Ҳуқуқҳои ҳар инсон арзиши олӣ дорад! (Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон)

Ҳуқуқи инсон яке аз беназиртарин арзишҳои ҷомеаи муосир буда, дар ташаккул, пешрафт ва таҳкими давлатдории ҳуқуқбунёду демократӣ нақши калидӣ мебозад. Ҳуқуқи инсон мафҳуми хеле мураккабу гуногунҷабҳа буда, ба он қоидаи ягона ва тафсири якмаъноӣ додан душвор аст ва дар ин ҷода таълифоти олимони Тоҷикистон оид ба ҳимояи ҳуқуқи инсон нақши бисёр муҳим доранд. Олимон ҳамчун таҳлилгарон, муаллифони назарияҳои ҳуқуқӣ, ташаббускорони ислоҳоти ҳуқуқӣ ва омӯзгорони насли нав – дар ташаккули фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа саҳми назаррас доранд. Барои ноил шудан ба чунин дастовард онҳо асосҳои илмии ҳуқуқи инсонро таҳия карданд, қонунгузориро такмил доданд, ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намуданд, меъёрҳои фарҳанги ҳуқуқии ҷомеаро баланд бардоштанд, механизмҳои амалӣ ва судиро таҳлилу хулосабардорӣ намуда, онҳоро такмил доданд, барои ҳалли мушкилот роҳҳои илмӣ пешниҳодҳо карданд ва дар маҷмуъ, фаъолияти онҳо заминаи муҳимми давлатдории ҳуқуқбунёд ва ҳимояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Раҳимзода Маҳмад Забир – доктори илми ҳуқуқшиносӣ, профессор дар мақолаи худ, “Илми ҳуқуқшиносии тоҷик: ташаккул, ҳолат ва проблемаҳо” қайд менамояд, ки “Таъсири муҳимро дар қабул ва мунтазам инкишоф ёфтани илмӣ ҳуқуқшиносии тоҷик анъана ва мактабҳои илмие гузоштанд, ки дар илми ҳуқуқшиносии академикӣ ва донишкадаҳо ба вуҷуд омадаанд. Осорҳои маълум ва арзишноки олимони ҳуқуқшиносӣ солҳои то замони истиқлолият ва баъди ба даст овардани онро мушаххас номбар накарда, қайд менамоям ки саҳми олимони ҳуқуқшиноси тоҷик, академикҳои АМИТ Раҷабов С. А., Тоҳиров Ф. Т. ва Маҳмудзода М. А., узвҳои вобастаи АМИТ Усмонов О.У., Раҳимзода М.З. ва Насриддинзода Э.С., профессорон Холиқзода А. Ғ., Явич Л. С., Коретский В. И., Мелкумов В. Г., Муллоев М. М., Ойгензихт В. А., Яковлева Е. М., Менглиев Ш. М., Ҷалилов Ҷ. Р., Ҷабборов Р. Ҷ., Тағойназаров Ш. Т., Имомов А.И., Шарофзода Р. Ш., Маҷидзода Ҷ. З., Ализода З., Бобоҷонзода И. Ҳ., Буризода Э., Ғаюрзода Ш.К., Ғафурзода А. Д., Муртазозода Ҷ. С., Искандаров З., Диноршоев А. М., Сангинзод Д.Ш., Шарипов Т. Ш., Меликов У. А., Сафарзода А. И., ва дигарон дар бораи таърих ва назарияи давлат ва ҳуқуқ, ҳуқуқи инсон, ҳуқуқи конститутсионӣ, ҳуқуқи маъмурӣ, ҳуқуқи молиявӣ, ҳуқуқи маданӣ, ҳуқуқи соҳибкорӣ, ҳуқуқи мурофиавии гражданӣ, ҳуқуқи ҷиноятӣ, ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, назорати пракурорӣ ва дигар соҳаҳои ҳуқуқ асоси фундаменталии таҳқиқотҳоро дар барқарор намудани низоми ҳуқуқии Тоҷикистон ва рушди минбаъдаи он хело калон мебошад”.
Лозим ба қайд аст, ки калонтарин боби Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – боби дуюм, ки “Ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд” унвон гирифтааст, аз 34 модда иборат буда, ба самти ҳуқуқу озодиҳои инсон бахшида шудааст.
Мувофиқи моддаи 14-и Конститутсия: “Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд. Маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад”. Ин маънои онро дорад, ки Тоҷикистон ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро дар Конститутсия ва қонунгузории миллии худ кафолат додааст. Барои амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар баробари қонунгузории миллӣ, инчунин, санадҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, “Эъломияи умумии ҳуқуқи башар”, ки онро Созмони Милали Муттаҳид 10 декабри соли 1948 қабул намудааст, амал менамоянд. Маҳз тибқи ҳамин сарчашма 10 декабр дар саросари ҷаҳон рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон таҷлил карда мешавад.
Рӯзи ҳуқуқи инсон, ки ҳамасола 10 декабр таҷлил мегардад, на танҳо хотиррасонии рӯйдоди таърихист, балки ҳамчун як меҳвари рушди давлатӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ аҳаммияти таърихӣ-илмӣ дорад. Эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ки дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (1948) мустаҳкам шудааст, имрӯз ба меъёрҳои асосии ҷомеаи демократӣ ва низоми ҳуқуқии миллӣ табдил ёфтааст.
Ин ҳамон воқеиятест, ки дар яке аз баромадҳояшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки ғояи инсондӯстӣ дар Паёми худ таъкид намуданд, ки «Пешрафти босуботи давлат ва ҷомеа, пеш аз ҳама, ба таъмини амният, волоияти қонун, таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд асос меёбад».
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои истиқлолият пайваста саъй дорад, ки ҳуқуқу озодиҳои инсонро ҳамчун арзиши олии конститутсионӣ тақвият бахшад. Ин раванд дар сиёсати давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ ва фаъолияти институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ инъикос ёфтааст.
Муҳаққиқи ватанӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим Ғафор дар монография худ “Назаре ба асрори ҳуқуқ ва ҳуқуқи инсон” қайд менамоянд, ки “Арзише, ки аз пайдоиши ҷомеаи инсонӣ ва шинохти ақл ҳамчун нерӯи пешбарандаи таърих то имрўз аҳамияти худро гум накарда, маънии ҳастӣ ва риштаи инкишофи ҷамъияти инсониро дар атрофи хеш муттаҳид намуда, ҳамагуна қонуният, мақсад, вазифа ва кашишҳои иҷтимоиро тадриҷан тобеи хеш гардонида, гарав ва кафолати сулҳ, ваҳдат ва хушбахтии ояндаи халқу миллатҳо баромад намуданро бар дўш гирифта тавонистааст, ҳуқуқ ва ҳуқуқи инсон аст”. Аз ин гуфтаҳо чунин бар меояд, ки ҳуқуқ ва ҳуқуқи инсон арзиши аслии ҷомеа буда, аз аввали таърих вуҷуд дошта, аҳаммияти илмӣ дорад, пояи ҳамоҳангии ҷомеа мебошад, ки ҳамаи қонуниятҳо, вазифаҳо ва фаъолияти иҷтимоиро дар атрофи худ муттаҳид кардааст.
Дар ниҳоят, Рӯзи ҳуқуқи инсон моро водор месозад, ки бояд донем то Тоҷикистони азизи мо имконияти амалӣ шудани ҳаммаи ҳуқуқҳоро фароҳам меоварад. Дар ин марҳилаи басо таърихӣ ва муҳим мо бояд аз гузаштагони таърихӣ ва муосири халқи тоҷик ки онҳо шоистаи ифтихорӣ миллӣ ва барои баланд бардоштани ҳисси ватандустиву ватандории мо ҷавонон эҷод кардаанд, арҷгузор бошем. Ин ҳамон рӯз аст, ки арзиши олӣ ва кафолати зиндагии шосита ва арзанда (м.5-и Конститутсия) эътироф шуда, зери мафҳуми “ҲУҚУҚИ ИНСОН” навишта шудааст ва бо меъёрҳои Конститутсия ҳифз шудааст, ки барои ҳар як шахс ва шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ифтихору сарфарозист.
Дар умум, Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон рӯзи ҳар фарди ҷомеа аст, зеро инсон аз бошарофаттарин ва боарзиштарин мавҷудот шинохта шудааст. Маҳз ин вижагиҳои фарқкунандаи инсон аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ рӯзи махсусеро ба Рӯзи ҳуқуқи инсон рабт додааст.
Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон мубораку фархунда бошад!
Сӯҳроб Ҷалолов – сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши
анъанаву маросимҳо ва диншиносии муқоисавӣ,
магистранти курси 2-и АИДНП ҶТ

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх