Боиси ифтихори ҳамагон аст, ки 16-уми декабри соли 2025 Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод гардид. Ҳидоят ва роҳнамоии Сарвари давлат мустақиман тавассути ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии кишвар ироа гардида, ҳамагон аз Паём бархӯрдор гаштанд. Зеро Паёми Президенти мамлакат дурнамои рушди босуботи кишвар ва роҳнамои ҳаёту фаъолияти ҳар як фарди ҷомеа мебошад.
Яке аз аломату рамзҳои муҳими низоми давлатдории муосири мо ин ироа шудани Паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, зеро Паёмҳои солонаи роҳбари давлат барои низоми сиёсӣ ва идории давлат аҳамияти хосаи рамзӣ ва амалӣ доранд. Бинобар ин, Паём мавриди таваҷҷуҳи васеи доираҳои сиёсию иттилоотии дохилӣ ва хориҷӣ қарор гирифта, паҳлуҳои гуногуни он мавзӯи таҳлилу тафсир қарор мегиранд.
Воқеан, Паёми Сарвари давлат як дарси худшиносӣ барои ҳар як фарди ватандӯсту хештаншинос мебошад. Зеро ҷавҳари худшиносии миллӣ аз дӯст доштани Ватан, модар, забон, таърих ва арзишҳои таърихиву фарҳангӣ сарчашма мегирад.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, як роҳнамои мукаммал барои имрӯз ва ояндаи дурахшони кишвар аст. Он на танҳо вазифаҳои иқтисодиву иҷтимоиро муайян мекунад, балки рӯҳияи миллии моро тақвият бахшида, роҳи моро ба сӯи ҷомеаи мутамаддин ва демократӣ равшан месозад.
Ҷанбаҳои маънавӣ, сиёсӣ ва аҳамияти таърихии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле муҳим ва фарогир аст, зеро Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун ҳуҷҷати стратегӣ самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро муайян мекунад.
Ҷанбаҳои маънавӣ, сиёсӣ ва аҳамияти таърихии он: Паёми Пешвои миллат на танҳо як ҳуҷҷати сиёсӣ, балки сарчашмаи арзишҳои маънавӣ ва ахлоқӣ мебошад. Дар он ба масъалаҳои зерин таваҷҷуҳи хос зоҳир мешавад: худшиносии миллӣ: таъкид бар эҳёи анъанаҳои ниёгон, ҳифзи забони модарӣ ва таърихи пурифтихори халқи тоҷик, тарбияи ватандӯстӣ: ҳидоят кардани ҷавонон ба роҳи илмомӯзӣ, эҳтироми волидайн ва садоқат ба Ватан, ахлоқи ҳамида: мубориза бар зидди хурофот ва бегонапарастӣ, ки барои солимии маънавии ҷомеа муҳим аст.
Ҷанбаҳои сиёсии Паём: аз нигоҳи сиёсӣ, Паём барномаи мукаммали фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимият ба ҳисоб меравад. Аввал, суботи сиёсӣ, яъне таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва таъмини амнияти миллӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир. Дуввум, ислоҳоти ҳуқуқӣ, яъне такмили қонунгузорӣ барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва волоияти қонун.
Президенти кишвар дар Паёми худ ба масъалаҳои хурофоту ҷаҳолат, тарғиби илмоўзӣ, қадрдонии таърихии миллат таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карданд. Ин мавзӯъ яке аз меҳварҳои асосии суханрониҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ташкил медиҳад, зеро маҳз омезиши илм ва ифтихори миллӣ метавонад ҷомеаро аз чанголи хурофот раҳо кунад.
Дар Паёми Пешвои миллат таъкид гардид, ки хурофот ва таассуби динӣ монеаи асосии пешрафти ҷомеа ва хатар ба амнияти миллӣ мебошанд, ҷаҳолат ва нодонӣ боиси гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ мегардад.
Пешвои миллат таъкид намуданд, ки дин бояд аз сиёсат ҷудо бошад ва барои тақвияти ахлоқи ҷомеа хизмат кунад, на барои тафриқаандозӣ. Аз ин хотир, моро лозим аст, ба маънавияти аслӣ ва илмомӯзӣ таваҷҷуҳ намоем.
Яке аз нуқтаҳои муҳими Паём ин таҳкими ифтихори миллӣ ва арҷгузорӣ ба тамаддуни ориёӣ мебошад. Президенти кишвар бо ифтихор аз гузаштаи дури тоҷикон, аз ҷумла таърихи шашҳазорсола ва фарҳанги бостонии ориёӣ ёд карданд, то рӯҳияи ватандӯстиро дар зеҳни мардум бедор созанд.
Ташаббуси туҳфа кардани китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров, «Шоҳнома»-и безавол ва тарҷумаи Қуръони карим ба забони тоҷикӣ, ки дар Паём садо дод, маҳз барои шинохти асли ориёӣ ва мубориза бо бегонапарастӣ буд.
Дар партави суханони Пешвои миллат мо бояд дарк кунем, ки илм ҷомеаро аз хурофот пок мекунад, ифтихори ориёӣ заминаи маънавии ваҳдатро месозад, танҳо шахси босавод ва худшинос метавонад Ватанро аз таҳдидҳои муосир ҳифз кунад.
Нуктаи дигар: Агар мо пешрафту тараққиёти кишварро ба назар гирем, ки аз Паёми соли 2024 маншаъ гирифтаанд, бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки ҳамаи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ба пуррагӣ амалӣ гаштаанд. Боре ба дастовардҳои даврони истиқлол таваҷчуҳ кунем. Магар ин кори саҳлу осон аст? Дар як муддати кўтоҳ кишвари ҷангзада ва ақибмондаро обод карда, ҳазорон иншооти замонавӣ бунёд намуда, тамоми соҳаҳои давлатдориро дар сатҳи баланд қарор дода, ба як давлати рў ба тараққӣ табдил додан, ба ақл намеғунҷад. Имрӯз ба шарофати кўшишу заҳматҳои Пешвои муаззами миллат мо дар як давлати ободу ором зиндагонии осоишта дорем. Пас, ба ҳамаи ин шукрона кардан шарт аст. Чунонки Роҳбари давлат таъкид доштанд: “Ҳар касе, ки ба қадри ин давлати обод намерасад, мусулмон нест!”
Муовини директори
Маркази исломшиносӣ Ваҳобзода А