Коррупсия чист?
Аз нигоҳи луғавӣ истилоҳи «коррупсия» аз калимаи лотинӣ «corruptio», ки бо маъноҳои «харидан, вайронкунӣ ва ришвадиҳӣ» фаҳмида мешавад.
Мафҳуми коррупсия дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин оварда шудааст:
“Коррупсия – кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамоянд, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартарият ва имтиёзҳои дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир намудани чунин кирдорҳо (ҳаракат ё беҳаракатӣ) ба манфиати шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ”.
Коррупсия яке аз зуҳуроти манфии иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мебошад, ки рушди муназзами ҷомеа ва давлатро халалдор месозад. Аз ҳама бештар, ин падида ба рушди институтҳои итисодӣ — рушди ҷомеа, суботи сиёсати итисодӣ ва иҷтимоии кишвар — таъсири манфии амиқ мерасонад.
Ин падида ба пояҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ва дар маҷмуъ ба рушди давлатдорӣ зарбаи ҷиддӣ ворид карда, эътимод ва боварии байни шаҳрвандон ва давлатро коста мегардонад.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад».
Зеро агар аз коррупсия як гурӯҳи хурди ҷомеа манфиатдор бошанд, вале таъсири манфии он ба тамоми мардум ва давлат мерасад.
Чуноне Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд: “Коррупсия зуҳуроте номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад”.
Дар ин асос ба хулоса омадан мумкин аст:
Коррупсия – яке аз монеаҳои асосӣ дар роҳи рушду пешрафти иқтисод, беҳбудии иҷтимоӣ, татбиқи муваффақонаи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон маҳсуб мешавад.
Коррупсия чунин оқибатҳои номатлуби иҷтимоиро ба вуҷуд меорад:
-васеъ гаштани доираи иқтисоди пинҳонӣ, ки ба кам шудани андоз ва заиф гардидани буҷаи давлатӣ боис мегардад;
-хароб гаштани рақобати солим дар бозор;
-ғайрисамаранок истифода гардидани буҷаи давлатӣ;
-фазои сармоягузорӣ хароб мегардад;
-намояндагони фасодзадаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба мустаҳкамшавии гурӯҳҳои ҷиноятӣ мусоидат мекунанд;
-ҳуқуқ ҳамчун воситаи зӯроварӣ истифода мешавад;
-шиддати иҷтимоӣ боло меравад ва ба устувории иҷтимоӣ ва сиёсӣ хатарҳо эҷод менамояд;
-мансабдорон ва дигар мақомоти давлатӣ на ба манфиати шаҳрвандон, балки барои таъмини ҳокимияти гурӯҳи ҳукумрон хизмат мекунанд;
-боварӣ ба ҳокимият ва мансабдорони давлатӣ поён меравад, аҳолӣ аз ҳокимият бегона мегарданд;
-обрӯи давлат дар арсаи байналмилалӣ поён меравад;
– нигилизми ҳуқуқӣ меафзояд, арзишҳои демократӣ моҳияти худро дар чашми аҳолӣ гум мекунанд.
Хулоса, мубориза бо коррупсия дар шароити ҷаҳонишавӣ вазифаи масъул ва муҳим мебошад.
Ин мубориза бояд дар ҳама сатҳ — аз сиёсат ва қонунгузорӣ то фарҳанг ва технология — роҳандозӣ шавад.
Аз ин рӯ, мубориза бо коррупсия на танҳо амали ахлоқӣ, балки зарурати ҳаётӣ барои ҳифзи истиқлоли миллӣ мебошад.
Танҳо тавассути ҳамоҳангсозии тадбирҳои дохилӣ ва байналмилалӣ, истифодаи технологияҳои нав, таҳкими қонун ва бедории иҷтимоӣ дар заминаи фарҳанги воло метавонем бо коррупсия самаранок мубориза барем ва рушди устувори ҷомеа ва давлатро таъмин намоем.
Абдуллоҳи Қодирӣ – сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ