9-уми феврали соли 2026 дар Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ дар мавзуи «Нақши анъанаҳои миллӣ ва суннатҳои мардумӣ дар ташаккули тафаккури ҷавонон» баргузор гардид.
Дар кори семинар директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим Ғафор, муовинон ва ҳайати кормандони Марказ иштирок намуданд.
Тибқи нақшаи кории Марказ, мудири шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавии Марказ, номзади илмҳои педагогӣ Одинашоҳ Вализода суханронӣ намуда, зикр кард, ки наслҳо бояд чигунагии миллати худ, ҳастии ӯ, хусусиятҳои хос, махсусиятҳои тафаккур, такомули фикрӣ, инкишофи таърихӣ, анъана, расму ойин, одат ва дигар ҷиҳатҳои миллати худро ба хубӣ донанд.
Анъанаҳои миллӣ ва суннатҳои мардумӣ омили муҳимми ташаккули худшиносии миллӣ мебошанд.
Худшиносии миллӣ дарки мансубият ба миллат, ифтихор аз таърих, забон ва фарҳангро дар бар мегирад.
Ҷавононе, ки дар муҳити эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ба воя мерасанд, дорои тафаккури устувори миллӣ мегарданд ва дар муқобили таъсироти манфии фарҳанги бегона устувортар мешаванд.
Дар фарҷом байни иштирокчиёни семинар табодули афкор сурат гирифт.
Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ