Рӯзи байналмилалии занон, 8 март, таърихи бой ва қадима дорад, ки бо ҷараёни муборизаҳои занон барои ҳуқуқу озодиҳои онҳо алоқамандии зич дорад.
Сараввал ин сана аз эътирозҳои сиёсии занон баҳри сабукиҳо дар фаъолияти корӣ оѓоз гардида, то ҷашнгирии иди занон омада расидааст. Оѓози ин рӯйдоди муҳим аз “роҳпаймоии дегчаҳои (кострюл) холӣ”, ки 8 марти соли 1857 дар шаҳри Ню-Йорки давлати Амрико ба вуқуъ пайваста буд, рост меояд. Коргарзанони корхонаи нассоҷии ин шаҳр ба кӯчаҳо баромада, шароити беҳтари корӣ, музди баландтари меҳнатӣ ва рӯзи кори кӯтоҳтарро талаб карданд. Он замон реҷаи корӣ барои мардҳо 8-соат ва барои занон бошад 16 соатро ташкил менамуд. Онҳо дар даст дегчаҳо ба ҳамоиш баромада, дегчаҳоро бо ҳам мезаданд ва сару садо баланд мекарданд ва ба ҳамин восита, таваҷҷӯҳи аҳли ҷомеаро ба мушкилоти худ ҷалб менамуданд.
Чунин ҳамоишҳо солҳои зиёд идома меёфт ва соли 1908 дар шаҳри Ню-Йорк занони фаъол тавонистанд гирдиҳамои дигари оммавиро роҳандозӣ намоянд, ки дар он беш аз 15 000 занон иштирок намуданд.
Дар ин ҳамоиш занон талаботи дигар-ҳуқуқи ҳаққи раъйдиҳӣ дар интихоботро низ илова намуданд. Як сол пас аз ин, дар солгарди ин раҳпаймоӣ, Ҳизби сотсиалистии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гирдиҳамоӣ баргузор намуд ва якшанбеи охири моҳи февралро Рӯзи миллии занон эълон намуд, ки ҷашнгирии он то соли 1913 идома ёфт.
Клара Сеткин, яке аз фаъолзани олмонӣ ва узви ҳаракати сотсиалистӣ, дар таъсиси Рӯзи байналмилалии занон нақши калидӣ доштааст. Клара Сеткин дар охири асри 19 ва аввали асри 20 шахсияти муҳим дар сиёсати давлати Олмон буд. Вай иштирокчии фаъоли ҳаракати байналмилалии коммунистӣ ва яке аз асосгузорони Ҳизби коммунистии Олмон маҳсуб меёбад.
Клара Сеткин, ки номаш Эйснер аст, дар шаҳри Видерауи вилояти Саксонияи кишвари Олмон, дар оилаи яҳудӣ таваллуд шудааст. Дар синни ҷавонӣ, Клара бо кунҷковӣ ва хотираи устувори худ дар байни ҳамсолонаш фарқ мекард. Ў дар синни нӯҳсолагӣ, асарҳои Гёте ва Шиллерро хонда, шеърҳои онҳоро бо завқ аз бар мекард ва дар синни дувоздаҳсолагӣ метавонист порчаҳоро аз китоби “Таърихи Инқилоби Фаронса”-и Томас Карлайл азёд кунад.
Дар замони донишҷӯиаш дар Гимназияи педагогии Лейпсиг, ки он замон яке аз муассисаи бонуфузи таълимӣ маҳсуб меёфт, Клара дар ҷаласаҳои махфии ҳизби сотсиал-демократҳо иштирок мекард. Дар соли 1878 ба Ҳизби сотсиалистии коргарон, ки баъдтар Ҳизби сотсиал-демократии Олмон (SPD) номгузорӣ шуд, аъзо гардид.
Тақрибан дар ҳамин давра, вай бо донишҷӯёни муҳоҷири рус, ки дар Лейпсиг ғояҳои инқилоби коммунистиро паҳн мекарданд, робита барқарор кард, ки дар байни ин донишҷӯён Осип Сеткин, шавҳари ояндаи Клара низ буд. Зиндагии Клара соли 1881 пас аз он, ки Бисмарк Қонуни истисноиро алайҳи сотсиалистҳо қабул намуд, тағйир ёфт. Вай маҷбур шуд ба шаҳри Сюрих, сипас ба давлатҳои Австрия ва Италия муҳоҷират намояд. Баъдан дар ниҳояти кор ба шаҳри Парижи Фаронса, ки дар он ҷо Осип Сеткин зиндагӣ мекард, маскан гирифт.
Дар Париж Осип ва Клара фаъолияти ҳизбии худро идома дода, аз ҳисоби тарҷумаи маводҳо ва нашри онҳо дар рӯзномаҳои сотсиал-демократӣ рӯзгори худро пеш мебурданд, гарчанде ки маоши онҳо ночиз буд. Вай ҳатто насаби худро ба Сеткин иваз кард ва аз Осип ду писар таваллуд кард, ҳарчанд муносибати заношўии онҳо расмӣ набуд. Аммо ҳаёти оилавӣ ӯро маҷбур карда натавонист, ки аз фаъолияти сиёсии худ даст кашад. Ҳангоми зиндагӣ дар Фаронса, Клара дар омодагӣ ва кори Конгресси муассисони Интернасионали дуюм дар Париж соли 1889 фаъолона иштирок намуд ва дар он ҳамоиш дар бораи нақши занон дар муборизаҳои инқилобӣ суханронӣ намуд.
Пас аз қатъ шудани таъқиби сотсиал-демократҳо дар Олмон, Клара ба Олмон баргашт ва соли 1892 дар шаҳри Штутгарт нашри рӯзномаи занони SPD зери унвони “Баробарӣ”-ро ба роҳ монд. Соли 1907 Клара роҳбарии бахши занонро, ки дар дохили Ҳизби демократӣ таъсис дода шуда буд, ба ӯҳда гирифт. Дар ин давра бо фаъолзани дигари олмонӣ Роза Люксембург ошноӣ пайдо намуда, дар якҷоягӣ муборизаро барои баробарҳуқуқии занон идома доданд.
Соли 1910 дар Конфронси байналмилалии занони сотсиалистӣ дар шаҳри Копенгаген, бо пешниҳоди Клара қарор дар бораи ҷашн гирифтани Рӯзи байналмилалии занон қабул гардид.
Соли 1917 Клара аз мақоми худ дар ҳайати таҳририяи рӯзномаи “Баробарӣ” бо сабаби мухолифаташ ба идомаи Ҷанги якуми ҷаҳонӣ барканор карда шуд. Соли 1920 Клара Сеткин бори аввал ба Иттиҳоди Шӯравӣ сафар кард ва дар он ҷо бо роҳбари давлати Советӣ Владимир Ленин ва завҷаи ў Надежда Крупская шиносоӣ пайдо кард. Дар солҳои баъдӣ, Клара зуд-зуд барои иштирок дар конгрессҳои Коминтерн ба Маскав сафар мекард.
Аз соли 1920 то 1933, Клара мунтазам ҳамчун аъзои Рейхстаг аз Ҳизби коммунист интихоб мешуд ва ҳамзамон вазифаи Котиботи байналмилалии занони Коминтернро ба зимма дошт.
Дар моҳи июли соли 1932 вақте, ки сотсиалистҳои миллӣ дар натиҷаи интихоботи ѓайринавбатии Рейхстаг, аксарияти овозҳоро дар парлумони Олмон ба даст оварданд, Клара Сеткин дар Маскав қарор дошт. Ҳамчун узви калонсоли Рейхстаг ӯ ҳақи ифтитоҳи иҷлосияи аввалини даъвати навро дошт, бинобар ин бо вуҷуди хуб набудани саломатиаш ба Берлин сафар кард ва дар он ҷо оиди хатарҳои миллатчиёни немис, ки дар арсаи сиёсат нав ворид мегардиданд, суханронии пурҳарорат намуда, даъват намуд, ки як ҷабҳаи ягонаи зиддифашистӣ таъсис дода шавад. Пас аз манъ шудани ҳизбҳои чапгаро дар Олмон, Сеткинро аз ватанаш бадарға намуданд ва ин дафъа барои бори охир ба Иттиҳоди Шӯравӣ ворид гардид. Клара Сеткин 20 июни соли 1933 дар деҳаи Архангелскии наздикии Маскав, дар синни 76-солагӣ дунёро падруд гуфт.
Аз рӯйи маълумотҳои расмӣ, дар маросими дафни Клара Сеткин, шаш ҳазор нафар иштирок карданд. Хокистари ҷасади Клара Сеткинро дар кӯзачае гирифта, дар девори Кремли Майдони сурхи шаҳри Маскав гузоштанд.
Ҳамин тавр номи Клара Сеткин ҳамчун рамзи зани озодихоҳ ва ҳақталаб барои ҳуқуқу озодиҳои занони ҷаҳон барои ҳамеша, дар саҳифаи таърихи ҷаҳонӣ сабт гардид.
Маводи мазкур дар арафаи фарорасии яке аз идҳои бисёр ҳам арзишманд барои ҳамаи мо, иди Моларон, нашр мегардад, аз фурсати муносиб истифода намуда, тамоми модарони ватани азизамон Тоҷикистонро сидқан табрику таҳният гуфта, ба онҳо тани сиҳату хотири ҷамъ таманно менамоям. Бигузор фазои орому осудаи ватанамон абадан пойдор бошад.
А. Мирзозода
– мушовири директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон