2. Фарҳанги сиёсӣ ё мушкилоти ташаккули фарҳанги сиёсӣ
дар кишварҳои мусулмоннишин
(Аввалаш дар шумораи гузашта)
Ташаккули фарҳанги сиёсӣ заминаи асосии ҳаёти сиёсии ҷомеа буда, меҳвари самти талаботи ҷомеаро муайян ва роҳнамоӣ мекунад. Ба фарҳанги сиёсӣ ва аҳамияти он чӣ дар гузашта ва чӣ дар раванди имрӯза вобаста ба вазъи умумии ҷомеа баҳо дода мешавад. Таҷриба собит намуд, ки раванди ташаккули муайяни иҷтимоӣ бевосита ҳадафҳои иқтисодиро ба вуҷуд меоранд, ки амалӣ шудани онҳо минбаъд моҳияту мазмуни раванди сиёсиро муайян мекунанд. Фарҳанги сиёсӣ дар навбати худ аз тариқи истифодаи усул ва воситаҳои дар ихтиёрдошта мушкилоти ба миёномадаро ҳаллу фасл менамояд. Агар аз гузаштаи таърих то имрӯзро мавриди назар қарор диҳем, мебинем, ки “як шахс метавонад ба моҳият ва рафтору татбиқи сиёсат таъсир расонад ва ба он самти муайян диҳанд”
Сиёсат як соҳаи ҳаёти иҷтимоӣ аст, ки бо ба даст овардан, нигоҳ доштан ва истифодаи қудрат, инчунин фаъолияти идоракунии давлат ва тақсимоти захираҳо байни гурӯҳҳои иҷтимоӣ алоқаманд аст.1
Моҳияти сиёсат дар ташкили ҳаёти ҷамъиятӣ, ҳалли низоъҳо ва ноил шудан ба ҳадафҳои муҳими сиёсӣ-иҷтимоӣ мебошад. Мафҳуми сиёсат аллакай дар замонҳои қадим масалан, рисолаи Арасту дар бораи идоракунии давлатӣ “Сиёсат” ном дошт.
Муддати тӯлонӣ мафҳумҳои сиёсат хусусияти меъёрӣ доштанд, ки мувофиқи он он ҳамчун “мубориза барои тартиботи одилона” ё ҳамчун воситаи ноил шудан ба манфиати умумӣ муайян карда мешуд. Аз нигоҳи сохторӣ-функсионалистӣ, сиёсат унсури муҳими ҳар як созмони ҷамъиятӣ буда, мустақиман муқаррар кардани ҳадафҳо, маҷбуркунӣ ва нигоҳ доштани низоми сиёсӣ дар ҷомеа алоқаманд аст. Он ҳам метавонад рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаро танзим кунад ва ҳам ҳамчун монеа дар тағйироти пешрафти онҳо амал кунад.
Бояд эътироф кард, ки бар асоси ин таъриф, зӯроварӣ -ҳамчун фарҳанги сиёсии аксари кишварҳо тавсиф мешавад, зеро дар таърихи ҳар як давлати ҷаҳон аз мисолҳои бераҳмӣ ва задухӯрдҳо (дар ҷангҳои бешумори хориҷӣ), истилоҳо, задухурдҳои оммавӣ, шӯришҳои халқӣ, репрессияхои сиёсӣ, зиддиятҳои динӣ, мавҷуданд. Вале аз ин таҷрибаи душвори таърихӣ на факат хулосаҳои дахлдор набароварданд, балки зўроварӣ тадриҷан ақли башариятро бурд ва фарҳанги сиёсиро бо зўроварӣ тавъам кард ва дар тӯли таърихи ҷаҳон ин таҷриба борҳо тасдиқ шудааст. Дар ҳақиқат, тақрибан 250 давлат, 7 миллиард нафар бо 4000 забон ҳарф мезананд ва дар марҳилаҳои гуногуни рушд дар натиҷаи низоъҳои доимӣ ба вуҷуд омадаанд. Муборизаи шадидтарин байни афрод ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ дар соҳаи сиёсӣ ва динӣ ба амал меояд.
Дар айни замон сабаби шиддат гирифтани муносибатҳои сиёсӣ дар заминаи андешаҳои динӣ ва динӣ-сиёсӣ ва ба вуҷуд овардани низоъ фалокати минбаъдаи иҷтимоиро ба бор меорад. Аз ҷумла, муқовимати идеологии ҷомеаи мусулмонӣ бо Ғарб фундаментализми исломиро ба вуҷуд овард, ки ба ақидаи баъзе ҷомеашиносони ғарбӣ, ба “қабатҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ки дар сектори пеш аз капиталистии истеҳсолот ва гурӯҳҳои иҷтимоие, ки аз он тарбия ёфтаанд” алоқаманд аст, дар ҳоле ки ба ақидаи дигар, он ба “категорияҳое, ки дар натиҷаи навсозӣ, кормандони ҷомеаи исломӣ, мусулмонӣ, дар ин соҳа ба вуҷуд омадаанд” алоқаманд аст.
Дар таҷрибаи шарқи мусулмонӣ ҳамаи ҳадафҳои сиёсӣ зери шиори озодӣ ва адолат саршуда, тамоми гурӯҳҳои сиёсӣ новобаста аз касбу кор исломро байрақи талабҳои худ мегардонанд. Ин ҳолатро донишманди фаронсавӣ Оливье Рой чунин қайд кардааст, “зеро фарҳанги сиёсӣ бевосита ба маданияти хоси сиёсии ҷахони ислом алоқаманд аст”. Дар аксари мавридҳо масъалаи диндории воқеӣ ё самимии муҳандисон, омӯзгорон, устодони донишгоҳҳо барои сиёсатмадорон ё он гурӯҳҳое, ки ин низоъҳои сиёсиро зери шиори дин ташкил мекунанд, муҳим нест. Зеро аз нигоҳи ҷаҳонбинӣ ва муносибат ба арзиҳои эътиқодӣ инҳо аз пайравони созмонҳои бунёдгароии ислом куллан фарқ доранд. Барои онҳо, пеш аз ҳама, ислом аслиҳаи сиёсӣ аст, ки ҳамзамон на он қадар ҷаҳонбинӣ ва фаҳмиши ҷаҳонро мутамарказ мекунад, балки ҳуввияти динӣ ва иртиботи маънавӣ бо уммат, садоқат ба анъанаҳои динӣ ва рамзи зиддиғарбӣ мебошад.
Дар солҳои 50-70 асри гузашта дар баъзе кишварҳои исломӣ, ки таҳти таъсири Ғарб қарор доштанд, гурӯҳҳои модернистҳои ғарбӣ пайдо шуданд, ки роҳи озодии халқҳои худро дар «ғарбшавӣ» ва бо суръат азхудкунии ҳадди аксар арзишҳои ғарбӣ дар сиёсат, илм, фарҳанг, ҳаёти ҳаррӯза ва амалиёти иқтисодӣ медиданд. Аммо дар шарқи мусулмонӣ аксарият ба онҳо пайравӣ накарданд. Баръакс онҳо ояндаи худро худро дар «бозгашт ба решаҳои» навбатии покии аслии ислом, ки ҷаҳони ислом аз замони пайдоишаш, бахусус дар давраҳои муқовимат бо ғайр аз сар мегузаронад ва таҳдидҳоро ба тарзи зиндагӣ ва низоми иҷтимоии он амиқ эҳсос мекард, диданд. Нахустин вокуниши мусалмонон ба экспансияҳои мустамликадории Ғарб, чолишҳои ҳарбию сиёсӣ ва фарҳангӣ-идеологии он исломгароӣ (панисломизм) буд, ки муттаҳид шудани тамоми мусулмононро бо рафъи ихтилофоти ақидавӣ ва дигар дар байни ҷунбишҳо ва фирқаҳои мухталифи онҳо талаб мекард. Исломгароии муосирро султонҳои усмонӣ, ки худро халифаи тамоми мусалмонон медонистанд, ба таври муассир истифода бурданд. Барои нигоҳ доштани қудрати худ, онҳо ба маҳкум кардани ҳама чизи ғарбӣ ташвиқ мекарданд ва зарурати ягонагии тамоми мусулмононро аз Марокаш то Шинҷон дар зери сарпарастии Истамбул ташвиқ мекарданд. Бисёре аз идеологҳои панисломистӣ дар пайдоиши ҳизбу созмонҳо дар кишварҳои исломӣ саҳм гузоштанд, ки муттаҳид шудани тамоми мусалмонон (аз ҷумла дар давлатҳои ғайриисломӣ) зери нуфузи Султон-халифаро бо шиорҳои «эҳёи хилофат» таблиғ мекарданд. Маҳдуд будани манфиати туркҳо натавонист ин шиорро умумисломӣ кунад. Бинобар ин, дар муборизаҳои идеологӣ панисламизм шикаст хўрда, тадриҷан ҷои онҳоро ҷараёнҳо ва назарияҳои дигари мусулмонӣ, исломи сиёсӣ, пеш аз ҳама бунёдгароии исломӣ гирифтанд. Мақсади асосии ҳамаи гурӯҳҳои сиёсӣ таъмини адолати иҷтимоӣ, ки татбиқ ва таъмини онро бо Қуръон асос мекарданд. Дар майдони сиёсӣ ва идеологӣ дар шарқи мусулмонӣ ба ғайр аз идеяи адолати мутлақи дин ва ғояҳои каптализм инчунин гояҳои адолати социализм низ ворид гардид. Ин идеяҳо ва таълимотро баъзе миллатгароён ва сарварони давлатҳои исломии асри 20 (Носир Содот дар Миср, Бен Белла дар Алҷазоир, Каззофӣ дар Либия, Зулфикар Бхутто дар Покистон, Алии Шариатӣ дар Эрон) пайравӣ карданд, зеро ин идея мусулмононро ба таври органикӣ муттаҳид мекарданд. Дар ин маврид, ҳаракатҳои миллатгаро дар кишварҳои мусулмонӣ аз ақидаи ҷамъияти мусалмонон комилан ҷудо нашуда буданд, балки пайвастагии доимӣ доштанд. Ҳатто пешвоёни миллатгаро, ки эътиқоди дунявӣ доштанд, маъмулан саъй мекарданд, ки хоҳиши бунёди давлати дунявии миллиро бо ғояҳои модернизми исломӣ муттаҳид кунанд.
Дар Миср бунёдгароии динӣ дар шакли як ташкилоти мутамарказ. “Ихвонул муслимин” бо сохтани як давлати исломӣ, ҳанӯз дар солҳои 1928 ба майдони сиёсӣ ворид шуда буд. Чунин ҷараёни сиёсӣ “Анҷумани уламои ислоҳталаб” дар Алҷазоир ташкил ёфт, ки зери шиори миллати Алҷазоир “мусулмон”, Алҷазоир ватани ман, ислом дини ман, арабӣ забони ман.” Дар Алҷазоир – шояд “ғарбшудатарин”-и кишварҳои арабӣ – миллатгароён дар баробари арзишҳои дунявӣ дар рӯҳияи либерализми классикӣ бо шиорҳои пешқадам аз арзишҳои эътиқодӣ низ дар раванди фаъолияти сиёсӣ истифода мебурданд.
Хулосаи бисёре аз коршиносон чунин аст: “Пеш аз ҳама бояд таъкид кард, ки ҳадафи аслии сиёсатмадарони динӣ ва ҷунбишҳои исломӣ, ворид намудани татбиқи меъёрҳои шаръӣ дар ҷомеаҳои мусулмоннишине, ки ба ҷоҳилӣ афтодаанд.
Дар баъзе кишвари мусулмоннишин зери таъсири раванди ҷаҳонишавӣ сарфи назар аз ҳамаи ихтилофҳо миёни элитаи сиёсӣ, зиёиёни миллӣ ва динӣ ҷонибҳо барои ҳифзи арзишҳои миллӣ ва эътиқодӣ ба ҳам пайвастанд.
Номгӯи адабиёт:
1. Василик М.А., Вершинин М.С. Именной словарь-справочник политических деятелей [Элект ресурс]. – Режим доступа: http://www.politike.ru/dicti/283
2. О.В. Блохина политические конфликты:современности: теория и практика, М. 2003.
3. Козырев Г.И. Политическая конфликтология. Г.И. Козырев. – М., 2008. – С. 40-49.
4. Ланцов С.А. Политическая конфликтология. С.А. Ланцов – СПб., 2008. – С. 5. В.В.Попов — Аналитик Центра ближневосточных исследований ИМИ “Об истории противостоянии Запада и исламского мира и опасности дальнейших конфликтов. М. 2016.
6.Tsaregorodtseva I.A. Politiko-pravovye kontseptsii ideologov egipetskogo dvizheniya “Brat’ya-musul’manE” [Political and legal concepts of the ideologists of the Egyptian Muslim Brotherhood movement]. 2013, vol. 155, iss. 3, part 2, pp. 98-110.
7. Number of Conflicts in the Middle East and North Africa from 2005 to 2019, by Conflict Intensity. Available at:
Котиби илмии Марказ Махрамбеков М.А,
Идома дорад…