Занону бонувон – ҳомиёни фарҳанги миллӣ (дар ҳошияи Паёми Роҳбари давлат)

Ҳамасола Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олии мамлакат ироа мегардад, ки масъалаҳои муҳимми иҷтимоию иқтисодиро дар бар гирифта, аз дастоварду муваффақиятҳо, аз норасоиву камбудиҳо ва аз барномаҳову нақшаҳои дар пешистода сухан меравад.
Дар асл, агар ба ҷавҳари Паёмҳои Пешвои миллат назар кунем, онҳо унсури муҳимми ташаккулдиҳандаи ҳам фарҳанги миллиянду ҳам фарҳанги сиёсӣ.
Бинобар ин, метавон гуфт, ки Паёмҳои Пешвои миллат сиришти фитрӣ ва ҳувияти тарихию фарҳангии миллатро ҳифз карда, дар ташаккули фарҳанг, ҳувият ва асолати миллӣ нақши бориз мегузоранд.
Паёми имсола, ки 16-уми декабр ироа гашт, дар он Пешвои миллат дар мавриди рушди тамоми соҳаҳои кишвар сухан ронда, мисли ҳарвақта, масъалаи занону бонувон мавриди таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат қарор гирифт.
Дар ин маврид, Роҳбари давлат иброз доштанд, ки “Мо нақши бонувону занон ва духтарони бонангу номуси Ватанро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа ҳамеша қадрдонӣ мекунем ва аз саъю талоши онҳо ба хотири бунёди ояндаи ободу осудаи кишварамон ифтихор дорем”.
Ҳамзамон, масъалаи асосӣ ва калидие, ки Пешвои миллат дар Паёми имсола зикр карданд, нигаронӣ аз пайравии кӯр-кӯрона ва тақлид ба урфу одати бегона буд, ки боиси аз байн рафтани суннату анъанаҳои милливу маҳаллии мо мегарданд. Зеро нақши занон дар ҳифз ва тарғиби фарҳанги миллӣ, аз ҷумла пӯшидани либоси миллӣ муҳим ва таъсиргузор аст. Дар воқеъ, занону бонувон нигоҳдорандаи асосии суннатҳо, расму ойинҳо ва посдорандаи фарҳанги миллӣ мебошанд.
Либоси миллӣ ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанги миллӣ ба ҳисоб меравад. Аҳаммият ва таъсиргузори пӯшидани либоси миллӣ пеш аз ҳама, дар тарбияи насли наврас, ки аз оила оғоз меёбад, дида мешавад. Маҳз модарон эҳтиром ва муҳаббат нисбат ба фарҳанг ва арзишҳои миллиро ба фарзандон меомӯзонанд.
Аҳаммияти дигари ҳифзи фарҳанги миллӣ дар нигоҳдоштани анъанаҳо дида мешавад, зеро бештари анъанаҳо, аз ҷумла, тарҳи либосҳои миллиро занону бонувон аз насл ба насл интиқол медиҳанд. Тарҳи либоси миллӣ албатта, қисми муҳимми фарҳанги миллӣ маҳсуб меёбад.
Ҷанбаи дигари муҳим будани пӯшидани либоси миллӣ дар эҳё ва ҳифзи фарҳанги миллӣ дида мешавад. Бо тарҳи наву замонавӣ омода намудани либоси миллӣ ҳам мояи ҷалби ҷавонон ба фарҳанги либоспӯшӣ асту ҳам яке аз унсурҳои ҳифзи ҳувияти миллӣ.
Инчунин, бо истеҳсол ва тарҳи замонавии либосҳои миллӣ занону бонувони мо дар рушди ҳунарҳои мардумӣ, иқтисоди оила, муаррифии фарҳанги миллӣ дар дохил ва хоириҷи кишвар саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Фарҳанги либоспӯшӣ на танҳо анъанаи гузашта, балки ниёзи имрӯзу фардои миллат аст, зеро либоси миллӣ таъриху фарҳанг, ҷаҳонбинӣ ва арзишҳои миллиро таҷассум мекунад. Дар шароити босуръати ҷаҳонишавӣ либоси миллӣ василаи муҳимми ҳифзи ҳувияти миллист. Он яке аз анъанаҳои ниёконамон буда, гузашта, имрӯз ва фардоро бо ҳам мепайвандад.
Пӯшидани либоси миллӣ эҳтиром ба мероси ниёкон ва идомаи анъанаҳо буда, ҳисси ифтихор, худогоҳӣ ва муҳаббат ба Ватанро дар байни ҷавонон тақвият мебахшад.
Либоси миллии тоҷикӣ – мероси зиндаи миллат ва симои зани тоҷик аст. Имрӯз, ки мо дар шароити гуногунрангии фарҳангӣ қарор дорем, бояд гуфт, ки ин раванд ба либоспӯшии занону бонувони мо ҳам ҷанбаи мусбат дораду ҳам ҷанбаи манфӣ. Ҷанбаи мусбати он дар муаррифии унсурҳои фарҳанги миллӣ, ба хусус, фарҳанги либоспӯшӣ, тарҳи ҷолибу замонавии он, завқ ва ҷаҳонбинии занону бонувони тоҷик ифода меёбад. Ҷанбаи манфии он пеш аз ҳама дар коста шудани ахлоқи ҷавонон, дар тақлиди кӯр-кӯрона ба мӯди хориҷӣ, ки метавонад боиси аз байн рафтани либоси миллӣ шавад, дар коҳиш ёфтани фарқияти фарҳангҳо ва ғ. дида мешавад. Агар аз тарафи занону бонувон риояи либоспӯшии миллӣ ҳифз гардад, ҷаҳонишавӣ метавонад имконият гардад, на хатар.
Агар ба меҳвари суханони Пешвои миллат диққат карда шавад, зани тоҷик ҳамчун посдори фарҳанг, забон ва либоси миллӣ муаррифӣ мегардад, зеро ҳифзи либоси миллӣ танҳо масъалаи зоҳирӣ нест, балки вазифаи муҳимми иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ахлоқӣ мебошад, ки нақши асосии онро занону бонувон иҷро мекунанд. Дар либоси миллӣ на танҳо завқи зебоипарастӣ, балки ахлоқ, иффат, хоксорӣ ва арзишҳои маънавии зани тоҷик ифода меёбад. Занону бонувон бо пӯшидани либоси тоҷикӣ метавонанд завқи эстетикии ҷавононро ташаккул диҳанд ва ҳисси худогоҳии онҳоро қавӣ созанд.
Либоси зебои тоҷикӣ дар симои бонувон паёми равшан ба насли ҷавон аст.
Инчунин, бояд қайд кард, ки оила мактаби аввалини фарҳанг аст, зеро маҳз оила аввалин муҳити тарбия ва омӯзиш мебошад ва дар ташаккули фарҳанги либоспӯшӣ нақши калидӣ дорад. Падару модар дар риояи фарҳанги либоспӯшӣ нақши асосиро мебозанд, зеро рафтору кирдори онҳо ба таври табиӣ ба фарзандон мегузарад.
Донишҳо, расму ойинҳо аз падару модар ба фарзандон интиқол меёбанд. Ин вижагии оила, ба хусус модарон аст, ки Пешвои миллат дар Паёмашон қайд карданд, ки “Бовар дорам, ки занону бонувони мамлакат барои тарбияи фарзандон дар руҳияи омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар, риояи қонунҳои миллӣ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои бостонии мардуми тоҷик, аз ҷумла сарфаю сариштакорӣ ва пӯшидани либосҳои миллӣ саъю кӯшиши бештар ба харҷ медиҳанд”.
Дар умум, занону бонувон дар риояи пӯшидани либоси миллӣ ва ҳифзи фарҳанги миллӣ нақши калидӣ доранд, зеро либоси миллии тоҷикӣ ба таври амиқ ахлоқ, иффат, эҳтиром ба арзишҳои суннатӣ, ҳувияти миллӣ ва таърихии моро инъикос намуда, рамзи пайванди гузашта, имрӯза ва оянда буда, оинаи таърих, фарҳанг ва ҷаҳонбинии миллати тоҷик аст.
Одинаева Ш.
– н.и.ф., сардори шуъбаи пажуҳиши ҳуқуқи исломӣ

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх