Дар шароити муосири авҷгирии бархӯрди манфиатҳои геополотикии давлатҳои абарқудрат ва ҳассосу муташанниҷ шудани вазъи сиёсии ҷаҳон, амният ва рушди ҳар як давлати соҳибистиқлоли миллии ҷаҳон, якпорчагӣ ва ваҳдати миллии онҳо аз бисёр ҷиҳат бо сатҳи ҷаҳонбинӣ, донишу таҷриба, ахлоқу маънавиёт ва сифатҳои шахсии роҳбарони онҳо вобастагӣ дорад.
Аз ин мавқеъи назар, гуфтори Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикам, баъд мусулмон” дорои мазмуни амиқи фалсафӣ-таърихӣ ва арзишу аҳамияти баланди сиёсӣ мебошад. Ин гуфтори пурҳикмат ба ҳеҷ ваҷҳ маънои бартарӣ додан ба миллият нисбат ба дину эътиқодро надорад, балки як шарт ё талаботи воқеӣ ва муҳими сиёсию ахлоқии идоракунии муваффақона ва одилонаи давлати миллию демократӣ маҳсуб мешавад.
Ҳар як фард ва ҷомеа ба ғайр аз ниёзҳо ва манфиатҳои динию маънавӣ, боз доираи ниҳоят васеи талаботҳои моддию дунявиро дорад, ки онҳоро на аз роҳи ибодату ниёиши дарунӣ, балки танҳо аз роҳи меҳнат, амалия ва фаъолияти ҷисмонию фикрӣ, тавассути ҳамкории судманд бо дигар афрод ва ҷомеаҳо қонеъ карда метавонад.
Ҷомеаи миллии тоҷик низ аз ин қоида берун нест. Барои миллати бофарҳангу тамаддунофари тоҷик ва аҷдодони тоисломиаш (суғдиҳо, бохтариҳо, хоразмиҳо, тахориҳо ва халқиятҳои дигари эронизабони Осиёи Марказӣ) диндорӣ танҳо як рукни ҳаёт ва фарҳанги миллӣ буд ва мебошад. Ба ҷуз аз ниёишу ибодат ва суннату маросими динӣ-исломӣ, тоҷикон соҳиби фарҳанги басо пурғановати моддию дунявӣ низ мебошанд ва дар таъсиси аввалин давлатҳои мутамаддину пешоҳанги бостонӣ (Ҳахоманишиён, Сосониён, Ҳайтолиён ва ғ.), ободонии ҷаҳон, рушди ҳаёт ва фарҳанги моддии башарият саҳми бузург гузоштаанд.
Миллати тоҷик дар симои аҷдодони таърихиаш қабл аз зуҳури дини мубини ислом вуҷуд дошт. Ҳамаи ин халқиятҳо пайрави дини зардуштӣ буданд ва пас аз густариши дини ислом, ба шарофати фаъолияти давлатсозию миллатсозии Сомониён ва сулолаҳои дигари ҳокимони маҳаллӣ, ҳамчун воситаи муоширати миллӣ ташаккул ёфтани забони форсӣ-тоҷикӣ ва як қатор омилҳои дигари фарҳангӣ як миллати воҳиди бодиёнатро ташаккул доданд. Ҳарчанде ки тоҷикон мисли халқҳои дигари ғайриараби мусулмон, аз дини ниёгон даст кашида дини навро қабул карданд, вале дин ҳамчун як шакли ҷаҳонбинӣ ва унсури бунёдии ташаккулдиҳандаи ҳувияти миллии онҳо маҳфуз монд. Дар ин маврид метавон гуфт, ки дину эътиқоди исломӣ (дар шакли мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ) дар ҳамоҳангӣ бо сиёсати фарҳангии миллатсози Сомониён дар ташаккул ва рушди ҳувияти миллии тоҷикон нақши хеле муҳим ва судмандро иҷро кардааст, ҳамон тавре ки дар даврони бостон дини зардуштӣ ин ин хидматро барои аҷдодони қадимаи мардуми тоҷик анҷом дода буд. Аз ин нуқтаи назар, “аввал тоҷик ва баъд мусулмон будан” маънои мусулмониро ҳамчун як навъи диндорӣ, ҳамчун як ҷузъи таркибӣ ва тағйирпазир ба низоми арзишҳои нисбатан устувору бунёдии миллии тоҷикон ҳамгун ва ҳамоҳанг сохтанро дорад.
Аз ҷониби дигар, ҳеҷ як давлат ё ҷомеаи муосири миллӣ, хоҳ демократӣ бошад, хоҳ теократӣ, аз нуқтаи назари этникӣ ва динӣ-мазҳабӣ яклухт нест, балки то ин ё он дараҷа полиэтникӣ ва поликонфессионалӣ мебошад, яъне як иттиҳоди сиёсие аст, ки халқиятҳо ва афроди пайрави дину мазҳабҳои гуногунро муттаҳид мекунад. Мисол, дар Конститутсияи ИМА вожаи “миллат” истифода нагардидааст, вале вожаи “мардум” (the People) ба кор бурда шудааст, ки ҳувияту умумият ва ваҳдати сиёсии ҳамаи шаҳрвандони ИМА-ро, новобаста аз мансубияти этникию динии онҳо, ифода мекунад. Яъне мафҳуми “миллат” ё “мардум” баёнгари ҳувияти сиёсии одамон аст, на ҳувияти этникии онҳо. Аз нуқтаи назари ҷомеашиносӣ «миллат» як ҷомеаи таърихан ташаккулёфта ва устувори одамон аст, ки бо забони умумии муошират, ҳудуд ва макону фазои ягонаи сукунат, ҳаёти иқтисодӣ, фарҳанг ва ҳувияти муштарак муттаҳид шудаанд. Ин истилоҳ ду маънои асосӣ дорад: аз нигоҳи фарҳангӣ – ҷомеаи этникии дорои хусусиятҳои муштарак ва аз нигоҳи сиёсӣ – иттиҳоди сиёсии шаҳрвандони як давлати мушаххас.
Дар давраи пас аз зуҳури ислом, тоҷикон аввалин бор маҳз дар замони Сомониён ба ин комёбӣ даст ёфта, ҳамчун миллат ташаккул ёфта буданд. Пас аз фурӯпошии давлати Сомониён, чунин имконият дар замони шӯравӣ ба вуҷуд омад. Ҳарчанде ки ҳаёт ва фарҳанги динии тоҷикон дар замони шӯравӣ бо маҳдудятҳо дучор шуд, вале фарҳанги моддию дунявии мардуми мо, иқтисод, илму маориф, соҳаҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии мо як давраи тиллоии эҳё ва рушду гулгулшукуфоии худро паси сар кард. Ин дастовардҳои замони шӯравӣ аз оғози давраи сохибихтиёрӣ то имрӯз барои рушди босуботи ҷамъиятиву иқтисодии Тоҷикистон ҳамчун як заминаи муҳим хизмат карда истодаанд. Беморхонаи ҷумҳуриявии Қарияи Боло, Шаҳраки тиббӣ, таваллудхонаҳои рақами 1,2 ва 3 ва садҳо биноҳои таълимию истиқоматӣ танҳо дар ҳудуди пойтахти кишвар – як қисми андаке аз он дастовардҳои замони шӯравӣ мебошанд. Аз ин дидгоҳ истифода бурдани вожаи “миллати тоҷик” ба маънои ҳувияти сиёсии тоҷикон дар масири таърих дар мавридҳое дуруст аст, ки агар тоҷикон соҳиби давлати озоди миллии худ бошанд, аз ҷумла дар мавриди наслҳои имрӯзаи бахтёру саодатманд, яъне мову шумо –хонандагони арҷманд, ки соҳиби давлати соҳибихтиёри миллии худ ҳастем. Дар давраҳои бедавлатӣ бошад, масалан, пас аз Сомониён то замони шӯравӣ, мафҳуми миллатро дар нисбати мардуми тоҷик танҳо барои ифодаи умумияти этникӣ, на сиёсӣ истифода бурдан, мантиқан дуруст аст.
“Ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикам, баъд мусулмон!” (шарҳи фалсафӣ-таърихии мазмун ва аҳамияти сиёсии гуфтори Пешвои миллат)
Қисми 2.(қисми 1 – 30.10.2025 нашр шудааст )
Ҳангоми таҳлили таносуби байни мафҳумҳои “миллат”, “халқ” (мардум, қавм, этнос) ва “дин” (диёнат) хоҳу нохоҳ ин масъала ба миён меояд, ки кадоме аз ин мафҳумҳо нисбат ба дигарашон қадимитар мебошанд. Равшан кардани ин масъала барои боз ҳам хубтар дарк кардани мазмуни фалсафии гуфтори Пешвои миллат “Ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикам, баъд мусулмон” мусоидат мекунад.
Тибқи мазмуни таълимоти қуръонӣ, ва умуман, ҳамаи китобҳои осмонӣ, Худованд аввал қавму қабилаҳоро офаридааст, баъд барои ҳар қавму қабила тавассути паёмбарон каломи худро расонида, онҳоро ба ибодат ва иҷрои дастуроти Худ фаро хондааст. Яъне аввал қавму қабилаҳо, халқҳо офарида шудаанд ва танҳо пас аз ин, дин ва дастуроти илоҳӣ барои зиндагии худро дуруст ба роҳ мондани ҳар кадоми онҳо нозил шудаанд. Аз мазмуни ин таълимоти қуръонӣ хулосаи дурусти мантиқӣ ҳосил мешавад, ки миллатҳо нисбат ба динҳо таърихи қадимитар доранд. На танҳо мардуми ориёитабор ва халқҳои дигари ғайриараб, балки худи қавму қабилаҳои арабнажод низ қабл аз зуҳури дини мубини ислом ҳамчун гурӯҳҳои этникӣ ташаккул ёфта, ҳар кадом ин ё он дин ё низоми эътиқодоти тоисломиро пайравӣ мекарданд.
Аз нуқтаи назари илмӣ низ, инсонҳо, қавму қабилаҳо нисбат ба динҳо қадимтаранд, зеро динҳо ҳамчун як қисми фарҳанги маънавии инсоният пайдо шудаанд. Таърихи инсоният миллионҳо солро дар бар мегирад ва аз пайдоиши аввалин гоминидҳо оғоз меёбад, ҳол он ки аввалин нишонаҳои маънавият ва диндорӣ, ба монанди дафнҳои маросимӣ, ки аз пайдоиши аввалин эътиқодҳои динӣ шаҳодат медиҳанд, танҳо дар охири давраи палеолит пайдо шудаанд. Динҳои муташаккил хеле дертар аз нишонаҳои аввалини маънавият пайдо шуданд. Масалан, яҳудия, ки қадимтарин динҳои мавҷудаи монотеистӣ мебошад, тақрибан дар ҳазораи 2-юми пеш аз милод, дини зардуштӣ тақрибан дар асри VII пеш аз милод ва буддоия тақрибан дар асрҳои VI-V то милод пайдо шудаанд. Динҳои ҷаҳонии масеҳият ва ислом бошад, боз ҳам баъдтар зуҳур кардаанд.
Бо таваҷҷуҳ ба ин далелҳои собити таърихӣ, комилан мантиқист, ки ҳар як фарди соҳибхирад, таърихдон ва ҳақиқатҷӯи мусулмон миллати хешро нисбат ба дини ислом қадимтар мешуморад, аввал худро ҳамчун узви як миллат мешиносад ва баъд мусулмон. Аз дидгоҳи фалсафаи таърих ва реализми таърихӣ, ифтихори Пешвои миллат аз он, ки аввал тоҷик аст, баъд мусулмон, намунаи равшани эҳтиром ва арҷгузорӣ ба як ҳақиқати раднопазири таърихӣ – қадимияти миллати тоҷик ва фарҳанги беш аз сеҳазорсолаи миллии тоҷикон нисбат ба дини мубини ислом мебошад, ки собиқаи таърихии он ҳамагӣ каме бештар аз якҳазору чаҳорсад солро дар бар мегирад.
Шоев Зиёвиддин, сардори шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломии
Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон