. Мо бояд эътироф кунем, ки ҳар як ҳолати истилогароӣ низоми мустамликадорӣ месозад ва араб низ мисли румиҳо чунин буд. Таъмини ҳукми низоми бегона танҳо дар сурати аз байн бурдани арзишҳои меҳварии ин ё он ҷомеа мумкин мегардад. Барои татбиқи идеяи панарабизм-мустамликадории хилофати араб майдон танҳо ба шарте озод мешуд, ки агар фарҳанги форсу тоҷикро аз байн бурда мешуд. Арабҳои миллатгаро ба даст овардани қудрати иделогӣ ва сиёсиро дар инкор ва куллан нест кардани ҳувияти дигарон медиданд. Инҷо саволе пайдо мешавад, ки чаро ҳудуди кишварҳои дигарро ба осонӣ тасарруф карданд? Зеро, аксарияти кишварҳои ҳамсоя, ки низоми сиёсии қабилавӣ доштанд ва аксар вақт мавриди тохтутози роҳзанҳои саргардон ва ғоратгарон қарор мегирифтанд, бо сабаби адами ваҳдати миллӣ ва парокандагии сиёсӣ ҳар кадоме ба танҳоӣ тавони истодагарӣ кардан ба муқобили лашкари арабро надоштанд. Дар баробари ба даст овардани ғанимат, ишғолгарон кўшиш мекарданд, то фарҳанг ва забони мардуми ишғолкардаро нобуд кунанд.
Аммо таҳқир ва бадбинии мардуми форсу тоҷик дар байни истилогарони араб маъмул буд. Муҳаммад ибни Аҳмад Шамсуддин ал-Мақдисӣ, ҷуғрофиёшиноси асри чоруми ҳиҷрӣ, дар китоби “Аҳсан ал-Тақосим фи Маърифат ал-Иқолим” дар сафарҳои худ тарзи фикрронии ҳокимони арабро муаррифӣ карда, як ҳадисро чунин зикр мекунад: “Забонҳои бадтарин дар назди Худо – форсӣ, забони хузистон – забони шайтон, забони аҳли дӯзах – хоразмӣ – бухорӣ ва забони аҳли биҳишт арабӣ аст”.
Намояндаи дигари ин давра ибни Муслим Диноварӣ, ки нависандаи мактаби сурёнии Басра буд, дар аввал дар давраи низоъи фарҳангӣ ва қавмӣ байни арабҳо ва ғайриарабҳо тарафдори “Сауйя” ва “Шуубия” буд ва китоби “Сауйя бин ал-Араб ва ал-Аҷам” (Ороиши байни арабҳо ва ғайриарабҳо)-ро дар танқиди арабҳо навиштааст. Аммо, вақте ки ӯ қудрати доварӣ ба даст овард ва намояндаи низоми арабҳо дар Шом шуд, ба панарабизм майл пайдо кард ва китобҳои «Ҷавоб ба аш-Шуубия» ва «Фазл-ул-араб- ли ал-Аҷам» (Бартарии арабҳо бар ғайриарабҳо)-ро навишт. Ибни Қутайба нисбати онҳое, ки бо хатти Хоразмӣ менавиштанд ва анъанаҳои илмӣ ва қадимии сарзамини худро медонистанд, чораҳои шадид андешид: «Худо ба мо фармон додааст, ки бо шумо, бегонагон, ҷанг кунем ва ҷиҳод бар зидди шуморо барои мо воҷиб гардонид ва бандагии шуморо орзуи мо гардонид». Чунин фармонҳо дар бисёр навиштаҳо ва ривоятҳои давраҳои Уммавиён ва Аббосиён маъмул буданд. Новобаста аз муносибати арабҳо дар ин давра, шоирону олимон дигар ба мисли Ҳамза ибни Ҳасани Исфаҳонӣ, Исмоил ибни Ясор ан-Насоӣ, Башшор ибни Бард ибни Ярҷуҳи Тахористонӣ бо рӯҳияи ватандӯстона китобҳо, шеърҳо менавиштанд, меросбарони фарҳанги форсиро ситоиш ва зулми арабро маҳкум мекарданд. Ҳатто дар таърих чунин ишорае ҳам будааст: Боре халифаи араб ба Башшор, ки дар бораи таърихи гузаштаи форсҳо асарҳо тартиб медод гуфт: “Эй Башшор! Ту моро паст мезанӣ ва ба соҳибонат маслиҳат медиҳӣ, ки аз садоқати мо даст кашанд ва ба асли эронии худ баргарданд, дар ҳоле ки худат аз як насли пок ва машҳур нестӣ.” Башшор эътироз кард: «Ба Худо савганд, насаби ман аз тиллои холис поктар ва беҳтар аст ва насаби ман аз аъмоли солеҳон ва парҳезгорон поктар аст. Дар рӯйи замин саге нест, ки хоҳиши пайвастан ба насаби шумо дошта бошад». Абу Яъқуб Исҳоқ ибни Ҳасан ибни Қудсӣ Хурайми Суғдӣ, ки дар Хуросон зиндагӣ мекард ва аз асли суғдиён буд, дар шеъре гуфта буд: Ман марди Суғдиёни бузург ҳастам ва рагҳо ва пӯсти ман аз нажоди форсҳои холис ҳастанд. Голдзиер дар бораи ӯ мегӯяд: «Ӯ форсҳоро даъват кард, ки золимонро аз кор ронанд. Ӯ бо забони мардуми худ фарёд зад: «Ман як одами холис ҳастам ва мероси подшоҳони форсро талаб мекунам. Ба писарони Ҳошим бигӯед, ки пеш аз тавба кардан таслим шавед, ашёи худро ҷамъ кунед, ба нимҷазираи Араб баргардед ва боз калтакалос бихӯред ва рамаҳои худро чаронед, дар ҳоле ки ман бо ёрии шамшери тез ва нӯги қалам бар тахт хоҳам нишаст». (иқтибос аз саҳифаи 180-уми китоби “Ислом дар Эрон. Шуубия – ҳаракати миллии муқовимати Эрон”, ки аз ҷониби доктор Р. Нат ва профессор Игназ Голдзиер навишта шудааст).
Аммо таҳлили илмии мавзўи мазкурро дар китоби доктор Маҳмуд Ризо Ифтихорзода бо номи: “Шуубия‐натсионализми эронӣ” (Теҳрон, 1997, саҳ 50‐58) ва китоби Сулайм Ибни Қайс “Таърихи сиёсии садри ислом”, ( Теҳрон: “Маорифи исломӣ”, 1375ҳ./1996), фасли “Кудатои (табаддулот) ‐и Сақифа” метавон пайдо кард. Вобаста ба мавзўи мазкур дар давраи муосир низ корҳои зиёд анҷом дода шудаанд. Дар сарчашмаҳои тоҷикӣ доир ба хурдагириҳои Ибни Қутайба ва дигар мухолифони шуубия аз китоби олими маъруфи тоҷик Комил Бекзода “Таърихи равшанфикрӣ аз даврони Ҷамшед то замони Фирдавсӣ” (Душанбе, “Дониш”, 2012, саҳ. 66, 82, 98, 185, 219) ба таври муфассал маълумот дода шудааст.
Панарабизм ва панисломизм ҳамчун мафкураи миллатгароии арабӣ бар зидди ҳуқуқ ва фарҳанги мардуми ғайриараб, аз ҷумла форсу тоҷикон буданд. Ин мафкура барои ташаккули ҳувияти миллии халқҳои забтшуда ҳеҷ гуна имкон намедод. Ин вазъият вокуниши пинҳонӣ ва ошкоро ба вуҷуд овард ва муқовимати сиёсӣ ва муборизаи фарҳангӣ на танҳо барои зинда мондан, балки нигоҳ доштани ҳувияти миллӣ идома меёфт.
Дар баробари ин, яке аз роҳҳои дигар муборизаи мардуми форсу тоҷик бар зидди низоми ҳокимон араб, ки танҳо худро соҳибони дин ва мубаллиғони дин муаррифӣ мекарданд, бо забони форсӣ пешниҳод ва дастраси мардум кардани тафсири Қуръон ва Ҳадис буд, ҳарчанд ин кор аз ҷониби халифаҳои араб ва қисми мутаассиби уламои мусулмон маҳкум мешуд.
Баъзеҳо ин таҳаввулотро аз нигоҳи миллатгароӣ ҳамчун дифоъ аз миллат мебинанд, дар ҳоле ки дигарон онро аз нигоҳи исломӣ, ки ҳувияти миллиро рад мекунад, мебинанд, дигарон ин давраи таърихиро аз нигоҳи манфиатҳои муосир таҳлил мекунанд. Дар равиши тадқиқоти илмӣ ҳама интизори кашфиёт ва суханони нав ҳастанд.
Бо донистани он ки вазъияти кунунии мо идомаи дирӯз аст, мо медонем, ки танҳо бо нигоҳи воқеӣ ба гузашта ва шинохти ҳувияти таърихӣ ва миллии худ метавонем мавқеъ ва нақши худро дар ҷаҳони муосир муайян кунем. Маҳкум ё ситоиши гузашта воқеиятеро, ки буд ва ҳаст, тағйир намедиҳад. Дар ниҳоят, воқеият худро ба тасвирҳои зеҳнӣ таҳмил мекунад. Аз ин рӯ, беҳтарин коре, ки мо метавонем анҷом диҳем, ин тафаккури миллиро ташаккул диҳем, ки ҳувияти миллиро месозад, дар шуури насли ҷавон рўҳияи ватандўстиро таҳким мебахшад. Мутаассифона, таърих собит намудааст, ки дар ҳар давру замон як теъдоди муайяни мардуми бе ҳувияту бегонапараст омода аст, ки кишвари худро ба дасти душман диҳанд ва истиқлолияти худро нест кунанд ва омодаанд як аҷнабӣ кишвари онҳоро идора кунад. Дар ин маврид, ба хотири хизмати араб барои дин ин гурўҳҳо розӣ буданд ба онҳо хизмат кунанд. Ва ҳамин бартариятҷўӣ дар қолаби дин чандин низомҳои сиёсиро шикаст. Яке аз сабабҳои шикасти давлатдории тоҷикон Сомониён низ маҳз дар ҳамин буд. Руҳоният ба мардум гуфтанд, ки муноқишаи Сомониён ва Ғазнавиён баҳси шаръӣ нест, балки баҳси сиёсӣ барои давлатдорӣ аст. Дар натиҷа мардум аз дастгирии Сомониён даст кашиданд ва давлати онҳо шикаст хўрд.
Таҷриба собит намуд, ки дар дохили ҳар як миллат гурӯҳҳо ва тамоюлҳои гуногун ва баъзан мухолифи ҳамдигар мавҷуданд ва вобаста ба падидаҳо ва рӯйдодҳо ба таври гуногун вокуниш нишон медиҳанд. Масалан дар ибтидои солҳои 90-ум ин ихтилофҳо хусусияти сиёсӣ касб карда, элементи динӣ дар он нақши калидӣ бозид.
Тоҷикон аз оғоз исломро ҳамчун дин ва роҳнамои эътиқодӣ қабул кардааст ва ҳатто дар рушди илмҳои исломӣ нақши муҳим бозидаанд. Дар баробари ин, онҳо инчунин ҳувияти миллӣ ва таърихии худро нигоҳ доштанд ва бар зидди таҳмили нажодӣ ва сиёсии арабҳо истодагарӣ карданд, дар ҳоле, ки худашон бар дигарон ҳукмронӣ намеҷустанд. Дар таҷрибаи муосири сиёсӣ дар Шарқи исломӣ, идеяи пайваст кардани дин ба сиёсат барои бунёди низоми исломӣ аз байн нарафта, баръакс ба як унсури муҳими инқилобӣ дар кишварҳои мусулмоннишин табдил ёфтааст.
Дар давраи муосир дар давлатҳои милли миллатгароӣ хусусияти созанда касб кардааст ва набояд ба он роҳ дод, ки он хусусияти тотолитарӣ касб намояд. Балки ҳадафи он бояд ноил шудан ва ҳифзи минбаъдаи соҳибихтиёрии сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, таҳкими давлати мустақил ва бартараф кардани зиддиятҳои дохилӣ, аз байн бурдани низоъҳои дохилӣ ва байнидавлатӣ бошад. Раҳбари ҳизби Лигаи мусулмонони Покистон Муҳаммад Алӣ Ҷинна хеле бамаврид таъкид кардааст, ки “дин дар навбати аввал ба муносибатҳои инсон бо Худо дахл дорад”. Дар ин маврид суханони Маҳатма Ганди низ беназиранд: “Аммо озодии Ҳиндустон ва шукуфоии он аз ҳар дин болотар аст, Ҳиндустон ҳаст- ман ҳастам…. “. Бо ҳамин асос метавон гуфт, ки суханони Пешвои миллат “Ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикам, баъд мусулмон” барои тамоми миллати тоҷик як роҳнамое ҷиҳати ҳифз ва нигаҳдории ваҳдати миллӣ ва амнияти давлати соҳибистиқлоли миллии тоҷикон мебошад.
Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх