Бо омад-омади ҷашнҳои моҳият ва таъиноти дунявидошта торҳои асаби аҳли таассубу бидъат нороҳат шудан мегиранд. Сабаби нороҳатии қишри мазкур дар он аст, ки онҳо чунин ҷашнҳоро қадаме барои маҳдудсозии фазои ҷилваи манофеи динӣ-дунявии худ арзёбӣ менамоянд. Бинобар ин, онҳо дар мубориза бар зидди чунин ҷашнҳо аз ягон навъ дурӯғ ва буҳтон ҳазар наменамоянд. Хеле тааҷҷубовар аст, ки қишри номбурда худро ҳомии дин вонамуд мекунанд, лекин зимни ҳифзи манофеи динӣ-дунявии худ аз чунин гуноҳи фавқулкабира – бар Худо барбастани дурӯғ ҳам иҷтиноб намеварзанд. Яке аз чунин ашхосе, ки дар як дурӯғаш эҳтимол чил дурӯғ ҷой дошта бошад, парчамбардори таассубу бидъати ҷомеаи имрӯзаи мусулмонон Суҳроби Одилиён аст.
Зимни посух ба пурсиши хабарнигори ҳамсони худ доир ба ҷашни мавлуд ё Соли нав оятеро ба асос мегирад, ки ҳам шахси аз дин огоҳ ва ҳам ноогоҳ беихтиёр гиребон мегиранд. Ӯ посухи худро ба пурсиши хабарнигор бо чунин дурӯғ оғоз мекунад, ки дар Қуръон ҳама чиз оварда шудааст. Аз ӯ пурсида мешавад, ки магар дар Қуръон доир ба телефонҳои мобилии гуногунтамғаи имрӯза, мошинҳои сабукрави бо сӯзишворӣ ва бесӯзишворӣ ҳаракаткунанда, ҳавопаймоҳои садршинишину бесадрнишин ва ҳазорҳо дигар анвои техникаю технологияи муосири бо миллионҳо кашфиётҳои зимни истеҳсоли онҳо истифодашуда маълумоте дода шудааст? Ҷойи шаке нест, ки ашёи зикршуда маҳсули пешрафти илмӣ-техникии садаҳои XX-XXI мебошанду Қуръон дар бораи онҳо чизе нагуфтааст, аз ин рӯ, дар он сукут мушоҳида мешавад. Суҳроби Одилиёнро барои чунин сухани беасос ва подарҳавояш бояд ба маънии ояти 10 аз сураи “Бақара” “Эшонрост азоби дарднок, ба сабаби он ки дурӯғ мегуфтанд” ва ояти 21 аз сураи “Анъом” “Ва кист ситамгортар аз касе, ки ба Худо дурӯғро барбандад, ё оёти Ӯро ба дурӯғ нисбат кунад? Ба дурустӣ, ки ситамкорон растагор намешаванд” таваҷҷуҳ кунаду каме андеша намояд, ки магар оятҳои зикршуда ба гуфтори ӯ тааллуқ надоранд?
Суҳроби Одилиён барои дурӯғи худро рост нишон додан ояти 72 аз сураи “Фурқон”-ро ҳамчун далел зикр менамояд. Ояти мазкур чунин аст: “Ва ононад, ки гувоҳии дурӯғ намедиҳанд; ва чун бар беҳудае бигузаранд, ба равиши бузургон бигузаранд”. Агар ба мазмуни оят назар андозем, мебинем, ки ояти мазкур хурдтарин рабте ба таҷлили Соли нав надорад. Аммо Суҳроби Одилиён ба таври исканапайванд дар байни оят ва таҷлили Соли нав рабте дидааст. Барои он ки чун номбурда ҳарза нагӯем, ба тафсири ояти мазкур рӯ овардем.
Ибни Касир, ки яке яке муътабартарин муфассирони Қуръон эътироф шудааст, зимни тафсири ояти мазкур тамоми шарҳҳои то он замон пайдошударо зикр намудааст, ки ин ҷо мо ба хотири огоҳии воқеъбинона онҳоро меорем:
1. Яке аз сифатҳои бандагон ин аст, ки дар дурӯғ шоҳид намегарданд.
2) Баъзеҳо мегӯянд, ки сухан дар хусуси ширк ва парастиши бутҳо меравад. 3)Дигарон мегӯянд, ки сухан дар хусуси дурӯғ, бешарафӣ, куфр ва сухани беҳуда меравад. 4)Муҳаммад ибн ал-Ҳанафия гуфтааст: “Ин сухани беҳуда ва сурудхонӣ аст. 5)Дигарон, чун Ибн Сирин, Заҳҳок ва ғайра гуфтааанд, ки сухан дар бораи таҷлили идҳои мушрикон меравад.
6) Амр ибн Қайс гуфтааст, ки ин ба ҷамоаҳои бероҳа тааллуқ дорад.
7) Малик ибн Зуҳрӣ гуфтааст, ки ин нӯшидани шароб аст. Муъминон намехоҳанд ва дар чунин ҷойҳо иштирок намекунанд.
Ибни Касир бо такя ба маълумоти ду Саҳеҳ менависад, ки пайғамбар се маротиба гуфтааст: Оё ба шумо нагӯям, ки ба гуноҳҳои вазнинтарин чӣ мутааллиқ аст? Ва гуфтааст: Ин ширк ба Аллоҳ ва беэҳтиромӣ ба волидон мебошад. Баъд пайғамбар аз ҳолати нимхоб хеста нишастааст ва гуфтааст: “Ин дар ҳақиқат дурӯғ ва шаҳодати бардурӯғ аст” (Бухорӣ, 2654, Муслим, 87). Ибни Касир менависад, ки аз зерматн дурусттараш бояд чунин бардошт ҳосил шавад: Ло яшҳадуна зура – Ва онҳоне, ки шоҳидони дурӯғ намебошанд, яъне сухан дар хусуси ҳузур дар ҷойҳои номатлуб аст. Ва чун аз назди сухани беҳуда мегузаранд, сарбаландона мегузаранд, яъне онҳо дар ҷомеаҳои нолозим ширкат намеварзанд ва агар аз назди онҳо гузаштанд, худро доғдор намесозанд.
Акнун ин ҷо саволе пеши назар меояд, ки Қуръонро Суҳроби Одилиён хубтар медонад ё Ибни Касир? Суҳроби Одилиён зимни бардошти худ аз ояти мазкура ва далелҳои худ исканапайванди ифротиҳоро, ки дар он мантиқе мушоҳида намешавад, истифода кардааст, дар ҳолате, ки Ибни Касир ҳамчун донишманди огоҳ тамоми андешаҳои то он замон маъмулро оварда, баъдан таъкид менамояд, ки аз зерматн бояд чунин маъно, яъне “Шоҳидони дурӯғ намебошанд” бардошт гардад, ки ин андеша ба таҷлили Соли нав ҳеҷ рабте надорад.
Суҳроби Одилиён ба хотири тақвият бахшидани андешаи беасоси худ дар бораи таҷлили Соли нав ё мавлуд боз ҳадиси “Ман ташаббаҳа биқавмин фаҳува минҳум” (Ҳар касе худро ба қавме монанд созад, вай аз ҷумлаи онҳост”- ро истифода мебарад.
Дар робита ба ҳукми ҳадиси мазкур аз Суҳроби Одилиён пурсида мешавад, ки агар шахсе ду ё се рӯз ҷашнеро таҷлил намояд, вай ба қавми соҳибҷашн монанд мегардад? Сониян, агар худи Суҳроби Одилиён ҳамон тоқии сарашро, ки ба тоҷик ё узбек будани ӯ ишора менамояд, як тараф гузорад, бо дарназардошти муҳите, ки ӯ суҳбат дорад, вай ба кӣ монанд хоҳад буд? Магар мусумонони аввал чунин либос ва муҳити суҳбату фаъолият доштанд? Оё худи ӯ бо либосаш ва муҳиту тарзи зисташ аллакай ба ғайримусулмонҳо монанд нашудааст?
Аз Суҳроби Одилиён ҳамчунин пурсида мешавад, ки ӯ байни мавлуд ва Соли нав тафовуте мебинад ё на? Агар, на, пас, ба маълумоти ӯ мерасонем, ки мардуми мо на мавлуди Исои Масеҳро, балки оғози соли тақвимии навро таҷлил менамоянд. Ба қавли дигар, бо оғози Соли нав кӯдаки шашсола ҳафтсола мешавад, шахси 49-сола 50-сола мешавад, муассиса ё корҳона фаъолияти яксолаи кории худро ҷамъбаст намуда, барои фаъолияташ дар соли оянда нақша мекашад. Мардуми мусулмон маҳз ҳамин гардиши назаррасро дар ҳаёт ва фаъолияти яксолаи хеш ҷашн мегиранд, на мавлуди Исои Масеҳро. Агар бовар надорад, равад, дилҳоҳ мусулмони тоҷикро пурсад, ки оё ӯ мавлуди Исои Масеҳро ҷашн мегирад ё соли навро. Дар диншиносӣ бахше бо номи “Падидашиносии дин” мавҷуд аст, ки он ҳадафнокиро “intentionality»-ро мавзуи таҳқиқи хеш қарор медиҳад. Дар зеҳни ҳеҷ яке аз ҷашнгирандагони Соли нав ҳадафи таҷлили соли таваллуди Исои Масеҳ мавҷуд нест, агарчанде онҳо то андозае мувофиқ омадаанд, ки ин мавзуи баҳси дигар аст.
Ахиран, чун Қуръон дар бораи таҷлили Соли нав сукут ихтиёр намудааст, пас, ҷашни он ба ихтиёри ақл меафтад. Дар ҳадиси Пайғамбар омадааст, ки он чӣ ҳаром (манъ ё мамнуъ) гардонда шудааст, ҳаром аст. Он чӣ ҳалол (ҷоиз) гардонда шудааст, ҳалол аст. Ва он чӣ дар он сукут ихтиёр шудааст, минтақаи авф аст, зеро Худо фаромӯшкунанда нест (Сураи Марям, 19: 64). Пас, аз Худо офияташро гиред. Ҳадиси баён шуда мантиқан таҷлили Соли навро ба ихтиёри ақли инсон мегузорад, чун дар бораи он чизе нозил нашудааст.
Ахиран, имрӯз кишвари исломии Арабистони Саудӣ барои таҷлили Соли нав иҷозат дод, пас, дар таҷлили он ягон ҳаракати зиддинӣ ё зиддиисломӣ нест. Пас, чаро имрӯз дар марҳилаи пешрафти босуръати ҷомеаи инсонӣ ашхосе, чун Суҳроби Одилиён ҳанӯз ҳам бо фаҳмиши маҳдуд ва яхбастаи худ аҳли ҷомеаро гумроҳ месозанд ва он арзишҳои ба таври сунъӣ сохтаи худро ба мусулмонон таҳмил менамоянд. Пурсида мешавад, ки ин ҷо из-(пай) душманони хориҷии ислом бошад ё маҳз бесаводӣ, ҷоҳилӣ, таассуб, қафомонӣ аз раванди пешрафту инкишоф?
Муовини директори Маркази исломшиносӣ Абдухалилзода К.А.