ТАВСИФИ МУХТАСАРИ УМУМИИ ПАЁМҲОИ РОҲБАРИ ДАВЛАТ ҲАМЧУН УНСУРИ ТАШАККУЛДИҲАНДАИ ФАРҲАНГИ СИЁСИИ МУОСИРИ ТОҶИКОН

Паёмҳои ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистон унсури муҳиму ташаккулдиҳандаи фарҳанги сиёсии муосири тоҷикон мебошанд.
Роҳбари давлат ҳамчун муҳимтарин субъекти ҳокимияти сиёсӣ ва иҷроия, тавассути паёмҳо, суханронӣ ва дастурҳои худ қарорҳои калидӣ қабул мекунад, эътиқоду боварҳо, арзишҳо, афзалиятҳо ва интизориҳои ҷомеаро мустақиман ташаккул медиҳад, самт ва меъёрҳои онро муқаррар мекунад. Ин паёмҳо на танҳо сиёсати дохилӣ ва хориҷиро муайян мекунанд, балки ҳувияти миллӣ ва дурнамои фарҳангии кишварро низ инъикос мекунанд, фарҳанги миллиро тақвият мебахшанд.
Паёмҳои Роҳбари давлат ҳамчун пули муоширатӣ хизмат мекунанд.
Дар онҳо Роҳбари давлат стратегия, арзишҳо ва ҳадафҳоро баён мекунад, шуури ҷамъиятиро ташаккул медиҳад, ҳувияти миллиро тақвият мебахшад, мафкураи солими миллиро (масалан, тавассути таъкид ва таваҷҷуҳи пайваста ба рушди соҳаи маориф, таҳким ва тавсеаи мақом ва нақши занон дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятӣ, риояи фарҳанг ва одобу либоси миллӣ) интиқол медиҳад, роҳнамоиҳои ахлоқиро муқаррар мекунад ва шаҳрвандонро барои дастгирии сиёсат ҳавасманд карда, бо ин васила қонунияти ҳукумат ва суботи давлатро тақвият медиҳад.
Паёмҳои Роҳбари давлат ҳамчун унсури фарҳанги сиёсӣ вазифаҳои зеринро иҷро мекунанд: -вазифаи иттилоотӣ ва стратегӣ: мақсад ва вазифаҳои ояндаи наздику дур, соҳаҳои афзалиятноки рушд (маориф, илм, соҳаи иҷтимоӣ ва ғайра), нақшаҳо ва дастовардҳоро муаррифӣ мекунанд; – вазифаи идеологӣ ва арзишӣ: арзишҳои калидии ҷомеа, аз қабили ватандӯстӣ, эҳтиром ба анъанаҳо, сарфакорӣ, нақши оила ва занон ва муқовимат ба фарҳанги бегонаро ташаккул медиҳанд ё тасдиқ мекунанд; -вазифаи сафарбаркунӣ: мардумро ба ҳамкорӣ ва дастгирии сиёсати давлатӣ даъват мекунанд ва ягонагиро тақвият медиҳанд. – вазифаи рамзӣ: ҳамчун маросим амал мекунанд ва ягонагии ҳукумат ва мардум, инчунин қонунияти роҳбарӣ ва идоракунии давлатро таъкид мекунанд. – вазифаи таълимӣ: тавассути роҳнамоӣ ва ҳидояти ҷавонон ба ҳифзу эҳтиром ва риояи анъанаҳо ва арзишҳои миллӣ ва давлатӣ, онҳо ҷавононро тарбия мекунанд ва дар онҳо хислатҳои шаҳрвандиро инкишоф медиҳанд.
Ин хусусиятҳои фарҳангӣ-сиёсии паёмҳои Роҳбари давлат чунин зоҳир мешаванд:
-тавассути таъкид ба рушди худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва меҳнати бунёдкорона:
дар онҳо таъкид карда мешавад, ки рушди босуботи ҷамъиятию иқтисодии кишвар ва афзоиши сатҳи некӯаҳволии мардум бо рушди худшиносию ифтихори миллӣ, фаъолияту меҳнати созандаю бунёдкоронаи шаҳрвандон вобаста аст;
– тавассути таъкиди нақши занон: дар онҳо аҳамияти саҳми занон дар маориф ва идоракунӣ, даъват ба ҳифзи фарҳанги миллӣ ва муқовимат ба таъсири фарҳанги бегона таъкид карда мешавад;
– тавассути таъкид ба рушди муттасилонаи соҳаи илму маориф ҳамчун пояи рушди босуботи давлат ва ҷомеаи озоди миллию демократӣ;
– тавассути таъкид ба ҳифз ва интиқоли анъанаҳо: даъват ба риояи расму оинҳои миллӣ, сарфакорӣ ва пӯшидани либоси миллӣ ва ғ. Ҳамин тариқ,
паёмҳои Роҳбари давлат на танҳо изҳорот, балки амали фарҳангӣ мебошанд, онҳо симои давлат, арзишҳои он ва ояндаеро ташаккул медиҳанд, ки дар он мардум худро ҳамчун як узви фаъолу комилҳуқуқи як ҷомеаи ягона мебинанд ва мешиносанд.
Аҳамияти паёмҳои Роҳбари давлат дар чӣ ифода меёбад? – дар таъсири созанда ба афкори ҷамъиятӣ: Роҳбари давлат сухангӯи асосӣ ва рамзи соҳибихтиёрӣ аст, аз ин рӯ паёмҳои Роҳбари давлат зуд дар тамоми ҷомеа паҳн мешаванд ва ба афкори ҷамъиятӣ таъсир мерасонанд;
-дар муқаррар кардани афзалиятҳо: паёмҳои Роҳбари давлат маҷмӯи масъалаҳои гуногуни иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангиеро ошкор мекунанд, ки ҳукуматро нигарон мекунанд, муқаррар мекунанд, ки барои ҳалли муваффақонаи онҳо чӣ гуна маблағҳо ва захираҳои буҷавӣ тақсим карда мешаванд;
– дар ташаккули баҳсу муколамаи миллӣ: услуби суханронии Роҳбари давлат ба намунаи баҳсу муколамаи ҷамъиятӣ ва сиёсӣ дар кишвар табдил меёбад;
– таъсир ба ташаккул ва рушди ҳувият ва арзишҳои миллӣ: паёмҳои Роҳбари давлат ба ҳувияти миллӣ, эътиқодҳои динӣ ва арзишҳои ҷомеа таъсири амиқ мерасонанд, онҳоро тақвият медиҳанд.
Инчунин, паёмҳои Роҳбари давлат қисмати муҳими макросиёсат мебошанд: бисёре аз қарорҳои сиёсӣ бо паёмҳо ва фармонҳои Роҳбари давлат оғоз мешаванд, ки ин аз мақом ва нақши калидии паёмҳои Роҳбари давлат дар ташаккули шуур ва фарҳанги сиёсии ҷомеаи муосири Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад.
Аз ин рӯ, ҳар як аз паёмҳои анъанавии Роҳбари давлат на танҳо изҳорот, балки “амали сиёсӣ” мебошанд, ки фарҳанги сиёсиро эҷод ва инъикос мекунанд. Чӣ гуна паёмҳои Роҳбари давлат ба ташаккули фарҳанги сиёсӣ таъсир мерасонанд? – паёмҳои Роҳбари давлат ормонҳои миллиро эҳё ва таҷассум мекунанд, арзишҳои муштаракро тақвият медиҳанд, ватандӯстӣ ва муттаҳидиро нерӯ ва субот мебахшанд ва дар онҳо арзишҳои асосии сиёсӣ (ба монанди демократия, баробарӣ, масъулият), ки фарҳанги сиёсии миллатро муайян мекунанд, ифода меёбанд;
– онҳо ҳадафҳои миллиро (ба монанди суботи иқтисодӣ, тандурустӣ, маориф) муайян мекунанд ва вазифаҳои дар пешистодаи шаҳрвандон ва давлатро муқаррар мекунанд;
– бо шарҳ додани мушкилот ва нақшаҳои оянда, паёмҳои Роҳбари давлат ба шаҳрвандон дар пайваст шудан бо ҳукумати худ ва дарки вазифаи шаҳрвандии худ кӯмак мекунанд; – интиқоли мунтазами чунин паёмҳо ба маросиме табдил меёбад, ки он минбаъд дар ҳаёти сиёсӣ ва хотираи коллективии миллат реша мекунад.
Хулоса, паёмҳои Роҳбари давлат як воситаи пуриқтидори муошират мебошанд, ки давлат ва шаҳрвандонро бо ҳам мепайванданд. Онҳо қисми муҳиму ташаккулдиҳандаи фарҳанги сиёсӣ мебошанд, зеро шахсияти миллиро ташаккул медиҳанд, арзишҳои асосӣ (ҳуқуқу озодӣ, вазифаю масъулиятҳо)-и давлат ва шаҳрвандонро муаррифӣ мекунанд, афзалиятҳои сиёсати дохилию хориҷиро муқаррар мекунанд, миллатро муттаҳид мекунанд, давлат ва шаҳрвандонро ба дарки дурусту амиқи мақсад ва вазифаҳои ояндаашон роҳнамоӣ мекунанд ва дар ин самт ҳамчун як воситаи пуриқтидори рамзӣ ва амалӣ хизмат мерасонанд.
Шоев Зиёвиддин, номзади илмҳои фалсафа, сардори шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломии
Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх