Ташаккули шахсияти худшиноси аслан миллӣ бояд идома дода шавад! (Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ

Дар Паёми имсола баъд аз зикри дастовардҳои назаррас ҳам дар сиёсати хориҷӣ ва ҳам сиёсати дохилии кишвар Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври барҷаста ва равшану фаҳмо ташаккули шахсияти худшиносӣ аслан миллиро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи аҳли таълиму тарбия ба қалам доданд. Барои расидан ба ин ҳадафи оқилона ва дурандешона Президенти кишвар таваҷҷуҳи аҳли ҷомеаро ба тамаддуни бою пурғановат ва башардӯстонаи мардуми ориёӣ ҷалб намуда, бори дигар дили саршор аз меҳру муҳаббати худро ба фарҳанги созандаи аҷдодон ба маъраз гузоштанд. Бо мақсади он ки ҳар мутаассиби каҷфаҳм ин ташаббуси бузург ва хотирмони Пешвои миллатро нодуруст нафаҳмад ё дар шарҳи он ба таҳриф роҳ надиҳад, Пешвои миллат чун шахсияти баруманду худшиноси миллӣ ва аз нозукиҳои падидаи дину диндорӣ огоҳ доир ба вижагиҳои эътиқоди мардум сухан ронда, хеле дуруст ва воқеан ҳам асоснок қайд намуданд, ки мусулмонии моро ҳеҷ кас аз дасти мо гирифта наметавонад. Яъне, мусулмонии мо аз они худи мост. Имрӯз дар кишвар бо ин мақсад тамоми шароитҳо муҳайё мебошанд. Ҳар касе хоҳад, ки ба ҳаҷ равад, намоз гузорад, рӯза гирад ё таҳсили дин намояд, барои иҷрои ин амалҳо дар кишвар ягон мушкил вуҷуд надорад. Яъне, дар кишвар озодии эътиқод пурра мавҷуд аст. Аммо ҷомеаро бо масҷиду эътиқод пеш бурда намешавад.
Аз ин суханони илман асоснок ва ҳакимонаи Пешвои муаззами миллат чунин бардошти дуруст ҳосил мегардад, ки дину диндорӣ ё фаъолияти мусулмонӣ имкон доранд, ки ба ҳар шахс зимни тоату ибодаташ танҳо дилашро ором намояду рӯҳашро таскин бахшад ва назди Худованд эҳсоси сабукию адокунии қарзу масъулияти диниро ато намояд. Аммо аз раванди мазкур руҳу равони танҳо шахс – ибодаткунанда баҳра мебарад. Бо чунин амал ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва илмию фарҳангии ҷомеаро пеш бурдан маҳол аст. Чун ҷомеа аз шахсиятҳои сершумори мухталифҳадаф ва гуногунфарҳанг бунёд меёбад, зарур аст, ки шахсиятҳо аз лиҳози илму маърифат ҳамқадами замон буда, аз лиҳози ахлоқ нексиришт ва масъулиятшинос бошанд. Ташаккули чунин шахсияти ҳаматарафа пешрафта ва худогоҳ ҳеҷ гоҳ муқобили дину диндории аҳли ҷомеа нест. Ташаккули шахсияти миллатдӯсту меҳанпарвар ва аз лиҳози илму ахлоқ ҳамқадами замон самти худро дораду иҷрои вазифаҳои эътиқодӣ самти худро. Дар робита ба вижагиҳои эътиқод Қуръон мефармояд: “Ҳар киро Худо роҳ намояд, ҳамон роҳёбанда аст; ва касонеро, ки гумроҳ созад, пас ҳамонҳо зиёнкоронанд” (Аъроф, 7:178). Аз маънои ояти мазкур чунин маъно низ бардошт мегардад, ки роҳнамоӣ дар дасти Худо аст. Ӯ имкон ва қудрати кофӣ дорад, ки ҳатто шахсияти эътиқодиро аз дарёфти роҳи дуруст маҳрум намуда, ба ҷумлаи зиёнкорон ворид кунад ва ҳамчунин дар дасти Ӯст, ки шахсияти ѓайриэътиқодиро роҳнамою такягоҳ бошад. Аз ин нуқтаи назар, маҳсули фаъолияти эътиқодӣ маҳдуд аст ва он низ аз иродаи Худованд вобаста аст.
Ҳамин тариқ, фаъолияти эътиқодӣ танҳо ба руҳу равони фарди алоҳида нафъ мебахшад, дар ҳолате, ки рӯоварӣ ба илму маърифати муосир, ба таври илова, имкон дорад, ки зиндагии ҳазорон нафарро аз душворӣ раҳонида, сабукӣ бахшад ва ахлоқи поку сиришти наку ба дили миллионҳо нафар хурсандию нишот ато намояд. Яъне, таҳсили илму маърифати муосир ва тарбияи ахлоқи наку нури хуршедие бар болои нури пешина хоҳад буд.
Пешвои муаззами миллат ба ташаккули шахсияти солим ва созанда дахл намуда, хеле ба маврид ва дуруст ёдовар шуданд, ки Худои Таоло вақте моро офарид, ба мо ақл дод, дасту по дод. Барои чӣ? Барои он, ки мо бо истифода аз ақл ва дасту пойи хеш ба кори созандагию ободонӣ машѓул бошем, зиндагии худро пайваста таѓйир дода, тадриҷан ҷомеаи худро обод намоем. Дар ҳақиқати гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат ягон ҷойи шак нест. Дар робита ба ин матлаб ҳадиси пайѓамбар низ мефармояд, ки бузургтарин ва азизтарин чизе, ки Худованд офарида аст, ақл аст. Ба шарофати ақл шахс метавонад ба бузургӣ расад ва ё метавонад хору залил бошад. Пас, ақлро ба роҳбарӣ гирифтан ягона роҳи дуруст ва муътамад ҳам дар ҳаёти шахсӣ ва ҳам ҷамъиятии одамон маҳсуб меёбад. Танҳо истифодаи ҳадафмандонаи ақл чун василаи ягона дурусти дарёфти дониши воқеию олати самарабахши ҳалли мушкилоти иҷтимоию табиию равонӣ имкон дорад, ки ҳар фарди ҷомеаро дар алоҳидагӣ ва тамоми ҷомеаро дар умум ба қуллаҳои умед бурда расонад.
Роҳандозии ҳадафҳои волои таъйиншуда аҳли ҷомеаро водор менамояд, ки ба илму маърифати ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намояд. Пешвои миллат дар Паёми имсолаашон бори дигар ёдовар шуданд, ки аз лаҳзаи ба сари роҳбарӣ омаданашон ҳамеша илму маорифро соҳаи афзалиятнок ва тақдирсоз қарор додаанд. Имрӯз зарур аст, ки ба насли нав илму маърифати муосир таълим дода шавад. Бояд кӯшиш намуд, ки дастовардҳои имрӯзаи илму маърифати башарӣ, пеш аз ҳама, зеҳни сунъӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ васеъ роҳандозӣ карда шаванд.
Масъалаи дигаре, ки мо рӯёрӯи он истодаем, дар ташаккули шахсиятҳои созандаи ҷомеа ба таври васеъ истифода бурдан аз фарҳанги бою созандаи ниёгони гузаштаи мо мебошад. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки дини ислом ҳамагӣ якуним ҳазор сол пеш пайдо шудааст, аммо Наврӯз таърихи зиёда аз шаш ҳазорсола дорад. Вижагии хоси Наврӯз дар он ифода меёбад, ки вай бо дин ҳеҷ рабте надорад, аммо дар табиати худ як фарҳанги бойи созанда, умумибашарӣ ва фарогирро нуҳуфтааст. Наврӯз бояд боиси фараҳмандию ифтихори ҳар тоҷик бошад. Танҳо номи ин ҷашни фархундапай аз он гувоҳӣ медиҳад, ки тоҷикон чӣ фарҳанги созандае доштаанд. Боиси сарафрозист, ки ҳатто пешвоёни кишварҳои абарқудрати ҷаҳонӣ ин ҷашнро бо номи зебои тоҷикияш ба забон меоранд.
Суоле пайдо мешавад, ки чаро маҳз Наврӯз бештар мавриди таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор гирифт? Ин ҷо набояд ҷойи шак бошад, ки маҳз созандаю башардӯстонаи Наврӯз боис шудааст, ки он, аз як тараф, барои Пешвои миллат мавриди иҳтимоми махсус қарор гираду, аз тарафи дигар, ҷомеаи башариро водор намояд, ки онро чун унсури фарҳанги умумибашарӣ бипазирад. Чунин вижагиҳои волои наврӯзӣ, ба мисли меҳнати бунёдкорона, тозагию ободонӣ, кушодани дастурхони идона барои ҳар фард новобаста аз мансубияти этникию динӣ, хурсандию нишот ва баҳрабарӣ аз неъматҳои моддию маънавӣ чун ҳадафи зиндагӣ, ташкили маросимҳои варзишӣ байни қавму халқиятҳои гуногунмазҳабу гуногунзабон ва ѓайра, ки хусусияти башардӯстона дошта, дар замири қалби ҳар фарди ҳаётдӯсти ҷомеа новобаста аз мансубияти этникию эътиқодӣ амиқ реша давондааст, тамоми миллатҳоро водор сохтааст, ки онро бипазиранд ва сониян, саъй намоянд, ки онро чун унсури фарҳангии хеш муаррифӣ намоянд. Пешвои муаззами миллат аз мақоми Наврӯз дар фарҳанги миллӣ ва умумибашарӣ гардидани он ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки чаро аз сифатҳои созандаи Наврӯз ҳамчун сарчашмаи ҳувиятсози миллӣ истифода нанамоем?
Пешвои миллат дар Паёми имсола ба ѓайр аз Навр з зикри чун сарчашмаи ҳувиятсози миллат, инчунин ба унсури дигари фарҳанги ниёгон, ба мисли “Пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек” низ таваҷҷуҳ намуда, онро низ сарчашмаи ҳувиятсози миллат ном бурданд. Бидуни тардид бояд эътироф намуд, ки маъно ва пандеро, ки асли ахлоқии баёншуда дар худ нуҳуфтааст, мухтасари таълимоти ахлоқии тамоми халқу миллатҳо аз давраи пайдоишашон то ба имрӯз аст, ки ниёгони мо тавассути се ибора баён намудаанд. Зимни огоҳӣ бо мазмуни асли баёнгардида ҳар қавму миллат орзу менамояд, ки он кош моли ӯ мешуд. Аз ин рӯ, миллати тоҷик чи миллати хушбахт аст, ки ҳикмати бузурги мазкур ҳамчун маншаи ташаккули шахсияти воқеан ҳам солим ва барои ҳар фарди ҷомеа новобаста аз мансубияти этникию динӣ дар ҳамаи замону маконҳо муфид ва роҳнамо маҳз ба ӯ тааллуқ дорад.
Бояд эътироф намуд, ки моҳияти инсонпарварона ва ҳидоятнамоии андарзи зикршуда то ба имрӯз аҳамияти амалии худро гум накардааст. Дар он азҳамвобаста будани ахлоқи дилхоҳ шахс аз се ҳолати муносибати инсон барҷаста инъикос ёфтааст. Мухтасаран, оѓози ҳар гуна амали нек андешаи нек, нияти нек, нек, ҳадафи нек ва амсоли инҳо мебошад. Чун маншаи амал нек гардид, пасон гуфтору рафтор низ чун таҷассуми амалии он орзую ният ва ҳадафу андешаҳо ҳатман нек хоҳанд буд. Маҳсули се ҳолати ахлоқии баёнгардида, бешак, чеҳраи гарми ҳар фарди башар ва ободии ҳар хонадони ҷомеа маҳсуб меёбад. Тарбияи чунин сифатҳо дар шахсияти ҳар фарди ҷомеа кафили боэътимоди фазои сулҳу оромӣ ва пешрату ободӣ маҳсуб меёбад. Чун ҳар фарди ҷомеа ба чунин фазою муҳит ниёзманд аст, пас, сифатҳои башардӯстонаи мазкур бояд дар ҳар фарди ҷомеа тарбия дода шавад.
Муовини директори Маркази
исломшиносӣ Абдухалилзода К.А.

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх