Мутобиқи нақшаи муштараки Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти татбиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз Паёми навбатии Сарвари давлат барои соли 2026 бармеояд, кормандони Марказ О.Вализода ва А.Мирзозода дар барномаи «Маросимҳоии мардумӣ»-и Радиои фарҳанги Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 17-уми декабри соли 2025 соати 11-00 иштирок ва мусоҳиба анҷом доданд.
(Ровии барнома Бунавша Қосимзода ).
Дар барнома доир ба баъзе нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, ки 16 декабри соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Шурои Олии кишвар бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои ҳукумат, намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, собиқадорони меҳнат, аҳли ҷамоатчигии кишвар ва намояндагони сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмиллалӣ доир гардид, суҳбат ороста шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат соли 2025-ро «боз як соли таърихӣ» номид.
Дар идомаи суҳбат доир ба раванди амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-мушкилоти таассубу хурофот, арҷгузорӣ ба забон ва либоси миллӣ мавриди суҳбат қарор дода шуд.
Аз ҷумла қайд гардид, ки Қонуни мазкур бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи ниҳоят номусоиди буҳронҳои ҷаҳонӣ қабул гардид. Вақт ҳамчун довар исбот намуд, ки иқдоми созандаи Пешвои миллат хело саривақтӣ ва ба манфиати мардум будааст.
Бояд ёдовар шуд, ки қонун ба ҳадафҳои худ расида бошад, ҳам зиёдаравӣ, таасубу хурофот, манманию, худхоҳӣ аз ҷониби баъзе шаҳрвандон, бетарафии аҳли ҷамоатчигӣ ва раисони маҳалла дар пешгирии маъракаҳои манъшудаи азодорӣ, қонуншиканиҳо аз ҷониби соҳибмаъракаҳо ба назар мерасад.
Дар ин ҷода ягона роҳ пурзур намудани фаҳмондадиҳӣ ва назорати баргузории маъракаҳо аз ҷониби ваколатдори соҳа ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҷоннок намудани фаъолияти комиссияҳои доимӣ ва ҷамъиятӣ ба мақсад мувофиқ аст.
О. Вализода ва А. Мирзозода
Кормандони Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон