ВОХӮРИИ СУДМАНД БО ФАЪОЛОН, ХОДИМОНИ ДИН, ҶАВОНОНУ ЗАНОН ВА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ВАХШ

Санаи 3-юми декабри соли 2025, вохӯрии директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Холиқзода Абдураҳим Ғафор дар ноҳияи Вахш, дар якҷоягӣ бо намояндаи Прокуратураи генералӣ ва Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолон, ходимони дин, ҷавонону занон ва сокинони ноҳия вохӯрӣ гузаронида шуд.
Сараввал, муовини раиси ноҳия Муҳаммади Шарифзода ташрифи меҳмононро ба ноҳияи Вахш хайрамақдам гуфта, онҳоро муаррифӣ намуд.
Сипас, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Холиқзода Абдураҳим (Дар ҳошияи суханони Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикам баъдан мусулмон” ) суханронӣ намуда, дар бораи воқеияти ҳаҷ набудани умраи такрорӣ, фаҳмонидани моҳияти қонунҳои миллӣ, вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, истифодаи дурусти фарҳанги телефонҳои мобилӣ, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ, тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстӣ, риояи намудани танзими анъана ва ҷашну маросим, инчунин, нуктаҳои асосии Паёми Президенти кишвар, сарфа намудани неруи барқ ва самаранок истифода намудани он ва анҷом додани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ибрози андеша намуд.
Ҳамзамон, намояндаи Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландаров Бурҳониддин доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз хатари терроризму экстримизм ва роҳҳои пешгири аз он, аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ, пешгирӣ аз бегонапарастиву майл ба фарҳанги бегона баромад намуд.
Дар фарҷом муовини раиси ноҳия Муҳаммади Шарифзода барои саҳми назарраси сокинон дар ободкории ноҳия изҳори сипос намуда, зикр кард, ки интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз воситаҳои асосие мебошанд, ки ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ бо истифода аз онҳо дар паҳн кардани ҳар гуна маводҳои ғаразнок бо супориши шахсони алоҳидаи манфиатҷу, махсусан наврасону ҷавононро, ки ҳолати равониашон ҳанӯз комил нест, мағзшӯйӣ мекунанд, пешгирӣ карда шавад.
Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх